§50. ВАЗИФАИ ҲИФЗИ ВАТАН ВА МАНФИАТҲОИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

§50. ВАЗИФАИ ҲИФЗИ ВАТАН ВА МАНФИАТҲОИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

Ватандӯсти ва амнияти миллӣ асоси сиёсати давлатии мо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

1.ҲУҶҶАТҲО ДАР БОРАИ УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. Барои одамон хонаашон пеш аз ҳама Ватан аст. Вай чун модари' ягона ва такрорнашаванда мебошад. Чунон ки модарро интихоб намекунанд, Ватан ҳам интихобнашаванда аст. Ҳифзи Ватан пеш аз ҳама ҳифзи хонаи худ ба шумор меравад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» асос ёфта, аз дигар санадҳои қонунгузорӣ, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқ1идори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.

Чунин қонун Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2005 «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» мебошад.

Қонуни мазкур муносибати вобаста ба иҷрои ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбиро аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим бахшида, салоҳиятҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти махаллии ҳокимияти иҷроияро дар ин соҳа муайян менамояд.

2. ТАРТИБИ ИҶРОИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. Ӯҳдадории умумии ҳарбии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоро дар назар дорад: дар қайди ҳарбӣ будан; омодагии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ; даъват (дохил шудан) ба хизмати ҳарбӣ; ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ; эҳтиётӣ будан, аз ҷумла даъват ба ҷамъомадҳо ва гузаштан аз ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳангоми эҳтиётӣ будан, омӯзиши ҳарбӣ дар давраи ҷанг.

Аз ӯхдадории ҳарбӣ шаҳрвандони зерин озоданд: мардҳои аз 16-сола хурд ва аз 60-сола калон, занҳои аз 18-сола хурд ва аз 50-сола калон; онҳое, ки ба сабаби вазъи саломатӣ барои хизмати ҳарбӣ ношояманд.

Иҷрои ӯхдадории умумии ҳарбии шаҳрвандонро мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, шахсони мансабдори корхонаҳо муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, дар доираи салоҳиятҳои худ таъмии мекунанд.

Аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»

Ҷавобгарии шаҳрванд ё шахси мансабдор барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ». Шаҳрванди бо даъват (даъватнома) ба комиссариати ҳарбӣ дар муҳлати нишондодашуда ба сабаби узрнок ҳозирнагашта аз хизмати ҳарбӣ саркашикарда ҳисобида шуда, дар ҳолатҳои вобаста ба ҳалли масъала оид ба даъват ба хизмати ҳарбӣ, ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ, инчунин озодшавӣ ё озодшавии муваққатии ғайриқонунӣ аз даъват ба хизмати ҳарбӣ гирифта барои саркашӣ аз даъват ба хизмати ҳарбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва дар ҳолатҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

Сабабҳои узрноки ҳозир нашудан бо даъвати (даъватномаи) комиссариати ҳарбӣ дар мавриди тасдиқи ҳуҷҷатии сабабҳои ҳозир нашудан инҳо мебошанд: беморӣ ё маъюбии шаҳрванд, ки боиси гум кардани қобилияти корӣ гаштааст; вазъияти вазнини саломатӣ ё фавти (ҳалокати) хеши наздик ё падархонди ин шаҳрванд, монеъ гардидани офати табиӣ, ё дигар ҳолатҳои ба иродаи шаҳрванд вобастанабуда, ки ӯро аз имконияти дар мӯҳлат ва ҷои нишондодашуда ҳозир шудан ба комиссарияти ҳарбӣ маҳрум сохтаанд; дигар ҳолатҳое, ки комиссияи даъватӣ ё суд онҳоро чун сабабҳои узрнок эътироф кардаанд. Ашхоси ба саркашй кардани шаҳрванд аз иҷрои уҳдадории ҳарбӣ кӯмакрасонида, ҳамчунин ба иҷрои ӯҳдадории умумии ҳарбӣ аз ҷониби шаҳрванд монеъшаванда ё вазифаҳои бо ин қонун муқарраргардидаро иҷронакарда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

3.ТАШКИЛИ БАҚАЙДГИРИИ ҲАРБӢ. Шаҳрвандон вазифадоранд дар қайди ҳарбӣ истанд, ба истиснои инҳо: онҳое, ки бо қонуни мазкур аз уҳдадории умумии ҳарбӣ озод карда шудаанд, шаҳрвандони ҷинси зан, ки ихтисоси ҳарбии баҳисобгирӣ надоранд; онҳое, ки дар шакли маҳрумият аз озодӣ ҷазои ҷиноятиро аз сар мегузаронанд; онҳое, ки аз синни эҳтиётй будан гузаштаанд; занҳои соҳиби ихтисоси ҳарбӣ-баҳисобгирӣ буда, вале бештар аз 3 кӯдакдошта. Бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандон аз ҷониби комиссариати ҳарбии ҷои истиқомат ба амал бароварда мешавад. Дар мавзеъҳои аҳолинишине, ки комиссариатҳои ҳарбӣ нестанд, бақайдгирии ибтидоии ҳарбиро ҷамоатҳо ба ҷо меоранд.

Мутобиқи қонун шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-солаи дар қайдбуда, ё онҳое, ки вазифадоранд дар қайд бошанду ҳуқуқи муваққатан озодшавӣ ё озодшавии батамом аз даъвати ҳарбӣ надоранд, барои даъват ба хизмати ҳарбӣ ба сифати аскари қаторӣ ё ҳайати сержантӣ вазифадор дониста мешаванд.

