§ 11. АФЗАЛИЯТИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН НИСБАТ БА СИЁСАТ

§ 11. АФЗАЛИЯТИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН НИСБАТ БА СИЁСАТ

Схемаро бодиққат омӯзед. Ба хотир оред, ки давлат чист? Таърифи шакли идоракунӣ, сохти давлатӣ ва режими сиёсиро гӯед.

1.ШАХСИЯТ ВА ДАВЛАТ. Муносибатҳои байни давлат ва инсон бояд ба эҳтирому масъулиятнокии байниҳамдигарӣ асос ёбанд. Ҳар як одами дар давлати муайян зиндагикунанда ӯхдадор мешавад, ки қонуни асосӣ ва тартиботи ҷамъиятиро эҳтиром кунад ва риоя намояд. Аз ҷониби дигар, давлат бояд барои рушди муътадили ҷомеа шароитҳои муайян фароҳам созад. Дар назди вай вазифаҳои таъмини сулҳу осоиш ва амният, ҳаёти шоистаи аҳолӣ меистанд. Амалишавии ин вазифаҳо аз сиёсати давлат вобаста аст.

Сиёсат (дар забони юнонӣ роlis - давлат) санъати идоракунии давлат, низоми муносибатҳои байни одамон бобати ташкил намудан ва истифода кардани ҳокимият аст.

Сиёсат мундариҷа, моҳият ва вазифаҳои фаъолияти ҳар як давлатро муайян мекунад. Ҳаёти сиёсиро метавон ҳамчун яке аз соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ баррасӣ кард, зеро сиёсат бо роҳи иштироки инсон ё гурӯҳи одамон дар корҳои давлатӣ амалӣ мегардад. Функсияи асосии сиёсати давлат нигаҳдорию эҳтиёт кардан ва инкишоф додани миллат, таъмини тамомияти арзии давлат ва мӯътадилии низоми давлатӣ, ҳимояи амният ва некӯаҳволии шаҳрвандони худ мебошад.

Ҳар як давлат барои амалисозии манфиатҳои миллӣ сиёсати дохилӣ ва беруниро пеш мебарад. Сиёсати дохилӣ бо ҳалли вазифаҳои ҷамъиятии дохилӣ вобаста буда, ҳалли масъалаҳои сохтмони давлатӣ ва низоми идоракунии давлатӣ, инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, болоравии некӯаҳволӣ, сифат ва давомнокии зиндагии аҳолӣ, таҳкими амният ва тартиботи ҳуқуқиро дар назар дорад. Сиёсати берунӣ фаъолияти давлат дар арсаи байналмилалиро, ки бо муносибати байни давлатҳо (пеш аз ҳама давлатҳои ҳамсоя) вобаста аст, бо мақсадҳои ҳимояи манфиатҳои умумидавлатӣ, таъмини амнияти давлат, мустаҳкамшавии мавқеи он дар ҷаҳон ва пурзуршавии таъсираш ба равандҳои ҷаҳонии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳарбӣ-сиёсӣ фаро мегирад.

Аммо сиёсати ҳам дохилӣ ва ҳам берунии ҳар як давлат мақсадҳои умумӣ доранд, ки онҳо таъмини рушди ҳамаҷонибаи инсон ва фароҳам овардани шароитҳо барои эҳтиром ва амалисозии ҳуқуқу озодиҳои асосии ӯ мебошад.

Афзалиятнокии Ҳуқуқҳои инсон нисбат ба сиёсат чунин маъно дорад, ки ҳамаи дигаргунсозиҳои давлатӣ ва ислоҳот бояд ба манфиати беҳбуди ҳаёти инсон сурат гирифта, ҳуқуқу озодиҳои ӯро коста нагардонанд. Тамоми фаъолияти давлат бояд ба амалисозии ҳуқуқҳои инсон, таъмини манфиатҳои ӯ нигаронида шавад. Бинобар ин функсияҳои сиёсии давлат дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра амалӣ мегарданд. Дар замони ҳозира сиёсати давлат бояд ба талаботи инсондӯстӣ ва эҳтироми Ҳуқуқҳои инсон асос ёбад, ки ин бешак, ба инкишофу мустаҳкамшавии сулҳ ва амният дар рӯи Замин мусоидат мекунад.

