§43. ИНҚИЛОБИ ФЕВРАЛИ РУСИЯ ВА АМОРАТИ БУХОРО

§43. ИНҚИЛОБИ ФЕВРАЛИ РУСИЯ ВА АМОРАТИ БУХОРО

  Мавқеи амир Олимхон нисбат ба инқилоб. Хабари ғалабаи Инқилоби буржуазию демократӣ (феврал)-и Русия ба воситаи кормандони Агентии сиёсии дар Бухоро доштаи Русия ба зудӣ то ба њукумати амирии Бухоро расид. Махсусан, аз тахт маҳрум гардидани подшоҳ Николайи II аз ҳама бештар амири Бухоро – Олимхонро ба ташвиш андохт, зеро, тавре ки зикр гардид, подшоҳи Русия барои ҳукумати амирии Бухоро пушту паноҳи асосӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ҳамин сабаб амир Олимхон бо шунидани хабари барҳам хӯрдани мутлақияти Русия, ба ибораи С.Айнӣ «якбора сарриштаи кори худро гум карда, пойро аз cap намешинохт ва метарсид, ки фирқаи аҳрор ва асокири Русия мабодо табдили асоси ҳукумати Бухороро хоҳон шаванд, амир ва атбоашро мисли Николай ва арконаш аз беху бунёд барҳам зананд». Бинобар ин ҳукумати амирӣ тамоми чораҳоро андешид, ки дар сарзамини аморат ба хуруљҳои халқӣ роҳ надиҳад. Ӯ дар амалиёт бо кормандони Агентии сиёсии дар Бухоро доштаи Русия якљоя амал мекард.

  Таъсири инқилоб ба аморати Бухоро. Мардуми аморати Бухоро танҳо 4-уми марти соли 1917 бо  омадани матбуоти даврӣ аз ғалабаи Инқилоби феврали Русия ва аз тахт рафтани подшоҳ огоҳ гаштанд. Баъди ин ба Агенти сиёсии Бухоро аз эълон намудани он, ки гӯё подшоҳ «бо ихтиёри худ» рафтааст, чораи дигар намонда буд. Ӯ дар навбати худ даъват намуд, ки на танҳо дар қаламрави аморат, балки дар маҳаллаҳои руснишини он низ оромӣ ва тартибу интизомро риоя намоянд. Вале қатъи назар аз кӯшишҳои ҳукумати амирӣ ва кормандони Агентии сиёсӣ, дар сарзамини аморат, аз љумла дар истгоҳи роҳи оҳани назди дарвозаи Қаршии шаҳри Бухорои Куҳна ва дар Бухорои Нав (Когон) бахшида ба Инқилоби феврали Русия ҷамъомаду митингҳо барпо гардиданд. Моҳи март дар Бухорои Нав, Чорҷӯйи Нав, Каркӣ ва Тирмиз шӯроҳои намояндагии коргарон ба вуҷуд омаданд, ки аксари онҳоро эсеру меншевикон сарварӣ менамуданд. Дар ин маҳалҳо инчунин кумитаҳои иҷроияи Ҳукумати Муваққатӣ низ бунёд гардиданд, ки дар ибтидо ба онҳо бояд Агенти сиёсӣ назорат мекард.

  17-уми марти соли 1917 Агентии сиёсӣ ба резиденсияи Русия дар Бухоро табдил дода шуд. Аслан чунин тағйирот фақат дар ном буд, зеро дар иҷрои вазифаи онҳо тағйироте дида намешуд. 

  Болоравии ҳаракати ислоҳотхоҳонаи ҷавонбухороиён. Ғалабаи Инқилоби буржуазию демократии феврали Русия ба фаъолияти ҷавонбухороиён такони ҷиддӣ дод. Онҳо, ки дар натиҷаи таъқиби ҳукуматдорони аморат  пинҳонӣ амал мекарданд, аз мағлубияти пушту паноҳи амири Бухоро, подшоҳ Николайи II рӯҳбаланд гардида, дар роҳи ислоҳот нисбатан ҷиддитар амал карданд. Ҷамъияти махфии онҳо, ки дар дохили шаҳри Бухорои Куҳна фаъолият дошт, дар гӯшаҳои шаҳр низ шуъбаҳои худро кушод. Сафи ҷавонбухороиён, махсусан, аз ҳисоби толибилмони мадрасаҳои шаҳр рӯз то рӯз меафзуд.

