Эҷодиёти Савдо

Савдо, асосан, дар эҷоди ғазал, рубоӣ, мусаммат табъи баланд доштааст, вале бисёр афсӯс, ки тангии маишӣ ӯро имкон надодааст, ки ашъорашро мураттаб намуда, ба табъ расонад. Аз тарафи дигар, Абдулқодирхоҷаи Савдо дар таҳаввули насри бадеӣ низ саҳми босазо дорад. Ашъори ғиноии ӯ аз мавзуъҳои ишқу ошиқӣ, шӯру исёнҳои қалбии инсонӣ, ҳиссиёти нозуку латифи одамӣ, бемеҳрии маҳбуба, вафодории ошиқ, бесабрию ношикебоии маъшуқа ва бовафоиву шикебоии ошиқ ва ғайра иборат аст.

Умуман, лирика ва осори манзуми Савдоро муҳаққиқон иборат аз ду қисмат донистаанд: лирикаи ошиқӣ ва ашъори ҳаҷвӣ-мутоибавӣ. Дар рӯзгори Савдо таъсири Бедил ва ҷараёни бедилизм дар шеъру адаби Осиёи Миёна махсус буд. Аз ин рӯ, ин таъсир дар ашъори Савдо низ ба хубӣ ба мушоҳида мерасад. Албатта, ашъоре, ки то андозае оҳангҳои тасаввуфӣ доранд, ӯ дар тақлид ба ғазалиёти Ҳофиз эҷод кардааст ва чунин муносибати Савдо дар пайравии ашъори Бедил низ ба мушоҳида мерасанд. Чунончи, ғазали зеринро, ки зери нуфузи ашъори абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил гуфтааст, мунтахабан зикр хоҳем кард:

Ғайри ранҷурон зи кас аҳволи ранҷурон мапурс,

Захм донад, чист ҳоли ҷисми лоғар теғро.

Донишат гар ҳаст, асбоби тамаллуқ гӯ, мабош,

Зевараш лозим набошад, ҳаст ҷавҳар теғро.

Аз мувосоҳои52 софитинатон эмин мабош,

Фитнаҳо дар табъи ҳамвор аст музмар теғро.

Фитнаҷӯёни замонро тарбият кардан хатост,

Чарх аз моҳи нав охир хӯрд бар сар теғро.

Аз фусуни тарбиятҳои замон эмин мабош,

Рӯй бар санг аст аз дасти фасонгар53 теғро….

Табъи Савдо пур зи истеҳсоли дунон тира аст,

Санги нохуш аз фасон54 созад мукаддар55 теғро.

Ғазали мазкур хеле ҳунармандона эҷод шудааст, мундариҷа ва мавзуи асосии он иҷтимоӣ-шиквоӣ буда, ҳолати қаҳрамони лирикиро фаро гирифтааст. Азбаски бунёди тематикии он ҳолати иҷтимоист, аз ин рӯ, хусусиятҳои шаклии он низ ба мундариҷа комилан тобеъ шудааст.

Аз нигоҳи вазн ғазали боло хеле ҷолиб аст ва тобиши қавии андарзӣ-мавъизатӣ, насиҳатӣ дорад. Он дар баҳри рамал иншо шудааст, ки арконаш чунин аст:

- v - - /- v - - /-v - - / - v~

фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё фоъилон ва ғайра.

То ба имрӯзҳо ҷамъоварии абёти парешони Савдо идома дорад ва он чи аҳли илм то кунун дастрас намудаанд, чунин аст: 5 қасида, 56 ғазал, 2 мусаммати мухаммас, 6 маснавӣ, 9 рубоӣ, 11 фард, 1 марсия, 1 тарҷеъбанд, 1 таърих ва ҳафт ҳикояти мансур, ки яке аз онҳо ба номи «Музҳикот»56 машҳур аст.

Дар ашъори ғиноии ӯ, ки ғазалиёт қисмати марказии онро фароҳам овардааст, ишқ ва мавзуъҳои ишқӣ, нозу истиғнои маъшуқа, азоби ҳиҷрону дарди ҷудоӣ, умеди висолу дурии фироқ, таъҷили маҳбубаву шикебоии ошиқ ба таври хеле воқеӣ, мушаххас, дилпазиру хушоҳанг, гӯшнавозу ҷаззоб, матлубу мақбул ва бо ҳунари волои шоирона эҷод гардидааст:

Омадӣ, ҳарфи ниҳонӣ ба ту дорам, бинишин,

Дарди ҳиҷрон ба ту як-як бишуморам, бинишин.

52 Мувосо – созиш, ёрӣ

53 Фасонгар – чархчӣ

54 Фасон – қайроқ

55 Мукаддар – тира, сиёҳ

56 Музҳикот – мутоибот

Нафасе сабр намо, ин ҳама таъҷил макун,

Пеши ту қиссае аз хуни дил орам, бинишин.

