§ 42. ҲУҚУҚ БА МАНЗИЛ

§ 42. ҲУҚУҚ БА МАНЗИЛ

1.ҲУҚУҚ БА МАНЗИЛ: МАФҲУМ, АҲАМИЯТ. Ҳуқуқ ба манзил яке аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ дар соҳаи иҷтимоӣ мебошад. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 36) муқаррар шудааст, ки ин ҳуқуқ бо роҳи амалӣ сохтани соҳтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва инфиродӣ таъмин карда мешавад. Дар моддаи 22- и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазирии манзили шахсият (ҳуқуқи шахсӣ) таъкид шудааст. Мутобиқи қисми 2-и модда зада даромадан ба манзил ва маҳрум кардани инсон аз манзил раво нест.

Дар назари аввал басо аҷиб менамояд, ки масъалаи таъмин бо манзил ба соҳаи ҳуқуқҳои инсон тааллук дорад. Аммо омузиши қонунҳои миллӣ ва санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ, ҳамчунин фаҳмиши аҳамияти ҷои истиқомати бехавф барои таъмини шарафи одамй, тансиҳатии ҷисмонию рӯҳӣ ва сифати зиндагӣ дар маҷмӯъ ба муайян кардани омилҳои исботкунандаи робитаи мустаҳками масъалаи таъминот бо манзил ва ҳуқуқҳои инсон мусоидат мекунанд. Таъминот бо манзили кофй ба сифати яке аз талабҳои асосии қонунии инсон баррасӣ мешавад. Бе таъмини манзил дар бораи риояи ҳуқуқҳои инсон чизе гуфтан душвор аст. Мувофиқи маълумоти Маркази СММ дар бораи мавзеъҳои аҳолинишин беш аз 1 миллиард аҳолии рӯи Замин манзили кофй надоранд ва зиёда аз 100 млн. одам дар шароитҳое зиндагӣ мекунанд, ки онҳоро ба категорияи одамони бехона мансуб донистан зарур аст.

Таъмини дастрасии оби ошомиданй ва меъёрҳои санитария талаби асосиест, ки бевосита ба ҳуқуқ ба манзил алоқаманд мебошад. Мувофиқи маълумотҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ зиёда аз 1,2 млрд. аҳолии мамлакатҳои рӯ ба тарақкй ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Мафҳуми ҳуқуқ ба манзили кофй тавзеҳи худро дар ҳуҷҷати муҳими байналмилалӣ-Стратегияи глобалй дар соҳаи манзил ёфтааст, ки мундариҷаи мухтасараш чуннн аст: манзили кофй маънии ҳимояи зарурии ҳаёти шахсӣ, манзили барои зиндагӣ зарурӣ, амнияту рӯшноӣ ва ҳавотозакунаки зарурӣ, инфраструктураи заминавии зарурӣ ва ҷойгир будани манзил на дар наздикии объектҳои истеҳсолӣ ва дигар сохтмонҳои асосиро дорад ва ин ҳама бояд дастраси шаҳрвандон бошад.

Ҳуқуқ ба манзил дар санадҳои байналмилалӣ бо ду усул ифода меёбад: яке бевосита, яъне ба сифати ҳуқуқи асосии инсон, ки ба ҳар кас тааллуқ дорад ва дигаре дар қаринаи дигар гуруҳҳои ҳуқуқҳо ва озодиҳо. Ба ҳадди охир ҳуқуқ ба манзили кофӣ ҳуқуқи ҳар як кӯдак, ҳар як зан ва ҳар як мард сарфи назар аз ҷои истикомоти онҳост. Ба ин сабаб дар банди 1-и моддаи 25- и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар гуфта шудааст: «Ҳар як инсон ба чунин сатҳи зиндагӣ, аз ҷумла хӯрок, пӯшок, манзил, нигоҳубини тиббӣ ва таъминоти зарурии иҷтимоие, ки барои нигоҳдории сиҳатӣ ё дигар ҳолатҳси маҳрумият аз воситаҳои зиндагӣ, ки бо сабабҳои новобаста аз ӯ ба вуҷуд меоянд, ҳақ дорад». Дар банди 1-и моддаи 11-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ омадааст: «Давлатҳои иштирокдори ин Паймон ҳуқуқи ҳар касро ба сатҳи кофии зиндагӣ барои худи ӯ ва оилааш. ки ғизо, либос ва манзили кофӣ ва муттасил беҳшавии шароитҳои зиндагиро фаро мегирад, эътироф менамоянд». Ғайр аз ин ҳуҷҷатҳо ҳуқуқи ҳар кас ба манзили кофй дар Конвенсияи пешрафти иҷтимоӣ ва рушд (соли 1969) ва Конвенсияи Ванкувер дар бораи мавзеъҳои аҳолинишин (соли 1976) тасдиқ карда шудааст. Мутобиқи моддаи 5-и Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 11 январи соли 1995 тасдиқ кардааст, давлатҳои иштирокдор ӯҳдадор мешаванд, баробарҳуқуқии одамонро дар масъалаи амалисозии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ба манзил пурра таъмин намоянд. Дар моддаи 14-и Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон, ки Ҷумҳурии Тоҷистон онро 25 октябри соли 1993 тасдиқ кардааст, сухан дар бораи барҳам додани ҳамаи навъҳои маҳдудсозии ҳуқуқҳои занон дар ноҳияҳои деҳотӣ ва таъмин намудани занон бо шароитҳои зарурии зиндагӣ, алалхусус шароитҳои манзилй, шароитҳои санитарӣ ва таъмин бо қувваи барқ ва об меравад.

