§§21-22. СИЁСАТИ МОЛИЯВӢ. БОНКҲО

§§21-22. СИЁСАТИ МОЛИЯВӢ. БОНКҲО

   Кассаҳои қарздиҳии уездӣ. Дар шароити Осиёи Марказӣ асоси истеҳсолотро истеҳсолкунандагони хурд – хоҷагии пахтакорон, ғаллакорон, ҳунармандон, косибон ва чорводорон, яъне онҳое, ки худ бо истеҳсолот машғул буданд, ташкил менамуданд. Онҳо ҳар сол ба фоидаи давлат навъҳои гуногуни андоз супорида, хазинаро пур мекарданд. Аз ин рӯ дар шароити кишвари Туркистон ҳукуматдорони подшоҳӣ бенавогардии ин қисми аҳолиро намехостанд, зеро чунин ҳолат на танҳо барои ҷамъоварии андоз, балки барои мавҷудияти худи системаи мустамликавӣ хавфи ҷиддӣ дошт. Ҳукуматдорони подшоҳӣ ба хубӣ эҳсос мекарданд, ки истеҳсолкунандагони хурди кишвар муҳтоҷи дастгирии молиявӣ мебошанд ва ҳамин ҳолат онҳоро ба доми судхӯрон кашидааст. Судхӯрон ба ивази қарзи додаашон 60-80 ва ҳатто аз он зиёд фоида талаб мекарданд. Баъзе амалдорони подшоҳӣ дар шароити Осиёи Марказӣ роҳи халосиро дар ҷорӣ намудани фаъолияти кассаҳои қарздиҳии уездӣ медиданд. 

   Соли 1870 генерал-губернатори Туркистон Кауфман дар шароити кишвар зарурати кассаҳои қарздиҳии уездиро ба миён гузошта буд. Соли 1873 барои кишвари Туркистон ойинномаи чунин кассаҳо тартиб дода шуд. Мувофиқи он, пешниҳод шуда буд, ки ба хоҳишмандон-муҳтоҷон қарз ба миқдори аз 10 то 300 сӯм (он солҳо дар вилояти Самарқанд ба 30 сӯм як гови дӯшо ва ё як асп харидан мумкин буд) ба муҳлати аз 3 моҳ то як сол, ба ивази 6%-и солона дода шавад. Дар асоси ҳамин ойинномаи умумии кишвар, минбаъд ҳар як кассаи нав бавуҷудомада ойинномаи хоси худро тартиб медод. 

   Дар ҳудуди кишвари Туркистон аввалин кассаҳои қарздиҳӣ соли 1876 дар шаҳри Намангони вилояти Фарғона, соли 1882 дар Каттақӯрғони округи Зарафшон (баъд вилояти Самарқанд) ташкил карда шуд. Доираи фаъолияти кассаи Каттақӯрғон ҳудуди минтақаи Панҷакентро низ, ки тумани Нагорний меномиданд, дар бар мегирифт. Соли 1885 кассаи қарздиҳии уезди Хуҷанд ташкил ёфт. Фонди пулии кассаҳо аз маблағи  даромади худи уезд ва вилоят таркиб меёфт. Чунин даромад аз ҳисоби андоз, махсусан андози кишоварзон, даромади шаҳрҳо ва ғайра иборат буд. 

   Миқдори кассаҳои қарздиҳии уездӣ дар кишвари Туркистон соли 1903 ба 21 ташкилот, бо сармояи 342,5 ҳазор сӯм расид. Ин маблағ соли 1909 ба 1159 ҳазор сӯм ва дар арафаи Ҷанги якуми ҷаҳон ба 1,6 млн сӯм расид. Масалан, маблағи кассаи Хуҷанд агар ҳангоми ташкилшавӣ (с. 1885) 7,5 ҳазор сӯмро ташкил диҳад, пас, соли 1909 он ба 12 ҳазор сӯм расид. Албатта, ин миқдор маблағ талаботи рӯзафзуни истеҳсолкунандагони хурдро қонеъ гардонида наметавонист. Барои аксари онҳо чунин қарз дастнорас низ буд. Фаъолияти чунин кассаҳо танҳо ҳудуди кишвари Туркистонро фаро гирифта, онҳо дар ҳудуди аморати Бухоро ва хонии Хева ҳанӯз вуҷуд надоштанд. Фаъолияти рафоқатҳо ва ширкатҳои марказии рафоқатҳо ва тиҷоратии Русия, ки манфиати саноати ширкатҳои бофандагиро ҳимоя мекарданд, махсусан ширкатҳои марказии Русия, тарафдори рушди пахтакорӣ буданд. 

