Шӯрои исломия ва Шӯрои уламо. Дар шароити кишвари Туркистон яке аз ташкилотоҳои сернуфуз Шӯрои исломия ба шумор мерафт. Он 9-уми марти соли 1917 дар шаҳри Тошканд ташкил ёфт. Яке аз ташкилкунандагони он Мунаввар-қорӣ Абдурашидов буд, ки дар марҳалаи аввал ба фаъолияти ин ташкилот сарварӣ намудааст. Дар таъсиси ин шӯро инчунин Мустафо Чоқаев (хатмкардаи шуъбаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи Петроград) ва Абдулвоҳид-қорӣ; намояндагони буржуазияи миллӣ: Миркомил Муъминбоев ва Аҳмадхон (Аҳмадбек) Темирбеков ҳисса гузоштаанд. Худи ҳамон моҳ шуъбаҳои он қариб дар тамоми шаҳрҳои кишвари Туркистон ва ҳатто маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро ташкил шуданд. Ба Шӯрои исломия намояндагони зиёиёни миллӣ, аз ҷумла ҷадидон, буржуазияи ба тозагӣ ташаккулёбандаи миллӣ, рӯҳониён, заминдорони калон (феодалон), коргарон, косибон, ҳунармандон ва деҳқонони маҳаллӣ дохил мешуданд.
Шӯрои исломия дар ҳайати Русия аз ҷиҳати миллӣ ва динӣ мухтор будани кишвари Туркистонро мехост. Нисбат ба замин тарафдори нигоҳ доштани моликияти хусусӣ буд. Он муқобили ҷудоии синфӣ буда, хостори муттаҳидии тамоми мусулмонон, аз он ҷумла мусулмонони кишвари Туркистон, яъне дар мавқеи исломгароӣ буд. Дар масъалаи миллӣ аксари сарварони он мавқеи туркпарастиро ишғол мекарданд.
16 – 23-юми апрели соли 1917 дар Тошканд анҷумани аввалини Шӯрои исломия барпо гардид. Дар он намояндагони 42 шуъбаи шӯро иштирок доштанд. Анҷуман қарор кард, ки кишвари Туркистон бояд аз ҷиҳати сиёсию фарҳангӣ кишвари мухтор ва мустақил бошад. Анҷуман Ҳукумати муваққатии Русияро эътироф намуда, сиёсати онро нисбати кишвари Туркистон маъқул шуморид. Дар анҷуман Шӯрои кишварии мусулмонони Туркистон дар ҳайати М.К.Абдурашидов, М.Чоқаев, М.Беҳбудӣ ва дигарон интихоб шуд. Аммо дар ҳайати сарварони Шӯрои исломия якдилӣ вуҷуд надошт. Муборизаи гурӯҳҳо барои ба даст овардани сарварии шӯро мушоҳида мешуд. Махсусан, намояндагони рӯҳониён аз фаъолияти он чандон қаноатманд набуданд, зеро онҳо мехостанд, ки шӯро танҳо дар асоси талабҳои Қуръони шариф ва шариат амал кунад. Инчунин, тамоми фаъолияти Шӯроро дар зери назорати худ гирифтанӣ буданд, то ин ки Шӯро аз рӯйи нақшаи онҳо амал кунад. Аксари аъзои Шӯрои исломия Қуръони шариф ва шариатро муқаддас ҳисоб кунанд ҳам, кори шӯроро мувофиқи талаботи замон пеш бурданӣ буданд. Дар натиҷа намояндагони рӯҳониён аз амалӣ гардидани мақсадҳои худ ноумед шуда, моҳи июни ҳамон сол аз ҳайати Шӯрои исломия баромаданд ва ташкилоти мустақили худро бо номи Шӯрои уламо бунёд карданд.
