§ 45. ТАВСИФИ УМУМИИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ФАРҲАНГӢ

1.ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ФАРҲАНГИИ ИНСОН: МАФҲУМ, ХУСУСИЯТҲО. Ҳуқуқ ва озодиҳои фарҳангӣ гурӯҳи махсуси ҳуқуқҳо мебошанд, ки рушди маънавии инсонро кафолат дода, ба шахс кӯмак мекунанд, иштирокдори пешрафти маънавӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ гардад. Онҳо аз ҷониби инсон дар раванди фаъолияти маънавӣ ва эҷодӣ ва шиносоӣ бо зебоӣ амалӣ гардонда мешаванд.

Истилоҳи «фарҳанг» (дар забони лот. СULTURE-руёнидан, сабзонидан) дар ибтидо маънии соҳиби донишҳо ва таҷриба шудани инсонро дошт. Ба маънии васеъ зери мафҳуми фарҳанг ҳамаи дастовардҳои инсоният, ҳамаи он чи ки инсон офаридааст, фаҳмида мешавад. Аз ин рӯ фарҳангро ба моддӣ ва маънавӣ ҷудо мекунанд. Фарҳанги моддӣ соҳаи истеҳсолоти моддӣ: техника, васоити коммуникатсия, биноҳо, иншоот, нақлиёт, роҳҳо, манзил, асбобҳои рузгор, либос ва ғайраро фаро мегирад. Фарҳанги маънавӣ дар худ соҳаи истеҳсолоти маънавӣ ва натиҷаҳои он: дин, фалсафа, ахлоқ, санъат, илм, анъанаҳо, одатҳо ва ғайраро шомил месозад. Байни фарҳанги моддӣ ва маънавӣ ягонагии амиқ мавҷуд аст, зеро ҳар дуи онҳо натиҷаи фаъолияти инсон мебошанд, ки дар саргаҳашон дар ниҳояти кор ибтидои маънавӣ-ғояҳо, лоиҳаҳо, андешаҳои инсон, ки ӯ ба шакли моддӣ муҷассам месозад, меистанд.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳанги маҷмӯи ҳуқуқҳо ва озодиҳое мебошанд, ки имкониятҳои инсонро оид ба амалӣ гардонидани муносибатҳои фарҳангии ба рушди маънавии ҷомеа нигаронидашуда ифода менамоянд.

Ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ мансубанд: ҳуқуқи таҳсил, ҳуқуқи озодона иштирок кардан дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, ҳуқуқи дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, ҳуқуқ ба эҷодиёт, ҳуқуқи истифодаи натиҷаҳои пешрафт ва ғайра. Ҳамаи онҳо дар низоми ягона байни ҳам алоқаманданд.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ барои рушди ҳар як инсон, ҷомеа ва давлат аҳамияти муҳимтарин доранд. Рушди фарҳанг ҳуқуқ ва қарзи ҳар як миллат аст. Ба ҳар кас дастрасӣ ба дониш ва имконияти ҳаловат бурдан аз санъат ва адабиёти ҳамаи халқҳо, иштирок кардан дар пешрафти илм дар ҳамаи гӯшаҳои кураи Замин, истифода намудан аз неъматҳои он ва кӯмак кардан ба ҳаёти фарҳангӣ бояд таъмин карда шавад. Ҳамаи давлатҳо бобати демократикунонии фарҳанг, таъмини ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ, кафолатҳои ширкат варзидан дар натиҷаҳои он бе ягон маҳдудият бояд тадбирҳо андешанд. Давлатҳо вазифадоранд, ки барои ҳифзи озодии эҷодиёт шароитҳо фароҳам оранд, ба кормандони эҷодӣ кӯмак расонанд, онҳоро бо ҳуқуқи таъсис додани иттифокҳои касаба баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои худ ва ғайра таъмин намоянд.

Дар сатҳи байналмилалӣ дастгирй ва ҳифзи ҳуқуқҳои фарҳангии инсон бевосита ба доираи вазифаҳои дар назди ташкилоти махсусгардонидашудаи СММ-ЮНЕСКО истода дохил мешаванд. Ба ҳуқуқҳои фарҳангӣ хусусиятҳое хосанд, ки онҳоро аз дигар гуруҳҳои ҳуқуқҳо ва озодиҳо фарқ мекунонанд. Онҳо бо тавлиди муносибатҳои фарҳангӣ дар ҷомеа, бо пайдошавии озодии эҷодиёт ба миён меоянд, вале чун анъана онҳоро ба насли дуюми ҳуқуқҳо мансуб медонанд, зеро эътироф ва таҳкими ҳуқуқии онҳо ба миёнаҳои асри XX рост меояд.

