Ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна ба Русия на танҳо дар ҷодаи сиёсату иқтисодиёт тағйирот ворид сохт, инчунин дар соҳаҳои илм, таълим, фарҳанг ва ҷомеашиносӣ низ ҷунбишҳо ба вуҷуд овард.
Русия аз нигоҳи техника, саноат ва ихтироъкорӣ нисбатан пешрафта буд, зеро дар он ҷо капитализм зинаҳои баланди инкишофро аз сар мегузаронд. Дар чунин шароит ва бо чунин давлати нисбатан пешрафта ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна ба ҳаёти илмӣ, фарҳангӣ ва адабии тарафайн албатта, таъсири мутақобила ба назар мерасад, зеро бе ашёи хом рушди саноат низ аз имкон берун мебошад.
Албатта, пас аз ҳамроҳкунӣ дар ҳаёти илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ тағйирот рух додаанд. Вале ин ҳолат ба таҳсилоти мадрасавӣ таъсир нарасонида бошад ҳам, умуман дар системаи маорифи мардумӣ асар кард. Дар баъзе шаҳрҳои калони сернуфус мактабҳои русии маҳаллӣ ташкил карда шуда буд. То андозае забону адабиёти русӣ ва аврупоӣ ба қаламрави Осиёи Миёна (қисмати шимоли минтақа) роҳ меёфт. Зуҳури ҷараёни маорифпарварӣ ва таҷдиди назар ба фарҳангу маънавиёт, усули таълим, мактабу маориф, соҳаҳои мухталифи афкори иҷтимоӣ, ҳаёти адабӣ хеле хуб ба мушоҳида мерасид.
Муҳим он аст, ки дар қаламрави Осиёи Миёна матбуоти даврӣ зуҳур карда ва ҳар гуна рӯзномаҳову маҷаллаҳо нашр мешуданд. Беш аз ин, дастгоҳҳои китобчопкунӣ, нашриётҳои хусусӣ фаъол мешуданд, ки барои рушди ҳаёти фарҳангӣ-адабии кишвар хеле пурфоида буданд. Бештар дар ин ҷараён нақши мактабҳои илмӣ-фарҳангии Қазон хеле муҳим аст. Бо ташаббуси ҳамин марказ мактабҳои нави тарҷумонӣ ба миён меомаданд. Ба ин восита адабиёт ва фарҳанги миллии бостонии халқи тоҷик эҳё мегардид, яъне, аз нав чоп мешуд. Аз тарафи дигар, кутуби чопҳои Русия, Қафқоз, Эрон ва ғайра дар Осиёи Миёна тарҷума ва нашр мешуданд.
Ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна як ҷиҳати дигари нисбатан пурарзиши бурунмарзӣ низ дошт, ки ин кишвар бо як қатор кишварҳои ғарбӣ равобит пайдо менамуд.