§23. ТАРКИБИ ИҶТИМОИИ ХАЛҚҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

§23. ТАРКИБИ ИҶТИМОИИ ХАЛҚҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

   Миллату халқҳо ва табақаҳои иҷтимоӣ. Дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри ХХ дар Осиёи Марказӣ асосан тоҷикон, ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, қароқалпоқҳо, ки мардуми муқимии ин сарзамин ба ҳисоб мерафтанд, зиндагӣ мекарданд. Ғайр аз онҳо, махсусан, дар шаҳрҳои бостонии Бухоро, Самарқанд ва дигар шаҳрҳо яҳудиён зиндагӣ мекарданд, ки онҳоро ба таври умум «яҳудиёни бухороӣ» мегуфтанд. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, махсусан, дар шаҳрҳои Бухорою Самарқанд ва атрофи онҳо эрониён, дар баъзе ноҳияҳои кишвар арабҳо низ мезистанд. Шурӯъ аз нимаи дуюми солҳои 60-уми асри ХХ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ муқимшавии русҳо ва дигар халқҳои аврупоӣ, ки онҳоро ба таври умум «русзабонҳо» мегуфтанд, оғоз гардид. 

   To рушди муносибатҳои молию пулӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ мардуми асосӣ аз рӯйи табақаҳои иҷтимоӣ ба деҳқонон, чорводорон, феодалон (сарватмандон ё худ заминдорони калон), рӯҳониён, тоҷирон, ҳунармандон ва косибон тақсим мешуданд. Бо рушди муносибатҳои молию пулӣ, ки аз нимаи дуюми асри XIX оғоз гардид, аз ҳисоби халқҳои маҳаллӣ низ ташаккулёбии табақаҳои нави иҷтимоӣ – коргарон ва буржуазияи миллӣ оғоз шуд. Амалдорони маҳаллӣ асосан аз ҷумлаи феодалон ва рӯҳониён, баъзан тоҷирон буданд. 

   Оғози ташаккулёбии синфи коргари миллӣ. Ибтидои ташаккулёбии синфи коргар дар Осиёи Марказӣ асосан ба солҳои 80-90уми асри XIX мувофиқ меояд, зеро бавуҷудоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни саноат ва сохтмони роҳҳои оҳан маҳз ба ин солҳо хос аст. 

   Шумораи коргарон ба иқтидори заводҳо ва корҳои сохтмони роҳҳои оҳан вобастагӣ дошт. Мувофиқи баъзе маълумот, танҳо дар кишвари Туркистон то охири асри XIX шумораи умумии коргарони корхонаҳои саноатӣ тақрибан 10 ҳазор нафар буд, ки аз онҳо 70,7%-ро намояндагони халқҳои маҳаллӣ ташкил мекарданд. Ҳиссаи коргарони маҳаллӣ, махсусан, дар вилояти Фарғона зиёд буда, он 79,3%-ро ташкил медод. Сабаби ин пеш аз ҳама  он 

          

Намои дохилии хонаи яке аз сарватмандони шаҳри Самарқанд(аввали асри XX)

аст, ки аксари мутлақи коргарони заводњои пахтатозакунї аз мардуми мањаллї буданд. Тақрибан сеяки коргарони заводҳои пахтатозакунии вилояти Фарғонаро мардуми Қаротегин, ки бечоратарин мардуми аморати Бухоро ба ҳисоб мерафтанд, ташкил мекарданд.

   Дар ибтидои асри XX қисме аз корхонаҳои Осиёи Марказӣ ҳаҷман васеъ ва сифатан беҳтар гардида, дорои шумораи зиёди коргарон мешуданд. Масалан, дар вилояти Фарғона, мувофиқи маълумоти соли 1914, дар се заводи пахтатозакунии Миркомил Муъминбоев – 125 нафар коргар, дар заводи қаннодӣ (аз лаблабуи қанд)-и Қовунчии уезди Тошканд аз ҳама зиёд – 1000 нафар коргар кор мекард, вале ҳанўз заводҳое низ буданд, ки ҳамагӣ 8 – 10 нафар коргар доштанд. 

   Дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон аввалин намояндагони сннфи коргар дар гурӯҳи ноҳияҳои шимолӣ, махсусан дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он ташаккул меёфт. Масалан, соли 1916 танҳо дар корхонаҳои саноатии уезди Хуҷанд – 416 нафар коргар, дар кони ангишти Сулукта – 580 нафар коргар кор мекарданд. Вале дар Хуҷанд ҳам ба монанди бисёр дигар шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказӣ ҳанӯз миқдори зиёди коргаронро коргарони корхонаҳои ҳунармандӣ ва косибӣ ташкил медоданд. Мувофиқи баъзе маълумот, соли 1912 шумораи чунин коргарон дар уезди Хуҷанд ба 

        

Аҳли оилаи тоҷири бадавлати яҳудии бухороӣ

2492 нафар расидааст. Аз ин аснод маълум мешавад, ки дар уезди Хуҷанд миқдори коргарони корхонаҳои ҳунармандию косибӣ нисбат ба коргарони корхонаҳои саноатӣ хеле зиёд будааст. 

