Забти Тошканд. Диққати Черняевро махсусан, Тошканд ба худ ҷалб карда буд. Аз рўйи баъзе маълумот, ҳукумати марказии Русия ба ӯ ҳукуқи забти Тошкандро надода буд, яъне он умед дошт, ки ин шаҳр ихтиёран ба ҳайати Русия дохил мешавад. Аммо таъкид шуда буд, ки агар хавфи аз тарафи қӯшунҳои Бухоро забт карда шудани Тошканд ба вуҷуд ояд, он гоҳ Черняев ба сӯйи ин шаҳр лашкар кашад. Ҳадафи асосии тохтутозҳои амири Бухоро Музаффархон дар он солҳо Қӯқанд буд. Ин воқеа барои Черняев кофӣ буд, ки ихтиёран ба Тошканд ҳуҷум кунад. 1-уми октябри соли 1864 қӯшунҳои рус бо сарварии Черняев ба Тошканд аввалин бор ҳуҷум карданд, вале бебарор ба Чимкент баргаштанд. Ин бебарорӣ ҳарбиёни русро водор сохт, ки барои фатҳи Тошканд ҷиддитар омода гарданд.
28-уми апрели соли 1865 Черняев ба Тошканд бори дуюм ҳуҷум кард. Ӯ дар аввал сарбанди дарёи Чирчиқро вайрон карда, канали Анҳорро хушк намуд ва шаҳрро аз об маҳрум сохт. Ҷангҳои шадид ба вуҷуд омаданд. Ниҳоят, шаби 15-уми июни соли 1865 ба Черняев муяссар гардид, ки лашкараш вориди шаҳр шавад. Дар натиҷа, ҷанги сахти кӯчагӣ оғоз ёфт, ки он се рӯз давом кард. Ниҳоят, 17-уми июн Тошканд аз тарафи Черняев забт карда шуд. Байни намояндагони шаҳр ва Черняев шартнома ба имзо расид.
Моҳи сентябр генерал-губернатори Оренбург ҳангоми дар Тошканд буданаш ин шаҳрро бо мақсади аз таъсири Қӯқанду Бухоро озод нигоҳ доштан мулки мустақил эълон кард, вале он вақт ҷангҳои байни Бухорою Қӯқанд (яъне бо мухолифони Худоёрхон) давом мекард. Амири Бухоро баъди забти Хуҷанд ба сӯйи шаҳри Қӯқанд ҳаракат карда, ҳамзамон аз сарварони қӯшунҳои рус талаб кард, ки Тошкандро ба ихтиёри ӯ гузошта, худ аз шаҳр берун раванд. Ҳукумати подшоҳӣ чунин таҳдиди Музаффархонро ба эътибор нагирифта, моҳи октябри соли 1865 расман ба ҳайати Русия дохил шудани Тошкандро эълон кард.
Муҳорибаҳои нахустини байни Русия ва Бухоро. Барои амалиёти минбаъдаи қӯшунҳои рус дар пеши роҳи он истеҳкоми нисбатан мустаҳкам – Ҷиззах меистод, ки мулки Бухоро ба ҳисоб мерафт. Дар Бухоро воқеаи аз тарафи қӯшунҳои рус забт гардидани Тошканд мардумро ба ҳаракат оварда буд. Баъзе гурӯҳҳо амирро барои дар ҷангҳои муқобили Русия иштирок накарданаш на танҳо сарзаниши сахт, балки қасди ҷон карданд. Аз ҳамин сабаб ӯ маҷбур шуд, ки ба ҷанги муқобили Русия омодагӣ бинад.
Дар Бухоро омодагии амир ба ҷанг ҳанӯз давом дошт, вале охири январи соли 1866 як гурӯҳи нисбатан хурди қӯшунҳои рус бо сарварии генерал Черняев ба Ҷиззах расид. Дар қалъаи Ҷиззах аскарони бухороӣ хеле кам буданд. Бинобар ин мудофиаи қалъаро худи ҷиззахиён ба уҳда гирифта, ба Черняев зарба заданд. Дар натиҷа, ҷанги аввали Ҷиззах бо ғалабаи бухороиён, дақиқтараш, ҷиззахиён ва бо мағлубияти Черняев анҷом ёфт. Ғалаба дар ҷанги якуми Ҷиззах бухороиёнро хеле рӯҳбаланд кард. Амир Музаффар низ бо мақсади идомаи ғалаба бо қувваи зиёд ба Ҷиззах ҳозир шуда, дар Сасиқкӯл ном маконе (соҳили чапи дарёи Сир) манзил гирифт. Аз ин ҷо як қисми сарбозони амир ба сӯйи Чирчиқ, қисми дигар ба сӯйи қалъаи Чордара фиристода шуданд. Сарварии умумии ин амалиётро Музаффархон ба уҳда гирифт. Вале вай ба ҷойи сарварӣ ва назорати омодагии амалиёти ҷангӣ дар ҳамон лаҳза ҳам бо базму шатранҷбозӣ машғул буда, на танҳо ба ғалабааш комилан бовар дошт, балки ҳатто дар фикри мусодираи хазинаи петербургии ҳукумати Русия ва роҳҳои минбаъд истифода кардани «асирон»-и ҳарбии рус буд.
