Моҳи январи соли 1910 дар шаҳри Бухорои Куҳна – маркази аморати Бухоро, дар байни суннимазҳабон ва шиамазҳабон панҷ шабонарӯз, яъне аз 22-юм то 26-уми январ хунрезии даҳшатноке ба амал омад.
Маълум аст, ки аксари мардуми аморати Бухоро (тоҷикҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо ва дигарон) пайрави мазҳаби суннӣ мебошанд. Эътиқодмандони равияи шиаро1 асосан эрониёне, ки дар шаҳри Бухорои Куҳна ва деҳаҳои атрофи он мезистанд, ташкил мекарданд.
Маҳз ҳамин фарқи мазҳабӣ ду халқи асосии эронинажод – тоҷикон ва эрониёнро аз ҳам ҷудо намудааст. Байни сунниҳо ва
1 Мазҳаби шиа – як равияи дини ислом, ки дар заминаи зиддиятҳои сиёсию иқтисодӣ байни халифаҳо ва авлоди Муҳаммад баъд аз вафоташ пайдо шудааст. Байни шиаҳо ва сунниҳо дар масъалаҳои идоракунии давлат, муносибат ба Қуръон, ҳадисҳо ва усули ибодат зиддиятҳо вуҷуд дорад. Шиаҳо тарафдори Алӣ (Ҳайдар) буда, халифаҳои дигар – Абубакр, Умар ва Усмонро эътироф намекунанд.
шиамазҳабон ихтилофҳо пештар низ вуҷуд дошта бошанд ҳам, дар даҳсолаҳои охир намояндагони ин ду мазҳаб бародарвор зиндагӣ мекарданд.
Барои ба амал омадани хунрезии январи соли 1910 дар Бухоро сиёсати пешгирифтаи амирони манѓит ва хусумати мансабталошони ин ду мазҳаб сабаби асосӣ гардиданд. Ин воқеа чунин рӯй дода буд: Амирони манѓит дар шароити аморати Бухоро ба худ такягоҳи боэътимоде надоштанд. Худи қабилаи манғит нисбатан камшумор буд. Онҳо на танҳо бо дигар қабилаҳои ӯзбек, балки умуман, бо туркнажодҳо иттифоқи мустаҳкаме надоштанд. Тоҷикон, ки аксари мардуми аморатро ташкил медоданд, ҳеҷ гоҳ сазовори боварии амирони манғит нагардидаанд. Бинобар ин амирони манғит ба мансаби қушбегӣ (ки баъди амир шахси дуюм ба ҳисоб мерафт) наздикони худ, тоҷик ва намояндаи дигар қабилаҳои туркнажодро таъйин намекарданд. Зеро онҳо хавф доштанд, ки дар сурати ба мансаби қушбегӣ таъйин кардани намояндаи тоҷикон ё худ қавмҳои туркнажод, яъне суннимазҳабҳо, онҳо метавонанд, ки амирро ба осонӣ аз мансаб дур кунанд. Бо ҳамин сабабҳо амир ба мансаби қушбегӣ маҳз намояндаи шиамазҳабон – эрониёнро таъйин мекард. Чунки эрониён бо сабаби кам будани нуфузи худ дар аморат ҳеҷ гоҳ талоши мансаби амириро намекарданд ва ба амирони манғит содиқона хизмат менамуданд. Агар амирони манғит қушбегии аз ҳисоби шиамазҳабон таъйинкардаашонро аз вазифа озод карданӣ шаванд ҳам, ҳеҷ хавфе ба онҳо таҳдид намекард.
Дар замони ҳукмронии амир Абдулаҳад1 шахси бонуфузтарин баъд аз ӯ Остонақул-қӯшбегӣ, ки аслаш эронист, ба ҳисоб мерафт. Остонақул низ аз мавқеи худ истифода карда ба дигар мансабҳои зарурии ҳукумати амирӣ эрониёнро таъйин мекард. Чунин амалиёти ӯ мансабталошони суннимазҳабро бо сарварии раиси Бухоро Бурҳониддин, ки мехост баъд аз амир бонуфузтарин шахс дар аморат бошад, ба ғазаб овард. Бинобар ин тарафдорони Бурҳониддин барои аз байн бардоштани Остонақулқӯшбегӣ мунтазири фурсати мувофиқе буданд.
Баҳона, оғоз ва оқибатҳои фоҷиа. Барои саршавии фоҷиа фурсати мусоид ва баҳонае ҳам муҳайё гардид. 22-юми январи соли 1910, рӯзи шанбе, дар боғе, ки берун аз дарвозаи Самарқандии 1 Мувофиқи баъзе маълумот, модари амир Абдулахад – Шамшод зани аслаш эронӣ буда, зани дӯстдоштаи амир Музаффар ба ҳисоб мерафт. шаҳри Бухорои Куҳна воқеъ буд, як ҷамоаи эрониёни маҳаллӣ ва мусофирон ҷамъ шуда, мотам ороста, маросими таъзияи Ҳусайн, писари Алӣ, набераи пайғамбар Муҳаммадро мегузарониданд. Барои озодона гузаронидани чунин маросим эрониёни бухороӣ аз соли 1908, яъне дар замони Остонақул-қӯшбегӣ ҳуқуқ пайдо карда буданд.
