Ҷаҳонбинии Аҳмади Дониш. Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826–1897) мебошад. Ӯ дар шаҳри Бухоро, дар оилаи Носир ном муллои тољик ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи модараш гирифта, дар мактаби қориён (ҳофизони Қуръон) низ таҳсил намудааст, вале мактаби қориёнро зуд тарк намуда, аз 14-солагӣ таҳсилро дар мадраса идома додааст. Ӯ дар мадраса ғайр аз илмҳои динӣ, дар асоси асарҳои олимони Шарқ фанҳои табииёт, риёзиёт, нуҷум, ҳайат, таърих, фалсафаи табиӣ ва адабиётро бештар мустақилона меомӯзад.
Аҳмади Дониш аз хурдсолӣ хатти зебо ва дар рассомиву наққошӣ истеъдоди фавқулодае доштааст. Баъди хатми мадраса ӯро бо тавсияи яке аз устодони санъаткораш ба ҳайси меъмор ва наққош ба дарбори амир ба кор гирифтанд, вале аз сабаби набудани корҳои иморатсозию бинокории ҳукуматӣ Аҳмади Дониш дар дарбор бештap бо кори китобати рисолаву девонҳо ва коғазҳои расмии дарборӣ машғул буд. Ин ба ӯ имкон дод, ки аз як тараф, ҳунари хушнависӣ ва наққошии худро боз ҳам такмил диҳад, аз тарафи дигар, аз китобхонаи ғании дарбор истифода карда, илмҳои гуногунро мустақилона боз ҳам амиқтар омӯхта, ба донишмандӣ шуҳрат пайдо намояд. Аҳмади Дониш ҳанӯз дар замони ҳукуматдории амир Насрулло аз ашхоси соҳибмаърифати аҳли дарбор маҳсуб мешуд.
Аҳмади Дониш мувофиқи супориши амирони Бухоро се дафъа ба Русия сафар намудааст. Ҳангоми ин сафарҳо бо ҳаёти
Аҳмади Дониш (дар мобайн) – асосгузори ҳаракати маорифпарварӣ дар Осиёи Марказӣ. (Расми соли 1874, ҳангоми бо аъзои сафорати Бухоро дар СанктПетербург будан кашида шудааст)
сиёсӣ, иқтисодӣ ва махсусан, фарҳангии Русия ба қадри имкон аз наздик шинос шуд. Ин сафарҳо дар ташаккули ҷаҳонбинии ӯ ҳамчун маорифпарвар ва ислоҳотхоҳ нақши муҳиме бозидаанд.
Андешаҳои ислоҳотхоҳонаи Аҳмади Дониш. Аҳмади Дониш солҳои 1870 – 1873 рисолае таълиф намуд, ки он бо номи «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» маъруф аст. Ин рисола дар асл барномаи ислоҳоти ҷиддии тарзи давлатдорӣ ва асосҳои иҷтимоии аморати Бухоро ба шумор меравад.
Аҳмади Дониш дар ин рисола барои идоракунии мамлакат тартиботи вазорат ва маҷлиси машваратӣ (парламент)-ро зарур мешуморад. Ба ақидаи ӯ, ҳуқуқи амир чун ҳокими мутлақ бояд дар асоси қонун (Конститутсия) маҳдуд карда шавад. Ғайр аз ин, дар рисола оид ба сохт ва ҳуқуқи вазоратҳо, тартибот ва мавқеи қувваҳои ҳарбӣ, ҳуқуқу мартабаи амир, муносибати давлатдорон бо халқро батафсил баён кардааст.
Ба андешаи Аҳмади Дониш, подшоҳ ҳамон вақт адолатхоҳ шудан метавонад, ки даҳ шартро риоя кунад. Шарти аввал, ба андешаи мутафаккир, «дар ҳар воқеа, ки раоёро пеши ҳоким афтод, подшоҳ худро дар он воқеа аз раоё тасаввур кунад ва дигареро бар худ ҳоким донад. Ва дар он ҳам ҳар ҳукм, ки аз дигаре ба худ раво намедорад. мисли он (онро – Н.Ҳ.) аз худ ба дигаре раво надорад ва агар раво дорад, хиёнат карда бошад».