Аммо афзалиятнокии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ чун арзиши олӣ нисбат ба сиёсати давлат таърихан на ҳамеша амалӣ мегардид. Масалан, дар давлатҳои гуломдорӣ ва феодалӣ сиёсат манфиати танҳо табақаҳо ва синфҳои ҳукмронро таҷассум мекард. Чунин давлатҳо арзишнокии шахсиятро умуман эътироф намекарданд ва ҳуқуқхои инсон бошанд, моҳияти табақавӣ доштанд. Қисмати асосии аҳолӣ аз ҳуқуқу озодиҳои оддӣ маҳрум буд. Чунончи, ғуломдор ғуломро метавонист бихарад, бифурӯшад ва ҳатто бикушад. Бинобар ин сиёсат ба зӯроварию маҷбурсозӣ асос ёфта буд. Таърих бисёр мисолҳои амиқан ғалати сиёсати давлатҳоро медонад, ки ба талафоти ҷонӣ ва азобу уқубатҳои одамон оварда расондаанд.

Дар ҷаҳони имрӯза амалисозӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз навъи давлат, сиёсати давлатӣ ва режими сиёсӣ вобаста аст.

2. РЕЖИМИ СИЁСӢ ВА ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН. Зери мафҳуми режими сиёсии давлат маҷмӯи усулҳо ва методҳое фаҳмида мешаванд, ки бо ёрии онҳо мақомоти давлатӣ ҳокимияти сиёсии ба онҳо мансуббударо амалӣ мегардонанд. Ҳамагуна режими сиёсӣ механизмҳои муносибатҳои байниҳамдигарии ҳокимият: ҷомеа (халқ) ва шахсият (шаҳрванд), кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таҷассум менамоянд.

Ба хотир оред, ки кадом навъҳои режимҳои сиёсӣ ба Шумо маълуманд?

Олимон се навъи асосии режимҳои сиёсиро ҷудо мекунанд: тоталитарӣ, авторитарӣ ва демократӣ. Ба режими сиёсии тоталитарӣ ҳукмронии комили ҳокимият бар ҷомеа ва шахсият, назорати ҳамаро фарогиранда ба шаҳрвандон аз ҷониби давлат характернок аст.

Тоталитаризм (аз лот. Тоtalis-умумӣ) режими сиёсиест, ки дар он мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба хамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ бо фарогирии ҳаёти шахсии ҳар як одам назорати пурра мебаранд.

Ҳангоми режими сиёсии тоталитарӣ ҳуқуқҳои инсон қатъиян маҳдуд мешаванд; ҳокимият дар дасти табақаи ҳукмрон, ки сохтори ҳизбӣ давлатиро роҳбарӣ мекунад, ҷамъ меояд; тақсими ҳокимият ба рукнҳо рад карда мешавад; идоракунӣ ба таври максималй муттамарказ мегардад; интихобот гузаронида шавад ҳам, аҳамияти воқеӣ надорад; гуногунандешии сиёсӣ бо ҳукмронии як ҳизб иваз мешавад; идеологияҳои мухолифи идеологияи расмӣ манъ мегарданд; афкори дигар таъқиб мешавад; масъулиятнокии давлат дар назди шаҳрванд эътироф намегардад; шаҳрвандон дар механизми умумии давлат чун “мехаки оддие” баррасӣ мешаванд.

Мисолҳои таърихии ба Шумо маълуми режими сиёсии тоталитариро ба хотир оред ва гуед. Ба андешаи Шумо, оё дар даврони режими тотачитарӣ афшлиятнокии ҳуқуқҳои инсон нисбат ба сиёсат амалӣ мегардад?

