Мавзуъ ва мундариҷаи «Музҳикот»

Савдо на танҳо шоири тавоно, балки дар насри адабӣ ҳам табъи баланд доштани худро нишон додааст. Аз ӯ асари мансур низ боқӣ мондааст, ки намунаи хеле хуби насри мутоибавӣ мебошад. Ин асари мутоибавӣ таҳти унвони «Музҳикот» машҳур аст. Асари мазкур аз панҷ қисм иборат буда, муаллиф онҳоро таҳти унвони «Нағма» ёд кардааст. Жанри «Музҳикот» анъанавӣ нест. Масалан, ба асарҳои машҳуртарин нависандаи ҳаҷвнигори асри XIV – Убайди Зоконӣ («Ахлоқ-ул-ашроф», «Сад панд», «Даҳ фасл» ё «Таърифот» ва ғайра) монанд нест. Яъне, аз ҷиҳати хусусиятҳои жанрӣ асари Савдо навоварӣ дар насри бадеист. Аз ин рӯ, дар лексикаи забони адабии тоҷик низ таъсири фаровон гузоштааст.

Аз жанри дигар, дар насри ҳаҷвию мутоибавии Савдо унсурҳои насри мусаҷҷаъ ба назар мерасад, ки ин унсур яке аз хусусиятҳои насри бадеии мутоибавии нависандаро фароҳам овардааст: «Аммо мисрае намехонд, ки калимоташ пӯла нашуда бошад ва аркони авзонаш шӯла. То ҳалворӣ гоҳе лӯндае ҳалвое дар кори мулло кардӣ ва муллоро аз ин ҳавои бедуд хушнуд сохтӣ. Мулло бо даҳони ширин ба ширинмақолӣ ба мадҳи зуҳурулғайбаш низ пардохтӣ».

Баъзе аз бобҳои «Музҳикот»-и Савдо хеле хотирмону ҷолибанд. Аз ҷумла, боби «Нағмаи чаҳорум: Достони Бибипанирии Кайвонӣ ва Она Маҷони Ходим». Эпизоде дорад, чунончи:«Рӯзе дар маҷлисе, ки ҷамъе аз занони акобиру аъён ҳозир буданд, келинбикаи баландҳиккаро зиён гирифт (бемор шуд). Лаб мегазиду дандон мехоид. Бибипанирии Кайвонӣ ба тарзи муомилашиносӣ ва қоидадонӣ ба дастур дар кораш кард, муфид наяфтод. То Она Маҷони Ходим пеш омада гуфт:

– Эй дугона, корро бебаёна (номаълум) бояд кард ва тадбирро мавқеъ бояд шинохт, то ки чарх чун тир бар нишона ояд. Бибӣ Маҳрӯйи – модаршӯйи ман, дасте дорад эм ва таҷрибае дорад қадим, касе ӯро биёрад, то аласе фармояд.

Чун ӯро оварданд, чӯбе гирифту латтаву дастмони чарбӣ бар он печида, оташ дардода алиларо (беморро) чодире дар сар андохта, дар ҷое нишонда, оташро дар гирди сараш чарх гардонда, хондан оғоз кард, ки:

Алас, алас, алас, алас!

Кулли балолардан халас,

Чӯлларга бор, кулларга бор!

Чанд бор бар ӯ дамиду кафи обе бар рухсорааш пошид. Фурсате ҳанӯз нарафта, ки келинбикка чашм кушода ба ҳол омад ва мутаранними ин мақол гардид:

Ай очаҷон, бар нафаси покат офарин,

Бар куртаи даридаи садчокат офарин.

Ҷӯгизанони шаҳру мазангони бодия

Доранд бар фатонату идрокат офарин.

Бо ин ҳама наҳифию57 барҷоймондагӣ

Бар дасти чусту бозуи чолокат офарин…»

Ҳикояти мазкур ба нодонии, хусусан занони он рӯзгор бахшида шудааст, ки чунин рафтори онҳо боварӣ ба дин нею балки бадномкунии дин аст. Инҳо на тоифаи занону бонувони одӣ, балки ашрофзодагонанд. Онҳо дар камақлию эътиқод ба хурофот ҳаҷв карда мешаванд. Аз ин рӯ, шеъри ҳаҷвиро Савдо аз забони ҳамон «келинчаки беморшуда» меорад, ки ба риёи зани аласкунанда дахл дорад.

57 Наҳифӣ – сустӣ

Як хусусияти ниҳоят ҷолиби дигари эҷодиёти мутоибавии манзуму мансури Абдулқодирхоҷаи Савдо боз дар он аст, ки ӯ таркиби луғавии хеле аҷоиб дорад. Истифодаи калимаҳову ибораҳои халқӣ-гуфтугӯӣ, куртаи дарида, даму нафас, алас, дугона, бебаёна, дастмол ва ғайра. Инчунин Савдо баъзе калимаҳоро худ месозад, кашф мекунад, ки онҳо ба қоидаҳои сарфу наҳв чандон итоат намекунанд. Масалан: сихи хала (чӯбчае, ки маркабро бо он идора мекунанд), ишқидан (ошиқ шудан), меоҳ (оҳ гуфтан), палавидан (ош хӯрдан), чико (чи кор), тӯғрӣ (рост), фиребидан (фиреб додан), чалидан (мутобиқ шудан) ва ғайра. Яъне ӯ исмҳоро ҳамчун феъл ба кор бурдааст ва ин тарзи корбурд дар забони адабӣ нест.