    Миқдори муайяни коргарон дар корхонаҳои ҳунармандию косибии Ӯротеппа, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Ҳисор, Қаротоғ, Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Дарвоз, Ғарм ва дигар ҷойҳо низ кор мекарданд. Дар бисёри ин корхонаҳо фаъолияти меҳнатии коргарон мавсимӣ ё худ оилавӣ буд. Қисме аз коргарон бо корҳои деҳқонӣ (кишоварзӣ) ва чорводорӣ низ машғул буданд. 

    Дар сарзамини Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубии имрӯза марҳалаи ташаккулёбии синфи коргар дар ибтидои асри XIX ҳанӯз ҳам хеле суст буд. Вале яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи ташаккулёбии синфи коргар дар ин қисми Тоҷикистони тошӯравӣ он аст, ки як ҳиссаи мардуми он ҳар сол ба шаҳрҳои гуногуни кишвари Туркистон ва маркази аморати Бухоро рафта, дар заводҳо, фабрикаҳо, корхонаҳои хурди ҳунармандию косибӣ ва ҳатто дар хоҷагиҳои заминдорони водиҳои Зарафшону Фарғона кор мекарданд. Яъне дар ин сарзамин синфи коргар аз ҳисоби ҳамин гуна мардикорон ташаккул меёфт. 

    Оғози ташаккули буржуазияи миллӣ. Ҷараёни  ташаккулёбии буржуазияи миллиро рушди муносибатҳои молию пулӣ ва васеъ гардидани амалиёти сармояи бонкӣ тезонид, зеро шуъбаҳои осиёимиёнагии бонкҳои марказӣ дар шароити кишвар аз кумаАҳли ки миёнаравҳо васеъ истифода мекарданд. Аксари миёнаравҳо аз мардуми маҳаллӣ, махсусан, тоҷикон, ӯзбекҳо ва яҳудиён иборат буданд. Онҳо баробари қарзро ба истеҳсолкунандагон ба ивази суди баланд расонидан, инчунин, маҳсулотро аз истеҳсолкунандагон харида, ба рафоқату ширкатҳо ва савдогарони калон мефурӯхтанд ё агар худашон намояндаи онҳо бошанд, он маҳсулотро ба нуқтаҳои таъйиншуда мерасониданд. Дар натиҷаи чунин амалиёт миёнаравҳо оҳиста-оҳиста бадавлат мешуданд, худ соҳиби маблағ ва мулкҳои зиёд гардида, ба ташаккулёбии буржуазияи миллӣ ибтидо мегузоштанд. 

     Дар шароити Осиёи Марказӣ дар ҳайати буржуазияи ба тозагӣ ташаккулёбанда фарқи ҷиддие мавҷуд буд. Масалан, намояндагони буржуазияи миллии водии Фарғона даромади худро бештар барои ба вуҷуд овардани соҳаҳои гуногуни саноат сарф менамуданд. Аз ҳамин сабаб дар шаҳру ноҳияҳои водӣ, аз ҷумла дар уезди Хуҷанд (агарчи он аз ҷиҳати маъмурӣ ба вилояти Самарқанд дохил мешуд) соҳаҳои гуногуни саноат сол то сол меафзуд. Дар натиҷа, буржуазияи тоза ташаккулёбандаи водии Фарғона аз намояндаи буржуазияи тиҷоратӣ ба буржуазияи саноатӣ ё худ саноатию тиҷоратӣ табдил меёфт. 

    Аммо тарзи ташаккулёбии буржуазияи миллӣ дар аморати Бухоро аз тарзи ташаккулёбии буржуазияи миллии водии Фарғона тамоман фарқ мекард. Чунончи, ҳарчанд дар аморати Бухоро миллионерҳои маҳаллӣ хеле зиёд буданд, аксари онҳо даромади худро бештар ба тиллою нуқра ва дигар сангҳои қиматбаҳо табдил дода, ба сохтани заводу фабрикаҳои нав чандон ҳавасманд набуданд. Аз ин рӯ, тараққиёт дар соҳаҳои гуногуни саноати сарзамини аморати Бухоро хеле суст ба назар мерасид. Ҳол он ки эҳтиёҷ ба анвои гуногуни он, чун дар водии Фарғона, дар Бухоро ҳам зиёд буд. 

