Сухан ҳар он чи ки хуштар бувад, манаш гуфтам,
Гуҳар ҳар он чи ки беҳтар бувад, манаш суфтам.
Шамсуддини Муҳаммад махдуми Шоҳин соли 1859 дар Бухоро, дар оилаи мулло Амони Хатлонӣ таваллуд шудааст. Мулло Амони Хатлонӣ дар овони ҷавонӣ барои илмомӯзӣ ба Самарқанд омада, баъди ду соли таҳсил азми Бухоро намуда, дар ин маркази илмию адабии Мовароуннаҳр мадрасаро хатм мекунад. Пас аз хатми мадраса чанд муддат дар яке аз мадрасаҳои Бухоро мударрисӣ ҳам кардааст. Шоҳин баъдҳо дар маснавии «Туҳфаи дӯстон» ғамхории волидайнашро дар ҳаққи худ аз забони падараш чунин ёдоварӣ мекунад:
Агарчанд умрам ба ҳафтод рафт,
Кунунам ғами пирӣ аз ёд рафт.
Падар чун ба модар суруд ин калом,
Ба таҳсили илмам намуд эҳтимом.
Шоҳин ҳангоми мактабхонӣ тахминан дар ҳашт ё нуҳсолагӣ ба шеър гуфтан шуруъ кардааст. Инчунин, ӯ дар хушнависӣ маҳорати том дошта, баъди хатми мактаб падараш ин ҳунари Шоҳинро дида, вайро пешаи мирзоӣ меомӯзонад. Хаттотон нозукиҳои ин пешаро ба Шоҳин ёд медиҳанд. Ӯ тули ду-се соли шогирдӣ тарзи хатнависӣ ва иншоро хуб ёд мегирад. Баъдтар дар синни 15-16-солагӣ Шоҳин барои таҳсили илм ба мадраса дохил мешавад.
Падару бобоёни Шоҳин аз тоифаи аҳли фазлу адаби Хатлон будаанд. Баъдтар падари Шоҳин ба Самарқанд ва аз он ҷо ба Бухоро меояд, ки мақсадаш танҳо таҳсили илм будааст. Аз рӯйи ишораи сарчашмаҳои ин аср, Шоҳин фарзанди хурдтарини хонадон мебошад ва аз баъзе ишораҳои шоир маълум мешавад, ки дар хонадони онҳо духтаре ҳам ба дунё омада будааст, зеро Шоҳин вафоти хоҳарзодаҳои худро дар як қитъаи таърих ишора мекунад:
Таърихи фавти ҳар ду зи Шоҳин бихостанд,
Маъсумаву Муаззама гуфту кашид оҳ.
Ин ҷо моддаи таърих 1300 мешавад, ки ба соли 1883 мелодӣ баробар аст.
Баъд аз хатми мадраса Шамсуддини Шоҳин чанд гоҳе имоматӣ низ мекунад. Шоир дар «Туҳфаи дӯстон» 87 сол умр дидани падарашро таъкид кардааст. Таъмини рӯзгор пас аз вафоти падараш бар уҳдаи ӯ меафтад. Дар ин айём яке аз шайхони Бухоро – Абутоҳир Зарири Ҷӯйборӣ ба шоир ҳаматарафа ёрӣ мерасонад. Ба ин маънӣ Шоҳин мегӯяд:
Шукри Худо, ки чун падар аз ман канора ҷуст,
Шуд илтифоти хоҷаи офоқ ёварам.
Вале баъд аз чанде Зарири Ҷӯйборӣ низ вафот мекунад ва Шоҳин дар ин бора низ дар як тарҷеъбандаш, ки ба номи қозикалони Бухоро – Бадруддин навиштааст, мегӯяд:
Он ки будӣ маро ба ҷойи падар,
Рахт барбаст аз ин сароча бадар.
Ман дар ин кунҷи узлат аз ғами ӯ
Чун сипанде, ки сӯхт дар миҷмар.
Ман ятиму туӣ карим, зи лутф
Бармадор аз ятими хеш назар.
Дар ҳар сурат қозикалон низ ба шоир то ба ҳадде ёрии моддии хешро дареғ надоштааст, зеро баъзе ишораҳои Шоҳин ба он гувоҳанд. Аммо касби имоматӣ Шоҳинро қонеъ кунонида наметавонад ва ӯ дар баъзе шеърҳои худ ин ҳолро шарҳ додааст:
Соҳибо, гар накунад арзи ман эҷоби малол,
Аз имомат қадаре шарҳ диҳам сурати ҳол.
Ҳафтае нест, ки андар пайи наъше наравам
То сари пушта зи масҷид ману қавм аз дунбол.
Аз сари кӯча гар овози муаззин ояд,
Ба умеди хабари мурда кунам истиқбол.
