Нуқли маҷлис ҳар куҷо зикри парешонии мост,
Мо ба худ ҷамъем, асрори ниҳони мо ба хайр!
Яке аз шоирони тавонои тоҷик Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат аст, ки бо эҷодиёти худ ба адабиёти давр ва минбаъда таъсири муайян гузоштааст. Ҳайрат соли 1878 дар гузари Арӯсони Бухоро таваллуд ёфтааст. Номи шоир Муҳаммадсиддиқ буда, «Ҳайрат» тахаллуси адабии ӯст. Падари шоир дар масҷиди гузари Арӯсон муаззин буда, барои тарбияи писараш ҳаматарафа саъй доштааст. Шоир дар овони ҳафтсолагӣ аз модар ва дар дувоздаҳсолагӣ аз падар ятим мемонад. Ҳайрат дар синни 15-солагӣ ба мадраса дохил шуда, илмҳои ҷории замонро комилан фаро мегирад. Вай соли 1895 бо устод Садриддин Айнӣ рафоқат пайдо намуда, онҳо аз ҳамдигар хеле баҳраҳо мебаранд.
Ҳайрат аз нигоҳи иқтисодӣ чандон доро набуд ва аз ин ҷиҳат танқисӣ мекашид. Ин аст, ки шоир барои беҳбуди ҳолати иҷтимоии хеш, соли 1898 ба сифати мирзо ба хидмати Ашӯрбек ном даллоли пӯсти қароқӯлӣ дохил мегардад. Аз сабаби он ки Ҳайрат бемор шуда буд, соли 1900 бо маслиҳати дӯстону наздикон барои тағйири муҳит ба Фарғона меояд. Бемории шоир вазнин гардида, соли 1902 Ҳайрат аз дунё чашм мепӯшад.
Ҳайрат, махсусан, бо таъсири мактаби адабии Шарифҷонмахдум назокати илми шеърро хеле барвақт аз худ менамояд. Аз тарафи дигар, муҳити илмӣ-адабии шаҳри Бухоро низ ба эҷодиёти ӯ таъсири зиёд менамояд. Ин аст, ки ӯ ба шеъргӯйӣ аз овони хурдсолӣ шуруъ мекунад.