§14. «МАСЪЛАИ ПОМИР»

§14. «МАСЪЛАИ ПОМИР»

   Вазъи мулкҳои Бадахшон дар арафаи тақсимот. Маълум аст, ки дар миёнаи асри XIХ мулкҳои Бадахшон (Помир) низ пароканда ва то андозае мустақил буданд. Вале ба ин мулкҳо аз як тараф, амири Афғонистон (баъд бо кумаки Англия), аз тарафи дигар, амири Бухоро (баъд бо кумаки Русия) таҳдид мекарданд. Аз соли 1850 амирони афғон Дӯстмуҳаммадхон ва Шералихон, баъди забти Балх, Тошқӯрғон ва Қундуз борҳо ба сарзамини Бадахшон ҳуҷум карданд. Ҳокими Бадахшон Ҷаҳонгиршоҳ баҳри нигоҳ доштани оромӣ ва мустақилӣ, барои ба ҳукумати Афғонистон супоридани андоз розӣ шуд. Амири Афғонистон Шералихон (соли 1868 ба тахт нишаст) духтари худро ба Ҷаҳонгиршоҳ дода, бо ҳамин роҳ ин мулкро пурра ба ихтиёри худ гирифтанӣ шуд. Ҷаҳонгиршоҳ ҳушёриро аз даст надода, то андозае мустақилиятро нигоҳ дошта бошад ҳам, шурӯъ аз соли 1869  Бадахшон амалан ба доираи таъсири Кобул кашида шуд. Соли 1883 аз тарафи Абдураҳмонхон (соли 1880 амири Афғонистон эълон карда шуд) мулкҳои Бадахшони Ғарбӣ – Вахон, Шуғнон ва Рӯшон забт гардид. Дар як вақт қӯшунҳои Чин низ ба Бадахшони Шарқӣ наздик шуда, дар ин маҳал мавқеи худро мустаҳкам карданд. Русияю Англия (дар асоси муоҳидаҳои солҳои 1867–1873) дар Осиёи Марказӣ ҷараёнгоҳи боло ва миёнаи дарёи Омуро сарҳади нуфузи худ меҳисобиданд. Яъне ин ду давлати бузург ба «масъалаи Помир» ҳанӯз фаъолона дахолат карда наметавонистанд. Ғайр аз ин, Русия дар ин кишвар бо қабилаҳои туркман ҷанг мекард. Бинобар ин нисбат ба Бадахшон мудохилаи мусаллаҳонаи ҳукуматҳои Афғонистону Чин беш аз 10 сол (1883–1893) давом кард. 

   Ҳалли «масъалаи Помир» дар байни Русия ва Англия. Охири асри XIX масъалаи ҷиддие, ки миёни Русияю Англия бояд ҳаллу фасл мешуд, «масъалаи Помир» буд. Байни мардуми Бадахшон воқеаҳои назаррасе ба амал омаданд. Масалан, зулму истибдоди ҳукуматдорони афғон тирамоҳи соли 1887 боиси шӯриши мардуми Шуғнон гардид. Шӯришгарон чанде аз хироҷситонандагони афғонро ба қатл расониданд. Ҳукумати Афғонистон барои ба хун оғушта намудани шӯриш ва танбеҳ додани мардуми мулкҳои дигари Бадахшон тайёрии ҷиддӣ медид. Амалдорони Рӯшону Шуғнон ва Вахон дар чунин вазъият ба муқобили иқтидори ҳукумати Афғонистон қувваи худро нокифоя ҳисобида, майл ба тарафи Русия намуданд. Онҳо бо чунин мақсад ба назди ҳукуматдорони Русия ҳайати намояндагӣ низ фиристоданд.