Гаҳ занад ханда ба ман ходиму гаҳ кадбону,
Гаҳ ниҳад таъна ба ман сӯфию гаҳ оқсақол.
Ҳукми ҳар масъала гуфтам, чи савобу чи хато,
Нони ҳар моида хӯрдам, чи ҳарому чи ҳалол!
Нест суре, ки дар ӯ ман наравам чун лӯлӣ,
Нест сӯге, ки дар ӯ ман наравам чун ғассол.
Ҳар чӣ ҳосил шавад аз мурдаву аз зинда маро,
Бе таваққуф равад аз даст чу об аз ғирбол.
З-ин ҳама бори ғаму ғусса, ки дар дил дорам,
Синаи ман шуда чун муҳраи нушби ҳаммол.
Аз ин шеър маълум мегардад, ки рӯзгори Шоҳин аз нигоҳи моддӣ чандон мувофиқи мақсуд набудааст. Аз ин рӯ, дар ин касб чандон зиёд машғул нашудааст. Баъдтар аз соли 1885 сар карда чанд гоҳе яке аз муқаррабони дарбори амир мешавад.
Абдулаҳад ба хидмати мирзоӣ Шоҳинро пазируфта, ӯ дар дарбор ҳамчун хушнависи машҳур ва хаттоти номӣ маълум мегардад. Парвоначии дарбор – Абдулқодир шоири ҷавонро ҳамаҷониба месанҷад. Яъне, на танҳо касби ӯро, балки илму дониш ва фазилату истеъдоди Шоҳинро пай бурда, вайро ҳамчун фарзанди худ эҳтиром мекардааст. Ҳатто бо дахолати парвоначӣ Шоҳин дар ситоиши Абдулаҳад қасидаҳо низ менависад. Ин ҳолат ҳасудони Шоҳинро бедортар менамояд ва онҳо ба шоир фишор меоваранд. Аз тарафи дигар, бо фармони амир Абдулқодири парвоначӣ ҳокими Шеробод таъйин карда мешавад ва ӯ аз Бухоро меравад. Дарбориён аз фурсат истифода намуда, ба Шоҳин сахттар ҳуҷум мекунанд. Ин аст, ки парвоначӣ Абдулқодир бо баҳонаи ҳимояи Шоҳин ба ӯ духтарашро хонадор менамояд. Домод шудан ба ҳокими Шеробод Шоҳинро аз ҳамлаи ҳасудон то андозае эмин мегардонад. Аз тарафи дигар, амир Абдулаҳад низ ба Шоҳин аз наздик шинос гардида, донишу маҳорати шоирро ҳис намуда, мехоҳад ӯро ҳамсуҳбати бевоситаи худ намояд. Амир чунин ҳам кард ва ҳатто дар сафарҳояш Шоҳинро бо худ мебурд.
Дар ин миён завҷаи шоир вафот мекунад ва ин мусибат ба Шоҳин таъсири сахт мерасонад. Аз тарафи дигар, Шоҳин баъзе нуқсонҳои мушоҳидакардаи худро мехоҳад, ки тавассути панду андарз бевосита ба худи амир расонад. Бинобар ин, ӯ асари «Туҳфаи дӯстон»-ро менависад ва мехоҳад ба ин восита баъзе нуқсонҳои ҷиддиро нишон бидиҳад. Аммо ин ба амир Абдулаҳад писанд намеояд.
Каме пештар аз ин Шоҳин достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро таълиф намуда буд. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо, шоир ин достонашро дар вафоти завҷаи худ – духтари Абдулқодири парвоначӣ эҷод кардааст. Санаи таълифи достони «Лайлӣ ва Маҷнун» 1305 (1887-1888) буда, асар зоҳиран ба амир Абдулаҳад эҳдо шудааст. Аз баъзе фахрияҳои Шамсуддини Шоҳин бармеояд, ки ӯ басо оқилу фарзона, донишманду закӣ, фозилу доно будааст:
Ман аз ин воқеа бишкуфтаму гуфтам, ки манам
Истиқоматчии дарбори шаҳаншоҳи ҷаҳон.
Чун шуниданд ҳадиси ман, аз ҷумла касе
Натавонист намудан ба камолам китмон.
Алҳақ, аз халқи ҷаҳон гӯйи фатонат бурда,
Ҳар кӣ шуд ходими ин боргаҳи файзрасон.
Албатта, ӯ дарборро аз рӯйи зарурат «боргаҳи файзрасон» мегӯяд.
Агар эҷодиёти Шамсуддини Шоҳин нозуку дақиқ омӯхта шавад, пай бурдан душвор нест, ки аз оғози солҳои 90-уми асри XIX дар лирикаи ӯ оҳангҳои шикоятӣ, майлҳои хеле қавии танқидӣ қувват гирифтаанд. Намунаи чунин оҳангҳову майлҳо, ки боз тобиши фахриявӣ низ гирифтаанд, ғазали зерини шоир шуда метавонад:
Сухан ҳар он чи ки хуштар бувад, манаш гуфтам,
Гуҳар ҳар он чи ки беҳтар бувад, манаш суфтам.
