§34. МУТТАҲИДШАВИИ АФҒОНИСТОН

§34. МУТТАҲИДШАВИИ АФҒОНИСТОН

   Оқибатҳои парокандагии мамлакат. Дар Афғонистони нимаи дуюми асри XIX халқиятҳои зиёде зиндагӣ мекарданд. Тоҷикон дар қатори паштунҳо мардуми сершумортарини ин сарзамин ба ҳисоб мерафтанд. Онҳо асосан дар музофотҳои ғарбӣ, марказӣ ва шимолу шарқӣ зиндагӣ карда, бо дигар халқиятҳо талхию ширинии замонро чашида, дар тамоми воқеаҳои давр фаъолона иштирок намудаанд. 

   Давлати Афғонистон, ки соли 1747 баъди марги Нодиршоҳи Афшор бо ташаббуси Аҳмадшоҳи Дурронӣ ташкил ва мустақил гардида буд, баъди барҳамхӯрии давлатдории Дуррониён (соли 1818) ба хониҳои мустақили феодалии Кобул, Қандаҳор, Пешовар ва Ҳирот тақсим шуд. Дар байни онҳо асосан душманӣ ҳукмфармо буд. Хонии Кобул нисбатан пуриқтидор ба ҳисоб мерафт. Дӯстмуҳаммадхон (1826 – 1863), ки фаъолияти ҳукмронии худро аз ҳамин хонӣ оғоз карда буд, барои мутамарказ кардани давлати Афғонистон кӯшишҳои зиёде намудааст. Вале тадбирҳои ӯ, махсусан дар давраи аввал, на ҳама вақт натиҷаҳои дилхоҳ ба бар меоварданд, зеро ба ин тадбирҳо ҳокимони ҷудогона муқобилати сахт нишон медоданд. Дӯстмуҳаммадхон тамоми мулкҳои қаламрави ҳукумати худро дар байни писаронаш (29 писар ва 23 духтар) тақсим карда буд.

    Ҷанги аввали Англияю Афғонистон (1838 –1842).Империалистони англис, ки дар Ҳиндустон чун мустамлика ҳукуматдории худро мустаҳкам намуда буданд, мехостанд Афғонистонро низ ба  тасарруфи худ дароранд. 

   Аз ин рӯ онҳо ба муттаҳидшавии сарзамини Афғонистон манфиатдор набуданд, баръакс, мехостанд, ки ҳарчи бештар ба чунин иқдоми пешгирифтаи Дӯстмуҳаммадхон халал расонанд. Ҳокими Панҷоб Ранҷит Сингҳ, ки аз рӯйи нақшаи англисҳо амал мекард, вилоятҳои Мултон, Кашмир ва Пешоварро забт намуд. Охири соли 1838 қӯшунҳои калони англису ҳинд Қандаҳор ва Кобулро забт намуда, ба тахти Афғонистон шоҳи гуреза Шуҷоъро нишонданд. Ин сабаби боло гирифтани муборизаи озодихоҳонаи халқҳои Афғонистон гардид. Ҳамин тавр, дар сарзамини Афғонистон аввалин ҷанги ватанӣ сар зад, ки ба муқобили ниятҳои ишғолгаронаи англисҳо нигаронида шуда буд.

   Апрели соли 1842 мардуми башӯромада шоҳ Шуҷоъро ҳангоми аз Кобул гурехтанаш дастгир намуда, чун хоин қатл карданд. Дар мавзеъҳои гуногун байни муборизони Афғонистон ва ишғолгарони англис ҷангҳои шадиде ба амал омаданд. Дар ин ҷанг англисҳо 40 ҳазор нафар аскарони худро талаф дода, шармандавор шикаст хӯрданд. Дар натиҷа, ҷанги аввали ватанӣ бо ғалабаи халқҳои Афғонистон анҷом ёфт. Аввали соли 1843 Дӯстмуҳаммадхон, ки аз соли 1840 дар Ҳиндустон буд, ба Афғонистон баргашт. 