   Бояд таъкид кард, ки дар натиҷаи таъсири Инқилоби феврали Русия дар фаъолияти ҷавонбухороиён тағйирот ба вуҷуд омад. Онҳо дар шароити нав талаботи ислоҳоти мактабу мадрасаҳо ва усули дарсдиҳиро дуюмдараҷа ҳисобида, дар чашмандози аввал ислоҳоти ҳукумати амирии Бухороро гузоштанд ва дар ин роҳ ба кумаки Ҳукумати Муваққатии Русия умед доштанд. Бо ҳамин мақсад, ҷавонбухороиён ба номи он ҳукумат барқияҳо фиристода, аввал ҳукумати навро  табрик гуфта, сониян, кумаки онро дар ислоҳи тартиботи амирии Бухоро хоҳиш карданд, вале на ҳамаи намояндагони Ҳукумати Муваққатии Русия тарафдори ислоҳоти тартиботи амирии Бухоро буданд. Масалан, вазири адлия А.Ф.Керенский (ходими ҳизби трудовикҳо ва баъд эсерҳо, аз 8-уми июл то 26-уми октябр сарвари Ҳукумати Муваққатӣ) ҷонибдори ба Русия ҳамроҳ карда шудани аморати Бухоро будааст. 

  Умеди ҷавонбухороиён ба «кумак»-и Ҳукумати Муваққатӣ барбод нарафт. Ба кормандони резиденсия ва худи амир хабари тарафдори ислоҳоти тартиботи амирӣ будани ҳукумати нави Русия ворид шуд. Мувофиқи он ризоят, ташаббуси татбиқи ислоҳот ба уҳдаи худи «ҷаноби олӣ» – амир Олимхон гузошта мешуд. 

  Ҳукумати амирии Бухоро дар вазъияти ниҳоят мушкиле монда буд, зеро аз як тараф, дар дохили мамлакат ҷавонбухороиён ҳамчун қувваи ягонаи мухолиф аз амир ислоҳот талаб кунанд, аз тарафи дигар, Ҳукумати Муваққатии Русия ҳам ин гуна ислоҳотро хоҳиш намудааст. Кормандони резиденсия, ки маслиҳатгари асосии амир ва ҳукумати ӯ ба ҳисоб мерафтанд, тарафдори ислоҳот буданд. Аз ин рӯ барои амир Олимхон ва ҳукумати ӯ ғайр аз ҷорӣ кардани ислоҳот роҳи дигаре набуд. Масалан, қӯшбегӣ Насрулло низ аз хусуси зарурати ислоҳот сухан гуфтааст. 

  Вале муқобилони ислоҳот аз вазъияте, ки баъди Инқилоби феврали Русия ба вуҷуд омада буд, хулосаи дуруст набароварда буданд. Масалан, қозикалон Бурҳониддин ва Мирзо Низомиддинхоҷаи урганҷӣ, ки баъд аз қӯшбегӣ ашхоси дуюм дар ҳукумати амирӣ ба ҳисоб мерафтанд, ба ҳар кор ҷуз «намехоҳам» ҷавобе надоштанд. Муқобилони ислоҳот амалиёти худро пинҳон надошта, нисбат ба тарафдорони ислоҳот, махсусан ҷавонбухороиён, ҳар гуна буҳтонҳо мебофтанд. Онҳо динро ҳамчун аслиҳа ба муқобили ҷавонбу хороиён истифода карданд. Чунин аҳвол вазъияти ҳукумати амириро боз ҳам вазнинтар гардонид. Бинобар ин амир ва қӯшбегӣ маҷбур шуданд, ки дар роҳи ислоҳот ҳар гуна амалиёти худро аз душманони ислоҳот пинҳон доранд. 

  Тағйирот дар ҳукумати амир. Амир ва қӯшбегӣ вазъиятро ба назар гирифта, бо мақсади наҷот додани салтанати худ ба ислоҳот розӣ шуданд. Ҳарчанд онҳо инро намехостанд, дар ин кор якҷо бо кормандони резиденсияи Русия лоиҳа ва дигар дастурҳои заруриро ҳозир намуданд. 

  Ҳукумати Муваққатии Русия ба мансабдорони аморати Бухоро симои ҳақиқии худро нишон дод. Акнун амир ва ҳукумати ӯ дар симои ҳукумати нави Русия ба худ пушту паноҳи тозае пайдо карда буданд. Мувофиқи баъзе маълумот, қӯшбегӣ Насрулло бо мақсади таваҷҷуҳи кормандони ҳукумати нави Русияро ба тарафи ҳукумати амирии Бухоро равона кардан харҷи зиёд кардааст.

