§ 6.ТАЪСИСЁБИИ ГЕНЕРАЛ-ГУБЕРНАТОРИИ ТУРКИСТОН

§ 6.ТАЪСИСЁБИИ ГЕНЕРАЛ-ГУБЕРНАТОРИИ ТУРКИСТОН

   Ташкил карда шудани генерал–губернатории Туркистон. Аввали соли 1865 аз ҳисоби заминҳои аз хонии ҚӯҚанд ишғолкардаи Қӯшунҳои рус вилояти Туркистон дар ҳайати генерал–губернатории Оренбург ташкил ёфт. Сарвари ин вилояти навбунёд генерал Черняев таъйин гардид. 

   Соли 1867 ҳукуматдорони подшоҳӣ натиҷаи амалиёти ҷангии худро дар сарзамини Осиёи Марказӣ гӯё ҷамъбаст намуданд. Бо марказ дар Тошканд генерал–губернатории Туркистонро ташкил доданд, ки он заминҳои аз соли 1847 то он лаҳза аз мулкҳои хонии ҚӯҚанд ва аморати Бухоро забтнамудаи Қӯшунҳои русро дар бар мегирифт. Дар ибтидо генерал-губернаторӣ аз ду вилоят: Сирдарё (марказаш Тошканд) ва Ҳафтрӯд (марказаш Верний) иборат буд. МувофиҚи ин таҚсимот, мулкҳои Хуҷанд, Нов, Ӯротеппа, Ҷиззах ва ғайра ба ҳайати вилояти Сирдарё дохил шуданд. Соли 1875 тақсимоти нави маъмурии кишвари Туркистон анҷом дода шуд, ки мувофиқи он, уезди Хуҷанд (ба он Нов ва Ӯротеппа низ дохил мешуданд) ба ҳайати вилояти СамарҚанд дохил гардид. Ҳудуди генерал-губернаторӣ ва микдори вилоятҳои он минбаъд аз ҳисоби мулкҳои тозаишғоли Қӯшунҳои рус меафзуд. Баробари бунёди генерал-губернаторӣ округи ҳарбии Туркистон низ ташкил ёфт. 

    К.П. Кауфман – аввалин генерал-губернатори Туркистон. 14-уми июли соли 1867 аввалин генерал-губернатори Туркистон генерал-адъютант барон фон К.П.Кауфман таъйин гардид. Подшоҳи Русия Александри II дар асоси «ЯрлиҚи заррин»-и худ ба Кауфман ҳуқуқи васеъ дода буд, ки мувофиҚи он, ӯ бо давлатҳои ҳамсоя масъалаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, сарҳадӣ, ташкили сафоратҳо, имзои шартномаҳо ва ғайраро мустаҚилона ҳал менамуд. Кауфман дар асоси он ҳуҷҷат минбаъд ваколат дошт, ки ба давлатҳои ҳамсоя, аз он ҷумла аморати Бухоро, хониҳои Хеваю ҚӯҚанд ва ғайра мустақилона ҷанг эълон кунад ва ё бо онҳо сулҳ имзо намояд. Ӯ маҳз тавассути чунин ҳуқуқи номахдудаш дар байни халқ ҳамчун «нимподшоҳ» ном баровард. 

    Кауфман эҳсос намуд, ки хони ҚӯҚанд – Худоёрхон дигар Қудрати ҷанг кардан надорад, аммо амири Бухоро – Музаффархон ҳанӯз тавоност. Ӯ комилан бовар дошт, ки Бухорою ҚӯҚанд дигар муташаккилона ба муҚобили Қӯшунҳои рус баромада намета-вонанд, зеро баробари ба ихтиёри Русия гузаштани Хуҷанду Ӯротеппа ва Ҷиззах амиру хон аз робитаи байниҳамдигарӣ маҳрум гардиданд. Бинобар ин Кауфман соли 1868 бо Худоёрхон шартномаи барои Русия мувофиҚеро имзо кард. 

                                         

    Мувофиқи он, ҳуқуқи мустақилии хон аз даст рафт. Акнун савдогарони рус ҳуқуқи дар сарзамини хонӣ озодона амал карданро ба даст оварданд. Яъне, мувофиҚи ин шартнома хонии ҚӯҚанд тобеи Русия гардид. Ҳамин тавр, дар сарзамине, ки аз тарафи Қӯшунҳои Русияи подшоҳӣ забт гардида буд, генерал–губернатории Туркистон ташкил ёфт. Ҳарчанд вилоятҳои он номҳои таърихии худро соҳиб шуданд, яъне Сирдарё, Ҳафтрӯд, минбаъд СамарҚанд, Фарғона ва ҳатто Моварои Хазар (Закаспий), вале Туркистон ном гирифтани ин кишвари бузург ҳаҚиҚати ҳолро ифода намекард. Аввалан, мулкҳое, ки ба ҳайати генерал-губернаторӣ дохил гардиданд, ғайр аз як ҳиссаи сарзамини вилояти Ҳафтрӯд, боҚӣ ба Туркистони таърихӣ ҳеҷ алоҚа надоштанд. Сониян, дар ҳудуде, ки соли 1867 генерал–губернатории Туркистон ташкил ёфт, мардуми туркнажод нисбат ба мардуми эронинажод аз ҷиҳати шумора бартарии зиёд надоштанд.