   Чунон ки таъкид кардем, маҳз бо ташаббуси онҳо дар ҳудуди Осиёи Марказӣ кишти пахтаи навъи амрикоӣ паҳн гардид. Маҳз он рафоқатҳо ва ширкатҳо зарурати қарзро барои рушди пахтакорӣ эҳсос намуда, чунин хоҷагиҳоро ба қадри имкон бо пул таъмин карданд

   Масалан, рафоқати «Мануфактураи бузурги Ярослав» шурӯъ аз соли 1887 барои кишти пахтаи навъи амрикоӣ, ба ивази 8 дарсади солона қарз медод. Ин рафоқат дар амалиёти қарздиҳии худ бо рафоқати «Владимир Алексеев» якҷоя фаъолият мекард. Ин ду рафоқат соли 1900 дар 14 волости уезди Андиҷон ба 5632 нафар деҳқонон қариб 415 ҳазор сӯм қарз додаанд. Деҳқонон ба ивази ин қарз пахтаи худро бояд маҳз ба намояндагони ҳамин рафоқатҳо месупориданд. Намояндаи ин рафоқатҳо на танҳо дар ҳудуди вилоятҳои гуногуни кишвари Туркистон, балки дар қаламрави аморати Бухоро ва хонии Хева ҳам амал мекарданд. 

   Рафоқати «Кудрин ва К°», ширкатҳои бародарон Шлоссберг, Познанскийҳо, Крафт, Л.Кноп ва ғайра, ки дар ноҳияҳои гуногуни кишвар фаъолият доштанд, ба мисли рафоқатҳои номбурда, бо шартҳои гуногун ба деҳқонон қарз медоданд. Масалан, рафоқати «Кудрин ва К°» (рафоқати тиҷоратию саноатии осиёимиёнагии Кудрин ва К°) 27-уми июли соли 1884 (марказаш дар Москва) аз тарафи 56 нафар саҳмдорони москвагӣ, аз ҷумла ширкати Савва Морозов бо мақсади аз ҳудуди Осиёи Марказӣ ва Эрон харидани пахта ташкил карда шуда буд. Ин рафоқат дар Оренбург, Тошканд, Қӯқанд, Кошғар, Бухоро, Чорҷӯй, Марв, Ашқобод, Кучан ва Машҳад идора ва анборҳо дошт. Рафоқат деҳқонони ноҳияҳои пахтакор ва нуқтаҳои ба он наздикро бо қарзҳои гуногун таъмин менамуд.

   Умуман, фаъолияти қарздиҳии рафоқатҳо ва ширкатҳои марказии Русия дар роҳи рушди иктисоди Осиёи Марказӣ, махсусан пахтакорӣ, қадами ҷиддие буд. Маҳз онҳо дар ҳудуди кишвар барои фаъолияти васеи сармояи бонкӣ шароити мусоид ба вуҷуд оварданд. 

   Бонкҳо. Зарурати дар шароити Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама кишвари Туркистон, оғоз намудани фаъолияти бонкҳои марказии Русияро рафоқатҳо ва ширкатҳои марказии тиҷоратӣ ба миён гузоштанд, зеро намояндагони онҳо, ки дар кишвар бо корҳои тиҷорат машғул буданд, на ҳама вақт бо пули зиёд ба ин сарзамин омада метавонистанд.

   Аз ин рӯ, онҳо аз ҳукумати подшоҳӣ талаб мекарданд, ки дар кишвари дурдаст шуъбаи бонкҳои Русияро ташкил намояд. Мувофиқи талаби онҳо, 10-уми майи соли 1875 дар Тошканд аввалин ташкилоти давлатии қарздиҳӣ дар кишвар – шуъбаи Бонки давлатии Русия кушода шуд. Шуъба то соли 1890 дар сарзамини Осиёи Марказӣ ягона ташкилоти калони қарздиҳӣ ба ҳисоб мерафт ва он ба ширкату тоҷирони калон қарзи кӯтоҳмуддат (то 1 сол) медод. Минбаъд ин бонк дар шаҳрҳои Самарқанд (с.1890), Қӯқанд ( с.1893), Бухоро ( с.1894), Ашқобод ( с.1895), Андиҷону Верний (с.1911) шуъбаҳои худро кушод. 