Баъди шикаст дар Ҷиззах Черняев аз Осиёи Марказӣ бозхонд шуд ва ба ҷояш генерал Д.И.Романовский таъйин гардид. Вай нисбат ба амири Бухоро ба ҷанги навбатӣ аз ҳар ҷиҳат омода буд. 8-уми майи соли 1866 дар Майдаюлғун ё худ Эрҷор (дар роҳи Ҷиззах ва Хуҷанд) байни қӯшунҳои русу бухороӣ ҷангҳои шадиде ба вуқӯъ омад ва он бо ғалабаи русҳою мағлубияти бухороиён анҷом ёфт. Дар асл ин ҷанги нахустини байни қӯшунҳои Бухоро ва Русия ба ҳисоб меравад. Амир Музаффар бо наздикон ва посбонони худ аз майдони ҷанг ба сӯйи Самарқанд гурехт.
Забти Хуҷанд ва Ӯротеппа. Баъди ғалаба дар муҳорибаи Майдаюлғун мақсади фармондеҳони ҳарбии рус роҳ надодан ба муттаҳидшавии қӯшунҳои амири Бухоро ва хони Қӯқанд буд. Бо ҳамин мақсад онҳо ба сӯйи Хуҷанд ҳаракат карданд. Шаби 19-ум ба 20-уми майи соли 1866 қӯшунҳои рус ба ин шаҳр наздик шуда, аз 18 тӯп ва 8 мортир (тӯпи кӯтоҳмил) шаҳрро тирборон карданд. Саҳарии 21-уми май муҳосираи шаҳр оғоз ёфт, вале аз сабаби муқобилати сахти муҳофизони шаҳр аскарони рус ба шаҳр дохил шуда натавонистанд. Барои мудофиаи шаҳр на танҳо мардуми бумии он – тоҷикон, балки ӯзбекҳо низ мардонагӣ нишон доданд.
Артиши бағазабомадаи подшоҳӣ шаҳрро се шабонарӯз гулӯлаборон кард. 24-уми май қӯшунҳои рус шаҳри вайрону валангоршударо соҳиб шуданд. Аз рӯйи баъзе маълумот, шумораи ҳалокшудагон аз ҳисоби муҳофизони шаҳри Хуҷанд ба 2,5 ҳазор нафар расидааст, ки маросими дафни ҷасади онҳо як ҳафта давом кардааст. Аз тарафи истилогарон ҳамагӣ 5 нафар ҳалок шудааст. 28-уми май Нов аз ҷониби қӯшунҳои рус забт гардид. Баъди муҳорибаи Майдаюлғун ва забти Хуҷанду Нов ҳайати фармондеҳии қӯшунҳои рус умед доштанд, ки амири Бухоро аз ҷангҳои нав даст кашида, худро мағлуб меҳисобад, аммо чунин умеди онҳо хом баромад. Музаффархон ба ҷангҳои нав омодагӣ медид. Ҳарбиёни рус аз ин воқиф гардида, тирамоҳи ҳамон сол амалиёти ишғолгаронаи худро идома доданд. 1-уми октябр аз тарафи онҳо Ӯротеппа муҳосира гардид, ки онро 4 ҳазор нафар муҳофизат мекарданд. 2-юми октябр шаҳр аз тарафи ишғолгарон забт карда шуд. Талафоти ҷонии муҳофизон хеле бузург буд.
Забти Ҷиззах. 11-уми октябри соли 1866 аз тарафи қӯшунҳои рус муҳосираи нав ё худ ҷанги дуюми Ҷиззах оғоз ёфт. Ба онҳо дар ин муҳориба генерал-адъютант Н.А. Крижановский сарварӣ мекард. Ҷиззах аз ҳар ҷиҳат ба истеҳкоми қавӣ табдил ёфта буд.