Бояд гуфт, ки дар таърихи адабиёти тоҷик, агар амиқтар андеша шавад, одитарин адиб ҳам мавқеъ дорад, зеро анъана дар ин адабиёт, ки ниҳоят қавист, ҳар адиб дар заминаи он даъвии тозаҷӯйӣ мекунад.

Аз ин нуқтаи назар, Савдо низ дар таърихи адабиёт мақоми худро дорад. Ӯ яке аз он шахсонест, ки сабки бедилиро қадре ҳам бошад, заминаҳои воқеӣ бахшид. Дар рушди адабиёт, истиқболи суннат саҳм гузошт. Ба адабиёти давр, муосирон ва адабиёти баъдии тоҷик андаке бошад ҳам, таъсир гузошт ва мавқеи худро ёфт.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Овони ҷавонӣ ва илмомӯзии Абдулқодирхоҷаи Савдо чӣ гуна гузаштааст?

2. Аз муосирони Савдо доир ба рӯзгору фаъолияти ӯ кадом тазкиранигор бештар маълумот додааст?

3. Шоир дар кадом мавридҳо тахаллусҳои «Савдо» ва «Бепул»-ро ба кор бурдааст?

4. Савдо дар дарбори киҳо хидмат намудааст?

5. Поёни умри шоир чӣ гуна гузаштааст?

6. Мероси адабии Савдо аз чиҳо иборат аст?

7. Ашъори ғиноии шоир кадом мавзуъҳоро дарбар мегирад?

8. Савдо аз шоирони ғазалсарои гузашта ба киҳо пайравӣ кардааст?

9. Хусусиятҳои фарқкунандаи ғазалиёти Савдоро шарҳ диҳед.

10. Хусусиятҳои ҳаҷвии ашъори Савдоро баён кунед.

11. Саҳми шоир дар ташаккулу таҳаввули насри бадеӣ аз чӣ иборат аст?

12. Хусусиятҳои насри бадеии адибро шарҳ диҳед.

13. Таъсири эҷодиёти Савдо ба муосирон ва адабиёти минбаъдаро нақл кунед.

САВОЛНОМАИ ТЕСТӢ

1. Пайравони ҷараёни маорифпарварӣ кадоме аз ин адибон мебошанд?

А. Ҳофизу Камолу Носири Бухороӣ

В. Ҷомӣ, Ҳусайн Воиз, Биноӣ

С. Восифӣ, Ҳилолӣ, Мушфиқӣ

D. Саййидо, Соиб, Бедил

Е. Аҳмади Дониш, Шоҳин, Савдо

2. Савдо дар кадом шаҳр ба дунё омадааст?

А. Самарқанд

В. Хуҷанд

С. Хоразм

D. Тошканд

Е. Бухоро

3. Кадоме аз ин тазкиранависон дар бораи Савдо маълумот додааст?

А. Аттор

В. Муҳаммад Авфӣ

С. Давлатшоҳи Самарқандӣ

D. Ҷомӣ

Е. Возеҳ

4. Савдо дар синни чандсолагӣ мадрасаро хатм кардааст?

А. 14-15 солагӣ

В. 16-17 солагӣ

С. 18-19-солагӣ

D. 19-20-солагӣ

Е. 20-22 солагӣ

5. Боз кадом тазкиранигорон дар бораи Савдо маълумот додаанд?

А. Аттору Авфӣ

В. Давлатшоҳу Ҷомӣ

С. Навоию Соммирзо

D. Амин Аҳмаду Муҳаммадбадеъ

Е. Ҳашмат ва Садри Зиё

6. Тахаллуси Мирзо Абдулқодирхоҷаро ёбед:

А. Ҳашмат

В. Ҳайрат

С. Бедил

D. Ҳозиқ

Е. Савдо

7. Савдо дар аҳди кадоме аз ин амирон ба дарбор омадааст?

А. амир Дониёл

В. амир Шоҳмурод

С. амир Раҳимхон

D. амир Ҳайдар

Е. амир Насруллоҳ

8. Ғайри ранҷурон зи кас аҳволи ранҷурон мапурс,

Захм донад чист ҳоли ҷисми лоғар теғро.

Байти фавқ аз кист?

А. Саййидо

В. Соиб

С. Бедил

D. Ҳозиқ

Е. Савдо

9. Савдо кадом сол олами фониро падруд гуфтааст?

А. соли 1843

В. соли 1853

С. соли 1860

D. соли 1863

Е. соли 1873

10. «Музҳикот» асари кист?

А. Бедил

В. Мирзо Содиқ

С. Ҳозиқ

D. Шоҳин

Е. Савдо

11. Омадӣ, ҳарфи ниҳонӣ ба ту дорам, бинишин,

Дарди ҳиҷрон ба ту як-як бишуморам, бинишин.

Матлаи ғазали кист?

А. Бедил

В. Соиб

С. Ҳозиқ

D. Шоҳин

Е. Савдо

12. Сухан ҳар он чи ки хуштар бувад, манаш гуфтам,

Гуҳар ҳар он чи ки беҳтар бувад, манаш суфтам.

Байти кист?

А. Бедил

В. Саййидо

С. Савдо

D. Ҳозиқ

Е. Шоҳин