   Аз аввали солҳои 90-уми асри XIX дар Осиёи Марказӣ бонкҳои тиҷоратӣ ё худ хусусии Русия ҳам шуъбаҳои худро кушоданд. Шумораи онҳо асосан дар ибтидои асри XX афзуд. 9 адади чунин бонкҳо дар кишвар 45 ташкилот доштанд. Он бонкҳои тиҷоратии русиягӣ, ки дар Осиёи Марказӣ ташкилотҳои худро доштанд, инҳоанд: Бонки русию осиёӣ (дар асоси собиқ бонки Русияю Чин бунёд гардидааст), Бонки тиҷорати Сибир, Бонки Азову Дон, Бонки Волгаю Кама, Бонки Муттаҳида (дар асоси собиқ Бонки тиҷорати байналмилалии Москва бунёд гарди

         

Тоқи Саррофон дap шаҳри Бухоро. Дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX ҳам яке аз марказҳои асосии тиҷорат ва иваз кардани пул буд.

дааст), Бонки русии тиҷорати беруна, Бонки тиҷорати Москва, Бонки саноати Москва ва Бонки ҳисоби Москва. Инчунин як бонки нимҳукуматии Русия – Бонки ҳисоби қарздиҳии Эрон низ дар Осиёи Марказӣ ташкилотҳо дошт. Ғайр аз ин, бонкҳои Русия боз 18 адад бонкҳои маҳаллӣ дар шакли ҷамъиятҳои қарздиҳии байнихудӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва шаҳрӣ мавҷуд буданд. Шумораи умумии ташкилоти бонкҳои марказӣ ва маҳаллӣ дар Осиёи Марказӣ ба 72 адад расида буд, ки аз онҳо дар арафаи Инқилоби Октябр 61 ададашон амал мекарданд. 

    Шуъбаҳои бонкҳо бештар дар вилояти Фарғона (22 ташкилот) ҷойгир шуда буданд. Боқӣ дар вилоятҳои Сирдарё, Моварои Хазар (Закаспий) (дар ҳар кадом 10 ташкилот), Самарқанду Ҳафтрӯд (дар ҳар кадом 9 ташкилот), яъне дар кишвари Туркистон ҷамъан 60 ташкилоти бонкӣ ҷойгир буданд. Дар аморати Бухоро 11 ташкилот ва дар хонии Хева ҳамагӣ як ташкилоти бонкӣ амал мекарданд. 

   Дар байни шаҳрҳо дар ҷойи аввал Қӯқанд, ки 10 ташкилоти бонкӣ (як шуъбаи Бонки давлатӣ, 8 ташкилоти бонкҳои хусусии марказӣ ва як бонки маҳаллӣ), дар ҷойи дуюму сеюм Бухорою Самарқанд (дар ҳар кадоми онҳо 8 ташкилоти бонкӣ) ва дар ҷойи чаҳорум Тошканд (бо 7 ташкилоти бонкӣ) қарор дошт. 

   Ғайр аз бонкҳои номбурда, дар ҳудуди кишвари Туркистон боз ду бонки марказии кишоварзӣ: Бонки Нижегороду Самара (аз соли 1899) ва Бонки Полтава (аз соли 1902) амал мекарданд. Онҳо ба соҳибони мулкҳои ғайриманқул – соҳибони заводҳо, замин, хонаҳо ва ғайра ба муҳлати аз 10 то 66 сол қарзи дарозмуддат медоданд, вале хусусиятҳои кишварро ба назар гирифта, ин бонкҳо қарзро асосан ба муҳлати 20 солу 7 моҳ додаанд.

   Бонкҳои тиҷоратии марказӣ дар сарзамини Осиёи Марказӣ мустақилона амал мекарданд. Онҳо танҳо ба садорат (правление)ашон итоат намуда, дар асоси ойинномаҳои худ фаъолият мекарданд, яъне дар маҳалҳо ҳукуматдорони подшоҳӣ ба фаъолияти бонкҳо дахолат намекарданд. 

   Дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон расман ягон ташкилоти бонкӣ ҷойгир нашуда буд. Фақат дар шаҳри Хуҷанд як ташкилоти хазинахона (казначейство) амал мекард, ки корҳои хурди бонкӣ, аз ҷумла қабул ва фиристодани қарзҳо, ба қайд гирифтани қарзҳои векселӣ ва ғайраро иҷро мекард. Вале ин чунин маъно надорад, ки сармояи бонкӣ ба сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон cap надаровардааст. Пеш аз ҳама, бояд ба эътибор гирифт, ки сармояи бонкӣ дар сарзамини Осиёи Марказӣ сарҳади амалиёт надошт. Аз ҳамин сабаб бисёр тоҷирону кордонҳои Хуҷанду Ӯротеппа ҳам аъзои фаъоли шуъбаҳои бонкии дар Самарқанд, Қӯқанд ва дигар шаҳрҳо амалкунанда ба ҳисоб мерафтанд. Масалан, шуъбаи самарқандии Бонки давлатии Русия (дар асоси маълумоти 1-уми январи соли 1915) дорои 440 нафар шахсони ваколатдор (аккредитатсияшуда) буд, ки аз онҳо 111 нафарашон аз уезди Хуҷанд (танҳо аз ш.Хуҷанд – 101 нафар, аз Ӯротеппа – 2 нафар, аз Ғӯлакандоз – 2 нафар ва ғайра) буданд. 

   Мутасаддиёни бонкҳо бо мақсади ҳарчи васеътар паҳн намудани фаъолияти худ аз хизмати миёнаравҳо: рафоқатҳо, ширкатҳо, тоҷирони бонуфуз, даллолон (комиссионерҳо) ва аробакашҳо моҳирона истифода мекарданд, зеро худи бонкҳо имкон надоштанд, ки бевосита бо истеҳсолкунандагон – деҳқонон, ҳунармандон, косибон, чорводорон ва дигарон сарукор дошта бошанд. Бинобар ин шуъбаҳои бонкҳо пулро ҳамчун қарз ба рафоқату ширкатҳо ва тоҷирони бонуфуз (бештари онҳо соҳиби заводҳои гуногун, махсусан, заводҳои пахтатозакунӣ буданд) медоданд. Рафоқату ширкатҳо ва тоҷирони калон дар навбати худ қарзи аз бонк гирифтаашонро дар байни миёнаравони нисбатан хурд: тоҷирони миёна ва хурд, даллолон (комиссионерҳо), аробакашҳо ва дигарон тақсим мекарданд. Ин гурӯҳ дар навбати худ қарзро ба истеҳсолкунандагон, аз ҷумла ба деҳқонон мерасониданд.

    Ширкатҳо ва рафоқатҳои маҳаллӣ. Нуқтаи охири қарз аз маркази ташкилотҳои бонкӣ ҳар қадар дур бошад, суди қарз ҳамон қадар ҳам меафзуд. Яъне, агар бонкҳо ба рафоқату ширкатҳо ё худ тоҷирони калон қарзро ба ивази 8-10% диҳанд, пас, дар маҳалҳои наздики бонк он қарз баъзан ба ивази 12 – 15% дастраси деҳқонон мешуд. Вале дар гӯшаҳои дурдаст, ки рақобат вуҷуд надошт, суди қарз 50 – 60% ва ҳатто аз он ҳам зиёд мешуд. Аз ин рӯ, баъзе ширкатҳо манфиатдор буданд, ки қарзро аз бонкҳо гирифта, ба маҳалҳои дурдаст баранд. Зеро дар чунин маҳалҳо, аз як тараф рақобат вуҷуд надошт, аз тарафи дигар ширкатҳо суди қарзро мувофиқи хости худ  метавонистанд баланд кунанд. 

   Дар шароити Осиёи Марказӣ амалиёти пахта шурӯъ аз кишти пунбадона то ба марказҳои саноатӣ расонидани нахи он – ҳама дар зери назорати сармоягузорони бонкҳо буданд.