   Дӯстмуҳаммадхон баъди бозгашт ҳам аз нияти муттаҳидкунии мамлакат даст накашида буд, вале акнун муносибати ӯ нисбат ба англисҳо хеле тағйир ёфта буд. Дақиқтар бигӯем, ӯ бо англисҳо сиёсати мусолиҳаро пеш гирифта, натиҷаи муборизаи фирӯзмандонаи халқҳои Афғонистонро хиёнаткорона барбод дод.  Дӯстмуҳаммадхон баъди соҳиби мулкҳои пешинаи худ, яъне 

       

Давлати Афғонистон дар солҳои 1747-1919

 Кобул, Ҷалолобод, Ғазнӣ ва Бомиён шудан на танҳо суръати муттаҳидшавии Афғонистонро ба муддати 20 соли дигар ба таъхир андохт, балки мамлакатро ба тобеияти англисҳо кашида, маҷбур буд, ки ҳар иқдоми худро аз назари ҳукуматдорони он гузаронад. Илова бар ин, аз тарафи 

                                  

                       Ҷанговарони афғон дap либоси зимистона (нимаи аввали асри XIX)


Дӯстмуҳаммадхон таъқиби муборизони халқӣ, ки барои наҷоти кишвар фидокориҳои зиёд мекарданд, авҷ гирифт. 

   Ба итмом расидани муттаҳидшавии Афғонистон. Дӯстмуҳаммадхон аз оғози солҳои 50-уми асри XIX барои муттаҳидсозии сарзамини Афғонистон ҷиддитар камар баст. Масалан, соли 1850 як даста қӯшунҳои ҳукуматӣ ба шимол ҳаракат карда, тамоми мулкҳои шимоли Афғонистон, ба монанди Тахористон (Қатаған), Самангон, Тошқӯрғон, Балх, Шибирғон ва соли 1859  Бадахшонро тобеи Афғонистон намуданд. Вале бар хилофи дигар мулкҳои шимолии Афғонистон, то замони Абдураҳмонхон дар Бадахшон мирҳои маҳаллӣ ҳукмронӣ мекарданд. Моҳи марти соли 1862 амир Дӯстмуҳаммадхон бо қӯшунҳои калон ба Ҳирот ҳуҷум карда, охири марти соли 1863 онро ҳам тобеи худ намуд.

   Ҳирот яке аз мулкҳои охирине буд, ки ба марказ итоат намекард. Бинобар ин, бо забти Ҳирот аз тарафи қӯшунҳои ҳукуматӣ давраи ба сифати як давлати воҳиду ягона дар сарҳади имрӯзаи худ муттаҳид шудани сарзамини Афғонистон асосан ба охир расид. Дӯстмуҳаммадхон бо ин гӯё яке аз мақсадҳои асосии худро иҷро намуд ва  моҳи июни соли 1863 дар Ҳирот вафот кард.

   Оқибати ҷангҳои хонаводагӣ. Дар аҳди Дӯстмуҳам-мадхон муттаҳидгардии Афғонистон ҳанӯз маънои онро надошт, ки ҳокимияти марказӣ пуриқтидор шуд ва мулкҳои атроф бечунучаро ба он итоат мекарданд. Ҳарчанд сарварони мулкҳои ҷудогона аз фарзандон ва ё наздикони амир буданд, ҳар кадоми онҳо орзуи мустақил будан доштанд ва ба муқобили ҳукумати марказӣ мубориза мебурданд.Чунончи, баъди марги Дӯстмуҳаммадхон ба тахт писараш Шералихон (1863–1879) нишаст. Бародари калонии Шералихон Ҷанговарони афғон дap либоси зимистона (нимаи аввали асри XIX) – Афзалхон ҳокими Мазори Шариф буд ва ба амири воқеӣ итоат кард, вале бародари дигари Шералихон – Муҳаммад Аъзамхон даъвои мансаб карда, исён бардошт.

