§9. ҲУҶУМИ АВВАЛИ ҚӮШУНҲОИ АМИРИ БУХОРО

§9. ҲУҶУМИ АВВАЛИ ҚӮШУНҲОИ АМИРИ БУХОРО

   Чаро Бухорои Шарқӣ мегӯянд? Дар нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ қаламрави имрӯзаи Тољикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ, яъне водиҳои Ҳисору Вахш, мулкҳои Кӯлобу Балҷувон ва Қаротегину Дарвоз ба ҳайати аморати Бухоро дохил мешуданд. Бо сабаби дар қисми шимолу шарқии Бухоро ҷойгир будани мулкҳои номбурда, онҳоро дар қатори мулкҳои Қаршӣ, Шаҳрисабз, Ѓузор, Китоб, Шеробод, Бойсун ва Деҳнав дар адабиёти илмӣ ба таври умумӣ Бухорои Шарқӣ меноманд. Баъзеҳо таҳти ибораи Бухорои Шарқӣ танҳо водии Ҳисору Вахш, мулкҳои Кӯлобу Балҷувон ва Қаротегину Дарвозро дар назар доранд. Ин мулкҳо дар ҳайати давлатдории Бухоро на танҳо то сарнагун шудани тартиботи амирӣ, балки дар ҳайати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ҳам монданд. Онҳо танҳо дар натиҷаи тақсимоти ҳудуди миллии соли 1924 аз ҳайати давлатдории Бухоро баромада, ба қисми таркибии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дохил шуданд. 

    Вазъи Бухорои Шарқӣ. Чунонки дар боло ишора шуд, дар сарзамини аморати Бухоро мулкҳое ба монанди: Шаҳрисабз, Китоб, Бойсун, Деҳнав, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб ва ѓайра буданд, ки ҳокимони онҳо худро мустақил ҳисобида, ба ҳукумати амирӣ cap намефуроварданд. Мулки Қӯрѓонтеппа  макони кашмакаш гардида, гоҳ тобеи хони Қундуз, гоҳ Кӯлобу Балҷувон ва гоҳ тобеи Ҳисор мешуд. Амирони манѓитияи Бухоро низ барои тобеи худ гардонидани ин сарзамин ба муқобили Шаҳрисабзу Китоб борҳо ҳуҷум карда, хуни зиёде рехтанд. Ин ҷангҳои дуру дароз ҳуҷуми қӯшунҳои амири Бухоро – Насруллоро ба водиҳои Ҳисору Вахш ва дигар мулкҳои канортари Бухорои Шарқӣ ба таъхир гузошт. Хони Қӯқанд Муҳаммадалӣ (Мадалӣ) аз ин истифода карда, ба мулкҳои Дарвозу Қаротегин ва Кӯлоб лашкар кашида, муддате Қаротегину Файзободро  зери итоати худ нигоҳ дошт. Дар ҳамин давр ҳатто Обигарм ҳам худро мулки мустақил меҳисобид ва ҳокими он баъзан бо ҳокими Ҳисор меҷангид. Ин ҳама воқеаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Бухорои Шарқӣ оромӣ вуҷуд надоштааст. 

    Мардум дар Бухорои Шарқӣ бештар бо кишоварзию чорводорӣ, дар нуқтаҳои калонтарини аҳолинишин, ба монанди Кӯлоб, Ҳисор, Қаротоғ, Регар, Деҳнав ва ғайра қисме аз аҳолӣ бо косибию ҳунармандӣ низ машғул буданд. Бо ин мулкҳо тоҷирони бухороӣ, қӯқандӣ ва афғон робита доштанд. Онҳо молҳои овардаашонро ба молҳои маҳаллӣ: пӯст, писта, сангҳои қиматбаҳо, маснуоти ҳунармандию косибӣ ва ғайра иваз менамуданд. Муомилоти пулӣ танҳо дар баъзе нуқтаҳои калонтарини аҳолинишин ҷой дошт. 

    Сабабҳои ҳуҷум. Амир Музаффарро бемуваффақиятии амалиёти ҷангии соли 1866 ба муқобили қӯшунҳои рус ором нагузошт. Ӯ мехост, ки ҷойи мулкҳои аздастдодааш (Хуҷанд, Ӯротеппа, Нов, Ҷиззах ва ғайра)-ро аз ҳисоби мулкҳои Бухорои Шарқӣ пур кунад. Аз ин сабаб ӯ охири ҳамон сол ба сӯйи водии Ҳисор лашкар кашид. Албатта, муваффақияти ин ҳуҷум аз бисёр ҷиҳат ба мавқеи ҳокимони Китобу Шаҳрисабз вобастагӣ дошт, зеро ҳамон лаҳза ҳокимони Шаҳрисабз – Ҳакимбек (падари Бобобек) ва Китоб – Ҷӯрабек низ майли ба амири Бухоро итоат кардан надоштанд. Вале онҳо дар пеши ҳуҷуми қӯшунҳои рус хусумати худро нисбат ба амир як сӯ гузошта, бо мақсади зарба задан ба душмани асосӣ – қӯшунҳои ҳукумати подшоҳии рус, муваққатан бошад ҳам, бо амир якҷоя амал карданро зарур ҳисобиданд. Бо ҳамин мақсад ҳокимони номбурда ба амир Музаффар изҳори итоат намуданд, аммо амир ба садоқати онҳо бовар надошт ва бо хар роҳ маъзул намуданашонро меандешид, лекин амир барои чунин нияти худ ҳанӯз ҷуръат намекард. Ба ҳар ҳол, аз садоқати рӯякии онҳо истифода карданӣ шуд. 