Режими сиёсии авторитарӣ бо ҳокимияти бемаҳдуди як одам ва ё гурӯҳи одамон ба шаҳрвандон бо нигаҳдории озодии нисбии шахсият ва ҷомеа дар соҳаҳои ғайрисиёсӣ, масалан, дар иқтисодиёт ва фарҳанг фарқ мекунад.

Авторитаризм (аз лот. Аuctorias- ҳокимият, таъсир) режими сиёсиест, ки дар он ҳокимият дар дасти як одам (диктатор) ё гурӯҳи одамон ҷамъ омада, он бо мавҷудияти назорат аз ҷонибн давлат пеш аз ҳама ба соҳаи сиёсӣ характернок мебошад.

Дар даврони режими сиёсии авторитарӣ ҳамаи рукнҳои ҳокимият дар дасти як мақомоги давлатӣ ё одам (диктатор) чамъ меоянд; тақсимоти ҳокимнят риоя намешавад; идоракунии давлат муттамарказ аст; фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои мухолифин дар сурати мутобиқат накардани манфиатҳои онҳо бо манфиатҳои ҳизби ҳукмрон манъ карда мешаванд; фаъолияти васоити ахбори омма зери назорати давлат аст.

Мисолҳои таърихии ба Шумо маълуми режими сиёсии авторитариро ба хотир оред ва гуед.

Дар давраи режими сиёсии авторитарӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, алалхусус дар соҳаи сиёсӣ, ба таври назаррас махдуд мегарданд. Ҳатто агар ҳуқуқу озодиҳои инсон, масалан, дар соҳаҳои иҷтимоӣ ё фарҳанғӣ эътироф шуда, аз ҷониби давлат дар қонунгузорӣ таҳким ёбанд ва қнсман амалӣ шаванд ҳам, дар воқеият манфиатҳои элитаи сиёсии ҳукмрон назар ба ҳуқуқҳои ҳар як шахсияти алоҳида бартарй доранд.

Бар фарқияти режимҳои сиёсии тоталитарию авторитарӣ барои режими сиёсии демократӣ эътироф ва амалишавии вокеии ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ ва масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шаҳрвандон хос аст.

Демократия (аз юнонии Demos - халқ, сгаtos-ҳокимият) режими сиёсиес, ки ба эътирофи халк ҳамчун манбаи ҳокимият, ҳуқуқи он барои иштирок кардан дар ҳалли корҳои давлатӣ дар ҳамбастагии бо доираи васеи ҳуқуқу озодиҳо, амалншавии назорати ҷомеа (аксарият) бар ҳокимият бунёд ёфтааст.

Дар даврони режими сиёсии демократӣ инҳо эътироф мешаванд ва амалӣ мегарданд: принсипҳои давлати иҷтимоӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ; нақши волои конститутсияи бо роҳи демократӣ қабулшуда ҳамчун асоси ҳуқуқии тартиботи ҳуқуқии мавҷуда; идоракунии давлат дар асоси ба рукнҳо таксим кардани ҳокимият; озодии фаъолияти ҳамаи ҳизбҳое, ки зӯровариро пеша намекунанд; ахамияти вокеии сиёсии интихобот ва дигар шаклҳои иштироки шаҳрвандон дар раванди сиёсӣ.

Эҳтироми ҳуқуқҳои инсон, таъминот ва ҳимояи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти давлати демократӣ мебошад. Шахсият имконият дорад, ки дар идоракунии давлат фаъолона иштирок намояд. Ба ин тариқ, ба режими сиёсии демократӣ амалисозии принсипҳои зерин хос аст: баробарӣ; озодии афкор ва сухан, озодии интихобот; тақсимшавии ҳокимият; озодии иқтисодӣ; ҳимояи ҳуқуқу озодихои инсон.