   Аввали солҳои 1890-ум ҳукумати подшоҳӣ ба «масъалаи Помир» ба таври ҷиддӣ машғул шуд, зеро то ин лаҳза дигар мулкҳои Осиёи Марказӣ пурра ба зери тасарруфи Русия гузашта буданд ва дар ин кишвар масъалаи номбурда ягона ва нуқтаи охирин дар масъалаи нуфузи марзии байни Русияю Англия ба ҳисоб мерафт. Инак, моҳи июли соли 1891 отряди 120-нафараи казакҳо бо сарварии полковник М.Е. Ионов ба Помир фиристода шуд, ки бо номи «Эъзомияи Ионов» ё худ «Эъзомияи якум» маълум аст. Мақсади эъзомия гӯё дар Бадахшон омӯхтани мулкҳое буд, ки онҳо мувофиқи муоҳидаи соли 1873-и байни Русияю Англия, ба фоидаи ҳукумати подшоҳӣ гузаштаанд. Вале дар асл мақсади асосии ин тадбир мустаҳкам намудани нуфузи Русия дар мулкҳои номбурда буд. Ионов амалиёти худро аз ағбаи Қизиларт оғоз намуда, соҳилҳои Рангкӯл ва Қарокӯлро сайр карда, то ба ағбаи Банк расид. Ӯ дар ҳама ҷо ба мардум эълон мекард, ки ин мулкҳо дар тобеияти Русия мебошанд. Дар натиҷа ин эъзомия «масъалаи Помир»-ро боз ҳам тезонид.

   Аз сабаби он ки дипломатияи Англия ҳам ба «масъалаи Помир» дахолат мекард, моҳи апрели соли 1892 дар Петербург ин масъала дар машварати махсуси давлатмардони Русия муҳокима гардид ва дар он қарор карда шуд, ки мавқеи ҳукумати худро дар ин гӯша мустаҳкам намоянд. Моҳи июни ҳамон сол полковник Ионов бо роҳи аввала, бо қувваи нисбатан зиёд эъзомияи дуюми Помирро ташкил намуд. Ҳангоми сафари ӯ дар канори дарёи Оқсу дидбонгоҳи Помир (шаҳраки Мурғоби имрӯза) сохта шуд. Дар мавзеи Шоҷон 250 нафар аскарони казакро ба муддати тӯлонӣ ҷойгир карданд. Соли 1893 дар асоси шикояти зиёди шуғнониён нисбат ба бедодгарии дастаҳои гуногуни афғон бо сарварии капитан С.П. Ванновский отряди дигар ё худ эъзомияи сеюм ба воситаи ағбаи Язгулом то ба Ванҷ сафар намуд. 

   Ҳукуматдорони подшоҳӣ оид ба масъалаи Бадахшони Шарқӣ бетараф набуданд. Онҳо аз нияти ҳукумати Чин воқиф гардида, моҳи июли соли 1894 ба дидбонгоҳи Помир (Мурғоб) бо ситодаш М.Е. Ионовро, ки ба рутбаи генерал-майорӣ расида буд, фиристоданд. Ӯро сардори ситоди тамоми отряди рус дар Бадахшон таъйин карданд. Баробари чунин чорабиниҳо гуфтушуниди намояндагони Русияю Чин оид ба масъалаҳои Бадахшони Шарқӣ давом мекард. Дар натиҷаи гуфтушунид ҳукумати Чин дидбонгоҳҳои ҳарбии худро аз сарҳади Бадахшони Шарқӣ бардошт. Баъди ин дар Мурғоб нигоҳ доштани «отряди Помир» нолозим шуд ва он 25-уми октябри ҳамон сол барҳам дода шуд. 