Ҳама сармоя ба савдои ту додам, ҳайҳот,

Ним ҷон мондаву он ҳам бисупорам, бинишин.

Хуштар аз ҷони ҷаҳон донамат, аммо чӣ кунам,

Мадади толеъу иқбол надорам, бинишин.

Омадӣ бар сару имрӯз тараҳҳум кардӣ,

Рӯйи худ бар кафи пойи ту гузорам, бинишин.

Аз ғами турраи ошуфтаат ошуфта шудам,

Ҷамъ гардон ба мурувват дили зорам, бинишин.

Солҳо з-он нигаҳи масти ту будам махмур,

То зи сар дур шавад ранҷи хуморам, бинишин.

Ҳаст сармашқи дабистони дилам ёди хатат,

Рӯзу шаб нест ҷуз ин шева шиорам, бинишин.

Бармачин домон аз хоки ман, андеша макун,

Пок бар боди фано рафт ғуборам, бинишин.

Ҳар кас андӯҳи дили хеш ба ёраш гӯяд,

Дар ду олам набувад ғайри ту ёрам, бинишин.

Дил ба ҷуз васли ту бо ҳеч тасалло нашавад,

Нест дар ҳаҷри ту орому қарорам, бинишин.

Яке аз ҷанбаҳои ҳунарии ғазалиёти Абдулқодирхоҷаи Савдо дарёфту корбасти радиф аст ва ҳунари ӯ дар истифодаи радиф ба ҳаддест, ки шояд кам шоире бошад, ки онро ҳис намояду дар шеъраш дар чунин шакл аз он кор бигирад. Масалан, қаблан мо огоҳ шудем, ки чун ғараз ҳасби ҳол, авзои қавии иҷтимоӣ бошад, ӯ аз теғ кор гирифта, барои таъкиди маъно онро (теғро) радиф қарор медиҳад. Дар ғазали зикршуда, ки ҳадаф ҳиҷрон, фироқ, дурӣ, сангдилию бемеҳрии маҳбуба аст, лаҳзаи висол, ки даме даст додааст, онро ғанимат медонад ва калимаи бинишинро (сабри маҳбубаро) барои таъкиди маъно ва қавӣ баромадани мундариҷаи ғазал радиф қарор медиҳад. Дар ғазали зикршуда, ки аз ёздаҳ байт иборат аст, дувоздаҳ бор калимаи (феъли амрии) бинишин ба сифати радиф таъкидан оварда мешавад, ки мақсад ҳамоно пойдории висол мебошад. Дар ашъори ғиноии Савдо, инчунин мавзуъҳои дигар, аз қабили ҳаҷву танқид ва ҳазлу шӯхӣ низ хеле амиқ реша дорад ва хеле қавӣ садо медиҳад. Ӯ дар ин ашъори худ, бахусус амирону ҳокимон, золимону мумсикон, фиребгарону қалтабонон, руҳониёни мутаассибу риёкоронро сахт накуҳиш менамояд ва дар айни ҳол, ба ҳимояи адолати иҷтимоӣ мехезад. Чунончи, дар ин шеъраш зоҳидонро, ки ба зуҳди риёӣ рӯ овардаву асосҳои динро дуруст намедонанд, сахт танқид мекунад:

Зоҳид, чӣ диҳӣ маро ту пандо?

Чун панди ту нест судмандо.

Ман нӯш гирифтам аз лабонаш,

Дигар чӣ кунӣ ҳадиси қандо?

Ишқидани мо на ихтиёрист,

Моро накунед ришхандо.

Тарзи дигаре биёр, Савдо,

Чун тарзи туро намехарандо.

Дар танқиди зоҳидони риёӣ ӯ ба пояи Камоли Хуҷандӣ нарасида бошад ҳам, пазироии анъанаро идома додааст. Ҳаҷву танқиди Савдо ҷанбаи ҳазлу шӯхии кинояомезе дорад, ки ин падида хоси худи ин шоир аст. Ин ҷиҳатро Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ва Шамсуддини Шоҳин низ тақвият додаанд. Ҳамин ҳиссиёти баланди ҳазлу шӯхӣ ҳатто дар ғазалиёти ишқии шоир низ ба мушоҳида мерасад.

Чунончи:

Дил гум шуда, ман ба пеши раммол

Рафтам, ки барои ман бизан фол.

Оҳид, ки «Ин матоъ бурдаст

Маҳбубаки шӯхи хурдакаксол!»

Як зарра вафо бурун наомад,

Хоки ҳама бехтам ба ғирбол.

Саҳл аст, ки дар ҷафо бисабрам,

Хосияти сабр ҳаст исҳол.

Ай ҷони балокашида, меоҳ

В-эй қалби ситамрасида, менол.

