§51. ОҒОЗИ БАРПО ШУДАНИ ҲОКИМИЯТИ ШӮРАВӢ ДАР НОҲИЯҲОИ БУХОРОИ МАРКАЗӢ

§51. ОҒОЗИ БАРПО ШУДАНИ ҲОКИМИЯТИ ШӮРАВӢ ДАР НОҲИЯҲОИ БУХОРОИ МАРКАЗӢ

  Сарнагун кардани амири Бухоро – вазифаи навбатии Давлати Шӯравӣ. Соли 1919 барои Давлати Шӯравӣ соли душвортарин ба ҳисоб мерафт. Дар ин сол қариб дар тамоми ноҳияҳои Русияи Шӯравӣ ҷанги дохилӣидома дошт. Туркистони Шӯравиро ҳаракати зиддишӯравӣ фаро гирифта буд. Моҳи август бо мақсади мубориза ба муқобили қувваҳои зиддишӯравӣ аз ҳисоби қисмҳои аскарони сурхи дар қаламрави ин кишвар қарордошта фронти Туркистон (Туркфронт) ташкил ёфт. Моҳи октябр  бо ташаббуси Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистӣ (болшевикӣ) ва Ҳокимияти шӯравии Русия бо мақсади расонидани кумаки амалӣ ба коммунистони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Туркистону Бухоро, Комиссияи Туркистонӣ (Турккомиссия) ташкил карда шуд. Минбаъд Туркфронт ва Турккомиссия дар сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро нақши муҳиме бозиданд. 

  Тобистони соли 1920 дар назди фармондеҳи фронти Туркистон М.В. Фрунзе масъалаи Бухоро аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт, зеро сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро вазифаи навбатии Ҳокимияти шӯравии Русия маҳсуб мешуд. Чунин сиёсатро мухолифони тартиботи амирӣ бо он асоснок мекарданд, ки аморати Бухоро дар самти ҷануб такягоҳ ва макони асосии қувваҳои зиддишӯравӣ гардидааст. Бинобар ин мувофиқи фармони М.В. Фрунзе, қисмҳои аз муҳорибаҳо озодгардидаи аскарони фронти Туркистон пайиҳам дар нуқтаҳои асосии аморат ҷойгир карда шуданд. 

  Бояд таъкид кард, ки сиёсати берунии нисбат ба ҳукумати амирии Бухоро пешгирифтаи Давлати Шӯравӣ хайрхоҳона набуд. Барои равшан намудани ин масъала ба гузориши муовини комиссари корҳои хориҷии Федератсияи Русия (ҶФШСР) Л.М. Карахан аз 20-уми майи соли 1920 ба номи В.И. Ленин менигарем, ки онро роҳбарони Ҳизби Коммунисти (болшевикӣ)-и Русия аз ҳар ҷиҳат муҳокима намуда, комилан маъқул шуморида буданд. Дар гузориш маркази қувваҳои зиддишӯравӣ гардидани Бухоро, сиёсати зиддимардумии онро бори дигар нишон дода, таъкид намудааст, ки «Сиёсати мо... то ҳанӯз ягон натиҷае надод – Бухоро на бо мо, балки муқобили мост. Бинобар ин, мо пурра бо андешаи Турккомиссия, намояндагиамон дар Тошканд розӣ шуда, пешниҳод менамоем, ки амирро сарнагун карда, ба сари ҳокимият ҷавонбухороиёнро (ҳоло коммунистонро) гузошта, Бухороро демократӣ эълон намоянд. 

   Ин дар муддати якчанд моҳ, дар натиҷаи табаддулоти дохилӣ дар Бухоро ва дастгирӣ аз сарзамини мо, ба воситаи отрядҳои бухороии аз ҳисоби гурезагони зиёди худи кӯшунҳои амир ташкилёфта имконпазир аст. Баъди ташкил гардидани ҳукумати нав мо метавонем қӯшунҳои худро барои муҳофизати роҳи оҳан ва сарҳад дарорем». 

   Аз гузориши Л.М. Карахан чунин бармеояд, ки он лаҳза дар комиссариати корҳои хориҷии Русияи Шӯравӣ ба қувваҳои дохилии худи Бухоро аз будаш хеле зиёд баҳо дода, тақдири ҳукумати амириро тавассути худи бухороиён ҳал карданӣ буданд. Амалиёт бе иштироки қисмҳои аскарони сурхи Русияи Шӯравӣ татбиқ мегардид. 

