Шаклҳои заминдорӣ ва андоз. Маълум аст, ки дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар аморати Бухоро ва хонии Қӯқанд то забти Русия ҳиссаи бузурги замин – тахминан 50%-ро заминҳои давлатӣ–амлокӣ ва 25%-ро заминҳои вақфӣ ташкил медоданд. Дар ин заминҳо асосан деҳқонони камзамину безамин кор карда, ба фоидаи хазинаи амирию хонӣ ва ташкилотҳои вақфӣ (мадрасаҳо, масҷидҳо ва ғайра) андоз – хироҷ месупориданд.
Тахминан 25%-и боқимондаи заминро мулкҳои хури холис (яъне мулкҳои аз андоз озод) ва мулкҳои хориҷӣ ташкил менамуданд. Ҳукуматдорони подшоҳӣ аз чунин тартиботи заминдорӣ қаноатманд набуданд. Баъди забти Осиёи Марказӣ, дар кишвари Туркистон дар асоси «Низомнома оид ба идоракунӣ»-и ин кишвар заминҳои давлатӣ, яъне амлокӣ ва як ҳиссаи заминҳои вақфӣ чун мулки хусусӣ бевосита ба ихтиёри истифодакунандагонаш – деҳқонон супорида шуд. Инчунин, он ҳиссаи заминҳои мулкие, ки то забтшавӣ аз андоз озод буданд, аз чунин ҳуқуқ маҳрум гардида, ба қатори заминҳои андозсупоранда дохил карда шуданд. Дар баъзе ноҳияҳо, дар асоси таҷрибаи Русия, қисме аз заминҳо ба ихтиёри обшинаҳои деҳқонӣ гузаронида шуд.
Дар кишвари Туркисгон андози давлатиро, ки аз кишоварзон, яъне деҳқонон рӯёнида мешуд «оброк» меномиданд. Ҳамаи заминҳое, ки аз онҳо оброк мерӯёниданд, ба 8 зина (разряд) тақсим карда шуд. Мувофиқи он, дар аксари заминҳои истифодашавандаи обӣ аз рӯйи даромаднокӣ андози оброкро ба ҳисоби миёна то 10% муайян кардаанд. Аз заминҳои лалмӣ аз ҳар десятина 1 сӯм 25 тин рӯёнида мешуд. Барои мардуми бодиянишин, чун андоз, аз ҳар юрт (кибитка) 2 сӯму 50 тин, барои мардуми шаҳр мувофиқи мулки ғайриманқулашон андози давлатӣ муайян кардаанд. Ҳамаи ин андозҳо ба фоидаи хазинаи подшоҳӣ ситонида мешуд. Агар соли 1896 аз мардуми кишвар ҳамчун андоз 6978720 сӯм ҷамъ карда бошанд, пас, он соли 1917 зиёда аз 33 млн сӯмро ташкил намудааст.
Дар аморати Бухоро баъди ба зери тасарруфи Русия гузашта
Лаҳзаи аз деҳқонон рўёнидани андоз – хироҷ
наш оид ба шаклҳои заминдорӣ ва андоз тағйироте ба вуҷуд наомад. Дар ин ҷо мисли пештара замин ба шаклҳои: амлокӣ (ё худ давлатӣ, ки ба он заминҳои ба ном амирӣ ҳам дохил мешавад), вақфӣ, мулкҳои хури холис ва хироҷӣ тақсим мешуданд. Чун аввал тахминан 75%-ро заминҳои амлокӣ ва вақфӣ ташкил менамуданд. Аз заминҳои амлокӣ ва хироҷӣ андоз ба номи хироҷ бояд 10%-и ҳосил ба фоидаи хазинаи амир, аз заминҳои вақфӣ ҳамин миқдор андоз ба фоидаи мадрасаю масҷидҳо ва дигар ҷойҳои муқаддас ситонида мешуд.
Андози дигари асосии пуркунандаи хазинаи ҳукумати амирии Бухоро закот ба ҳисоб мерафт. Закот чун андоз аз чорво, молҳои тиҷоратӣ ва пули нақд ситонида мешуд. Ин навъи андоз мувофиқи Қуръони шариф яке аз панҷ рукни асосии мусулмонӣ ба ҳисоб меравад. Ва он бояд ба фоидаи бенавоён ва дар роҳи Худо сарф мегардид. Мувофиқи шариати ислом, ҳар чизе, ки даромад меоварад, агар аз он закот насупоранд, ҳаром аст.
Аминона ҳам яке аз андозҳои асосии замони амирӣ ба ҳисоб мерафт. Ин навъи андозро аз ҳамаи молҳои барои фурӯхтан муайяншуда меситониданд. Дар байни молҳое, ки ба фурӯш бароварда мешуд, ҷойи намоёнро пахта, ғалла, пӯсти қарокӯлӣ, пашм, чорпо, мева, матоъҳои гуногун ва ғайра ташкил менамуданд.
