§44. ИСЛОҲОТИ АМИР  OЛИMXOН

§44. ИСЛОҲОТИ АМИР  OЛИMXOН

   Эълони ислоҳот. Лоиҳаи фармони ислоҳот, ки аз тарафи ҳукумати амир бо иштироки кормандони резиденсия таҳия карда шуда буд, баъди дар Вазорати корҳои хориҷии Ҳукумати Муваққатии Русия баррасӣ шудан, 4-уми апрели соли 1917 аз тарафи ҳукумати нави Русия тасдиқ гардид. 7-уми апрсл ин лоиҳа дар меҳмонхонаи «Раҳимхонӣ»-и Арки Бухоро, дар ҳузури даъватшудагон ва меҳмонон эълон карда шуд. 

  Мувофиқи лоиҳаи ислоҳот, амир бояд дарбориёни худро дигар мекард; барои ҳамаи амалдорон аз хазина моҳона таъйин менамуд (то ки онҳо мардумро худсарона тороҷ накунанд); закот, хироҷ ва дигар андозҳо ба тартиб дароварда мешуд, ба худсарию бедодгарии амалдорон хотима мегузоштанд; аз ҳисоби мардуми доно ва соҳибдониши Бухоро дар назди ҳукумат як маҷлиси машваратӣ таъйин карда мешуд; харҷу дахли хазинаи ҳукуматиро ба ҳисоб мегирифтанд; барои маърифатнокии мардум дар Бухоро як чопх    она мекушоданд ва ғайра 

  8-уми апрели соли 1917 амир Олимхон ба номи сардори Ҳукумати Муваққатии Русия княз Лвов ва вазири корҳои хориҷӣ Милюков аз хусуси эълони фармони ислоҳот барқия фиристод. Дар oн қайд шудааст, ки гўё «қарори ў барои аз рўйи шариат гузаронидани ислоҳот қатъӣ мебошад». 

   Намоиши шукронаи ҷавонбухороиён. Эълони фармони ислоҳот тарафдорон ва муқобилонашро ба ҳаракат даровард. Ҷавонбухороиён ба намоиш тайёрӣ дида, қувваҳои иртиҷоии мухолифони ислоҳотро ба эътибор нагирифтанд. Ҳол он ки мухолифони ислоҳот ҳам аз ҳамон лаҳзаи эълони фармони ислоҳот, аз нав ба ҷунбиш даромаданд. Намояндагони онҳо ҳанўз ҳангоми хондани фармони ислоҳот эътироз баён карданд. Баробари ба мухолифони ислоҳот расидани хабари тараддуди намоиши ҷавонбухороиён онҳо ҳам барои ба майдон баромадан омодагӣ медиданд. 

  8-уми апрел, соати 8-и пагоҳӣ, намоиши ҷавонбухороиён оғоз ёфт. Онҳо бо шиорҳои: «Зинда бод амир Олимхон!», «Зинда бод ислоҳот!», «Зинда бод амири озодихоҳ!», «Зинда бод амири ҳурриятпарвар  Олимхон!», «Зинда бод озодӣ, конститутсия, озодии матбуот ва истиқлоли мактаб!» ба майдон баромада буданд. Шумораи намоишгарон дар оғоз тақрибан ҳазор нафар буд, оҳиста-оҳиста аз ҳисоби шаҳриён афзуда, то ба 5 – 7 ҳазор нафар расид. Дар намоиш тоҷикон, яҳудиҳо, эрониҳо, ўзбекҳо, тоторҳо ва дигар мардуми шаҳр иштирок карданд.

  Вақте ки ҷавонбухороиён аз Чорсўи Бухоро ба роҳ баромада то Хиёбон расиданд, аз тарафи дигар мухолифони ислоҳот низ ба Регистони Бухоро, яъне ба майдони назди Арк ворид шуданд. Аксари аксулҳаракатчиён аз ҷумлаи диндорони иртиҷоъпараст буданд. Онҳо аз гумроҳии мардуми Бухоро истифода карда, Чунон ки С. Айнӣ ба хотир меоварад, ба миёни худ фўта баста, дод зада мегуфтанд: «Во шариато! Во дино! Во қурбоно! Эй мусулмонҳо! Дин аз даст рафт, шариат тамом шуд, акнун рўйи занҳоятонро мекушоянд, ба номуси духтаронатон таҷовуз мекунанд, фарзандонатонро дар мактаби кофирӣ мехононанд». Дар натиҷаи ташвиқот як ҳиссаи дигари мардуми ғофили шаҳр ба тарафи аксулҳаракат гузаштанд. Бо ҳамин роҳ мухолифони ислоҳот тавонистанд, ки шумораи тарафдорони худро то ба 7 – 8 ҳазор нафар расонанд.