   Аммо мавқеи Турккомиссия ва пеш аз ҳама, сарвари фронти Туркистон – М.В. Фрунзе дар ҳалли масъалаи Бухоро тамоман дигар буд. Онҳо дар ин роҳ бештар ба қувваи аскарони сурх бовар доштанд. Амири Бухоро Олимхонро махсусан, дар маҳаллаҳои руснишини аморат – Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав ҷойгир карда шудани қисмҳои аскарони сурх ба воҳима андохта буд. Зеро сарбозон ва навкарони аксар машқи ҷангӣ надидаи ӯ, ки тахминан ба 13 ҳазор нафар мерасид, ба қисмҳои 70- ҳазорнафараи аскарони сурхи дар майдонҳои ҷанг обутобёфтаи фронти Туркистон муқобилат кардан наметавонистанд.    Сиёсатмадорони шӯравиро якравии амир ба ташвиш оварда буд. Олимхон аз душманони ашаддии сохти шӯравӣ буд. Аз ин рӯ ҳар се вохӯрии сарвари фронти Туркистон М.В. Фрунзе бо амир бе натиҷа анҷом ёфтанд. Дар ин мулоқотҳо М.В. Фрунзе бо ҳукумати амирӣ дар баробари беҳтар намудани муносибат бо Давлати Шӯравӣ талаб кард, ки қисмҳои аскарони сурхи дар Бухорои Нав, Қаршӣ, Каркӣ, Чорҷӯйи Нав ва Тирмиз бударо бо хӯрокворӣ таъмин намуда, хатти телеграфро барқарор намояд, аммо ба ивази ин ҳама М.В. Фрунзе ягон чиз пешниҳод намекард. Амир талаб дошт, ки аз тамоми нуқтаҳои номбурда қисмҳои аскарони сурх бароварда шаванд. 

   Иғвои 2- юми июл. Тобистони соли 1920 муносибати байни ҳукумати амирии Бухоро ва Ҳокимияти Шӯравӣ  андаке беҳтар шуд. Дақиқтараш, ҳукумати амирӣ маҷбур шуд, ки нисбат ба Давлати Шӯравӣ муносибаташро беҳтар намояд, зеро то ин вақт амир ба қувваҳои зиддишӯравии дохили Русия ва империалистони хориҷӣ эътимоди қавӣ дошт. Акнун ҳамаи он умедҳо барбод рафтанд, қувваҳои зиддишӯравӣ шикаст хӯрданд. Давлати Шӯравӣ, бар хилофи чашмдошти амир Олимхон ва дигар ҳамфикрони ӯ, рӯз то рӯз пурқувват мегардид. Илова бар ин акнун қисмҳои аскарони сурх дар хоки Бухоро мавқеи мустаҳкам доштанд. 

 8-уми июни соли 1920 амир Олимхон комиссари корҳои хориҷии Федератсияи Русия Г.В. Чичеринро хабардор намуд, ки барои ба Маскав фиристодани ҳайати сафирони худ омода аст, вале чунин кӯшиши ҳукумати амирӣ боиси норизоии сарварони Ҳизби Коммунистии Бухоро ва сарварони фронти Туркистон гардид. Зеро дар барномаи онҳо масъалаи сарнагун намудани тартиботи амирӣ матраҳ буд. Бо ҳукумати амирӣ муносибати муътадил барқарор кардан иҷрои ин масъаларо ба таъхир меандохт. 

   2-юми июли соли 1920 аз Бухоро ба сӯйи Маскав ҳайати намояндагии амир (сафорати фавқулода) ба роҳ баромад. Худи ҳамон рӯз (баробари гусели ҳайат) дар Бухорои Нав (Когон), дар он биноҳое, ки танҳо ба ҳукумати амирии Бухоро тааллуқ доштанд, аз он ҷумла резиденсияи худи амир, бе ризояти ӯ қисмҳои аскарони сурх ҷойгир карда шуданд. Сабаби ин иғво чандон равшан набуд. Гуфтушунидҳои дипломатӣ онро ҳал кардан натавонистанд, вале ин иғво қувваҳои зиддишӯравии Бухороро ба ҳаракат овард. Бо талаби онҳо амир 7-уми июл ба фатвое имзо гузошт, ки дар асоси он баҳри муҳофизати дини ислом ва шариат ҳамаи мусулмонон ба ҷанги муқаддас даъват карда мешуданд. 