   Вале гуфтушуниди байни Русия ва Англия баҳри муайянкунии сарҳади нуфуз дар Бадахшон ҳанӯз аз соли 1893 инҷониб давом дошт. Баҳори соли 1895 комиссияи сарҳадии Англияву Русия охирин қитъаи баҳсталаби сарзамини Осиёи Марказиро ба таври «мушаххас» муайян намуданд. Ниҳоят, моҳи сентябри ҳамон сол шартномаи махсуси таъйини сарҳади нуфузи байни Русияю Англия дар Бадахшон имзо карда шуд. Моҳи январи соли 1896 подшоҳи Русия Николайи II хатти сарҳадии империяи Русияю Англияро дар Бадахшон тасдиқ кард. Дар асоси ин шартнома, дар Бадахшон сарҳади нуфузи байни Русия ва Англия аз Зоркӯл то канори шарқии Бадахшон – дарёи Панҷ қарор гирифт. Мувофиқи он, соҳилҳои чапи дарё, пеш аз ҳама заминҳои дар ин канор доштаи Дарвози Бухоро ба зери нуфузи Англия, ба ҳисоби Афғонистон гузашт. Соҳилҳои рости дарё, яъне мулкҳои Вахон, Шуғнон ва Рӯшон ба зери нуфузи Русия даромад, вале ҳукумати подшоҳии рус ин мулкҳоро ба амири Бухоро ба ивази мулкҳои дар ин минтақа аздастдодааш (яъне заминҳои дар соҳилҳои чапи дарё доштаи Дарвози Бухоро) бахшид. Бадахшон (Помир)-и Шарқӣ ба ҳайати вилояти Фарғонаи генерал – губернатории Туркистон ҳамроҳ гардид. Қисми шарқии водии Вахон, ки дар байни мулкҳои Русия ва Ҳиндустон вазифаи минтақаи озод ва бетарафро иҷро мекард, низ ба ихтиёри Афғонистон гузашт. 

    Ҳамин тавр, «масъалаи Помир» асосан дар байни Русия ва Англия «ҳал» гардид ва гӯё бо ин рақобати байни ду абарқудрати давр оид ба як гӯшаи кӯҳии дунё ба охир расид.

   Сарчашма: 

   Пораҳо аз созишномаи байни Русия ва Англия (Британияи Кабир), дар бораи аз ҳамдигар ҷудо кардани доираи таъсири худ дар Помир (Бадахшон) (соли 1895), ки дар нотаи сафири Русия дар Лондон Стаал ба стат-котиби корҳои хориҷии Британияи Кабир граф Кемберлей оварда шудааст: 

   1. Доираи таъсири Русия ва Англия дар шарқтари Зоркӯл (Виктория) бо хатти сарҳадӣ ҷудо карда хоҳад шуд, ки он аз ин кӯл, яъне нуқтаи интиҳои соҳили шарқии он cap шуда, аз қуллаи қаторкӯҳ гузашта меравад, ки он дар ҷанубтари параллели ҳамин кӯҳ ва то худи қуллаҳои Бендерский ва Уртабел кашол меёбад. Аз ин ҷо хатти сарҳад аз қуллаи қаторкӯҳи зикршуда, ки он дар ҷанубтари параллели кӯли номбурда мавҷуд аст, гузашта меравад. Ба ин параллел расида, хатти сарҳад ба тарафи пастхамии Қизилработ, ки дар соҳили дарёи Оқсу воқеъ гардидааст, мегузарад, ба шарте ки ин маҳал дар шимолтари параллели кӯли Виктория воқеъ нагардида бошад; аз ин нуқта хатти сарҳад ба тарафи шарқ меравад ва ба хатти сарҳади Хитой ҳамшафат мегардад... 