  Тавре ки ишора шуд, барои мутобиқ гардонидани фаъолияти бонкҳо дар шароити Осиёи Марказӣ, махсусан, барои амалӣ гардидани амалиёти қарздиҳии онҳо, рафоқатҳо ва ширкатҳо нақши муҳим бозидаанд.  Ширкатҳо ва рафоқатҳое, ки солҳои 70–80-уми асри XIX дар Осиёи Марказӣ амал мекарданд, аксар рафоқат ва ширкатҳои москвагӣ  ё худ аз дигар шаҳрҳои марказии Русия буданд, вале онҳо ҳам дар амалиёт баҳри рушди фаъолияти худ, ба тоҷирони маҳаллӣ такя мекарданд. Дар натиҷа, минбаъд аз ҳисоби тоҷирони маҳаллӣ бунёдкунандагони ширкатҳо, баъдтар рафоқатҳои бузург сабзида расиданд, ки мисоли онро дар симои ширкатҳои бародарон Вадяевҳо, Р.Ш. Потеляхов ва дигарон дида метавонем. 

   Масалан, 24-уми ноябри соли 1894 шуъбаи қӯқандии Бонки давлатии Русия ба тоҷирони начандон номӣ бародарон Вадяевҳо (яҳудиёни бухороӣ) 50 ҳазор сӯм қарз дода буд. 21-уми июли соли 1900 ҳамон шуъба кордонии онҳоро ба назар гирифта миқдори қарзро то ба 100 ҳазор сӯм зиёд намуд. Ин гуна кумаки бонкӣ ба бародарон Вадяевҳо имкон дод, ки 28-уми феврали соли 1902 дар Қӯқанд бо номи «Хонаи тиҷоратии бародарон Вадяевҳо», бо сармояи 70 ҳазор сӯм ширкати мустақиле бунёд кунанд. Мақсади ин ширкат асосан хариду фурӯши пахта, фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва ғайра ба ҳисоб мерафт.  Кордонии Ёқуб ва Сион Вадяевҳо диққати амалдорони бонкҳои марказии Русияро ҷалб карда буд. Пас аз ташкил ёфтани ширкат, Бонки давлатӣ миқдори қарзи

       

Лаҳзаи хариду фурўши пахта дap майдони яке аз заводҳои пахтатозакунӣ.

 Вадяевҳоро боз ҳам зиёдтар намуд, ки он соли 1903 то ба 200 ҳазор сӯм ва соли 1907 то ба 250 ҳазор сӯм афзуд.

   Бародарон Вадяевҳо баъди дар Осиёи Марказӣ паҳн гардидани фаъолияти бонкҳои марказии тиҷоратии русиягӣ шахсони боэътимоди бисёре аз онҳо гардида буданд. Дар натиҷа, бародарон Вадяевҳо дар қатори Бонки давлатӣ аз дигар бонкҳои тиҷоратии марказӣ низ қарзҳои зиёди нисбатан имтиёзнок гирифта, ба амалиёт даровардаанд. Дар замони афзудани рақобати байни бонкҳо наздикшавии ширкати Вадяевҳо бо Бонки тиҷоратии марказии Русияю Осиё аҳамияти махсус дошт ва он 11-уми майи соли 1912 ба  ташкил дода шудани ширкати боз ҳам калонтари «Рафоқати тиҷоратию саноатии Вадяевҳо» боис гардид. 

   Дар рафоқат низ бародарон Сион ва Ёқуб нақши пешбар бозиданд. Аз ширкати собиқи Вадяевҳо амалиёти пахта ва заводҳои пахтатозакунӣ ба рафоқат гузашт. Охири соли 1913 дар ихтиёри ин рафоқат 9 заводи шахсии пахтатозакунӣ ва 15 заводи  иҷора, яъне ҷамъ 24 заводи пахтатозакунӣ кор мекард. Охири соли 1912 шумораи он заводҳои пахтатозакунӣ ба 28 адад расид, ки аз онҳо 12 завод моли худи ширкат ва 16 завод иҷора буд. 

   Бонки Русияю Осиё, ки дар қатори бародарон Вадяевҳо бунёдгузори рафоқат ба ҳисоб мерафт, дар муддати фаъолияти муштарак ба ширкат (солҳои 1912-1915) маблағи хеле бузурги имтиёзнок дода буд. Рафоқат маҳз ба шарофати ин бонк аз 1-уми ноябри соли 1913 то майи соли 1914 ба деҳқонони пахтакор ба миқдори зиёда аз 12,5 млн сӯм қарз додааст. Дар натиҷа, миқдори умумии қарзи ба деҳқонон додаи рафоқат зиёда аз 36 млн сӯмро ташкил намудааст. 