    Оғози ҳуҷум ва оқибатҳои он. Амир Музаффар охири соли 1866 Шаҳрисабзро ба такягоҳи қӯшунҳои худ табдил дода, ба водии Ҳисор ҳуҷум кард. Ӯ ба душвории роҳҳои кӯҳӣ нигоҳ накарда, ҳатто тӯпҳоро низ ҳамроҳ гирифт. Баробари огоҳӣ аз ин ҳаракати амир, дар маҳалҳои Бойсун ва Деҳнав бо ташаббуси ҳокими Ҳисор Абдулкарим-додхоҳ дастаҳои ихтиёрии ин мулкҳо ҷамъ омаданд. Дар байни онҳо ҳиссаи асосиро ҳисориҳо ташкил медоданд ва бо ҳамин сабаб ҳамаи он қувваҳои умумии зиддиамирӣ чун «ҳисориҳо» ном бурда мешаванд. Бо даъвати Абдулкаримдодхоҳ ҳокими Кӯлобу Балҷувон Сарахон (Сарабек) ҳам, ки баромадаш аз қабилаи қатағани Кӯлоб буд, ҳамчун иттифоқчӣ бо қӯшунҳои худ ба майдони муҳориба ҳозир шуд. Қӯшунҳои амир махсусан дар мавзеи Амоқсой ҳарбу зарби сахт ташкил намуда, бар қувваи ҳисориҳо ғалаба карданд ва баъди он қалъаи Деҳнавро ба муҳосира гирифтанд. Муҳосираи қалъаи Деҳнав, ки асосан аз тарафи ҳисориҳо мудофиа карда мешуд, шаш рӯз давом кард. Баъди забти он аскарони амир тамоми муҳофизони қалъаро қатл ва худи қалъаро бо хок яксон намуданд. 

    Сарбозони амир баъди мағлубияти қувваҳои муттаҳидаи зиддиамирӣ дар Деҳнав ба самти Шарқ, ба дохили водии Ҳисор ҳаракат карданд. Онҳо қалъаҳои Регар, Қаротоғ, Файзобод ва ғайраро низ ба хок яксон намуданд. Абдулкарим-додхоҳ ба назди иттифоқчии худ – ҳокими Кӯлобу Балҷувон– Сарахон гурехт, вале Сарахон барои ҳифзи мансаб ва ҷони худ Абдулкаримро ҳабс намуда, ба  амир супорид ва тамоми гуноҳро ба гардани ӯ бор карда, ҷони худро нигоҳ дошт. Дар натиҷа Абдулкарим-додхоҳ ба ҳукми амир бо 20 нафар ҳаммаслаконаш дар Дарбанд қатл карда шуд. 

    Амир Музаффар баъди ин ғалабаҳо дар Бойсун, Деҳнав, Ҳисор ва Файзобод аз ҷумлаи содиқони худ ҳокимони нав таъйин карда, аввали соли 1867 ба Бухоро баргашт, зеро аз сабаби таслим шудани Сарахон ба сӯйи Кӯлоб ҳаракат карданро зарур нашуморид. Чунин ҳолат амирро то андозае хотирҷамъ ҳам карда буд. Ӯ бовар дошт, ки ҳокимони боқимондаи Бухорои Шарқӣ дигар саркашӣ накарда, дар итоати ӯ боқӣ хоҳанд монд.

  Сарчашма:

 С.Айнӣ ваҳшонияти амир Музаффарро ҳангоми ҳуҷуми якум ба водии Ҳисор чунин тасвир намудааст: «Амир Музаффар дар мамлакати Бухоро хунрезиро аз ҳад гузаронд... Вақте ки дар муҳорибаи Деҳнав ҳазор нафар асир афтод, дар пеши хаймаи худ ҳамаро cap аз тан ҷудо кунонид. Мисли махмуре, ки барои нӯшидани шароб таҳолук меварзад, бо чашми худ рехтани хуни усароро тамошо карда, ҷаллодро ба суръат амр мефармуд. Дар вақти куштани усаро, чун рӯз бегоҳ шуда, ғуруби офтобро як соат пеш фурсат намонда буд ва ҳол он ки усаро ҳанӯз чорсад нафар зинда буданд, амир ба Ҳайит ном ҷаллод амр фармуд, ки «то ғуруби офтоб бояд кори ҳамаро тамом намойӣ, вагарна, худат дар маърази қатл хоҳӣ омад». Ҳайити ҷаллод баъд аз амри қатъӣ дар фурсати як соат ҳамаро cap аз тан ҷудо кард». (Ниг.: Айнӣ С. Таърихи амирони манғитияи Бухоро. Куллиёт, ҷилди 10, с.42 – 43).

  Санаҳои муҳим:

To охири солҳои 70-уми асри XIX – мавҷудияти ниммустақилии мулкҳои Бухорои Шарқӣ. 

Охири соли 1866 ва аввали соли 1867 – ҳуҷуми аввали амири Бухоро ба водии Ҳисор.

  Савол ва супоришҳо:

1) Чаро Бухорои Шарқӣ мегӯянд ва ба он кадом мулкҳо дохил мешуданд? 

2) Вазъи мулкҳои Бухорои Шарқӣ дар замони то ба аморати Бухоро ҳамроҳ шудан чӣ гуна буд? 

3) Сабабҳои ба Бухорои Шарқӣ ҳуҷум кардани амири Бухоро – Музаффарро дар чӣ мебинед? 

4) Ҳуҷуми аввали амир Музаффар ба водии Ҳисор кай оғоз гардид ва бо чӣ анҷом ёфт?

5) Оқибатҳои ҳуҷуми аввали амир Музаффар ба водии Ҳисор ва ваҳшонияти ӯро муфассалтар шарҳ диҳед. 

6) §§ 1, 7, 8 - ро такрор кунед.

Реклама