Ё худ дар шарти ҳафтум мегӯяд: подшоҳи одил «он ки аз хатари ҳукумат ва вилоят ғофил набошад. Ва яқин донад, ки мансаби аморату ҳукумат олатест, (ки) бад-он саодату некномии дунё ва охират касб метавон кард. Ва ҳам шақовату гирифторӣ ва бадномии абадӣ ҳoсил тавон намуд». Дар шарти нуҳум гуфтааст: «... некбахттарини раиятдорон касест, ки раият бад-ӯ некбахт аст ва бадбахттарин касе он аст, ки раият бад-ӯ бадбахт аст».
Аҳмади Дониш дар назди амир Музаффар шарт мегузорад, ки танҳо дар сурати қабул гардидани андешаҳояш оид ба ислоҳот ӯ метавонад дар кори идораи давлатии амирӣ иштирок намояд. Амир aз чунин пешниҳоди бебоконаи Аҳмади Дониш ҷиҳати давлатдории худ хавф бурда, на танҳо онҳоро қабул накард, балки худи ӯро аз дарбор дур карда, аввал ба Ғузор, баъд дар Наҳрпай қозӣ таъйин намуд.
«Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш. Мутафаккир аз соли 1875 ба навиштани шоҳасараш «Наводир-ул-вақоеъ» шурӯь намуда, онро пас аз 15 сол ба итмом расонид. Ӯ соли 1885, танҳо баъди марги амир Музаффар ва ба тахт нишастани амири ҷавон – Абдулаҳад ба Бухоро баргашт ва бо «марҳамат»-и амири нав муддате китобдори мадрасаи Ҷаъфархоҷаи Бухоро таъйин гapдид. Ин ҳама ба нависанда имкон дод, ки шоҳасари худро ба итмом расонида, онро дар байни ҳаводорону ҳамфикрони худ интишор намояд.
Аҳмади Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ» чун шоҳиди замон иллатҳои иҷтимоӣ, нобаробарӣ ва беадолатиҳои ҷамъияти феодалии Бухоро, қафомондагии ҳаёти фарҳангӣ, тарзи шахшудаи таълим дар мактабу мадрасаҳо, симои манфури табақаҳои ҳукмрони амирӣ, ки нисбат ба мардум бераҳмӣ зоҳир менамуданд, ҷаҳолат ва ғафлатзадагии арбоби дин ва ғайраро хеле сахт танқид намудааст. Муаллиф «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»-ро ҳамчун яке аз қисмҳо ба «Наводир-ул-вақоеъ» дохил кардааст.
Иншои «Наводир-ул-вақоеъ»-ро уламои расмии Бухоро, амир ва аҳли дарбор зараровар ҳисобида бошанд, зиёиёни пешқадами Бухоро онро бо мамнуният қабул карданд. Ин асар дар бедории мардуми тоҷик, умуман зиёиён, нақши муҳиме бозид. Худи нависанда аз доираи зиёиёни Бухоро дар канор набуд. Ӯ ҳама вақт якчанд нафар уламо ва толибилмони боистеъдодро дар атрофи худ ҷамъ намуда, оид ба фасодҳои замона ва роҳҳои халосӣ аз он суҳбатҳо меорост. Аҳмади Дониш тавассути суҳбатҳо ва паҳн намудани ақидаҳояш, инчунин, таълифи асарҳои гаронбаҳояш барои дар шароити Бухоро ба вуҷуд омадан ва ташаккул ёфтани як равия ё худ ҷараёни нав – равияи маорифпарварӣ замина гузоштааст.