  Омода карда шудани қисмҳои аскарони сурх. Фармондеҳи фронти Туркистон М.В. Фрунзе воқеаи дар Бухорои Нав (Когон) содиршударо дар хабари ба Маскав фиристодааш аз будаш зиёдтар ва ба манфиати худ шарҳ дода, ризояти сарварони ҳарбию ҳизбии Федератсияи Русияро барои оғози ҳуҷум ба Бухоро хоҳиш намуд. Ӯ 12-уми август таҳти рақами 3504 «Дастур ба қӯшунҳои фронт оид ба инқилоби Бухоро»-ро имзо кард, ки мувофиқи он, қисмҳои асосии ба муқобили сохти амирӣ нигаронидашудаи аскарони сурх дар муддати кӯтоҳ аз 12-ум то 17-уми август, баробари ҷойгир намудани онҳо дар нуқтаҳои муайяншуда бояд комилан омодаи чанг мегардиданд. 

  23-юми августи соли 1920 дар деҳаи Шакарбозор (каме дуртар аз Чорҷӯй) шӯриш ба амал омад. Шӯришгарон деҳаро ишғол карда, дар он ҷо Ҳокимияти Шӯравиро эълон карданд, вале ба дастгирии ин шӯриш дар Чорҷӯйи Куҳна ва дигар деҳаҳои атрофи он ягон ҷунбише ба вуҷуд наомад. 

  25-уми август бо имзои фармондеҳи фронти Туркистон М.В. Фрунзе ва узви Шӯрои ҳарбии фронт В.В. Куйбишев таҳти рақами 3667 «Дастур ба аскарони фронт барои расонидани кумак ба меҳнаткашони шӯришбардоштаи Бухоро» баромад, ки он моҳиятан нақшаи асосии сарнагун намудани ҳукумати амирии Бухоро буда, дар қатори дастури рақами 3504 (аз 12-уми август) аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла дар ҳуҷҷати 25-уми август муҳлати оғози амалиёти ҷангиро барои сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро ба шаби аз 28-ум ба 29-уми август муайян намуда, сарварии умумии он амалиётро М.В. Фрунзе пурра ба уҳдаи худ гирифта буд. 

    Аз тарафи аскарони сурх забт карда шудани ноҳияҳои марказии аморат. Мувофиқи дастури рақами 3667 (аз 25-уми август) нақшаи сарнагун намудани сохти амирии Бухоро, ки бо номи «амалиёти Бухоро» маълум аст, аз забти Чорҷӯйи Куҳна оғоз мегардид. Иҷрои ин нақша вазифаи гурӯҳи Чорҷӯйии қисмҳои аскарони сурх бошад ҳам,  дақиқтараш, он ба уҳдаи отряди асосан, аз мардуми маҳаллӣ ташкилёфтаи Қулмуҳаммадов гузошта шуда буд. Ин отряд аз ҷиҳати миқдор ва сифат аз аскарони беки Чорҷӯй хеле бартарӣ дошта бошад ҳам, таҷрибаи шабона ҷанг кардан надошт. Бинобар ин отряди Қулмуҳаммадов, ки барои ҳабси беки Чорҷӯй фиристода шуда буд, ба муҳлати муайянкардаи М.В. Фрунзе аҳамият надода, худсарона субҳро мунтазир шуд. Чунин аҳвол сарварони қисмҳои аскарони сурхро ба ташвиш гузошт ва онҳо ба отряди Қулмуҳаммадов аҳамият надода, тавассути қисмҳои аскарони сурх Чорҷӯйи Куҳнаро то соати 4-и субҳ забт намуда, бекро ҳабс карданд. Ин қисмҳо то бегоҳии 29уми август шаҳри Қарокӯлро ба даст дароварда, баъд ба сӯйи Бухорои Куҳна ҳаракат карданд. </br>Гурӯҳи каттақӯрғонии аскарони сурх рӯзи 29-уми август ба сӯйи Хаттирчӣ ҳаракат карда, баъди ҷанги шадиди шашсоата онро забт намуданд. Онҳо нисфирӯзии 30-юми август мавзеи Зиёуддин ва саҳарии 31-уми август Карминаро ишғол карданд. Гурӯҳи самарқандии қисмҳои аскарони сурх 29-уми август Китоб ва Шаҳрисабз, 1-уми сентябр Ғузорро тасарруф намуданд. Қисмҳои аскарони сурхи дар роҳи оҳани Қаршӣ буда рӯзи 29-уми август шаҳрро ба даст дароварданд. </br>Ҳангоми амалиёти ҷангӣ ба аскарони сурх муяссар шуд, ки танҳо бек – ҳокими Чорҷӯйро ҳабс намоянд. Ҳокимони мулкҳои дигар фирор карданд. 