4.ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. Хизмати ҳарби навъи махсус ва афзалиятноки хизмати давлатӣ аст, ки дар иҷрои бевоситаи вазифаҳои конститутсионӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Қувваҳои мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва қисмҳои ҳарбӣ ифода ёфта, аз инҳо иборат аст: а) хизмати ҳарбӣ бо даъват дар вазифаҳои аскар ё сержантҳо; б) хизмати ҳарбӣ мувофиқи тартиботи ихтиёрй дар вазифаи прапорщикҳо; в) хизмати ҳарбӣ бо даъват ва мувофиқи тартиботи ихтиёрй дар вазифаҳои ҳайати афсарон; г) хизмати ҳарбии занон мувофиқи тартиботи ихтиёрӣ дар вазифаҳои аскарон, сержантҳо, прапоршикҳо ва ҳайати афсарон; г) хизмати ҳарбии курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ.

Шахси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда дар қувваҳои мусаллаҳ, дигар кӯшунҳо ва қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо карда наметаванад.

Аз Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбиён

5.МӮҲЛАТИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. Мӯҳлатҳои хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ чунин муқаррар шудааст: барои онҳое, ки хизмати ҳарбиро бо даъват дар вазифаҳои аскарон ва сержантхо ба ҷо меоранд - 24 моҳ ва барои онҳое, ки таҳсилоти олй доранд -18 моҳ. Огози хизмати ҳарбӣ барои шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда рузи омадан ба комиссариёти ҳарбӣ барои фиристодан ба ҷои хизмат маҳсуб мешавад.

Шаҳрванди бори аввал ба хизмати ҳарбӣ қабулшуда ва ё аз хизмати ҳарбӣ нагузаштаву бори аввал ба чамъомади ҳарбӣ даъватшуда дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ савганд ёд мекунад.

Ҷавоб шудан аз хизмати ҳарбӣ мувофиқи тартиботи муқарраркардаи Низомнома дар бораи адои хизмати ҳарбӣ сурат мегирад.

6.ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Агар одамон эҳсоси ватандӯстӣ намедоштанд, аз зебоии хонаи худ, кишвари худ, Ватани хурду бузургашон ҳаловат бурда наметавонистанд.

Ҷангҳо дар ҳамаи давру замонҳо буданд, аммо ҳазорҳо сарбозон - муҳофизони Ватан низ буданд, ки барои Ватани худ ҷони хешро дареғ намедоштанд. Торумор кардан ва рондани душман ҳамеша вазифаи муқаддаси ҳар як сокини кишвар дониста мешуд. Бо боварии том метавон гуфт, ки дар ин лаҳзаҳо онҳоро факат як чиз - муҳаббат ба Ватан ба корномаҳо ҳидоят менамуд.

Дар тарбияи ватандӯстии одамон шоирону нависандагон накши муҳим мебозанд. Фирдавсии бузург навиштааст:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба дуишан диҳем.

Ӯ баробари ватандӯстӣ ба тартибу интизом ва омодагии ҳамешагии ҷангӣ даъват кардааст:

Пароканда лашкар наояд ба кор.

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ дар шеъри «Ба Ватан» изҳор кардааст, ки тайёр аст чизи аз ҳама беҳтарин - ҷонашро дар роҳи Ватан нисор кунад:

Ман на танҳо дил, тану ҷон ҳам фидоят мекунам,

То шавам чун қаҳрамонони ту ман ҳам қаҳрамон.

Яке аз асарҳои баъди истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон иншошуда, ки арзишмандии Ватанро барои тоҷикон ва Тоҷикистониён тараннум мекунад, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муаллифаш Гулназар Келдй) мебошад. Суруди миллӣ дар мазраи дилҳои ҳар як шаҳрванд тухми садоқату муҳаббат бо Ватан мекорад ва сабз мегардонад.

Дар банди сеюми Суруди миллӣ Ватан модар ва қувваю иқтидори Ватан қувваю иқтидори халқ, саодату некӯаҳволии халқ дастоварди Ватан хонда шуда, дӯстию рафоқаги халқҳои ҷаҳон бо Тоҷикистон бо ҳастии мамлакат тавъам дониста шудааст. Дар Низомнома дар бораи Суруди миллӣ қайд шудааст, ки аз ёд донистани он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Ту модари ягонаӣ,

Бақои ту бувад бақои хонадони мо,

Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо

Зи ту саодати абад насиби мост

Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзӣ ахлоқӣ ва ватандӯстии ҳар як шаҳрванд аст.

Аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»

Ба ин тариқ, хизмати харбӣ вазифаи конститутсионӣ ва қарзи ахлоқии ҳар як ҷавонмарди ӯҳдадории ҳарбӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин занҳоест, ки ба онҳо мувофиқи тартиботи ихтиёрй ҳуқуқи ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ дода шудааст.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: уҳдадории умумии ҳарбӣ, эҳтиётӣ будан, бақайдгирии ҳарбӣ, хизмати ҳарбӣ, Ватан.

Савол ва супоришҳо:

1.Хизмати ҳарбӣ барои чӣ лозим аст?

2.Дар бораи вазифаҳои шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ оид ба қайди ҳарбӣ нақл кунед.

3.Шумо мафҳуми «ватандӯстӣ»-ро чӣ тавр мефаҳмед?

4.Хизмати ҳарбӣ чист?

5.Ба волидайнатон дар бораи масъулиятнокии вобаста ба даъвати ҳарбӣ нақл кунед.

6.Шеърҳои ба мавзӯи ватандӯстӣ бахшидашударо ҷамъоварӣ намоед.

Реклама