   Рафоқати Вадяевҳо сол то сол пурқувват мегардид. Аз панҷ як ҳиссаи пахтаи Осиёи Марказӣ танҳо ба воситаи ҳамин рафоқат ба марказҳои саноатии Русия фиристода мешуд. Дар соли 1915 рафоқат бо бонкҳои гуногун робита дошт. Вай ҳиссаи асосии саҳмҳои яке аз ҷамъиятҳои калонтарини саҳомии Русия «Салолин»-ро низ соҳиб шуд. Дар натиҷа, рафоқати Вадяевҳо дар арафаи маҳви низоми подшоҳии Русия ба қатори рафоқатҳои бузургтарини соҳаи саноати сабуки империя (махсусан, дар соҳаи пахта, равған ва маргарин) дохил гардид.

   Фаъолияти рафоқатҳо нисбат ба ширкатҳо хеле васеъ буд. Аз ин ҷиҳат ташкилёбии рафоқати Вадяевҳо ва баъд рафоқати Потеляхов аз кӯшиши бунёди иттиҳодияҳои монополистӣ дар Осиёи Марказӣ дарак медод. 

   Ташкилотҳои  хурди  қарздиҳӣ. Дар  охири  асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ чун дар тамоми империяи Русия дар шароити кишвари Туркистон ҳам яке аз вазифаҳои навбатии ҳукумати подшоҳӣ наҷот додани хоҷагиҳои деҳқонони миёнаҳол ба ҳисоб мерафт. Онҳо дар ин соҳа роҳи ягонаи наҷотро дар ҷорӣ намудани амалиёти ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ медиданд. 

   Ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ, чун дар тамоми Русия, дар кишвари Туркистон ҳам бояд мувофиқи қонуни 7-уми июни соли 1904 қабулшуда бунёд мегардиданд. Дар асоси он қонун се навъи чунин ташкилотҳо пешбинӣ шуда буд: рафоқати қарздиҳӣ, рафоқати қарздиҳии амонатӣ ва кассаҳои ҷамъиятии амонатӣ. Соли 1905 оид ба ҳар кадоми ин шаклҳо ойинномаҳои махсус таҳия карда шуд. Мувофиқи он ҳуҷҷатҳо, рафоқати қарздиҳӣ танҳо аз ҳисоби маблағи Бонки давлатӣ ташкил меёфт, бинобар ин, нисбат ба аъзои худ ҳаққи узвият надошт. Ҳангоми амалиёти мусбати рафоқат Бонки давлатӣ нисбат ба он сари чанд вақт миқдори қарзи худро зиёд мекард. Даромад ва зарари рафоқати қарздиҳӣ ба уҳдаи давлат мегузашт. 

   Рафоқати қарздиҳии амонатӣ дар асоси ҳаққи узвияти бунёдкунандагонаш ташкил карда мешуд ва даромаднокӣ, яъне ҳаққи узвияти саҳм (дивиденд) ҳам ба фоидаи аъзои он буд. Фақат баъди як соли фаъолияти мусбат чунин рафоқатҳо метавонистанд аз қарзи Бонки давлатӣ истифода кунанд. Ҳангоми пароканда ва ё қатъ карда шудани фаъолияти онҳо тамоми маблағашон дар байни аъзо – бунёдгузоронашон тақсим карда мешуд. Барои ташкил намудани ҳар ду шакли рафоқатҳои номбурда, яъне рафоқатҳои қарздиҳӣ ва карздиҳии амонатӣ, ариза бо имзои зиёда аз 20 нафар шахсони алоҳида зарур буд. Яъне ташкил намудани чунин ташкилотҳо ба ташаббуси худи истеҳсолкунандагони хурд – деҳқонон, ҳунармандон ва косибон вобастагӣ дошт. 

    Фарқи шакли сеюми ташкилот, яъне кассаҳои ҷамъияти қарздиҳии амонатӣ аз рафоқатҳои номбурда он аст, ки ин ташкилот бо ташаббуси ҷамъиятҳои алоҳида ё ҷамъиятҳои деҳотӣ ташкил карда мешуд.