  Баъд аз cap шудани аксулҳаракат, амир ва қушбегӣ аз ин воқеа ба воҳима афтода, муносибати худро нисбат ба ислоҳотхоҳон зуд тағйир дода, тарафдори гурўҳи мухолифон шуданд. Тамоми қувваи ҳукуматӣ ҳам ба муқобили ҷавонбухороиён ва намоиши ташкилкардаи онҳо нигаронида шуд. Дар натиҷа намоиши шукронаи ҷавонбухороиён пароканда карда шуд. Иштирокчиёни он ба ҳар тараф гурехтанд. Як қисмашон барои халосии ҷони худ ҳатто ба тарафи аксулҳаракат гузаштанд. Бинобар ин «ҳар кас, – ба хотир меоварад С.Айнӣ – барои ҳифзи ҷони худ дигареро «ин ҷадид аст» гуфта, таҳқир мекард ва сабаби дастгир шудани он бечора мегардид». 

  Аксулҳаракатчиён на танҳо ба ҷавонбухороиён, балки ба ашхоси бонуфузи ислоҳотхоҳе, ки дар ҳукумат вазифа доштанд, низ таҳдид мекарданд. Аз ҷумла онҳо қозикалон Шарифҷон Махдуми Садри Зиёро ҳангоми аз хонааш ба Арк омадан дар майдони Регистон, дар он ҷое, ки чашми амир меафтод, таҳқир карда, зада аз асп афтонда, беҳуш намуданд. Раис Абдусамадхоҷаро дар назди худи қӯшбегӣ зада маъюб карданд. 

  Рӯзҳои 8-ум ва 9-уми апрел аз тарафи ҳукумати амирӣ қариб 150 нафар иштирокчиёни намоиш, махсусан, ҷавонбухороиён, аз он ҷумла С.Айниро ҳабс карданд (агарчи ӯ муқобили намоиш буду дар он иштирок надошт, бо вуҷуди ин дастгир шуда, 75 чӯб ҷазо дид). Қисми зиёди ҷавонбухороиён, аз ҷумла сарварони онҳо, ба Бухорои Нав (Когон) паноҳ бурданд, вале маълум мешавад, ки ин фоҷиа барои сарварони ҷавонбухороиён ҳанӯз ҳам дарси ибрат нашуда будааст. Онҳо барои оштӣ бо амир розӣ шуда, 12 нафар намояндаи худ (асосан ҳама аъзои Кумитаи Марказӣ бо сарварии раиси он Муҳиддин Мансуров)-ро 14-уми апрел барои гуфтушунид ба ҳузури амир фиристоданд. Кормандони резиденсия дар ин чорабинӣ нақши миёнаравро бозиданд. Вақте ки намояндагони ҷавонбухороиён ба Арк даромаданд, ба ҳабс гирифта шуданд. Онҳо танҳо бо таҳдиди Шӯрои намояндагии коргарони Бухорои Нав ва аскарони инқилобӣ аз қатл раҳоӣ ёфтанд. 

  15-уми апрел дар Бухорои Нав бо ташаббуси Шӯрои намояндагии коргарони шаҳр маҷлиси серодаме барпо гардид. Дар он амалиёти кормандони резиденсияи Русияро дар рӯзҳои  фоҷиаи Бухоро муҳокима намуда, қарор карданд, ки сарвари он Миллер ва муовинаш Шулга ба ҳабс гирифта шаванд. 

  Авҷи иртиҷоъ дар Бухоро. Дар Бухоро баробари пароканда карда шудани намоиши ҷавонбухороиён иртиҷоъ тантана кард. Амир аз гузаштҳои худ ва ислоҳоти эълонкардааш даст кашид. Оҳиста-оҳиста тамоми мансабҳо боз ба ихтиёри мухолифони ислоҳот гузашт. Масалан, 15-уми апрел қӯшбегӣ Насрулло аз вазифа маъзул гардид ва ба ҷойи ӯ душмани ашаддии ислоҳот ва ҷавонбухороиён Мирзо Низомиддинхоҷаи урганҷӣ нишаст. Мирзо Насруллоро бо тамоми аҳли оилааш табъид ва ҳабс карда, баъдтар ҳамаашонро бо ҳукми амир ба қатл расониданд. 31-уми июли соли 1917 Шарифҷон Махдуми Садри Зиёро низ (ҳарчанд ӯ аз рӯзи 8-уми апрел инҷониб дар мансаб набуд ва бемори бистарӣ буд) бо ҳукми амир аз вазифаи қозикалон озод карда, ба ҷойи ӯ Бурҳониддинро такроран таъйин карданд. 