Вале чӣ суд, ки умрам ба ғунчагӣ бигзашт,
Ба бод рафтаму чун гул ба боғ нашкуфтам.
Надидам ин ҳама ҳосил зи рӯзгори вуҷуд,
Ҷуз ин қадар, ки ба шоми адам фурӯ хуфтам.
Набаста сурати ҷамъияте ба худ, Шоҳин,
Зи тундбоди аҷал чун ғубор ошуфтам.
Албатта, ин бесабаб набуд. Шоир дар ин давра ба асари оламшумули Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» ошноӣ пайдо намуда буд. Мутолиаи асар тафаккури сиёсии адибро қавитару гиротар намуд. Ҷуръати Шоҳин аз таълифи «Туҳфаи дӯстон» тақвият пайдо менамояд. Ӯ ҳатто бевосита ба худи амир муроҷиат намуда мегӯяд:
Ту бишнав, ман орам сухан дар сурӯш,
Ки аз аҳди пешин барояд хурӯш.
Гаҳе мадҳ, гаҳ панд гӯям туро,
Раҳи расми некӣ биҷӯям туро.
В-агар ҳарфи талхе ба маъҷуни панд
Сириштам чу Сабри Сақутар ба қанд,
Ба нафъаш нигар, не ба талхии он,
Ки талх оварад суду ширин зиён.
Гар аз панд холӣ бувад мадҳи шоҳ,
Масал осмонест, холӣ зи моҳ.
Чунин тарзи таҳаввули фикрӣ амирро водор намуд, ки дар хусуси ин шоири ҷавон андешаи дигар дошта бошад. Ин тарзи баёни андеша миёни шоиру шоҳ мухолифати фикрро тезонд.
Шояд яке аз сабабҳои нотамом мондани маснавӣ низ ҳамин низои шоир бо шоҳ бошад.
Бо вуҷуди ин ҳама, Шоҳин аз эҷоди адабӣ даст накашид. Танҳо инро ҳам ҳис кард, ки тавассути ҳикмату панд, мавъизоту андарз ақидаи ин амирони ҷоҳилро тағйир додан намешавад. Бинобар ҳамин, Шоҳин асари дигари худ – «Бадоеъ-ус-саноеъ»-ро таълиф намуд.
Мо ошноии комил пайдо намудани Шоҳинро ба осори Аҳмади Дониш аз як маснавии хурди ӯ, ки дар охирҳои умраш навишта буд, пай бурда метавонем, зеро Шоҳин аз мадҳу санои салотин ва амирон сахт мутаассир гардида, пушаймонии худро чунин изҳор кардааст:
Ду-се рӯз ҷӯёи эҳсон шудам,
Сарояндаи мадҳи дунон58 шудам.
Бибурдам ба ороиши назм ранҷ
В-аз он кардам офоқро пур зи ганҷ.
Хареро Масеҳо насаб рондаме,
Сароро59 Сурайё60 лақаб хондаме.
Сагеро, ки ҷома даридӣ ба дев,
Фаришта аз ӯ даргирифтӣ ғирев.
Чунон барзадам сирати мардумӣ,
Ки гӯӣ назода ҷуз ӯ одамӣ.
Камоле, ки аз ҳар фан омӯхтам,
Ба тавсифи бедонишон сӯхтам.
Ба подоши он нуктаҳои баланд
Ба по қайдам афтод, дар ҳалқ банд.
Турушҷабҳагон сирка ангехтанд,
Сириштанду дар коми ман рехтанд.
Нагуфтанд, к-ин ринди ширинзабон
Табарзад61 ба мо карда буд армуғон.
Ба лавзинааш62 сир чун афканем,
Чаро шири софӣ ба хун афканем?
Шоҳин нимаҳои аввали солҳои навадум ба дарбор бештар ҷалб карда шуда буд. Ӯро дар ҳар як сафари дуру наздики хеш амир ҳамроҳ мебурд. Бар болои ин шоир ба бемории сил мубтало гардида буд. Боре дар яке аз сафарҳои амир, ки Шоҳин бо шоҳ ҳамроҳ буд, ҳолаш хеле бад мешавад. Ин сафари навбатӣ ба Қаршӣ буд. Амир ӯро дар Қаршӣ гузошт ва Шоҳин соли 1894 дар ҳамон ҷо вафот намуд. Оромгоҳи шоир дар шаҳри Қаршӣ воқеъ гардидааст.
58 Дунон – нокасон
59 Саро – қабати пасти замин
60 Сурайё – ситораи Парвин
61 Табарзад – набот
62 Лавзина – ҳалво