    Дар шароити кишвари Туркистон аз ҳар се шакли номбурда танҳо ду шакли аввала, рафоқатҳои қарздиҳӣ ва қарздиҳии амонатӣ ташкил карда шудаанд. 

   Ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ қарзро ба таври имтиёзнок танҳо ба аъзои худ, ба миқдори барои ҳар як кас то ҳазор сӯм, ба ивази то 12%-и солона медод. Қарзи дарозмуддат то 5 сол ва кӯтоҳмуддат то 1 сол муайян карда шуда буд.

   Дар қаламрави кишвари Туркистон соли 1907 аввалин рафоқати қарздиҳӣ дар вилояти Фарғона ташкил карда шуд. Аз соли 1910 чунин рафоқатҳо ба таври оммавӣ бунёд гардиданд. Соли 1917 шумораи умумии онҳо ба 900 адад расид. Аз ин ҳисоб тахминан 340 рафоқати карздиҳӣ ва бештар аз 500 рафоқати қарздиҳии амонатӣ мавҷуд буданд. Шумораи умумии аъзои ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ танҳо дар вилоятҳои Фарғона, Самарқанд ва Сирдарёи кишвари Туркистон то ба 200 ҳазор нафар расида буд. 

   Аз сабаби он ки талаботи истеҳсолкунандагон ба қарз хеле зиёд буд, бинобар ин, баробари афзудани шумораи ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ, маблағи онҳо низ меафзуд. Фақат соли 1917 аз тарафи тамоми ташкилотҳои хурди қарздиҳии кишвар (ғайр аз вилояти Моварои Хазар) ба истеҳсолкунандагон қариб 51 млн сӯм қарзи имтиёзнок дода шуд. 

   Фаъолияти ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ноҳияҳои пахтакор, ғаллакор, чорводор, маҳалҳои ҳунармандону косибони танҳо кишвари Туркистонро фаро гирифта буд. Бисёр хоҷагиҳои ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ низ ба доираи фаъолияти ин ташкилотҳо дохил мешуданд. Ба ин фаъолияти рафоқатҳои қарздиҳии Ӯротеппа, Нов, Қистакӯз, Исфисор, Ғӯлакандоз, Исфара, Маҳрам ва ғайра мисол шуда метавонанд. Ташкилотҳои хурди карздиҳӣ баробари мустаҳкамшавӣ ва васеъ кардани фаъолияти худ инчунин, вазифаи миёнаравиро низ ба уҳда доштанд, яъне аъзояшонро бо олатҳои кишоварзӣ, пунбадонаи тухмӣ, тухми кирмак, ғалла ва ғайра таъмин мекарданд. 

   Дар шароити кишвари Туркистон ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ, барои дастгирӣ ва рушди хоҷагиҳои деҳқонони миёнаҳол, ҳунармандон ва косибон нақши муҳим бозидаанд. Ин раванд истеҳсолкунандагонро аз панҷаи миёнаравон, махсусан судхӯрон пурра халос карда натавониста бошад ҳам, ба ҳар ҳол, ба хоҷагиҳои миёнаҳол дасти ёрӣ дароз карда, қисми зиёди онҳоро аз фақру харобшавӣ эмин дошт.

  Сарчашма: 

  С.Айнӣ дар бораи амалиёти векселии бонкҳо ва миёнаравҳо, ки баъзан ба фоидаи худ, бо роҳи судхӯрӣ онро суистеъмол мекарданд, навиштааст: «...дар вақтҳои болоравии амалиёти судхӯрии Қориишкамба дар Осиёи Миёна, аз он ҷумла дар Бухоро аз тарафи буржуазияи молии Русияи подшоҳӣ бонкҳо кушода шуда, дар додугирифти савдогарон ва судхӯрони калон ба сифати ҳуҷҷати қарздорӣ вексел ҷорӣ шуда, васиқаи қозихонагӣ дар муомилотҳои пулӣ обрӯйи худро гум карда буд... бинобар ин, бештарини савдогарон ва судхӯрони калон... дар муомилоти байни худ ва дигарон ба сифати як ҳуҷҷати қатъӣ векселро қабул карданд, ки ба муқобили вай дар маҳкамаҳои Бухоро даъвоеро бардоштан мумкин набуд. 

