Муносибатҳои Русия ва аморати Бухоро. Вазъи сиёсии аморати Бухоро баъди ба зери тасарруфи Русия гузаштан хеле тағйир ёфт. Акнун аморати Бухоро бо дигар давлатҳои ҳамсоя мустақилона муносибат карда наметавонист. Чунин маҳдудият ҳарчанд дар ягон шартномаи байни Русияю Бухоро акс наёфтааст, вале амирони Бухоро дар симои ҳукумати подшоҳӣ ба худ пушту паноҳи пурқувватеро дида, бо мақсади нигоҳ доштани аморат ва осуда ҳукуматдорӣ намудан, аз баҳри чунин мустақилӣ «ихтиёран» гузашта, худро батамом мутеи ҳукумати подшоҳии Русия ҳисобиданд.
Дар таърихи 22-юми апрели соли 1868 хатти гумрукӣ (боҷӣ)-и Сибири Ғарбӣ ва Оренбург аз байн бардошта шуд. Баъди он масъалаи тиҷорати байни Русияю Осиёи Марказӣ ба масъалаи дохилии империяи Русия табдил гардид. Соли 1894 хатти гумрукии Русияю Бухороро низ аз байн бардоштанд ва он ба хатти гумрукии Бухорою Афғонистон пайваст. Солҳои 1894 – 1895 дар чунин нуқтаҳои сарҳадии аморати Бухоро: Қаршӣ, Келиф, Чӯшқагузар, Паттаҳисор ва Айваҷ нуқтаҳои гумрукии Русия кушода шуд. Ин ташкилотҳо, бегуфтугӯ, озодона ба бозори дохилии чи аморат ва чи кишвари Туркистон дохил гардидани молҳои хориҷиро маҳдуд мегардониданд.
Соли 1893 мувофиқи талаби вазорати молияи Русия аз тарафи ҳукумати амирии Бухоро ва хонии Хева сикка задани тангаҳои нуқра қатъ карда шуд. Қурби тангаи бухороӣ ва хевагӣ аз рӯйи 15 тини русӣ ҳисоб карда, аз тарафи Бонки давлатии Русия харида мешуд. Бо ҳамин яке аз нишонаҳои асосии мустақилии аморати Бухоро аз байн рафт, вале амири Бухоро дигар ҳуқуқи сикка задани тангаи худро надошта бошад ҳам, тангаи бухороӣ дар қатори рубли русӣ то барҳам хӯрдани тартиботи амирӣ гардиш кард.
Ба ҳукумати подшоҳӣ содиқ будан ба ҳар се амирони Бухорои замони ҳукуматдории мустамликавии Русия дар ин сарзамин хос аст. Масалан, амир Музаффар кӯшиш мекард, ки нисбат ба ҳукумати подшоҳӣ садоқати худро исбот намояд. Генералгубернатори Туркистон К.П. Кауфман ҳам ин садоқати ӯро эҳсос намуда, гуфта буд, ки «беҳтарин ҳокими уездии ман амири Бухоро мебошад». Моҳи январи соли 1886 дар Бухоро «Агентии сиёсии императории Русия» кушода шуд, ки ба он агенти сиёсӣ сарварӣ мекард ва он дар асл ба фаъолияти амир ва ҳукумати ӯ назорат карда, ба мушовири асосиаш табдил ёфта буд.
Тағйирот дар усули вористаъйинкунии амирони Бухоро. Шурӯъ аз аҳди амир Музаффар ба тахти Бухоро ворис таъйин намудан на ба хоҳишу иродаи амирон, балки ба ризояти подшоҳии рус вобаста буд. Масалан, амир Музаффар 13 писар дошт. Мувофиқи анъанаи пештара, бародарон дар аввал аксар вақт барои мансаб байни худ меҷангиданд, баъди ба мансаб соҳиб шудан бо мақсади бехатарии салтанаташон бародарони дигарро нест мекарданд. Акнун чунин анъана, ки боиси хунрезиҳои зиёд мегардид, аз байн рафт. Масъулияти дар Бухоро ворис таъйин кардан бо ризояти худи амирон ба уҳдаи подшоҳи Русия гузашт. Аз ҳамин сабаб амир Музаффар якчанд писари худро як-як ба Петербург, ба суҳбати подшоҳ фиристод. Соли 1882 ба чунин марҳамат Абдулаҳад мушарраф гардида, валиаҳд таъйин шуд. Амир Абдулаҳад (1885 – 1911) дар навбати худ писараш – Олимхонро дар хурдсолиаш ба дарбори подшоҳ Николайи II (1894 – 1917) фиристод, ки вай дар он ҷо, бо ибораи С. Айнӣ, чун «ғуломи ҳалқабаргӯши колонизаторон», тарбия гирифт ва лоиқи тоҷу тахти падар гардида тавонист.
Амирони охирини Бухоро ба ҳукумати подшоҳӣ содиқ буданд. Амалдорони аморат низ садоқати амиронро ба ҳукумати подшоҳии Русия эҳсос намуда, ба гумоштагони ҳукумати подшоҳӣ вафодории худро нишон медоданд. Аморати Бухоро ҳарчанд аз ҷиҳати ҳуқуқ давлати мустақил ба ҳисоб мерафт, дар асл аз нигоҳи иқтисодӣ ба талаботи сиёсати иқтисодии Русияи подшоҳӣ комилан мутобиқ карда шуда буд.