Ғайр аз андозҳои номбурда, дар шароити амирии Бухоро боз даҳҳо навъи гуногуни андоз вуҷуд доштанд. Амалдорони замони амирӣ барои аз мардум зиёдтар ситонидани андоз ҳавасманд буданд. Зеро бо чунин тадбир онҳо аз як тараф, ба амир ва наздикони ӯ кордонии худро нишон диҳанд, аз тарафи дигар як ҳиссаи андози ғункардашударо аз они худ мекарданд.
Кишти пахтаи навъи амрикоӣ. Ҳанӯз дар нимаи дуюми асри Х1Х яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи пахтакории Осиёи Марказӣ иваз намудани пахтаи навъи маҳаллӣ – ғӯза, ки дар ин сарзамин аз замонҳои қадим кишт карда мешуд, бо навъи пешқадами ҷаҳонӣ – амрикоӣ буд, зеро ғӯза, ки нахи кӯтоҳ дошт, талаботи рӯзафзуни саноатчиёни Русияро қонеъ гардонида наметавонист. Аз ҳамин сабаб дар сарзамини Осиёи Марказӣ бо ташаббуси ширкатҳои марказии Русия кишти пахтаи навъи амрикоӣ оғоз ёфт.
Аввалин кӯшиши дар ҳудуди Осиёи Марказӣ паҳн намудани пахтаи навъи амрикоӣ ба замони пеш аз забтшавӣ мувофиқ меояд. Масалан, ҳанӯз солҳои 1859–1860 дар Бухоро чунин навъи пунбадонаро, ки аз тарафи тоҷирони рус оварда шуда буд, чун таҷриба кишт кардаанд, вале кишти онсола бо сабаби риоя карда нашудани қоидаҳои агротехникӣ ҳосил надод. Баъди забтшавӣ, соли 1874 дар уездҳои Тошканд, Хуҷанд ва Қурама кӯшиши кишти пахтаи навъи амрикоӣ ба миён омад, ки боз ҳам натиҷаи манфӣ дод. Бори сеюм онро соли 1882 кишт карданд ва дар шароити кишвар аввалин бор натиҷаи дилхоҳ дод. Минбаъд дар Осиёи Марказӣ кишти ин навъи пахта сол то сол зиёд гардид. Чунончи, агар соли 1885 пахтаи навъи амрикоиро қариб ба қадри ҳазор десятина кишт карда, аз он 30 ҳазор пуд пахта гирифта бошанд, пас соли 1887 чунин пахтаро дар арзи қариб 14,5 ҳазор десятина кишт карда, аз он 212 ҳазор пуд ҳосил гирифтаанд.
Дар ҳудуди аморати Бухоро ва хонии Хева аз соли 1887 бо ташаббуси рафоқати тиҷоратию саноатии осиёимиёнагии «Кудрин ва К°» кишти пахтаи навъи амрикоӣ cap шудааст. To ин вақт дар ҳудуди ин ду мулк кишти пахтаи навъи амрикоиро манъ карда буданд. Маҳз рафоқати номбурда аз амир ва хон оид ба кишти ин навъи пахта иҷозат гирифтааст.
Солҳои 80 – 90-уми асри XIX рафоқатҳо ва ширкатҳои номии марказие, ки дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Марказӣ нуфуз пайдо карда буданд: рафоқати «Кудрин ва К°», рафоқатҳои мануфактураи бузурги Ярослав, «Владимир Алексеев» ширкатҳои бародарон Шлосберг, Познанскийҳо, Крафт ва ғайра ба ҳисоб мерафтанд. Масалан, дар солҳои 1886–1887 аз тарафи рафоқати «Кудрин ва К°» дар Тошканд, Қӯқанд, Хуҷанд, Намангон, Марғелон, Бухоро, Чорҷӯй, Марв, Хева ва Дилварзин 20 ҳазор пуд пунбадонаи пахтаи навъи амрикоӣ тақсим гардидааст. Ба ғайр аз ин, худи рафоқат дар киштзорҳои дар ноҳияҳои гуногуни кишвари Туркистон доштааш қариб даҳҳазор десятина ин навъи пахтаро кишт кардааст.
Намояндаи ширкати Крафт–И.Мейеркорт ба деҳқонон пунбадонаи пахтаи навъи амрикоиро бе пул тақсим кард. Он инчунин, бо мақсади ҳавасмандӣ ба онҳое, ки пахтаи аълосифати ин навъро зиёд супоридаанд, ҳатто мукофотҳои пулӣ муайян кардааст.