  Вале ба доираи васеъ паҳн гардидани масъалаи ислоҳоти Бухоро амир ва қӯшбегиро ором намегузошт. Махсусан ҷавонбухороиён бесаброна мунтазири ислоҳот буданд. Амир намехост, ки худро дар назди ҷомеа, пеш аз ҳама матбуоти давр, ҳокими мустабид нишон диҳад.

  Амир ва ҳукумати ӯ қувваҳои зиддиислоҳотии Бухороро чандон дуруст арзёбӣ накарда буданд. Онҳо дар аввал бо мақсади осудагии амалиёташон муқобилони ислоҳотро аз ҳокимияти марказӣ дур карданд. Масалан, амир 25-уми марти соли 1917 Бурҳониддинро аз вазифаи қозикалон озод намуда, ба ҷояш қозии Ғиждувон, тарафдори ислоҳот, яке аз маърифатпарварони номии ибтидои асри ХХ-и Бухоро Шарифҷон Махдуми Садри Зиёро таъйин кард. 26-уми март раиси Бухоро Абдуллохоҷаро низ аз мансаб озод намуда, ба ҷояш қозии Чорҷӯй, маърифатпарвари номӣ Абдусамадхоҷаро, 27-уми март қозии Вобканд – Орифхоҷаро, ки тарафдори ислоҳот буд, муфтиаскар таъйин намуд. Муфтиаскари собиқ Изомиддинхоҷаи Мусаннифро ба Ғиждувон, раиси собиқ Абдуллохоҷаро ба Чорҷӯй қозӣ таъйин намуд. Душмани ашаддии ислоҳот Мирзо Низомиддинхоҷаи урганҷиро бо баҳонаи хизмат ба Қаршӣ равон кард. Пас аз чунин тағйирот ҳукумати амир худро барои эълон намудани фармони ислоҳот гӯё аз ҳар ҷиҳат озод ҳис мекард. Ҳол он ки муқобилони ислоҳот дер боз дар мактабу мадрасаҳо ва гузарҳои аҳолинишини шаҳр ташвиқот бурда, як ҳиссаи мардумро ба тарафи худ кашида буданд.

  Сарчашма:

 С.Айнӣ дар бораи мавқеи арбобони ҳукумати амирии Бухоро нисбати масъалаи ислоҳот навиштааст: «Дар марҳалаи аввал аз арбобони ҳукумати Бухоро амир ва Насрулло-қӯшбегӣ бо мулоҳизаи ин ки «бе ислоҳот ҳукумати ҳозираро нигоҳ доштан мумкин нест, агар инод кунем, ҳурриятпарастони рус, коргару аскарон ва ҳукумати муваққатӣ ба муқобили мо бармехезанд ва дар натиҷа тахту тоҷи мо ҳам барбод меравад», як дараҷа ба ислоҳот роғиб менамуданд. Аммо Низомиддинхоҷаи урганҷӣ ва қозикалон Бурҳониддин ҳатто номи ислоҳотро шунидан намехостанд. Насрулло-қӯшбегӣ, азбаски фикр ва орзуи ин ду нафарро нағз медонист, маслиҳат кардан бо онҳо, ҳатто огоҳонидани онҳоро ҳам дар бораи фикр ва ниятҳои амир ва худаш лозим надид». (Ниг.:Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро, C.141).

  Санаҳои муҳим: 

1917, 17-уми март – Агенти сиёсии Русия дар Бухоро ба резиденсия табдил дода шуд. 

1917, 25-уми март–Бурҳониддин аз мансаби қозикалон озод карда шуд ва ба ҷойи ӯ Шарифҷон Махдуми Садри Зиё таъйин гардид.

  Савол ва супоришҳо: 

1) Чаро амир Олимхон аз ғалабаи Инқилоби феврали Русия метарсид? 

2) Инқилоби феврали Русия ба Бухоро чӣ гуна таъсир кард? 

3) Ҷавонбухороиён хабари Инқилоби феврали Русияро чӣ гуна пешвоз гирифтанд? 

4) Баъди Инқилоби феврали Русия дар талабот ва фаъолияти ҷавонбухороиён  чӣ тағйирот  ба амал омад? 

5) Чаро ҳукумати амирӣ роҳи ислоҳотро пеш гирифт ва оё ин сидқан буд? 

6) Дар арафаи эълони лоиҳаи ислоҳот дар ҳукумати амирӣ чӣ тағйирот ба амал омад? 

7) §§ 17, 31 ва 42-ро такрор кунед.