Дар моддаи 27-и Конвенсия дар бораи Ҳуқуқҳои кудак сухан дар бораи ҳуқуқҳои махсуси манзили кӯдакон меравад, ки ҳамчун ҳуқуқҳои волидон ва дигар ашхоси тарбияткунандаи кӯдак дар таъминот бо ғизо, либос ва манзил дар назар дошта мешавад. Дар ниҳояти кор дар моддаи 37-и Конвенсияи СММ ва тавсияхо ба ҷомеаи ҷаҳонии меҳнат масъалаи таъминоти одамон бо манзил чун унсури табиӣ ва ҳатмӣ ва мақоми ҳуқуқии инсон тасдик карда шудааст.

2.ТАЪМИНИ ИҶРОИ ҲУҚУҚ БА МАНЗИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Бояд қайд кард, ки ҳамаи ҳуқуқҳои дигари инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба йтъну эътибори инсонӣ, ҳуқуқ ба дараҷаи арзандаи ҳаёт, ҳуқуқ ба интихоби озодонаи ҷои зист, ҳуқуқ ба озодии фикр ва ассосиатсияҳо, ҳуқуқ ба амнияти шахсӣ ва ғайра барои амалисозӣ, истифода ва соҳибихтиёрии ҳуқуқ ба манзили кофӣ шарти зарурӣ ба шумор мераванд. Дар айни замон мавҷудияти дастрасӣ ба манзили бехавф ба одамон имконияти истифодаи дигар ҳуқуқҳоро низ медиҳад. Ба ин тариқ, таъмини ҳуқуқ ба манзил асоси боэътимоди истифодаи дигар ҳуқуқҳои инсон мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ҳуқуқи худро ба манзил бо роҳи сохтмони давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва инфиродӣ таъмин карда метавонанд Сохтмони давлатии манзил аз ҷониби давлат ба амал бароварда шуда, он манзил ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд тақсим карда мешавад. Сохтмони ҷамъиятӣ аз ҳисоби корхонаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, амалӣ мегардад. Сохтмони кооперативӣ аз воситаҳои пулии шаҳрвандон, ки дар кооперативҳои сохтмонии манзил муттаҳид шудаанд, амалӣ карда мешавад. Сохтмони инфиродӣ аз хисоби воситаҳои пулии ҳар шаҳрванд бо мақсади иқомати минбаъда дар он сурат мегирад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминот бо манзил асосан бо роҳи ҷалб кардани воситаҳои пулии давлатӣ, шаҳрвандон, ташкилот ва корхонаҳо барои сохтмони манзил ба амал меояд.

Ашхоси барои гирифтани манзил дар назди ҳукуматҳои маҳаллӣ дар навбат истода аз ҳисоби фонди давлатии манзил бо хона таъмин карда мешаванд.

Ташкилоту корхонаҳои фонди манзилй дошта кормандони худро мувофиқи тартиботи муқарраркардаи қонун бо манзил таъмин мекунанд. Агар онҳо фонди махсуси манзилӣ надошта бошанд, коргарон ва хизматчиёнро вобаста ба имкониятҳои мавҷуда бо манзил таъмин менамоянд. Яке аз роҳҳои беҳтарини таъмин кардани эҳтиёҷмандон бо манзил сохтмони кооперативии манзил мебошад.

Дар айни замон сохтмони хусусии манзил хеле вусъат пайдо кардааст. Барои сохтмони манзили шахсӣ ҳукуматҳои маҳаллӣ қитъаҳои замин ҷудо мекунанд.

Қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини мӯътадили ҳуқуқ ба манзилро тавассути чораҳои махсус, ки дар дахлнопазирии манзил, раво набудани маҳрум кардан аз манзил, шакли судии ҳифзи ҳуқуқҳои манзилй ифода мегардад, дар назар дорад.

Зери мафҳуми дахлнопазирии манзил роҳ надодан ба ҳодисаҳои зада даромадан ба манзил дар назар аст. Зада даромадан ба манзил танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, мувофиқи нишондоди қонун, раво аст.

Қонунгузории амалкунанда ду ҳолати аз манзил маҳрум кардани соҳиби онро пешбинӣ менамояд: агар манзиле, ки дар он одам зиндагӣ мекунад, * дар ҳолати садамавӣ қарор дошта бошад; агар шахс онро бо вайрон кардани тартиботи муқарраршуда гирифта бошад. Дар ҳолати якум манзил дар натиҷаи омилҳои гуногун ба ҳолати садамавй расида ба ҳаёту саломатӣи шаҳрванд ва аъзои оилаи ӯ хавф дорад. Бо мақсади бартарафсозии чунин хатар тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда, аз ҷумла бо роҳи додани манзили дигар шаҳрванд аз манзили аввала маҳрум карда мешавад. Дар ҳолати дуюм агар шахс манзилро худсарона, бо вайрон кардани тартиботи муқарраршуда соҳиб шуда бошад, вай аз ин манзил бе додани манзили дигар берун карда мешавад.