  Сарчашма: 

Дар «Дастур ба аскарони фронт оид ба расонидани кумак ба меҳнаткашони шӯришбардоштаи Бухоро» (таҳти рақами 3667, ки сарвари фронти Туркистон М.В. Фрунзе имзо карда буд, омадааст: «1. Тамоми отрядҳо ва қисмҳои гурӯҳи Бухорою Самарқандӣ то шаби 28-уми августи соли ҷорӣ тайёрии ҳарбиро ба итмом расонида, шаби аз 28-ум ба 29-уми август ҳаракати фаъолонаро cap кунанд. 2. Фармондеҳи отряди Чорҷӯй рафиқ Никитин бояд қисмҳои зиёди қувваи рафиқ Қулмуҳаммадовро ба Чорҷӯй Куҳна фиристад ва он аз соати 4-и саҳарии 29-уми август дер намонда, бо имдоди шӯриши мардуми яроқнок шаҳрро ишғол намояд. Баъди он, дар Чорҷӯйи Куҳна гарнизони заруриро гузошта, рафиқ Қулмуҳаммадов қувваҳои савораи худро ба сӯйи Норазм ва Бурдалик гардонад ва бо ишғоли он нуқтаҳо роҳҳои аз сӯйи Бухорои Куҳна ба сӯйи Каркӣ ва Тирмизро ба зери назорати қатъӣ гиранд, то ин ки ҳангоми кӯшиши ба сӯйи Афғонистон гурехтани амир ва аъзоёни ҳукумати куҳнаи Бухоро онҳоро дастгир намоянд». (Ниг.: Директивы командования фронтов Красной Армии. Сб. документов T.III. -М, 1976.  С.350). 

  Санаҳои муҳим:

1918, август – ташкил карда шудани фронти Туркистон (Туркфронт). 

1917, октябр–ташкил карда шудани Комиссияи туркистонӣ (Турккомиссия). 

1917, 20-уми май – гузориши Л.М. Карахан (ба В.И. Ленин) оид ба масъалаи Бухоро. 

1920, 2-юми июл – ба сӯйи Маскав фиристода шудани сафорати фавқулодаи амири Бухоро. 

1920, 2-юми июл – иғвои қисмҳои аскарони сурх дар Бухорои Нав. 

1920, 7-уми июл – амир Олимхон ба фатвое имзо кард, ки мувофиқи он ҳамаи мусулмонон ба муқобили Давлати Шӯравӣ ба ҷанги муқаддас даъват мешуданд. 

1920, 12-уми август – М.В. Фрунзе таҳти рақами 3504 «Дастур ба қӯшунҳои фронт оид ба инқилоби Бухоро»-ро имзо кард. 

1920, 23-юми август – шӯриш дар Шакарбозор. 1920, 25-уми август – М.В. Фрунзе таҳти рақами 3667 «Дастур ба қӯшунҳои фронт оид ба расонидани кумак ба меҳнаткашони шӯришбардоштаи Бухоро»-ро имзо кард. 

1920, 29-уми август – 1-уми сентябр – аз тарафи қисмҳои аскарони сурх забт гардидани Чорҷӯйи Куҳна, Қарокӯл, Хатирчӣ, Зиёуддин, Кармина, Қаршӣ, Китоб, Шаҳрисабз ва Ғузор. 

 Савол ва супоришҳо:

1) Туркфронт ва Турккомиссия бо кадом мақсад ташкил карда шуданд? 

2) Онҳо нисбати масъалаи Бухоро чӣ мавқеъ доштанд? 

3) Л.М. Карахан дар гузориши худ ба но-ми В.И. Ленин чӣ пешниҳод кардааст? 

4) Қисмҳои аскарони сурх дар кадом нуқтаҳои аморати Бухоро ҷойгир карда шуданд? 

5) Чаро «иғвои 2-юми июл» мегӯянд? 

6) Дар дастури 12-уми августи соли 1920 (таҳти рақами 3504) чӣ супориш дода шудааст? 

7) Дар дастури 25-уми августи соли 1920 (таҳти рақами 3667) кадом масъала ба миён гузошта шудааст? 

8) Аз 29-уми август то 1-уми сентябри соли 1920 аз тарафи қисмҳои аскарони сурх кадом мулкҳои аморати Бухоро забт гардиданд? 

9) §§ 49 ва 50-ро такрор кунед.


Реклама