Албатта, рафоқатҳо ва ширкатҳои марказӣ аз харидани пахтаи маҳаллӣ – ғӯза низ даст накашиданд, вале онҳо кӯшиш мекарданд, ки деҳқонон ҳарчи зиёдтар маҳз пахтаи навъи амрикоӣ коранд. Барои ин онҳо деҳқонони пахтакори кишварро на маҷбур, балки ҳавасманд менамуданд. Нархи хариди пахтаи навъи амрикоӣ низ нисбат ба ғӯза баландтар буд.
Ҳамин тавр, бо ташаббуси рафоқатҳо ва ширкатҳои марказии Русия аз аввали солҳои 80-уми асри XIX кишти пахтаи навъи амрикоӣ ҷорӣ карда шуд ва он сол то сол хеле вусъат ёфт. Бо вуҷуди душвориҳои молиявӣ, маҳз бо ташаббуси ширкатҳои марказӣ дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Марказӣ баъзе таҷрибаҳои пешқадами коркарди замин, махсусан, коркарди усули амрикоӣ оҳиста-оҳиста ҷорӣ карда шуд. Аз ҷумла, дар баъзе хоҷагиҳо ҳангоми шудгори замин аз плугҳо низ истифода кардаанд.
Умуман, тадбирҳои гуногуни дар соҳаи пахтакорӣ андешидашуда (пеш аз ҳама, ҳавасманд намудани деҳқонон) имкон доданд, ки дар Осиёи Марказй пахтакорӣ рушд ёбад, ҳосилнокии он нисбат ба солҳои пешин зиёд гардад ва истеҳсоли пахта хеле афзояд. Дар натиҷа, агар дар саноати бофандагии Русия ҳиссаи пахтаи ватанӣ (онро асосан пахтаи Осиёи Марказӣ ташкил медод, зеро ҳиссаи пахтаи Қафқоз хеле ночиз буд) соли 1890 тақрибан 30% ва хориҷӣ 70% бошад, пас, соли 1914 ҳиссаи пахтаи ватанӣ (ба марказ кашонидани он соли 1915 ҳам идома ёфт) тақрибан ба 70 % расиду ҳиссаи пахтаи хориҷӣ то ба 30% пойин рафт. Ин бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон Осиёи Марказӣ ба манбаи асосии ашёи хом – пахта барои саноати бофандагии Русия табдил ёфтааст.
Сарчашма:
Андоз ва маҷбурияти замин дар генерал – губернатории Туркистон дар асоси «Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркис-тон».
АНДОЗҲОИ ДАВЛАТӢ. АНДОЗИ ОБРОК
Моддаи 241
Ҳамаи заминҳое, ки аз онҳо оброк гирифта мешавад, ба 8 разряд тақсим мешаванд: – ба разряди якум заминҳое дохил мешаванд, ки аз ҳар десятинаи киштбоб ба ҳисоби миёна шаст сӯм даромад диҳанд;
– ба разряди 2-юм – аз 60 то 50 сӯм;
– ба разряди 3-юм – аз 50 то 40 сӯм;
– ба разряди 4-ум – аз 40 то 30 сӯм;
– ба разряди 5-ум – аз 30 то 25 сӯм;
– ба разряди 6-ум – аз 25 то 20 сӯм;
ба разряди 7-ум – камтар аз 20 сӯм;
– ба разряди 8-ум заминҳое дохил мешаванд, ки онҳо аз борон обёрӣ мешаванд (заминҳои лалмӣ).
Моддаи 242
Андози давлатии оброк ба миқдори зерин муқаррар карда мешавад:
– дар разряди 1-ум 10% аз даромади миёнаи умумии ҳар як десятинаи киштбоб;
– дар разряди 2-юм – аз ҳар десятинаи киштбоб 5 сӯм;
– дар разряди 3-юм – аз ҳар десятинаи киштбоб 4 сӯм;
– дар разряди 4-ум – аз ҳар десятинаи киштбоб 3 сӯм;
– дар разряди 5-ум – аз ҳар десятинаи киштбоб 2 сӯм;
– дар разряди 6-ум – аз ҳар десятинаи киштбоб 1 сӯм;
– дар разряди 7-ум – аз ҳар десятинаи киштбоб 50 тин;
– дар разряди 8-ум – аз ҳар десятинаи киштбоб 25 тин.
Моддаи 246
Ҳавлӣ, инчунин, боғу токзор ба ҳамон разрядҳое дохил мешаванд, ки аз ҷиҳати даромаднокӣ ба заминҳои даштӣ дохил карда шудаанд ва аз рӯйи ҳамон акт андоз гирифта мешавад.
Моддаи 251 Андози оброк барои ҳар як вилоят дар давоми 12 сол, аз рӯзи дар вилоят ҷорӣ гардидани он бетағйир мемонад.