    Дар натиҷа, буржуазияи тоза тавлидёбандаи Бухоро на буржуазияи саноатӣ, балки буржуазияи тиҷоратӣ ва судхӯр ба ҳисоб мерафт. Ин  ба буржуазияи Самарқанд ва Хева ҳам хос аст. 

   Таркиби табақаҳои иҷтимоии тоҷикон. Чун дигар халқҳои муқимии Осиёи Марказӣ таркиби табақаҳои  иҷтимоии тоҷикон низ яксон набуд. Масалан, дар шароити аморати Бухоро ва кишвари Туркистон аз байни тоҷикон шахсоне баромада буданд, ки  мансабҳои гуногун, ҳатто дар шароити аморат мансабҳои масъулро ба уҳда доштанд. Масалан, дар Бухоро оилаи Арабовҳо, Мансуровҳо, Қосимхӯҷаевҳо ва дигарон чун миллионерҳои давр – намояндагони буржуазияи миллӣ ташаккул ёфта буданд. Дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва Ӯротеппа аксари тоҷирон, косибон, ҳунармандон аз ҷумлаи тоҷикон буданд. Дар қаламрави аморати Бухоро ва баъзе ноҳияю вилоятҳои кишвари Туркистон аз ҳисоби тоҷикон заминдорони калон – феодалон ҳам бисёр буданд, вале аксари тоҷикон дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX бо деҳқонӣ машғул буда, зиндагии фақирона доштанд.

  Сарчашма:

   Маъхазҳои бойгонӣ оид ба музди кор дар Осиёи Марказӣ дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX чунин маълумот медиҳанд: Дар заводи равғанкашии ширкати «К.М.Соловёв ва К°»-и воқеъ дар шаҳри Чуст, ки ҳамагӣ 75 нафар коргар дошт, музди меҳнати солонаи ҳар кадом 400–500 сӯмро ташкил медод. Агар аз ин миқдор коргари завод соле барои хӯроки худ 200 – 250 сӯм харҷ кунад, боқӣ 200 – 250 сӯми дигарро метавонист барои сарфи оилааш захира намояд, вале вазъи коргароне, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор мекарданд, нисбатан хеле душвор буд. 

  Масалан, хоҷагии Баротбой Муродбоев аз волости Маҳаллаи уезди Самарқанд иборат аз 1,5 десятина замини корам буд. Дар он якчанд нафар коргарони баромадашон аз Мастчоҳ, Панҷакент, Шаҳрисабз ва дигар мулкҳои вилояти Самарқанду аморати Бухоро кор мекарданд. Соҳиби мулк ба ивази меҳнати солонаи коргарон 40–50 сӯм (боз ду бар либос = 20 сӯм), ба ивази меҳнати моҳонаи коргарон (тобистон) 7 сӯму 50 тин, ба ивази кори рӯзбайъ 25 тин музд медод. Барои хӯроки коргари кироя соҳиби мулк дар як рӯз 12 тин харҷ мекард. Ба хароҷоти ҳаррӯза ҳарҷи нон, мевае, ки дар хоҷагӣ ҳаст (себ, ангур, анор, мавиз, зардолу, шафтолу, ғӯлинг ва ғайра), ҳар рӯз як бор хӯроки гарм, дар як ҳафта як дафъа шӯрбо, баъзан гӯштбирён ё худ оши палав, дар як рӯз ду бор чой (яъне нону чой, саҳарӣ ширчой) дохил мешуд. Ҳамаи ин хароҷот ба ҳисоби миёна дар як рӯз ба 10 – 12 тин мувофиқ меомад. (Бойгонии марказии давлатии таърихии шаҳри Москва. Ф.278. Рӯйхати 3. Ҷилди 11, Ҳуҷҷати 585, варақҳои 2-80; Рӯйхати 4. Ҳуҷҷати 178, варақҳои 78 – 80, 112).

   Санаҳои муҳим:

   Солҳои 80–90-уми асри XIX – оғози ташаккулёбии синфи коргар ва буржуазияи миллӣ  дар Осиёи Марказӣ.

   Савол ва супоришҳо:

1) Миллату халқиятҳои Осиёи Марказӣ ва табақаҳои иҷтимоии онҳо дар охири асри XIX ва аввали асри XX-ро номбар кунед.

2) Ташаккулёбии синфи коргари миллӣ кай ва чӣ тавр оғоз гардидааст? 

3) Оид ба оғози ташаккулёбии буржуазияи миллӣ чӣ медонед? 

4) Таркиби табақаҳои иҷтимоии тоҷикон дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX чӣ гуна буд? 

5) §§ 20, 21 ва 22-ро такрор кунед.