Ба Шӯрои уламо намояндагони рӯҳониён, заминдорони калон, қисман зиёиён, умуман онҳое, ки мақоми динро дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баланд бардошта, асосҳои шариатро пурра ҷорӣ карданӣ буданд, дохил гардиданд. 17 – 20-уми сентябри соли 1917 онҳо низ дар шаҳри Тошканд анҷуман даъват карданд. Дар он қарор карда шуд, ки шуъбаҳои шӯроро дар ҳамаи шаҳрҳои кишвари Туркистон бунёд намоянд.
Шӯрои исломия ва Шӯрои уламо оид ба такдири минбаъдаи кишвари Туркистон асосан ҳамфикр буданд, яъне онҳо мухторияти фарҳангию сиёсии кишварро тарафдорӣ мекарданд. Ба ин Анҷумани III мусулмонони кишвари Туркистон, ки бо ташаббуси шӯроҳои номбурда моҳи сентябри соли 1917 дар Тошканд ҷамъ омад, гувоҳӣ медиҳад.
Фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ. Ғалабаи Инқилоби феврал дар аввал ба фаъолияти ҳизбҳои Русия такони ҷиддӣ дод. Махсусан, он ҳизбҳое, ки тарафдори сарнагун карда шудани мутлақият буданд (аз ҷумла болшевикон, меншевикон, эсерон, сотсиалистони халқӣ ва трудовикҳо) аз натиҷаи инқилоб асосан қаноатманд буданд. Акнун онҳо фаъолияти худро ба шароити нав мутобиқ менамуданд. Масалан, болшевикон дар Русия аз фаъолияти пинҳонкорӣ баромада, бо сарварии асосгузори ҳизби худ В.И.Ленин барои ба таври осоишта ба инқилоби сотсиалистӣ табдил додани инқилоби буржуазию демократӣ тайёрӣ медиданд. Дар шароити кишвари Туркистон дар арафа ва рӯзҳои Инқилоби феврал болшевикон ва меншевикон дар доираи ташкилотҳои ягонаи сотсиал-демократӣ пинҳонӣ амал мекарданд. Назар ба марказ ҷудоии байни болшевикон ва меншевикон дар шароити кишвар ба зудӣ ба амал наомад. Ғайр аз ин, болшевикон ва меншевикони кишвар мақсади ҷудогона амал карданро ҳам надоштанд. Махсусан, меншевикони кишвар, ки нисбат ба болшевикон сершумор буданд, мақсади ягона нигоҳ доштани ташкилоти сотсиал-демократиро доштанд.
21–27-уми июни соли 1917 дар шаҳри Тошканд Анҷумани II кишварии Ҳизби сотсиал-демократӣ барпо гардид. Дар он аз 31 намоянда 11 нафар ва аз 22 ташкилот 12-тоаш ба болшевикон, боқӣ ба меншевикон тааллуқ доштанд. Дар анҷуман масъалаи «Дар бораи ягонагии ҳизбӣ» ба тарзи васеъ баррасӣ гардид. Ин аз он далолат мекунад, ки болшевикони Туркистон ҳанӯз дастури марказ «Ба муттаҳидӣ хотима гузоред!»-ро нагирифта буданд, зеро мувофиқи он болшевикон бояд аз ҳар гуна созиш бо меншевикон худдорӣ мекарданд. Дар ин анҷуман ягон нафар болшевик масъалаи ҷудоӣ аз меншевиконро ба миён нагузошт. Баръакс, мувофиқи қарори анҷуман, муттаҳидии тамоми қувваҳо ва равияҳо зарур шуморида мешуд. Инчунин, таъкид карда мешуд, ки ҷудоӣ, фраксиябозӣ боиси ҳалокати ҳаракати сотсиал-демократии Русия мегардад. Ба андешаи онҳо, гуногунии ақида аҳамият дошта бошад ҳам, он набояд сабаби азҳампошии ташкилот гардад.