    Идораи генерал-губернаторӣ. Маъмурияти кишвари Туркистон аз ҷиҳати идоракунӣ ба мисли дигар губернияҳои Русия на ин ки ба вазорати корҳои дохилӣ, балки ба вазорати ҳарбии он итоат мекард. Аз ҷиҳати маъмурӣ генерал–губернатории Туркистон ба вилоятҳо, вилоятҳо ба уездҳо, уездҳо ба волостҳо таҚсим мешуданд. Генерал-губернатор дар ихтиёри худ идоракунии маъмурӣ ва ҳарбиро муттаҳид мекард. Дар назди ӯ муовин ва шӯрои махсус аз амалдорони ҳарбӣ ва граждании кишвар вуҷуд доштанд. Органи иҷроия канселярияи ӯ ба ҳисоб мерафт, ки он аз се шуъба иборат буд: шуъбаи аввал бо масъалаҳои маъмурӣ ва ҳайати шахсии маъмурияти кишвар; шуъбаи дуюм бо масъалаҳои замину андоз, сохтмон, алоҚа ва масъалаҳои молия, воридоту содирот, назорат ба моликияти ваҚфӣ, назорат  ба хориҷиёни дар кишвар буда ва ғайра машғул буданд; шуъбаи сеюм шуъбаи махсуси дар назди канселярия буда, Қисми дипломатӣ ба ҳисоб мерафт, ки он аз соли 1899 амалдори дипломатии намояндаи вазорати корҳои хориҷӣ шуморида мешуд ва ба воситаи он сиёсати мустамликадории ҳукумати подшоҳӣ бар аморати Бухорою хонии Хева низ амалӣ мегардид.

    Дар вилоятҳо губернаторҳои ҳарбӣ ва дар уездҳо сарварони уездҳо роҳбарӣ мекарданд. Ҳамаи онҳо шахси ҳарбӣ ва якҷоя маъмурияти ҳарбии кишварро ташкил мекарданд. Бояд зикр кард, ки Қисме аз онҳо дар Қатори рутбаи ҳарбӣ доштан, аз таъриху фарҳанги кишвар хабардор буданд, забонҳои маҳаллиро медонистанд, баъзеашон шарқшиносони номӣ (ба монанди Н.С. Ликошин – губернатори ҳарбии вилояти Самарқанд) ба ҳисоб мерафтанд. 

    Сарварони вилоятҳо ҳокимияти маҳаллӣ – оҚсаҚолони деҳаҳо ва авулҳоро аз ҳисоби сарватмандони маҳаллӣ интихоб мекарданд. Аз ҳамин сабаб ҳокимияти маҳаллиро «ҳокимияти халҚӣ» мегӯянд. Ин ҳокимияти халҚӣ якҷо бо маъмурияти ҳарбӣ номи «идоракунии ҳарбию халқӣ»-ро гирифтааст.

  Сарчашма:

 Дар ахбори иҷрокунандаи вазифаи губернатори ҳарбӣ Мантейфел ба фармондеҳи Қӯшунҳои округи ҳарбии Оренбург дар хусуси ташкил кардани округи Пасидарё (аз 13-уми декабри соли 1866) гуфта шудааст: «Бо маҚсади зудтар ташкил кардан ва ҳарчи беҳтар таъмин намудани кишвар зарур мешуморам, ки аз маҳалҳои ҳамин сол забтнамудаамон дар соҳили чапи Сирдарё, Хуҷанд, Нов, Ӯротеппа, Зомин ва Ҷиззах як округи Пасидарё бо 5 шуъбааш: Хуҷанд, Ӯротеппа, Зомин, Ҷиззах, Ирҷор (Эрҷор) ташкил карда шавад. Идоракунии умумии округи Пасидарё ва сардории Қӯшунҳои он ҷо ба иҷрокунандаи вазифаи коменданти шаҳри Хуҷанд полковник Фавитский супорида шавад. Командирии отряди дар назди Ҷиззах ҷамъовардашуда ба полковник Абрамов, бо шарти итоат кардан ба полковник Фавитский, супорида шавад». (Ниг.: Хрестоматияи таърихи РСС Тоҷикистон. Нашри 2. – Душанбе, 1963. - С.124).

  Санаҳои муҳим:

1865 – ташкили вилояти Туркистон дар ҳайати генерал – губернатории Оренбург. 

1866 – ташкил карда шудани генерал–губернатории Туркистон. 

1867 – 1882 – солҳои генерал-губернатори Туркистон будани К.П. Кауфман. 

1875 – таҚсимоти нави маъмурии кишвари Туркистон

  Савол ва супоришҳо: 

Вилояти Туркистон кай ташкил ёфт ва он кадом мулк-ҳоро дар бар мегирифт? 

2) Генерал – губернатории Туркистон кадом сол таъсис дода шуд ва он аз кадом вилоятҳо иборат буд? 

3) Аввалин генерал-губернатори Туркистон кӣ буд ва чӣ ҳуҚуҚ дошт? 

4) Оё «Туркистон» ном гирифтани Қисми бузурги Қаламрави Осиёи Марказӣ бо ҳаҚиҚати таърихӣ мувофиҚат мекунад? 

5) Сохти идоракунии генерал – губернатории Туркистонро аз боло ба поён шарҳ диҳед. 

7) Ҳудуди генерал – губернатории Туркистон ва вилоятҳои аввали онро аз рӯйи харита муайян кунед. 

8) §§ 3,4 ва 5-ро такрор намоед.

Иллюстрация №0. Напишите описание