Онро се қатор деворҳои баланд ва канали жарф иҳота мекард. Барои мустаҳкам намудани он дар муддати ҳашт моҳ ҳазорҳо нафар мардуми тоҷику ӯзбек кор кардаанд. Ҳангоми ҷангҳо шумораи муҳофизони қалъаи Ҷиззах 10 ҳазор нафарро ташкил додааст. Аз ҳамин сабаб, барои забти ин қалъа ҷангҳои шадид 7 шабонарӯз давом кард. Муҳофизон, ки асосан тоҷикону ӯзбекон буданд, матонату далерӣ нишон доданд, вале дар рафти ҷангҳои шадид қӯшунҳои рус пеши роҳи обро баста, бо ин муҳофизонро аз таъминоти об маҳрум намуданд. Чунин амалиёт муҳофизонро дар ҳолати мураккаб гузошт. Ниҳоят, 18-уми октябр шаҳри вайрона бо 2,5 ҳазор нафар қурбоншудагон ва маҷрӯҳони бисёр таҳти назорати аскарони рус қарор гирифт. Баъди мағлубияти Ҷиззах қувваҳои зиёди зиддирусӣ дар Янгиқӯрғон ҷамъ шуда буданд, ки дар байни онҳо на танҳо сарбозони амир, балки дастаҳои собиқ бекҳои Ӯротеппа, Ҷиззах, дастаҳои туркманҳо, афғонҳо ва дигарон низ буданд. Дар байни онҳо қисми асосиро сарбозони амири Бухоро ташкил медоданд, вале дар муҳорибаи Янгиқӯрғон ҳам ғалаба насиби қӯшунҳои рус гардид, ки ба онҳо генерал А. К. Абрамов сарварӣ мекард. Қӯшунҳои рус баъди забти Ҷиззах ва Янгиқӯрғон аз идомаи амалиёти ҷангӣ муваққатан худдорӣ намуда, ба муҳорибаҳои минбаъда омодагӣ медиданд. Ҳукумати подшоҳӣ дар ин муддат масъалаҳои идоракунии мулкҳои забтшударо ҳал менамуд.
Сарчашма:
Аҳмади Дониш дар бораи мағрурии амир Музаффар, дараҷаи омодагии аскарони ӯ ба ҷанг ва натиҷаи муҳорибаи Майдаюлғун ё худ Эрҷор навиштааст: «Пеш аз ҳамроҳ шудани Тошканд ба давлати Русия, дар айёме, ки амир азимати сафари Хӯқанд (Қӯқанд – Н.Ҳ.) дошт, муҳаррири сутур бинобар муҳимӣ дар ӯрдуи султонӣ буд. Умаро барои маслиҳат ба ҳузури амир мерафтанд. Баъд аз итмоми маҷлис яке аз вузаро берун шуд. Ман аз муҳовароти маҷлис пурсидам, гуфт: Баъзе аз умаро савории болои Тошкандро тарҷеҳ намуда, арз карданд. Марзои амир наяфтод, фармуд, ки болои Тошканд, он ки ғалаба овардааст, навкаре аз асокири Русия аст. Маро ору нанг меояд, ки ба як навкари ӯ муқобала шавам. Ман агар саворӣ кунам, рост болои Масков меравам».
«Ва ҳам дар он овон Русия ҳанӯз ба болои Диззах (Ҷиззах– Н.Ҳ.) юриш наёварда буд, ки дар шаҳри Бухоро миёни толибилму уламои мутабаҳҳир ошӯбу ғавғо бунёд шуд, ки ҷиҳод фарз шуда сағиру кабир ва вазеу шарифро фарз аст, ки ба болои куффор берун оянд.
Амир аз сунӯҳи ин ғавғо мутаҳаййир шуда, чору ночор илтизоми лашкаркашӣ намуда, ба таҳияи асбоби ҷиҳод машғул шуд ва дурустии асбоби сафарро карда, бо аскари фаровон саросема аз шаҳр баромада, миқдори сию шаш адад тӯпу чанд шутур қӯрхона кашида баромаданд. Вақте ки муқобили душман мешуданд, ҳанӯз дору ва фишангу гулӯла дар Бухоро буд ва ҳама асбоб ноқису нотамом ва доруи милтиқ ба наҳҷе часпон, ки як ташт оташ даркор, то ӯ шуъла диҳад бе овоз. Ва баъд аз баромадани аскар нафари ом дар шаҳр афтод, ки ба ғазо берун оянд ва ба дари ҳар хонае чӯбакзанӣ, ки зуд барояд. Мардуми шаҳр, ки гоҳе овози тӯпу туфангро нашунида буданд ва ба маъракаи корзор нарасида, гумон мекарданд, ки ғазо низ чун маъракаи гӯштигирӣ будагист ё майдони пойгатозӣ бошад. Ҳар кадом чӯбе сегазӣ бардоштанд ва баъзе ба сари он чӯб миқдоре аз оҳан ҳалқа баста, то агар хасм чӯбе андозад, онҳо низ он чӯб ба сари ӯ фуруд оранд...