—- Принсипҳои зикршудаи демократияро баррасӣ намоед. Ба андешаи Шумо,  оё ин принсипҳо афзалиятнокии ҳуқуҳҳои инсонро нисбат ба сиёсат таҷассум мекунанд?

3.МУХТОРИЯТИ ШАХСИЯТ ВА ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН. Давлат, ҷомеа ва шахсият вобастаи ҳамдигаранд ва бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Муносибатҳои одам ва давлат тавассути амалисозӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва иҷрои ӯхдадориҳои тарафайн сурат мегиранд.

Давлат ба худ ӯҳдадорӣ мегирад, ки ҳуқуқҳои инсонро эътироф менамояд, таъмин мекунад ва ҳимоя месозад. Ҳар як одам низ барои рафторҳои худ масъул аст ва дар назди давлату ҷомеа ӯҳдадориҳояшро ба ҷо меорад.

Фаъолияти давлатро мухторияти шахсият метавонад маҳдуд созад, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои ҷудогонаи одам низ бо қонуни давлат маҳдуд карда мешаванд. Мухторияти (соҳибихтиёрии) шахсият чунин маъно дорад, ки одам дар фаъолияти худ, дар интихоби рафтор озод аст. Чунин соҳаҳои фаъолияти ҳаётии инсон мавҷуданд, ки масалан, амалисозии озоди эътиқоди динӣ, ба онҳо ҳеҷ кас, ҳатто давлат ҳам, ҳуқуқи дахолат кардан надорад. Яъне ҳудудҳои 'фаъолияти давлатӣ аҳамияти махсус доранд, давлат наметавонад, ки бевосита ба ҳамаи ҳуқуқҳои инсон таъсир расонад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: сиёсат, режими сиёсӣ, тоталитаризм, авторитаризм, демократия.

Савол ва супоришҳо

1.Сиёсат чист ва ҳадафҳои асосии сиёсати имруза кадомҳоянд? Шумо маънии ибораи афзалиятнокии ҳуқуқҳои инсон нисбат ба сиёсатро чӣ тавр мефаҳмед?

2.Режимҳои асосии сиёсиро номбар карда, онҳоро тавсиф бахшед.

3.Ба андешаи Шумо, дар давраи кадом режимҳои сиёсӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бештар вайрон карда мешаванд? Ҷавоби худро бо далелҳо исбот кунед.

4.Ба фикри Шумо, дар ҷаҳони имруза чаро аксари давлатҳо барои барқароршавии демократия мекушанд?

5.Ин гуфтаи Арастуро хонед: “Ҳадафи сиёсат некӯаҳволии умум аст: халқ ва ҳокимият бояд ба қонун итоат кунанд". Ин андешаи файласуфро Шумо чӣ гуна мефаҳмед?

6.Пораи зерро аз китоби файласуф ва ҳуқуқшиноси рус И.А.Илин “Мусалламаҳои ҳокимият ” хонед: “Сиёсат ба одам ҳокимият медиҳад, вале на барои зишткорию зулму истибдод... Ҳеҷ чизи фақиртаре аз сиёсатмадори бевиҷдону бемасъулият нест... Вай тарсуи азалиест, ки комёбии сиёсӣ ба даст оварда наметавонад. Ва ҳеҷ чизи хатарноктару зараррасоне чун сиёсатмадори беқалб нест. Гирди номи ӯ метавонад шӯру магал ва ҳаёҳуй ба амал ояд, ки нодонҳо ва бадкорон онро чун “шӯҳрат ” қабул мекунанд. Аз гирди ӯ метавонад дарёи хун ҷорӣ шавад: аз вай метавонад харобиҳои даҳшатнок ва азобу уқубатҳо ба амал оянд: вале у барои халқи худ роҳҳои таърихиро пайдо карда наметавонад ”. Шарҳ диҳед, ки Шумо ин суханонро чӣ гуна мефаҳмед?

Реклама