Моддаи 256
Андози давлатии оброк дар як марҳала – аз 11-уми октябр то 31-уми декабри соли ҷорӣ супорида мешавад. Муҳлати имтиёзноки супоридани андози оброк то 1-уми марти соли оянда муайян карда мешавад.
Эзоҳ: Аз заминҳои лалмӣ, ки дар соли бебориш ҳосил надодаанд, бо таклифи губернаторҳои ҳарбӣ ва сардори калони кишвар гирифтани оброк якчанд сол ба таъхир андохта мешавад.
АНДОЗИ МАНЗИЛ
Моддаи 261
Кӯчманчиён барои гирифтани ҳуқуқи истифодаи хонаи зимистонӣ ва девлох (айлоқ)-ҷойҳо ба маблағи 2 сӯму 50 тин андоз медиҳанд.
Эзоҳ: Ҳар як бинои алоҳида (юрт, каппа, заминкан), хона ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 263
Баҳисобгирии хонаҳо дар кишвари Туркистон дар ҳар 3 сол як бор гузаронида мешавад ва дар ин муддат шумораи хонаҳо тағйир намеёбад.
МАҶБУРИЯТҲОИ ЗЕМСТВОӢ (ШАҲРӢ)
Моддаи 282
Аҳолии кишвари Туркистон аз маҷбуриятҳои давлатии земствогӣ озод карда шуда, фақат маҷбуриятҳои маҳаллиро ба ҷо меоранд:
1.Маҷбуриятҳои умумӣ, ки ба истеъмоли тамоми кишвар мансуб аст, ҳамаи аҳолии вилоятҳои тобеи он якҷоя ба ҷо меорад.
2.Маҷбуриятҳои вилоятӣ барои нигоҳдории идораҳои маҳаллӣ;
3.Маҷбуриятҳои хусусӣ, ки ба эҳтиёҷоту фоидаи ҷамъиятҳои ҷудогона тааллуқ дошт, дар ҷамъият бо маблағи худ ба ҷо оварда мешуд.
Эзоҳ: Ба маҷбуриятҳои вилоятӣ инчунин нигоҳ доштани муассисаҳои муваққатии доир ба тақсимоти замини кишвар дахл дорад. (Ниг.:Хрестоматияи таърихи РСС Тоҷикистон – С. 219 – 221).
С.Айнӣ дар бораи усули муайян намудани миқдори хироҷ дар замони амирии Бухоро навиштааст: «Вақти расидани ҳосил муставфии хироҷ (амлокдор) ё намояндаи он бо саворе чанд ба сари замин омада, ҳосилро аз будаш ду дараҷа зиёдтар тахмин карда, миқдори ҳаққи подшоҳиро ба қиёси он тахмин ба номи деҳқони фалакзада навишта меравад. Дар вақти тахмин як шахсе ба сифати аминӣ ба унвони намояндагии деҳқон ҳамроҳи муставфиён бошад ҳам, аз ин замин ба деҳқон нафъе намерасад, азбаски нони амин аз табақи муставфӣ равғанӣ мешавад, ин ҳам ба қадри мақдур тахминро мувофиқи дилхоҳи муставфӣ мекунад». Бинобар ин, «инҳо ихтиёр доштанд – менависад С. Айнӣ, – ки як заминро як ман (128 кг) ё даҳ ман ҳосилот тахмин намоянд. Пас дар ин сурат ҳеҷ тафовут надорад, ки амир даҳяк фармояд ё даҳпанҷ». (Ниг.: Айнӣ С. Куллиёт,Ҷилди 10. – С.111, 136).
Санаҳои муҳим:
1859 – 1860 – аввалин кӯшиши кишти пахтаи навъи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ (дар Бухоро).
1873 – кӯшиши дуюми кишти пахтаи навъи амрикоӣ.
1882 – кӯшиши сеюми кишти пахтаи навъи амрикоӣ, ки бори аввал натиҷаи дилхоҳ дод.
Савол ва супоришҳо:
1) Дар шаклҳои заминдорӣ ва андози кишвари Туркистон чӣ тағйирот ба амал омад?
2) Шаклҳои заминдорӣ ва андозу андозситонӣ дар аморати Бухоро чӣ гуна буд?
3) Дар қаламрави Осиёи Марказӣ рушд додани кишти пахтаи навъи амрикоӣ чӣ зарурат дошт?
4) Дар Осиёи Марказӣ ба кишти пахтаи навъи амрикоӣ кадом вақт аввалин бор кӯшиш карда шуд?
5) Дар бораи тадбирҳое, ки рафоқатҳо ва ширкатҳои марказии Русия дар рушди кишти пахтаи навъи амрикоӣ андешиданд, нақл кунед.
6) Осиёи Марказӣ кай ба манбаи асосии ашёи хом – пахтаи саноати бофандагии Русия табдил ёфт?
7) §§ 2, 16 ва 17-ро такрор кунед.
Реклама