  Дар аморати Бухоро гурӯҳи иртиҷоъпарастон ғалабаи худро тантана мекарданд. 

                                            

Тахтапушти бараҳнаи С.Айнӣ баъди 75 зарбаи дурра, ки бо ҳукми амири Бухоро иҷро гардидааст. (апрели соли 1917)

  Таъқиби на танҳо ҷавонбухороиён, балки хайрхоҳони онҳо низ давом дошт. Иртиҷоъпарастони аморат ҳатто аз мавқеъ ва амалиёти худи амир Олимхон оид ба масъалаи ислоҳот розӣ набуданд. Аз ҳамин сабаб онҳо аввали моҳи май масъалаи аз мансаби амир озод намудани Олимхон ва ба ҷойи ӯ таъйин кардани амакаш – беки Ғузор иртиҷоъпарасти ашаддӣ – Акрамхонро ба миён гузоштанд, вале ин гурӯҳ аз иқтидори ҳукумати Русия дар тарс буданд. Аз ин рӯ, онҳо нияти иваз намудани амирро амалӣ карда натавонистанд. Бо ҳамин ислоҳоти аз тарафи амир эълоншуда худ аз худ аз байн рафт. Ҳукумати амирии Бухоро дигар ба ин масъала барнагашт. Воқеаҳои апрелии соли 1917-и Бухоро ба баъзе ҷавонбухороиён таъсири ҷиддӣ расонид. Онҳо дигар ба ислоҳ шудани ҳукумати амирӣ бовар надоштанд. Масалан, ҳанӯз дар моҳи апрели соли 1917 Фатҳуллохоҷа ном шахс дар маҷлиси гурӯҳи ҷавонбухороиёни Бухорои Нав масъалаи «ҳатман тайёр намудани шӯриши яроқноки бухороиён»-ро ба миён гузоштааст. Ин гурӯҳ дар ҳуҷҷатҳои бойгонӣ баъзан «ҷавонбухороиёни ашаддӣ» ном бурда мешавад.

 Сарчашма:

  Асли фармони ислоҳоте, ки амир Олимхон 7-уми апрели соли 1917 эълон кардааст: «Ҳувалмустаон! Манфиат ва хайрияти умуми фуқарои худро малҳузи хотир гардонида, ибтидо ба ризои умум ва хоҳиши миллат намуда, Тахтапушти бараҳнаи С.Айнӣ баъди 75 зарбаи дурра, ки бо ҳукми амири Бухоро иҷро гардидааст. (апрели соли 1917) иқдомот менамоем, ки идораҳои ҳукумати мо бо ислоҳоти васеъ, бар вақфи тартиб иҷро гардида, рафторҳои худсарона ва афъоли собиқонаро барҳам диҳонем, Гӯшзади хотири фуқарои худ мегардонем, ки ҷамеи ислоҳот ва табаддулоти идораҳои ҳукуматии мо бар вақфи шаръи шариф шуда, орзу дорем, ки умуми фуқарои мо ба ин тариқа иқдомати мо ёрмандӣ ва ионатрасон бошанд, ки ба нури улум зуҳури тамаддун ва тараққӣ гардида, боиси зиё ва анвори Бухоро гардад. Аввало, иқдомоти мо барои ислоҳи қозихонаҳо ва истифо (пардохти молиёт – андоз) ва ахзи ҳиссатулхироҷ ва закот ва дигар ҳаққи султонӣ ва тараққии саноат ва тиҷорати мамлакат махсус бо давлати қавишавкати Русия буда ва ба ҷомеи амалдорон ва маъмурин ва хидматгорони давлатхона мавоҷиби махсуси муайян муқаррар карда, барои бар сабили адл хидматгузор шудани онҳо муфаттиши махсус таъйин намуда ва дигар тариқи инъомоти собиқ ҳар кадом фарохури ҳолашон доштаро масдуд намудем. Мо бояд ҷамеи иқдомату  тарвиҷ ва тараққии улум ва фунуни худро бар вақфи шаръи шариф ба амал оваронем ва барои манофеъ ва осоиши раиягони худ, ки ба пойтахти мо истиқомат доранд, хоҳиш дорем, ки умуми миллати сокинини пойтахт аз байни худҳошон ашхоси соҳибмашварат ва мунавварулафкорро интихоб намуда, таъсис ва ташкили маҷлис карда, барои ислоҳот ва тараққиёт ва танзим ва ҳифзуссиҳҳои пойтахт саъй ва иҷтиҳод намоянд. 