Ва билҷумла аскари зиёда аз ҳадду ҳаср бад-ин насқ ҷамъ шуда, баъзе ба шавқу баъзе ба караҳ, аз ҳар табақаи мардум ба нияти ғазо мерафтанд, баъзе даҳрӯза озуқа бардошта ва баъзе якмоҳа. Ҷаноби амир низ чун ин ҷамъиятро мулоҳиза намуд, ба худ ҷазм фармуд, ки ба ҳамин юриш Фитирбурх (Санкт-Петербург – Н.Ҳ.) – пойтахти импиротур фатҳ хоҳад шуд, чи медид, ки тӯлу арзи қӯшун ба ду фарсах меравад...
Дар муддати ду моҳи камобеш ба лаби дарёи Сир рафтанд, дар соҳате мусаммо ба Сасиқкӯл нузул фармуд. Ғозиёни муаскари ҳумоюн, пеш аз он ки ба манзил фуруд оянд, аз ғазо пушаймон гашта, дар тараддуди гурезу махласӣ уфтоданд...
Ва он ҷое ки амир нузул фармуда, саропардаи иҷлол афрошта дошт, то маъракаи қотил ним санг камобеш буд, ки овози нақораи аскария мерасид ва амир дар сояи шомиёна ба лаъби шатранҷ машғул буд ва ҷамоае аз қавволон қавлу ғазал мегуфтанд...
Ба ҳамон юриш (қӯшун)-и Русия омада, тӯпҳоро соҳибӣ кард ва ду-се сочмаи тӯпча ба сӯйи ғозиёни ислом ба ҳадя фиристод. Ҳама мунтазири фирор буданд, якбора фирори барқвор ихтиёр карданд...
Он гоҳ хабар оварданд ба ҷаноби амир, ки асокир бевафоӣ карданду пушт доданд, амир низ саросема ба болои асби қанталӣ ва зинхолие нишаста, фурсат наёфт, ки аммома бар cap кунад ё ҷома бипӯшад. Ҳамчунон аз сари шатранҷ бархоста болои зин (бар) нишаст ва асб меронд...
Ва дар он гуреза амир низ фурсати нақси ҳоҷат наёфта, ҳам ба болои зини асб бавл карда, эзорро мулаффас гардонида, наздики ишоъ ба қишлоқе Хавос ном расида фуромад... то пагоҳ вақти ишроқ (субҳ) баъзе аз умарои давлат ба даври ӯ таниданд. Боз ба либоси тоза оройиш дода, ҳамчунон то ба Самарқанд муроҷиат намуданд...».
(Аҳмади Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития. - Душанбе, 1992, с.22 – 27)
Санаҳои муҳим:
1865, 17-уми июн – забти Тошканд.
1864, охири моҳи январ – муҳорибаи якуми Ҷиззах.
1866, 8-уми май – муҳорибаи Майдаюлғун ё худ Эрҷор, нахус- тин муҳорибаи байни қӯшунҳои Бухоро ва Русия.
1866 , 24-уми май – забти Хуҷанд.
29 - 2 юми октябр – забти Ӯротеппа.
1866, 11 – 18-уми октябр – муҳорибаи дуюми Ҷиззах.
Савол ва супоришҳо:
1) Қӯшунҳои рус шаҳри Тошкандро кай ва чӣ тавр забт намуданд?
2) Ҷанги якуми Ҷиззах бо ғалабаи кӣ анҷомид?
3) Чаро муҳорибаи Майдаюлғун ё худ Эрҷорро муҳорибаи аввалини байни қӯшунҳои Бухоро ва Русия ҳисоб мекунанд ва он чӣ гуна анҷом ёфт?
4) Муҳорибаи Майдаюлғун ё худ Эрҷорро дар асоси ҳуҷҷат – гуфтаҳои Аҳмади Дониш муфассалтар нақл кунед.
5) Муҳорибаи Хуҷанд кай ба амал омад ва чӣ натиҷа дод?
6) Ҷиззах аз тарафи қӯшунҳои Русия кай забт гардид?
7) Амалиёти ҷангиро аз рӯйи харита муайян кунед.
8) §§ 2 ва 3-ро такрор намоед.
Реклама