   Вексел ду навъ буд – муҳлатнок ва бемуҳлат. Дар вексели муҳлатнок рӯзи адои қарз муайян карда навишта мешуд ва қарздор маҷбур буд, ки дар ҳамон рӯзи муайянкардашуда қарзи худро адо намояд, вагарна молу мулкаш бо музояда (торг) фурӯхта шуда, маблағи қарз рӯёнида мешуд. 

   Дар вексели бемуҳлат рӯзи адои қарз навишта намешуд ва вақти адои ин гуна қарз ба талаби қарзхоҳ вобаста буд, қарзхоҳ, кадом вақт ки хоҳад, маблағи дар вексел қайдшударо аз қарздор талаб карда гирифта метавонист. 

   Ана, ҳамин хусусияти вексели бемуҳлат, ки онро вексели сафед ҳам мегуфтанд, барои пӯст кандани деҳқонони меҳнаткаши бесавод, дар дасти судхӯрон хидмати корди буррои қассобиро ба ҷо меовард. Чунончи, як судхӯр ба як деҳқон дусад сӯм пули нақд дода, фоидаи яксолаашро, масалан, сад сӯм ҳисоб карда, ин маблағро ба тани пул зам намуда, аз деҳқон вексели сафеди сесадсӯмиро даст монда мегирифт. 

   Судхӯр ба деҳқон барои адои қарз, забонӣ як сол муҳлат дода бошад ҳам, азбаски ин мухдат дар вексел қайд намеёфт, баъд аз ду моҳ векселро ба воситаи нотариус протест кунонда, маблағи дар вай қайдшударо, яъне тани пулро бо фоидаи яксолааш аз деҳқон меситонд ва агар деҳқон надиҳад ё дода натавонад, ба воситаи иҷрокунандаи ҳукми суд ва мулозими қозӣ молу мулки ӯро ба музояда (савдои «кӣ зиёд?») фурӯшонда маблағи дар вексел қайдшударо мерӯёнид». (Ниг.: Айнӣ С. Марги судхӯр. Куллиёт. Ҷилди 4. - Душанбе, 1961. - С.8 – 9).

  Санаҳои муҳим: 

1870– пешниҳоди генерал-губернатори Туркистон Кауфман оид ба зарурати кассаҳои қарздиҳии уездӣ дар шароити кишвари Туркистон. 

1875, 10-уми май – дар шаҳри Тошканд кушода шудани шуъбаи Бонки давлатии Русия, ки аввалин ташкилоти бонкӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ мебошад. 

1876 – бунёди аввалин кассаи қарздиҳии уездӣ дар Намангон. 

1890 – 1917 – дар қаламрави Осиёи Марказӣ кушода шудани ташкилотҳои гуногуни бонкҳои марказии Русия ва ба вуҷуд омадани бонкҳои маҳаллӣ. 

1904, 7-уми июн – қонун дар бораи ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ. 

1907 – бунёди аввалин ташкилоти хурди қарздиҳӣ дар вилояти Фарғона. 

1912, 11-уми май – ташкил карда шудани рафоқати тиҷоратию саноатии Вадяевҳо.

  Савол ва супоришҳо: 

1) Кассаҳои қарздиҳии уездӣ бо кадом мақсад ва дар кадом қисми қаламрави Осиёи Марказӣ ташкил карда шуданд? 

2) Дар бораи фаъолияти қарздиҳии ширкатҳои марказии Русия дар Осиёи Миёна чӣ медонед? 

3) Бонкҳои марказии Русияро, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ амал мекарданд, номбар кунед. 

4) Миёнаравҳо киҳо буданд ва зарурати онҳо барои фаъолияти бонкҳо дар чист? 

5) Дар бораи ширкатҳо ва рафоқатҳои маҳаллӣ чӣ медонед? 

6) Бародарон Вадяевҳо чӣ тавр ба муваффақиятҳои бузург ноил гардиданд? 

7) Зарурати  барпо намудани ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ дар чист ва аҳамияти онҳоро дар чӣ мебинед? 

8) Ташаббуси ташкил намудани ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ дар ихтиёри кӣ буд? 

9) §§ 2, 18, 19 ва 20-ро такрор намоед.

Реклама