Шарҳи умумӣ. Аз маълумоти боло маълум гардид, ки қисми бузурги сарзамини Осиёи Марказӣ дар нимаи дуюми асри XIX дар натиҷаи амалиёти ҷангии қӯшунҳои рус забт карда шуд ва он мулкҳо ба номи генерал – губернатори Туркистон бевосита ба ҳайати империяи Русия дохил гардиданд. Ин мулкҳо, ки онҳоро кишвари Туркистон ҳам меноманд, бо қонуну қоидаҳои умумиимпериявӣ идора карда мешуданд.
Дар кишвари Туркистон на танҳо тарзи идоракунии куҳна барҳам дода, тарзи идоракунии барои ин мулкҳо тамоман нав – усули умумирусиягӣ ҷорӣ карда шуд, балки дар муносибатҳои заминдорӣ, андоз, мактабу маориф, молия ва ғайра низ тағйироти куллӣ ба амал омад. Яъне дар мулкҳои кишвари Туркистон ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ нисбат ба замони тозабтшавӣ тамоман бо маҷрои дигар, бо роҳ ва тарзу усулҳое, ки ба сиёсати ҳукумати подшоҳии Русия мувофиқат мекарданд, пеш мерафт. Ин ҳукумат, агарчи худ боқимондаи ҷамъияти феодалӣ буд, сиёсати пешгирифтаи он, хости рушди муносибатҳои молию пулӣ, пешрафти ҷамъияти сармоядорӣ буд ва кишвари Туркистонро низ ба ҳамин роҳ ҳидоят мекард.
Қисми дигари Осиёи Марказиро ҳанӯз ҳам аморати Бухоро ва хонигарии Хева ташкил медоданд. Ҳарчанд онҳо дар идоракунии дохилӣ мухтор буданд, усули идоракунии пешинаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро то андозае нигоҳ медоштанд, вале аз сабаби он, ки ин мулкҳо ҳам ба доираи нуфузи империяи Русия кашида шуда буданд, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онҳо низ дигаргуниҳо ба амал меомаданд. Ин дигаргуниҳо дар мулкҳои номбурда нисбат ба кишвари Туркистон сусттар буданд, вале то андозае ба сиёсати ҳукумати подшоҳии Русия мутобиқат мекарданд. Дақиқтараш, ҳукуматдорони аморати Бухоро ва хонии Хева дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва баъзан ҳатто дар ҳаёти фарҳангӣ гӯё чунин сиёсатеро пеш мебурданд, ки он на мутобиқи замони тозабтшавии Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия, балки мувофиқи хости ҳукуматдорони подшоҳии рус буд.
Хулоса, дар натиҷаи аз тарафи Русия забт гардидани Осиёи Марказӣ дар ин сарзамин дигаргуниҳои зиёде ба амал омаданд, ки ҳамаи онҳо оқибатҳои ба худ хос доранд ва онҳоро набояд яктарафа арзёбӣ кард. Аз ин рӯ он оқибатҳоро ба ҷиҳатҳои мусбат ва манфӣ ҷудо кардан зарур аст.
Оқибатҳои мусбат. Таҳти ин мафҳум ҷиҳатҳоеро дар назар дорем, ки онҳо ба пешрафти ҷамъият ва осоиштагии мардум то андозае имкону шароит муҳайё намудаанд. Чунин ҳолатро дар омилҳои зерин дида метавонем:
1.Осиёи Марказӣ, ки дар он то забтшавӣ муносибатҳои феодалӣ ҳукмфармоӣ мекард, минбаъд ба доираи муносибатҳои молию пулии ҷамъияти сармоядорӣ ҷалб карда шуд. Аввалин заводҳо ва ташкилотҳои бонкӣ ба вуҷуд омада, роҳҳои оҳан сохта шуданд. Дигаргуниҳо дар соҳаи кишоварзӣ ҳам назаррас буданд. Умуман, иқтисоди кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳод. Осиёи Марказӣ оҳиста-оҳиста на танҳо ба бозори умумирусиягӣ, балки ба воситаи он бо бозори умумиҷаҳонӣ низ муносибат пайдо кард.
2.Ҷангҳои мутақобилаи давлатҳои мустақил ва ниммустақили кишвар, махсусан, байни аморати Бухорою хонии Қӯқанд, ки боиси хонахаробиҳои зиёд ва фақри мардум мегардид, барҳам дода шуд, зеро бар тамоми мулкҳои Осиёи Марказӣ назорати қатъии ҳукумати подшоҳии Русия ҷорӣ гардид. Хомӯш гардидани ҷангу ҷидолҳои дохилӣ барои рушди иқтисод ва тиҷорати байни ноҳияҳо ва вилоятҳои Осиёи Марказӣ шароити мусоид фароҳам овард.
3. Боқимондаҳои муносибатҳои ғуломдорӣ (махсусан, хариду фурӯши ғуломон) манъ карда шуд (дар аморати Бухоро он амалан боз чанде давом дошт).