Аввали моҳи июли соли 1917 дар Петроград Ҳукумати Муваққатӣ намоиши коргаронро тирборон кард ва бо ин давраи дуҳокимиятӣ дар Русия ба охир расид. Баъд аз ин ҷудоии байни болшевикон ва меншевикон боз ҳам зиёдтар шуд. Як қисми меншевикҳо мавқеи ростро ишғол карда, ба ҳизбҳои буржуазӣ наздик шуданд ва муқобили болшевикон буданд. Қисми дигари меншевикон мавқеи чапро ишғол намуда (онҳоро меншевикони интернатсионалист ҳам мегӯянд), ба болшевикон нисбатан наздик шуданд.
Ҳизби эсерҳо дар кишвари Туркистон баъди сотсиалдемократҳо аз ҳизбҳои бонуфузтарини марказӣ ба ҳисоб мерафт. Он солҳои 1907–1910 ба парокандагӣ дучор шуда, баъди инкилоби феврали соли 1917 фаъолияти худро, аз ҷумла дар кишвари Туркистон аз нав оғоз намуд ва то моҳҳои июл-август бо болшевикон якҷо амал мекард. Дар шароити кишвари Туркистон эсерҳо дар шӯроҳо аксариятро ташкил медоданд. Моҳи майи соли 1917 дар шаҳри Тошканд анҷумани эсерҳои кишвар баргузор шуд.
Эсерҳо ба қанотҳои чап ва рост тақсим шуда буданд. Дар бисёр шаҳрҳои кишвар: Самарқанд, Қӯқанд, Бухорои Нав, Хуҷанд ва ғайра нуфузи эсерони чап назаррастар буд. Онҳо сиёсати нисбат ба деҳқонон номаълуми Ҳукумати Муваққатиро ба зери танқид мегирифтанд, созиши ин ҳукуматро бо заминдорон ва буржуазияи калон сарзаниш мекарданд. Чунин мавқеъ эсерони чапро бо сотсиал-демократҳо наздик менамуд. Эсерҳои рост, баръакс, сиёсати Ҳукумати Муваққатии буржуазиро аз ҳар ҷиҳат тарафдорӣ мекарданд.
Сарчашма:
Яке аз фаъолони ҳаракати ҷадидӣ Абдуррауф Фитрат дар хитобааш ба мардуми кишвари Туркистон гуфтааст: «Мусулмонони Туркистон! Биёед, аз барои Пайғамбар, аз барои дин, аз барои илм муттаҳид шавем: ба низои байнихудӣ ва тафриқаи синфӣ чашм пӯшем, худро бо риштаҳои дӯстию иттиҳод барбандем, ки нахустпанди ислом аст, биёед, даст ба ҳамдигар диҳем». (Рӯзномаи «Ҳуррият», 1917, 25-уми июн).
Санаҳои муҳим:
1917, 9-уми март – ташкилёбии Шӯрои исломия.
1917, 16 – 23-уми апрел – анҷумани 1-уми Шӯрои исломия.
1917, май - Анҷумани Ҳизби эсерҳои кишвари Туркистон.
1917, 21 – 27-уми июн – анҷумани II кишвари Туркистонии Ҳизби сотсиал-демократ.
Савол ва супоришҳо:
1) Шӯрои исломия кай ташкил ёфт ва ташкилкунандагони он киҳо буданд?
2) Ба Шӯрои исломия кадом табақаҳои аҳолӣ дохил мешуданд?
3) Мақсади Шӯрои исломия аз чӣ иборат буд?
4) Тарафдорони Шӯрои уламо чӣ мехостанд ва чаро онҳо аз Шӯрои исломия ҷудо шуда, ташкилоти алоҳида бунёд карданд?
5) Муносибати ҳизбҳои сиёсии Русия нисбати ғалабаи инқилоби буржуазию демократии феврал чӣ тавр буд?
6) Дар шароити кишвари Туркистон фаъолияти ҳизбҳо, аз ҷумла сотсиал-демократҳо, дар арафа ва баъди Инқилоби феврал (-и соли 1917)-и Русия чӣ тавр буд?
7) §§ 26 ва 41- ро такрор кунед.
Реклама