Таркиби маъмурии аморати Бухоро. Аморати Бухоро то охири аҳди амир Абдулаҳад аз ҷиҳати маъмурӣ ба 28 бекигарӣ ва 9 туман тақсим мешуд. Бекигариҳо инҳо буданд: Чорҷӯй, Кармина, Зиёуддин, Нурато, Қаршӣ, Хатирчӣ, Китоб, Шаҳрисабз, Чироғчӣ, Яккабоғ, Ғузор, Бойсун, Қаротегин, Қубодиён, Шеробод, Деҳнав, Ҳисор, Дарвоз, Балҷувон, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Шуғнону Рӯшон, Келиф, Каркӣ, Кабаклин, Бурдалик, Норазм ва Сариҷӯй. Дар охири аҳди амир Абдулаҳад бекигарии Сариҷӯй барҳам дода шуд ва 5 амлокдории он ба бекигарии Ҳисор ҳамроҳ гардид. Аз бекигариҳои номбурда: – Қаротегин, Қубодиён, Ҳисор, Дарвоз, Балҷувон, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Шуғнону Рӯшон ба қаламрави Тоҷикистони имрӯза дохил мешаванд. Туманҳои аморати Бухоро инҳо буданд: Қарокӯл, Зандане, Пирмаст, Ғиждувон, Конимех, Вағонзе, Вобканд, Шофирком ва Ёртеппа. Туманҳо асосан дар атрофи шаҳри Бухорои Куҳна – маркази аморат ҷойгир буданд ва онҳо бевосита аз тарафи қӯшбегӣ, ки дар аморат шахси дуюм (баъди амир) буд, идора карда мешуданд. Тамоми корҳои динӣ дар ихтиёри қозикалон, назорати иҷрои меъёрҳои шариат дар ихтиёри раис буд. Дар бекигариҳо бекҳо ё худ ҳокимон сарварӣ мекарданд. Инчунин, дар ҳар як бекигарӣ ва туман қозӣ таъйин карда мешуд. Дар деҳаҳо хӯҷаинӣ дар ихтиёри арбобу оқсақолон буд.
Дар идоракунии дохилии хонии Хева ҳам, ба мисли аморати Бухоро, баъди мутеи Русияи подшоҳӣ гардиданаш, тағйироти ҷиддие ба вуҷуд наомад.
Сарчашма:
С. Айнӣ дар бораи тарзи ба мансаби амирӣ соҳиб гардидани Абдулаҳад навиштааст: «Аз он ҷо ки амир Музаффарро авлод бисёр буд, назар ба одати собиқаи Бухоро, мебоист дар вақти ҷулус хеле ғавғо барпо мегардид, лекин бинобар тасаллути давлати Русия дар умури Бухоро ва «тасдиқ кардани валиаҳдии Абдулаҳад» ворисонро ҷуръат ва майдони толеъозмоӣ набуд. Аз тӯрагони соҳибрушд танҳо Сиддиқхон – ҳокими Чорҷӯй дар вақти вуқӯи ин ҳодиса дар Бухоро ба рикоб ҳузур дошт. Чун аркони давлат аз ӯ гумони фитна доштанд, баъд аз вафоти амир ӯро бо баҳонаи аёдати падар ба болои арк бароварда, ба хонае ҳабс карданд... Абдулаҳад баъд аз ҷулус соири бародаронашро, ки ҳар кадом ба ҳар ҷо ҳукумат доштанд, ё аз ҷиҳати сиғари син дар Бухоро буданд ва ҳам бародарзодагонашро тамоман ҳабс ва қайд намуд. Танҳо Миракрам – ҳокими Ғузорро камокон (пештара барин) ба ҳолаш гузошта, то охири умр хотири ӯро шаръӣ дошт». (Ниг.: Айнӣ С. Куллиёт. Ҷилди 10. - С. 105 – 106).
Санаҳои муҳим:
1868, 22-юми апрел – хатти гумрукии Сибири Ғарбӣ ва Оренбург аз байн бардошта шуд.
1885–1911 – солҳои ҳукмронии амир Абдулаҳадхон дар Бухоро.
1886, январ – дар Бухоро Агентии сиёсии империяи Русия кушода шуд.
1893 – сикка задани тангаҳои нуқраи бухороӣ ва хевагӣ қатъ гардид.
1893 – хатти гумрукии Русияю Бухоро аз байн бардошта шуд.
1894-1895 – дар чунин нуқтаҳои сарҳадии аморати Бухоро: Қаршӣ, Келиф, Чӯшқагузар, Паттаҳисор ва Айваҷ нуқтаҳои гумрукии Русия кушода шуд.
Савол ва супоришҳо:
1) Чаро амирони минбаъдаи Бухоро «ихтиёран» мутеи ҳукумати подшоҳии Русия шуда буданд?
2) Дар хатти гумрукии байни Русияю мулкҳои Осиёи Марказӣ чӣ тағйироте ба амал омад?
3) Сикказании тангаҳои бухороӣ ва хевагӣ аз кадом сол қатъ гардид?
4) Дар Бухоро Агентии сиёсии империяи Русия кай кушода шуд ва он бо чӣ кор машғул буд?
5) Баъди ба тасарруфи Русия даромадани Бухоро тағйири усули вористаъйинкунии амиронро бо мисолҳо шарҳ диҳед.
4) Вазъи маъмурии аморати Бухоро чӣ гуна буд ва кадоме аз он мулкҳо ба қаламрави Тоҷикистони имрӯза дохил мешаванд?
5) 7) §§ 7-8 ва 17-ро такрор кунед.
Реклама