  Алвақт лозим медонем, ки албатта, як хазинахонаи ҳукуматӣ кушода, қарор медиҳем, ки ҳисоби харҷ ва мадохили муайяни мамлакатро ба давлатхонаи мо лозим ва зарур гардонад. Барои умуми раиягони мо лозим дониста, хусус ҷамеи иҷтиҳодат ва умуратро ба вақташ табъ кунонда, ба мамлакати Бухоро барои хайрият ва баҳраманд гардидан нашр карда мешавад, чунки матбаа барои табъ кунонидани таснифот ва таълифот ва нашриёт ва ахбор манофеи умум гардида ва ахбори заруриро бухороиён иттилоъ меёбанд. Зоти мо барои фуқарои худ базли ҳиммат ва саъйи мавфур дорем, ки дар оянда иҷрои умурати идораҳои ҳукуматии мо ба қадри лозимаи муайян мегардидааш ба машварати ҷамъият ҷорӣ шуда, ба манофеи фуқарои мо шавад. 

  Бинобар сабаби хушбахтии мусовоти ҳомии мо, ки давлати қавишавкати Русияанд, зоти мо раъй дорем, ки аз маҳбусони ба ҳабсхонаамон хобида ба ризои фуқарои ватани маълуф маҳбусҳо аз қайд мураххас мегардонем. Явми ҷумъа, 28-и ҷамодиюссонии санаи 1335 ҳиҷрӣ». (Ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро.– Душанбе, 1987. С.153 – 154) С.Айнӣ дар бораи аз ислоҳот даст кашидани амир Олимхон навиштааст: «... амир дар фикри ҳарчи зудтар гардонда гирифтани он фармони манҳус буд. Ӯ аз тарафи Ҳукумати Муваққатӣ хотирҷамъ шуда, фармони ислоҳот бароварда, дар назди афкори умумӣ низ вазифаи худро ба ҷо оварда буд. Ба амир барои пас гирифтани ин фармон баҳонае лозим буд. Азбаски аксулҳаракат ба сабаби намоиши ҷавонон cap шудааст, тамоми масъулият ба ҷавонҳо меафтод. Ин ҳам аз омади толеи амир буд. Барои ҳамин, амир бо cap шудани балво ба ҳабс кардани ҷавонон фармони умумӣ дод». (Ниг.: Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро. С.164).

  Санаҳои муҳим: 

1917, 4-уми апрел – аз тарафи Ҳукумати Муваққатии Русия тасдиқ гардидани лоиҳаи ислоҳоти пешниҳодкардаи амири Бухоро. 

1917, 7-уми апрел – лоиҳаи фармони ислоҳот аз тарафи ҳукумати амирӣ эълон карда шуд. 

1917, 8-уми апрел – намоиши шукронаи ҷавонбухороиён ба муносибати эълони лоиҳаи фармони ислоҳот ва пароканда гардидани он. 

1917, 8 – 9-уми апрел – аз тарафи ҳукумати амирӣ ҳабс карда шудани фаъолони намоиш ва ҷавонбухороиён. 

1917, 15-уми апрел–маъзул гардидани қӯшбегӣ Мирзо Насрулло ва ба ҷойи ӯ таъйин шудани Мирзо Низомиддинхоҷаи урганҷӣ. 

1917, 31-уми июл–маъзул шудани қозикалон Шарифҷон Махдуми Садри Зиё ва ба ҷойи ӯ такроран таъйин гардидани Бурҳониддин.

  Савол ва супоришҳо: 

1) Лоиҳаи фармони ислоҳоти амир кай эълон карда шуд? 

2) Мазмуни лоиҳаи фармони ислоҳоти эълонкардаи амир аз чӣ иборат буд? 

3) Чаро ҷавонбухороиён ба муносибати эълони лоиҳаи фармони ислоҳоти амир намоиши шукрона ташкил карданд? 

4) Ҳангоми намоиш ҷавонбухороиён чӣ гуна шиорҳо доштанд ва муқобилони ислоҳот чӣ гуна ташвиқот бурданд? 

5) Иштирокчиёни намоиш аз ҳар ду тараф, яъне ҳам тарафдорон ва ҳам муқобилон киҳо буданд? 

6) Чаро амир ва қӯшбегӣ якбора ба тарафи муқобилони ислоҳот ва намоиш гузаштанд? 

7) Он намоиш бо чӣ анҷом ёфт? 

8) Тақдири лоиҳаи фармони ислоҳоти эълонкардаи амир ва гузаштҳои ӯ чӣ шуд? 

9) §§ 31 ва 43-ро такрор кунед.