   2. Ҳукумати аълоҳазрат императори Русия ва Ҳукумати олимақоми Британия уҳдадор мешаванд, ки якум, дар ҷануб ва дуюм, дар шимоли хатти ҷудокунӣ аз ҳар гуна назорат ва таъсири сиёсӣ худдорӣ кунанд.... Созишномаи мазкур танҳо баъди аз тарафи амири Афғонистон тоза кардани тамоми ҳудуде, ки ӯ дар соҳили рости Панҷ ишғол кардааст ва аз тарафи амири Бухоро холӣ кардани қисми Дарвоз, ки дар ҷануби Омударё воқеъ аст, ба амал ҷорӣ карда мешавад, зеро ҳукумати аълоҳазрат императори Русия ва Британия розӣ шуданд, ки дар ин бобат ба ҳар ду амир таъсир расонанд. (Ниг.: Хрестоматияи таърихи PCС Тоҷикистон. - С.147–148). Б.И.Искандаров дар бораи баҳси байни дипломатияи Русия ва Англия оид ба масъалаи Помир (Бадахшон) навиштааст: «Дар байни Русия ва империяи Британия муоҳидаи солҳои 1869–1873 вуҷуд дошт, ки мувофиқи он, ҷараёнгоҳи боло ва миёнаи дарёи Ому сарҳади нуфузи русу англис дар Осиёи Марказӣ гардида буд. Бинобар ин, соли 1893 котиб оид ба корҳои хориҷии идораи мустамликадории Англия дар Ҳиндустон М.Дюранд ҳангоми ташрифи сиёсии худ дар Кобул ба амири Афғонистон Абдураҳмонхон пешниҳод кард, ки аз даъвои Шуғнон, Рӯшон ва Вахон даст кашад. Амири Афғонистон ин пешниҳодро қабул намуд. Мувофиқи     шартномаи байни Русияю Англия қисми шарқии водии Вахон, ки дар байни мулкҳои Русия ва Ҳиндустон вазифаи минтақаи бетарафро адо мекард, дар қаламрави Афғонистон монд. Инчунин, заминҳои дар канори чапи дарёи Панҷ воқеъгардидаи Дарвози Бухоро низ ба ихтиёри Афғонистон гузашт. Аз канорҳои рости дарё, аз мулкҳои Вахон, Шуғнон ва Рӯшон қӯшунҳои афғон бароварда шуданд». (Ниг.: Искандаров Б.И. Восточная Бухара и Памир в период присоединения Средней Азии к России. - Сталинабад, 1960. С. 98 - 102).

   Санаҳои муҳим: 

1869 – оғози ба доираи таъсири Афғонистон кашида шудани Бадахшон. 

1869 – 1873 – имзои муоҳидаҳо дар байни Русия ва Англия оид ба сарҳади нуфуз дар ҷараёнгоҳи боло ва миёнаи дарёи Ому. 

1883 – аз тарафи амири Афғонистон – Абдураҳмонхон забт карда шудани мулкҳои Бадахшони Ғарбӣ – Вахон, Шуғнон ва Рӯшон. 

1887, тирамоҳ – шӯриш дар Шуғнон. 1891, июл – эъзомияи якум ба сӯйи Помир. 

1892, апрел – эъзомияи дуюм ба сӯйи Помир. 

1893, эъзомияи сеюм ба сӯйи Помир. 1895, сентябр – имзои шартномаи махсус дар байни Русия ва Англия оид ба таъйини сарҳади нуфуз дар Бадахшон. 

1896, январ – аз тарафи подшоҳи Русия тасдиқ гардидани хатти сарҳадии империя дар Бадахшон.

   Савол ва супоришҳо:

1) Вазъи мулкҳои Бадахшон дар миёна ва нимаи дуюми асри XIX чӣ гуна буд? 

2) Мувофиқи муоҳидаҳои солҳои 1869–1873 байни Русия ва Англия сарҳади нуфузи онҳо дар Бадахшон чӣ гуна муайян гардида буд? 

3) Шӯриши соли 1887 дар Шуғнон ба муқобили кӣ нигаронида шуда буд? 

4) Оид ба эъзомияҳои якум, дуюм ва сеюм ба сӯйи Помир маълумот диҳед. 

5) Оқибатҳои шартномаи сентябри соли 1895 (дар байни Русия ва Англия оид ба сарҳади нуфуз дар Бадахшон имзогардида)-ро шарҳ диҳед. 

6) §§ 2 ва 13-ро такрор кунед.

Реклама