Ба ҷуз ду ҳолати зикршуда шаҳрванд ҳамчунин мувофиқи тартиботи судӣ аз манзил маҳрум карда мешавад. Қонунгузорӣ мувофиқи тартиботи судӣ аз манзил берун карданро бо додан ё надодани манзили дигар пешбинӣ менамояд. Аз манзил берун кардани шаҳрванд бо надодани манзили дигар дар ҳолатҳои зерин мумкин аст: 1). Агар соҳибхона ва аъзои оилаи ӯ ва дигар ашхоси якҷоя бо онҳо зиндагикунанда ба таври доимӣ манзилро нообод созанду вайрон кунанд (дагалии беасос, баланд кардани овози радио, телевизор ва магнитофон баъди соати 23-и шаб, горатгарӣ ва ғайра) ва чораҳои огоҳию таъсиррасонии ҷамъиятӣ (огоҳсозии ҳамсояҳо ва милитсия) ба' онҳо асаре нарасонад; 2). Агар вай манзилро мувофиқи таъинот истифода накунад ва чораҳои огоҳсозию таъсиррасонй натиҷаҳои мусбат надиҳанд, ҳамчунин истифодаи манзил чун анбор, магоза, ҷои хизматрасонии коммуналй - дар ин ҳолатҳо масъалаи аз манзил берун кардани шаҳрванд бе додани манзили дигар ба миён меояд; 3) Агар онҳо бо вайронкунии доимии қоидаҳои хобгоҳ дар хона ё бино якҷоя зиндагӣ кардани дигар шаҳрвандонро имконнопазир гардонанд ва чораҳои огоҳсозию таъсиррасонии ҷамъиятӣ натиҷаҳои мусбат ба бор наоранд. Чун қоида, дар чунин ҳолатҳо соҳиби хона огоҳ карда мешавад, ки минбаъд қоидаҳои иқомати якҷояро вайрон накунад. Агар ин огоҳсозиҳо натиҷае набахшанд, соҳиби манзил ва аҳпи оилаи у мувофиқи тартиботи судӣ аз ин манзил бе додани манзили дигар берун карда мешаванд; 4) Агар волидон аз ҳуқуқи волидайнй маҳрум гардида бошанд ва зиндагии якҷоя бо кӯдакон, ки нисбати онҳо ҳуқуқи волидайнй маҳрам карда шудааст, имконнопазир дониста шуда бошад. Он гоҳ ба манфиати кӯдакон одамони манфиатдор (мақомоти васоят ва парасторӣ ва дигарон) ҳуқуқ доранд, талаб намоянд, ки ин волидон бе додани манзили дигар аз ин манзил берун карда шаванд; 5) Ба ҷуз ин ҳолатҳо берун кардани шаҳрвандон аз манзил мувофиқи тартиботи зерин мумкин аст: а) агар соҳиби манзил худсарона бозсозй карда, тарҳи хонаро дигаргун сохта бошаду ин амали у барои ҳаёти дигар бошандагони бино хавф орад ва ба шакли аввала баргардондани ҳолати хона имконнопазир бошад; б) дар ҳолатҳои ғайриқонунӣ дониста шудани ҳуҷҷати (ордери) манзил, ки шахс онро бо роҳи ғайриқонунӣ гирифтааст; в) агар иҷоранишин баъди огоҳсозй хонаро озод накарда бошад; г) агар истиқоматкунандаи муваққатӣ озод кардани хонаро рад кунад.

Инҳо ҳолатҳои истисноианд. Дар ҳолатҳои дигар истиқоматкунанда ва аъзои оила ӯ мувофиқи тартиботи судӣ бо додани манзили дигар аз ин манзил берун карда мешаванд. Чунин ҳолатҳо ҳангоми вайрон кардани бино, дигаргунсозии он, дар сурати қатъ гардидани қарордоди меҳнатӣ бо ташкилот ва корхонае, ки манзил додааст ва ғайра ба амал меоянд.

Мaфҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқ ба манзш, манзили давлатӣ, манзили хусусӣ, манзили кооперативӣ, манзили ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ба манзили кофӣ.

Савол ва супоришҳо:

1.Ҳуқуқи ҳар кас ба манзил чӣ маъно дорад? Чаро ҳуқуқ ба манзил ҳуқуқи иҷтимоист?

2.Санадҳои меъёрии байналмилалӣ ва миллиеро номбар кунед, ки ҳуқуқи манзилро кафолат медиҳанд?

3.Чаро таъмин кардан бо манзил яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон маҳсуб мешавад?

4.Аз алоқамандии ҳуқуқ ба манзил бо дигар ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд мисолҳо оред.