Одатан, дар рӯзи маросими мотами имом Ҳусайн эрониён либосҳои сиёҳ бар тан тобути холиро бардошта «Во Ҳусайн!» – гӯён ба сари синаи худ мекӯфтанд.
Дар маросими 22-юми январ на танҳо қисме аз тоҷикон ва ӯзбекони бухороӣ, балки баъзе толибилмони тошкандӣ ва фарғонагие, ки дар мадрасаҳои Бухоро мехонданд, низ ҳозир буданд. Чунин амалиёти эрониён боиси хандаи яке аз толибилмони фарғонагӣ гардид. Эрониён ин хандаро нисбати мазҳаби худ таҳқир ҳисобида, ба ӯ ҳуҷум карда, мачрӯҳаш намуданд. Аз ин ҳодиса иртиҷоъпарастони бухороӣ (мансабталошони суннимазҳаб) истифода карда, барои ба муқобили эрониён бархезонидани як қисми толибилмони мадрасаҳо ва мардуми гумроҳи Бухоро муваффақ гардиданд.
Мувофиқи баъзе маълумот, бо даъвати иғвогарон ба тарафдории суннимазҳабон қариб даҳ ҳазор нафар бухороиён ба майдон баромаданд. Онҳо, ки асосан ба сӯйи Арк ҳаракат мекарданд, аз қӯшбегӣ Остонақул на танҳо қатли гунаҳкорони воқеа аз тарафи эрониён, балки дар сарзамини аморати Бухоро тамоман манъ намудани ҳар гуна маросиму чорабиниҳои шиамазҳабонро талаб менамуданд. Аммо дар дохили шаҳри Бухорои Куҳна худи ҳамон рӯзи аввали воқеа, яъне 22-юми январ, кушокушии байни суннимазҳабон ва шиамазҳабон оғоз шуда буд. Ҳар ду тараф нисбат ба якдигар ваҳшонияти зиёде зоҳир намуданд. Мувофиқи маълумоти шоҳидони он рӯзҳои фоҷиа, «дар нуқтаҳои шаҳр, ки зиёда кушокушӣ ба амал омадааст, хуни одамӣ чун оби борон аз гузарҳои танг ҳаракат кардааст».
Ҳукумати амирии Бухоро қудрати бо қувваи худ бартараф намудани хунрезии мазҳабии байни бухороиён ва эрониёнро надошт. Бинобар ин, ба шаҳр як дастаи аскарони рус бо сарварии генерал Лилиентал дохил шуда, ба хунрезӣ хотима доданд. Ташаббускорони хунрезӣ – олимақомони суннимазҳаб ба истеъфои қӯшбегӣ Остонақул ва ҳаммаслаконаш муваффақ гардиданд. Баъди ин воқеа Мирзо Насрулло, ки суннимазҳаб буд, қӯшбегӣ таъйин шуд.
Ҳамин тавр, рақобати мансабӣ дар Бухоро ба хунрезии калонтарине расонид, ки гунаҳкорони асосии он мансабталошони ҳар ду мазҳаб – суннӣ ва шиа буданд, вале ин фоҷиа ба мардуми бечораи бухороӣ ва эронӣ бадбахтиҳои зиёде овард. Онҳо аз ин фоҷиа ягон беҳбудие надиданд. Баръакс, ҳамаи қурбоншудагон ва маҷрӯҳон аз ҷумлаи онҳо буданд.
Сарчашма:
С.Айнӣ дар бораи сабабҳои ба амал омадани фоҷиаи байни суннимазҳабон ва шиамазҳабони Бухоро навиштааст: «Ҳарчанд дар замонҳои собиқ миёни шиа ва сунниёни Бухоро баъзан кудуратҳо пайдо шуда бошад ҳам, дар солҳои охир ин ду фирқа бародарвор мезистанд. Тоҷир, асноф ва деҳқони ин ду ҷамоа ба якдигар кину адоват надоштанд. Ҳарчанд уламои ин ду фирқа барои тақвияи нуфузи худ дар байни авом тухми адоват мекоштанд, боз ҳам ин адоват аз байни талабаи нодон ва ҷоҳилаи авом болотар намегузашт. Лекин дар байни ҳукком ва маъмурини ду фирқа адоват баркамол буд. Эшон низои мансабӣ ва сиёсии худро ба чашми авом ба либоси мазҳабӣ ҷилва медоданд». (Наг.: Айнӣ С. Куллиёт. Ҷилди 10, С.118).
Санаҳои муҳим:
1910, 22 – 26-уми январ – фоҷиаи суннимазҳабон ва шиамазҳабон дар Бухоро.
Савол ва супоришҳо:
1) Сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани фоҷиа ё худ хунрезии байни суннимазҳабон ва шиамазҳабони Бухоро кадомҳоянд?
2) Қушбегӣ дар шароити аморати Бухоро чӣ мавқеъро ишғол мекард?
3) Кадом воқеа барои саршавии ин фоҷиа баҳона гардид?
4) Саршавӣ ва оқибатҳои хунрезиро шарҳ диҳед.
5) Оё мардуми одии суннимазҳаб ва шиамазҳаби Бухоро, ки дар ин фоҷиа талафоти зиёде доданд, манфиате ба даст оварданд?
6) § 17-ро такрор кунед.
Реклама