Акнун ту ба дасти ишқи ӯйӣ

Монандаи мурда пеши ғассол.

Пас, дар ҳама умри худ надидам,

Ороми тану фароғати бол.

Хубон чу ба мо биилтифотанд,

Моро чӣ зарурат аст ин ҳол?

Савдо, сари ишқбозият ҳаст,

Аввал ба каф ор маблағу мол.

Ин шеър аслан ишқӣ буда, оҳанги бисёр нозуки шӯхиомезе дорад, ки хоси сабки Савдо аст.

Ҳадафи шоир баёни арзи ҳоли ошиқ буда, зимнан ҳаҷви раммол низ хеле устодона ба тасвир омадааст, ки танқиди хурофот мебошад. Шоир дар маъниофариву мазмунсозӣ аз санъатҳои шеърии иғроқ, киноя, маҷоз, тавсиф, таносуби сухан, нидо, ташбеҳ, истиора ва ғайра хеле уҳдабароёнаву ҳунармандона кор гирифтааст.

Аз нигоҳи хусусиятҳои шаклӣ низ ғазали боло ҷолибу хонданист. Ғазал мураддаф нест. Қофияҳои он калимаҳои раммол, фол, хурдакаксол, ғирбол, исҳол, менол, ғассол, бол, ҳол, мол аст. Дар ин калимаҳои қофия ҷузви «-ол» решаи қофия буда, ҳарфи «о» ридфи муфрад ва ҳарфи «л» равист. Худи қофия қофияи муқайяд мебошад, зеро пас аз равӣ унсури дигар надорад.

Ғазал дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбузи мақсур (ё маҳзуф) эҷод шудааст, ки афоъили он чунин мебошад:

- - v / v - v - / v - ~ / v - - /

яъне: мафъӯлу мафоъилун, фаъӯлон ё ин ки фаъӯлун.

Вале аз нигоҳи истифодаи калимаҳо чанд феъли худсоз (ихтирои худи Савдо) дида мешавад. Он калимаҳо: бисабрам – маънии сабр кунам, меоҳ оҳ каш ё оҳ гӯй, биилтифотанд – илтифот намоянд мебошад. Албатта, чунин тарзи калимасозӣ хоси сабки Савдо буда, хилофи иштиқоқ аст. Вале барои оҳанги шӯхиомез касб кардани ғазал хидмат мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар лирикаи Савдо андешаҳои маорифпарварӣ ва ҷунбишҳои мафкуравию бархӯрдҳои сиёсӣ ҳанӯз мушоҳиданашаванда аст, зеро чунин ҷунбишҳо, бедоршавиҳо, растохезҳои зеҳнӣ, бардоштҳои ақлонӣ, раҳоӣ аз тафаккури сирфан ғуломона то андозае пас аз нашрҳои «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмад Махдуми Дониш, «Савонеҳ-ул-масолик»-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Сироҷ ва ғайра ба миён омад ва аз ин рӯ, яке аз хидматҳои хеле шоистаи Савдо дар инъикоси мафкураи аср дар лирика ва насри бадеист. Дар ашъори ғиноии ӯ мавзуъҳои дигари иҷтимоӣ, аз қабили: шиква аз камбизоатӣ, аз тангии маишӣ, норизоӣ аз беқадрии аҳли илм, маориф, фарҳанг, санъат, беқадрии ҳунар, эҷоди бадеъ, танқиди хислатҳои разилаи инсонӣ, аз қабили: кибру ғурур, бузургманишию худхоҳӣ, ҳавобаландию такаббур, пастфитратӣ, мардумфиребӣ, ғаммозию чоплусӣ, муфтхӯрию ҳаннотӣ ва ғайра хеле хуб ба тасвир омадааст. Аз тарафи дигар, дар ашъори Савдо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ васф карда мешавад ва аз ҷумла, шоир чунин сифатҳои инсонӣ: саховатмандӣ, олиҳимматӣ, хайрхоҳӣ, некукорӣ, илмдӯстӣ, хирадмандӣ, раъиятнавозӣ, халқдӯстӣ, ватанпарварӣ, меҳнати софдилона, фурӯтанӣ, шикастанафсӣ, хоксорӣ, пуртоқатӣ, сабурӣ ва ғайраро ҷонибдорӣ менамояд. Албатта, Савдо дар оғози эҷодиёти хеш бештар ба шуарои номии тоҷик, мисли Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва дигар шоирони соҳибмактаб пайравӣ намуда, ашъори уҳдабароёна эҷод кардааст. Вале мо ҳеҷ гоҳ чунин даъво надорем, ки эҷодиёти Савдо ба куллӣ тақлидист. Аз тарафи дигар, агар мантиқан андеша карда шавад, ҳар шоире наметавонад ба Ҳофизу Бедил ва дигар симоҳои ҷаҳонии адабиёти тоҷик сару кор бигирад. Аз ин рӯ, худи далели ба ашъори Ҳофизу Бедил рӯ овардани Савдо башорати истеъдоду маҳорат ва донишу малакаи эҷодии ӯст, ки тавассути осори маҳфузмондаи ӯ қазоват карда мешавад.