Ҳуқуқхо ва озодихои фархангй ба хар кас аз лахзаи таваллуд тааллук дошта, аз шахрвандй ва ё раияти ин ё он давлат будани инсон вобаста нестанд. Онҳо дар худ асосан озодиҳои гуногунро таҷассум мекунанд, масалан, озодии ҳар кас ба эҷодиёт, озодии истифода аз воситаҳои ахбори омма ва ғайра.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ метавонанд инфиродӣ ё дастаҷамъона бошанд. Масалан, ҳуқуқи таҳсил, ҳуқуқи истифода аз забони модарӣ, ҳуқуқи муаллифии асари адабӣ ё мусиқӣ ба таври инфиродӣ амалӣ мешаванд, аммо ҳуқуқи нигоҳдории фарҳанги миллӣ, одатҳо, эътиқод, ки ба ақаллиятҳои миллӣ, миллатҳо ва халқҳои алоҳида тааллуқ доранд, дастаҷамъӣ мебошанд.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ бо мақсади таъмини эътирофи зарурӣ ва эҳтироми Ҳуқуқҳо ва озодиҳои дигар одамон, маънавият. тартибот ва некӯаҳволӣ дар ҷомеа метавонанд ба таври қонунӣ маҳдуд карда шаванд. Масалан, озодии эҷодиёт чунин маънӣ надорад, ки ба одам ҳама чиз мумкин бошад, бинобар ин вай дар асарҳои худ набояд меъёрҳои ахлоқию маънавӣ ё қоидаҳои ҳуқуқиро вайрон кунад. Асарҳои адабй, мусиқӣ, бадеӣ, иттилоот дар ВАО набояд нажодпарастй, миллатгароӣ, душманй, бадбинии иҷтимоию диниро тарғиб кунанд.

2.НИЗОМИ ҲУҚУҚҲОИ ФАРҲАНГӢ. Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ байни ҳам алоқаманданд ва низоми ягонаро мемонанд. Низоми ҳуқуқҳои фарҳангӣ дар моддаҳои 26-27-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар. моддаҳои 13-15-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ зикр гардидааст. Ҳуқуқ ва озодиҳои фарҳангӣ ҳамчунин дар конститутсияҳо ва қонунгузориҳои бисёр мамлакатҳои ҷаҳон инъикос ёфтаанд.

Моддаҳои зикршудаи ин санадҳои байналмилалиро бодиққат омузед: дар онҳо кадом ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таҳким ёфтаанд ва кафолат дода шудаанд?

Ҳамаи ҳуқуқ ва озодиҳои фарҳангӣ байни ҳам алоқаманд буда ва онҳо дар якҷоягй бо дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон амал карда, муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба тартиб меоваранд.

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳуқуқҳои асосии фарҳангӣ мансубанд: иштироки озоди ҳар кас дар ҳаёти фарҳангии мамлакат ва дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ (моддаи 40); ҳуқуқи таҳсил (моддаи 41).

Татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои фарҳангӣ бо амалисозии ҳамаи гурӯҳҳои дигари ҳуқуқҳои инсон зич алоқаманд аст. Чунончи, ҳангоми амалисозии ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ чун озодии сухан, озодии матбуот, ҳуқуқи истифодаи иттилоот ҳуқуқҳои фарҳангӣ, чун муҳаррики ин ҳуқуқҳо

баромад мекунанд. Озодии эътиқод низ бо дин ва ҳуқуқҳои фарҳангӣ зич алоқаманд аст. Ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ бо ҳуқуқҳои иқтисодӣ алоқамандии зич доранд, масалан, онҳо ҳангоми интихоби касб, кор ва ихтисос чун асос баромад мекунанд. Ҳамин тавр, ҳуқуқ ва озодиҳои фарҳангӣ дар маҷмӯъ бо ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низоми ягонаи муносибатҳоеро ба вуҷуд меоранд, ки ба рушди минбаъдаи ҷомеа мусоидат мекунанд.

3.РУШДИ ФАРҲАНГ ВА АМАЛИШАВИИ ҲУҚУҚҲО ВА ОЗОДИҲОИ ФАРҲАНГӢ. Инкишофу пешрафти дар ҷомеа баамалоянда, пеш аз ҳама, бо дараҷаи рушди илму маориф тавсиф меёбад. Тоҷикон фарҳанг ва арзишҳои маънавии бой доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вориси фарҳанги бузург дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷои бо худ хосро ишғол намуда, байни ҳамаи халқҳо ва миллатҳо обрую эътибори арзанда дорад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ташкилёбии худ ба инкишофи соҳаи фарҳанг аҳамияти махсус медиҳанд. Ҳанӯз соли 1924 дар Тоҷикистон Комиссариати халқии маориф ташкил шуда буд, ки ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи маънавии аҳолӣ роҳбарӣ мекард.

Ҷадвалро бодиққат омузед. Ба фикри Шумо, кадом омилҳо ба баланд гардидани сатҳи маърифати аҳолӣ таъсир мерасонанд?

Солҳо Миқдори макгабҳо ва интернатхо Муаллимон Хонандагон

1924 4 интернат, 3 мактаби ибтидоӣ 3 152

2004 3677 мактаб 100000 2 млн.

