Дар суханпардозию иншои насрам нест мисл,
Нест касро андар ин фазлам маҷоли мункирӣ.
Дар луғоти форсию туркию лафзи араб
Бурдам аз майдони маънӣ гӯйи сибқу бартарӣ.
Бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти зиндагӣ, беадолатиҳои иҷтимоӣ, тангии маишӣ, нооромиҳои замон Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ тавонистааст аз худ осори гаронарзиш боқӣ гузорад. Возеҳ се забонро: тоҷикӣ, арабӣ ва туркиро хеле хуб омӯхта будааст ва бо ин забонҳо эҷод кардааст, вале бисёр афсӯс, ки на ҳамаи он осори гаронқадр то ба ин рӯзҳо расидааст. Аз мероси адабии Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ то кунун чунин асарҳо маҳфуз мондаанд: «Туҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ул-асҳоб», «Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик» ё «Ғароиб-ул-хабар фӣ аҷоиб-ис-сафар», «Кони лаззат ва хони неъмат». Ин асари Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар хусуси тайёр намудани таомҳои миллӣ, шириниҳо ва анвои нон, ки дар миёни мардумони Осиёи Миёна ва бахусус, бухороиён ҷорӣ будааст, маълумоти судманду муфид медиҳад. Асари дигари Возеҳ «Ақоид-ун-нисо» («Эътиқоди занон») ном дошта, дар ин асар донотарошиву ғурур, худнамоӣ, урфу одат, расму хурофоте, ки миёни занони нодону нохондаи ватани шоир – Бухоро ҳукмфармо будааст, ҳаҷву танқид карда мешавад.
Ниҳоят, осори манзуми Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, ки аслан бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва туркӣ эҷод гардидааст, қисми зиёди он аз миён рафта будааст. Ҳоло қисман ба забонҳои тоҷикию арабӣ маҳфуз мондааст, ки онҳо на дар шакли девон, балки дар шакли парешон, аз сарчашмаҳои асри шоир қисман гирдоварӣ карда шудаанд.
Инчунин баъзе асарҳои дигари ӯ низ то кунун маҳфуз мондаанд ва ё дастрас нестанд, танҳо унвони онҳоро муаллифони сарчашмаҳо ёдрас кардаанд. Ба силки чунин осор: «Шақоиқ-уд-дақоиқ» – дар тавсифи илмҳо ва олимони ҳамон соҳа, «Ароис-ул-абкор ва наводирул-афкор» – асари бадеӣ буда, аз ҳикоёти манзуму мансури мухталифи ба забонҳои тоҷикию арабӣ эҷодшуда иборат мебошанд ва ниҳоят «Туҳфаи амонӣ», ки оид ба илми тиб аст, дохил мешаванд.