  Бо ташвиқи ӯ Афзалхон бо писараш Абдураҳмонхон, ки ҳокими Тахористон ва Бадахшон буд, низ исён бардоштанд. Аз ин рӯ ба Шералихон лозим омад, ки соли 1864 ба сӯйи Балх лашкар кашида, онҳоро мағлуб намояд. Ӯ Афзалхонро дастгир намуда, ҳабс кард. Сардор Абдураҳмон ба Бухоро фирор намуд. Соли 1865 бародари аслии худи Шералихон – Аминхон – ҳокими Қандаҳор исён бардошт. Шералихон бо қувваи зиёд ин исёнро саркӯб намуд, ки дар ин ҷанг 8 ҳазор нафар қандаҳориҳо ҳалок шуданд. Дар байни ҳалокшудагон Аминхон ва писари худи Шералихон – Алихон ҳам буданд. Ин фоҷиа ба Шералихон чунон таъсир кард, ки ӯ муддате аз корҳои давлатӣ қатъи назар намуда, шабу рӯзро ба зиёрату ибодат мегузаронид. Аз чунин вазъият Аъзамхон ва Абдураҳмонхон (ӯ ба воситаи Шеробод дохили Афғонистон шуда буд) истифода карда, исён бардоштанд ва Кобулро ишғол карданд. Онҳо Афзалхонро аз ҳабс озод намуда, подшоҳи Афғонистон эълон карданд. Англисҳо ҳукумати навро ба зудӣ эътироф карданд, вале октябри соли 1867 Афзалхон ногаҳон вафот кард. Ба тахт Аъзамхон (1867 – 1869) нишаст. Ҷанҷоли хонаводагӣ боз аланга гирифт.

       

Арки Ҳирот, ки қасри ҳокимон ба ҳисоб мерафт

   Шералихон дар атрофи худ қувваҳои зиёдеро ҷамъ намуда, декабри соли 1868 ба Аъзамхон ва Абдураҳмонхон сахт шикаст дод. Баъди ин Абдураҳмонхон боз роҳи Бухоро ва Самарқандро пеш гирифт. Аъзамхон ба Эрон фирор кард. Ҳамин тавр Шералихон январи соли 1869 ҳукумати худро баъди ҷангҳои бардавоми хонаводагӣ, ки боиси харобӣ ва кушторҳои зиёде гардидаанд, аз нав барқарор намуд.

 Сарчашма:

 Бо андешаи Ҳақназар Назаров дар замони салтанати Дӯстмуҳаммадхон дар Афғонистон чунин ҳолат ҳукмфармо буд: «Ҳар шоҳзода дар қаламрави худ соҳибихтиёр ва ҳокими мутлақ дониста мешуд. Ғайр аз ин, қӯшунҳои низомии Афғонистон ҳам, ки аз нав ташкил карда шуданд, дар байни 5 нафар фарзанди арҷманди амир тақсим гардида буданд ва маошот ва масорифоти онҳо аз ҳисоби молиёти мардумони зери итоаташон сурат мегирифт, ки ин вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳоро хеле вазнин ва тоқатфарсо мегардонид». (Ниг.:Назаров Ҳ. Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон. Душанбе, 1998, С.170).

 Санаҳои муҳим:

1826 – 1863 – солҳои ҳукмронии Дӯстмуҳаммадхон. 

1838 – 1842 –ҷанги аввали ватанӣ дар Афғонистон. 

1863 – тобеи ҳукумати марказӣ шудани Ҳирот, ки бо ҳамин муттаҳидшавии сарзамини Афғонистон асосан ба охир расид. 

1863 – 1879 – солҳои ҳукмронии Шералихон.

 Савол ва супоришҳо:

1) Дар хусуси оқибатҳои парокандагии феодалӣ дар Афғонистон чӣ медонед? 

2) Бо кадом мақсад англисҳо ба Афғонистон cap дароварданд? 

3) Дар бораи ҷанги аввали ватании Афғонистон чӣ медонед? 

4) Муттаҳидшавии сарзамини Афғонистон асосан кай ба итмом расид? 

5) Дар бораи усули идоракунии Дӯстмуҳаммадхон нақл кунед. 

6) Оқибати ҷангҳои хонаводагӣ дар Афғонистон ба чӣ оварда расонид? 

7) §§ 1 ва 14-ро такрор кунед.

Реклама