Аҳмади Дониш – асосгузори ҳаракати маорифпарварӣ. Маорифпарварӣ ҷараёни иҷтимоию сиёсӣ ва адабию фарҳангиест, ки зиёиёнро аз ғафлати замони куҳнаи феодалӣ бедор намуда, ба замони нав, замони тантанаи илму амал ва адолат даъват мекард. Тарафдорони ин ҷараён (ё худ равия) маҳз бо роҳи тарғиби ғояҳои хайр, адолат, илму маърифат иллатҳои сохти ҷамъиятиро барҳам задан, анъанаю маишат ва сиёсати онро тағйир додан мехостанд. Андешаҳои Аҳмади Дониш ҳам пурра ба ҳамин мақсад равона гардида буд. Бинобар ин ӯро, барҳақ, асосгузори ҷараёни маорифпарварии на танҳо Бухоро, балки тамоми Осиёи Марказӣ мешиносанд.
Дар ғояҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш ҳақиқатан ҳам тамоми ҷиҳатҳои мусбати афкори фалсафӣ ва иҷтимоию сиёсии на танҳо халқи тоҷик, балки дигар халқҳои Осиёи Марказӣ, мамлакатҳои ҳамҳудуди Шарқ ва ғайра низ таҷассум ёфтаанд. Барои ташаккули ин ғояҳо махсусан, таассуроти сафарҳои Петербург нақши муҳиме бозидааст, зеро дар натиҷаи ин сафарҳо Аҳмади Дониш бо чашмони худ дид, ки ватанаш – Бухоро нисбат ба Русия то кадом дараҷа аз ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ қафо мондааст.
Аҳмади Дониш яке аз барҷастатарин ва фозилтарин одамони Бухоро ба шумор мерафт. Ӯ пешрафти иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии ватани худро мехост. Орзу мекард, ки мулкаш обод ва мардуми он хушбахт бошад.
Сарчашма:
Аҳмади Дониш яке аз шартҳои давлатдориро чунин тасвир кардааст: «Бидон, ки вилоят доштан кори бузург аст ва халифагии Ҳақтаоло кардан аст ва дар ҳама авомиру навоҳӣ иқтидо ба сулуки илоҳӣ намудан ва асл дар вилоятдорӣ ва ҳукумат илму амал аст. Ва султонро ин миқдор илм лобуд аст, ки бидонад, ки вайро дар ин олам барои чӣ овардаанд ва қароргоҳи вай чист. Дунё манзилгоҳи вай аст, на қароргоҳи вай. Ва ӯ бар сурати мусофирест, ки раҳми модар бидояти манзили вай аст ва лаҳад ниҳояти манзили вай». (Ниг.: Дониш А. Наводир-ул-вақоеъ. Китоби 2- Душанбе 1989, – саҳ. 117, 130-131)
Санаҳои муҳим:
1826 – 1897 – солҳои зиндагии Аҳмади Дониш.
1870 – 1873 – А.Дониш барномаи ислоҳоти худро бо номи «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» иншо намуд.
1875 – 1890 – А.Дониш шоҳасари худ «Наводир-ул-вақоеъ»ро иншо кард.
Савол ва супоришҳо:
1) Дар бораи ташаккули ҷаҳонбинии Аҳмади Дониш чӣ медонед?
2) Чаро барои ташаккули ҷаҳонбинии А. Дониш сафарҳояш ба Русия нақши муҳиме бозидааст?
3) Барномаи ислоҳоти Аҳмади Дониш чӣ ном дорад ва дар он кадом масъалаҳо ба миён гузошта шудаанд?
4) Дар шоҳасари Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» кадом масъалаҳо инъикос ёфтаанд?
5) Чаро Аҳмади Донишро асосгузори ҳаракати маорифпарварӣ медонанд?
6) Маорифпарвариро чӣ тавр мефаҳмед?
7) §§ 17 ва 29-ро такрор кунед.
Реклама