Дигар аз ҷанбаҳои намоёни ашъори Савдо ва осори мансури ӯ тобиши хеле қавии ҳаҷвӣ доштани онҳо мебошад. Ӯ ҳам дар назм ва ҳам дар наср аз ҳикоёту латифаҳо, аз таъбироту суханҳои вирдизабонӣ хеле нозук кор мегирад ва дар натиҷаи он ҳаҷви малеҳе рӯйи кор ҳувайдо мешавад. Инчунин, оҳанги тасвир тобиши ҳаҷвию танқидӣ касб мекунад. Адабиётшиносон мероси Савдоро, ки ҷанбаи мутоибавӣ дорад, дорои се бахш донистаанд:

1. Ашъори мутоибавие, ки ба тариқи зарофат – ҳазломезу шӯхиомез эҷод шудааст;

2. Ашъоре, ки дар пайравии Абуисҳоқи Атъимаи Шерозӣ таълиф гардидааст;

3. Ашъори мутоибавие, ки тавассути он иллатҳои ҷомеа танқиду мазаммат шудаанд.

Чунин табақабандӣ, ҳатто ашъори ошиқонаи Савдоро низ фаро мегирад. Ҷанбаи ашъори мазкури Савдоро муосирони ӯ – Шоҳину Ҳайрат идома бахшидаанд ва гуфтан мумкин аст, ки ҳатто муваффақият ҳам пайдо кардаанд. Албатта, ин мавзуъ дар эҷодиёти Савдо нав нест, зеро ҳаҷву мутоиба дар адабиёти тоҷик яке аз мавзуъҳои ҷовидона мебошад ва ғолибан яке аз мавзуъҳои марказии ашъори шоирони то устод Рӯдакӣ будааст. Танҳо ба ёд овардани он кифоя аст, ки ҳатто дар адабиёти шифоҳӣ низ он мавқеи махсус дорад ва далели ин қазоват як қитъаи ҳаҷвии мардумони Балх дар ҳиҷои Асад ибни Абдуллоҳ аст, ки тибқи шаҳодати «Таърихи Табарӣ», соли 725 эҷод шудааст ва ҳаҷви сиёсӣ аст:

Аз Хуталон омадаиҳ,

Рӯ ба табоҳ омадаиҳ.

Хушку низор омадаиҳ,

Овора боз омадаиҳ.

Албатта, дар ашъори шоирони асри Х ин мавзуъ хеле устувор гардида, ҳатто ба ҳамосаҳои миллӣ ворид шудааст ва далели қавии он эпизодҳои ҳаҷвӣ-танқидӣ ва мутоибавии «Шоҳнома»-и Фирдавсии Тӯсӣ мебошад. Мо дар ин асар, яъне «Шоҳнома», ҳаҷви сиёсиро мебинем, ки ғолибан шоҳон, сиёсатмадорон танқид карда мешаванд, бахусус Ковусшоҳ, Афросиёб, Заҳҳок, Ҷамшед, Салм, Тур ва дигарон. Инчунин руҳониёни зардуштӣ, ки риё кардаанд, сарлашкарон, паҳлавонон ва ғайра. Дар асри XII Сӯзании Самарқандӣ ҳаҷвро аз ҳадди эътидол бароварда, ба ҳаҷви қабеҳ бадал сохт. Дар эҷодиёти Убайди Зоконӣ оҳанги хеле ҷиддӣ касб намуд. Анъанаи ӯро то андозае Абдурраҳмони Мушфиқӣ қабул карду тақвият бахшид ва ғайра.

Вале ҷанбаи малеҳи онро адабиёти тасаввуфӣ пазируфт, ки намунаҳои беҳтарини он дар маснавиҳо ва ашъори лирикии Саноии Ғазнавӣ (махсусан, дар «Корномаи Балх») тақвият бахшид. Дар осори Фаридуддини Аттор ва махсусан, дар маснавии Ҷалолуддини Балхӣ ҷилои тозаву нодир гирифт ва писанди ҳамагон шуд. Аз ин нуқтаи назар, Савдо анъанаи мазкурро дар давраи тамоман нав, бо тобиши дигар эҳё кард. Муосирони ӯ ба ин ҷанбаи умумибашарӣ бахшиданд ва манзури мо эҷодиёти Аҳмади Дониш, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ва Мирзо Сироҷи Ҳаким мебошад. Тозакориҳои Савдо ҳам дар назм ва ҳам дар наср идома бахшидани мавзуи мазкур мебошад.