4. Имкони шиносоӣ бо фарҳанги ҳамдигар ва ғанӣ гардидани он муҳайё гардид. Барои омӯзиши илмии табиату маънавиёти Осиёи Марказӣ қадамҳои аввалин ва ҷиддӣ гузошта шуд.
Оқибатҳои манфӣ. Таҳти мафҳуми оқибатҳои манфӣ ҷиҳатҳоеро дар назар дорем, ки онҳо боиси маҳдудиятҳои сиёсӣ, афзудани зулму истибдод, парокандагии миллӣ ва ғайра гардидаанд. Ин гуна ҳолатҳоро дар нуктаҳои зерин мебинем:
1. Бо забти Осиёи Марказӣ аз тарафи Русияи подшоҳӣ истиқлоли давлатдории халқҳои ин сарзамин аз байн рафт. Кишвари Туркистон қисми таркибии империяи Русия гардид. Аморати Бухоро ва хонии Хева низ комилан ба доираи сиёсати ҳукумати подшоҳии рус даромаданд. Онҳо, ба ҷуз бо Русия, бо дигар давлатҳо муносибат карда наметавонистанд.
2. Дар сарзамини генерал–губернатории Туркистон низоми сахти мустамликавӣ ҷорӣ гардид. Ҳукумати иртиҷоии амирии Бухоро ва хонии Хева ба зери ҳимояи ҳукумати подшоҳӣ кашида шуда бошанд ҳам, низоми идоракунии дохилӣ дар ҳар дуи ин мулки Осиёи Марказӣ бетағйир монд. Минбаъд ҳукуматдорони амирию хонӣ дар зери сояи қувваи ҳарбии Русияи подшоҳӣ нисбат ба мардуми бечораи худ зулмро боз ҳам зиёдгар раво медиданд. Дар натиҷаи ҳамаи ин, мардум ба истисмори боз ҳам сахттар гирифтор шуданд.
3. Шартномаи байни Русияю Англия дарёи Панҷро сарҳади нуфуз қарор дода, халқи тоҷикро, ки ҳазорҳо сол боз дар тараф чап ва рости он зиндагӣ карда, бо ҳам рафтуомад ва хешутаборӣ доштанд, аз ҳам ҷудо кард. Ҳангоми муайян намудани марзи давлатӣ манфиати халқи тоҷик умуман, ба эътибор гирифта нашуд. Ҳол он ки дар он давр тақдири халқи тоҷик ба сиёсати ишғолгаронаи Русияю Англия вобастагии қавӣ дошт.
Сарчашма:
З.Ш. Раҷабов дар бораи оқибатҳои аз тарафи Русия забт гардидани Осиёи Марказӣ навиштааст: «Ҳамроҳшавии (дақиқтараш, забт шудани – Н.Ҳ.) Осиёи Миёна ба Русия он амалиётеро, ки дар ин сарзамин рӯй медод, гӯё фаъолтар гардонид, ба як риштаи мураттаб даровард. Оби истода ва беҳаракат ба туғён даромад. Дар ин мамлакат ҳама чиз ҷон гирифта, ҷиҳатҳои чи хуб ва чи бади ҳаёти иҷтимоӣ торафт барҷаста ва қатъитар зоҳир шуданд, Ҷабру зулме, ки дар гузашта ҳама ба он тан дода, таслим мешуданд, акнун тоқатфарсо шуда буд, зеро акнун ба мардуми ин сарзамин имкон фароҳам омада буд, ки аҳволи худро бо аҳволи дигарон муқоиса кунанд. Қашшоқӣ ва гуруснагӣ, беҳуҳуқӣ ва навмедии оммаи халқ ба ҳама аён гардид; ҳама гуна ниқобҳо дур партофта шуданд. Пеш аз ҳама, иллату сабаби ин бадбахтӣ ва фалокатҳо фош гардид. Маълум гардид, ки сабаби ин балову мусибатҳо «ғазаби Худо» ва «ҷазои кирдорҳои нораво» набуда, балки қувваҳои иқтисодӣ, фоидаталабӣ ва ҷоҳпарастии бойҳо, амир ва ҳукумати подшоҳӣ мебошад.
Кӣ будани душман маълум гардид. Ин гуна равшаншавии аҳвол ба муборизаҳои синфӣ қувваи бузурге бахшид». (Ниг.: Раҷабов З.Ш. Маорифпарвар Аҳмади Дониш. - Душанбе, 1964, С. 83).
Савол ва супоришҳо:
1) Баъди Осиёи Миёнаро забт кардани Русия дар кишвари Туркистон кадом дигаргуниҳои умумиро пай бурдан мумкин аст?
2) Баъди ба зери нуфузи Русия кашида шудани аморати Бухоро ва хонии Хева оё дар ин мулкҳо ҳам дигаргуниҳои умумиро мушоҳида кардан мумкин аст?
3) Ҷиҳатҳои мусбати аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Марказӣ кадомҳоянд? Онҳоро бо мисолҳо шарҳ диҳед.
4) Ҷиҳатҳои манфии аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Марказӣ кадомҳоянд? Онҳоро бо мисолҳо шарҳ диҳед.
5) §§ 11-12-ро такрор кунед.
Реклама