Барои ҳар ҷомеа рушди санъат нақши муҳим мебозад. Чунончи, намунаҳои аввалин театр ҳанӯз дар ҷомеаи ибтидоӣ пайдо шуда буданд. То истилои арабҳо шаклҳои гуногуни санъати театр танҳо аз ҷониби одамони сарватманд паҳн мегардиданду истифода мешуданд.

 Дар бораи театрҳои халкӣ чиҳо медонед?

Соли

ташкилшавӣ Театрҳои аввалин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1929 Театри давлатии академии ба номи А. Лоҳутӣ

1935 Театри драмавии мусиқӣ

1937 Театри касбии русӣ

1940 Театри давлатии академии опера ва балет

Яке аз навъҳои муассисаҳои фарҳангӣ осорхонаҳо (музейҳо) мебошанд, ки аз таърих ва ҳаёти халқҳои мамлакат маводи зарурӣ гирд оварда, ба одамон баҳри шиносоӣ манзур мекунанд. Ҳар кас метавонад озодона ба осорхона рафта, бо таърих ва фарҳанг шинос шавад. Дар Тоҷикистон Осорхонаи миллии бо номи Камолидцин Беҳзод, Осорхонаи археология ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва ғайра мавҷуданд, ки ҳар кас метавонад он ҷо рафта, ҷаҳони маънавии худро бой гардонад.

Шаҳрвандон донишҳои худро ҳамчунин дар китобхонаҳо бой гардонда метавонанд. Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Фирдавсй соли 1933 таъсис ёфтааст.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо шабакаҳои радио ва телевизион барои халқ хизмат мекунанд. Радиостансияи аввалин дар Душанбе ҳануз соли 1933 ба кор шурӯъ карда буд. Нахустин барномаи телевизиони Тоҷикистон 7 ноябри соли 1959 пахш гардид. Аз он замон то имрӯз барномаҳои онро одамон тавассути антеннаи 192 метраи студияи телевизион тамошо мекунанд.

Сокинони ҷумҳурй иттилооти гуногунро аз ВАО, аз ҷумла рузномаҳо мегиранд. Аввалин рӯзномаҳо ҳанӯз дар ибтидои асри XX чоп шуда буданд: “Бухорои шариф”(соли 1911), “Овози тоҷик” (соли 1918), “Тоҷикистони советӣ”(соли 1925), “Красный Таджикистан” (соли 1928), “Раҳнамои дониш” (соли 1926), “Роҳбари дониш” (соли 1927), “Иди тоҷик” (соли 1929) ва ғайра.

Мусиқӣ яке аз шаклҳои маъмули санъат аст. Вай бо пайдоиши одам арзи вуҷуд карда, яке аз воситаҳои фарогат, Орзую хаёлҳои ширин ва рӯҳбаландӣ ба муборизаву корномаҳо маҳсуб мешавад. Дар таърихи халқи тоҷик навъҳои мусиқиҳои «Шашмақом», «Фалак» маъмуланд.

Аз ҷумла «Шашмақом» имруз барои рушди Мусиқии классикии тоҷик таъсири пурсамаре мерасонад. Аввалин мактабҳои мусиқӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд (соли 1934) ва Душанбе ташкил ёфта буданд. Имрӯз дар Тоҷикистон Консерваторияи миллӣ, Донишкадаи давлатии санъат, даҳҳо омузишгоҳҳо ва мактабҳои мусиқӣ фаъолият доранд.

Халқи тоҷик бисёр ҷашнҳои миллӣ ва маросимҳои динии дорои анъанаҳои қадимӣ мебошад. Инҳо аз ҷумла ҷашни миллии Наврӯз, идҳои Рамазон ва Қурбон, туйҳои арӯсӣ, хатнасур, зодрӯзҳо ва ғайраанд.

Ҳуқуқҳои фарҳангӣ, барқарорию амалисозии онҳо дар ҷомеа барои рушди маънавӣ бо роҳи барпо намудани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд шароитҳо фароҳам меоранд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: фарҳанг, ҳуқуқ ва озодиҳои фарҳангӣ, низоми ҳуқуқ ва озодиҳои фарҳангӣ.

Савол ва супоришҳо:

1.Кадом ҳуқуқ ва озодиҳоро фарҳангӣ меноманд? Ба андешаи Шумо, кадом хусусиятҳо онҳоро аз дигар ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд фарқ мекунонанд?

2.Сисерон қайд карда буд: «Баробари фарҳанги ифодакунандаи коркарду сабзгардонии замин фарҳанге ҳаст, ки мазраи дилҳоро сабз мегардонад». Шумо ин гуфтаи файласуфро чӣ тавр мефаҳмед? Зери маҳфуми фарҳанги моддӣ ва маънавӣ чиҳо фаҳмида мешаванд?

3.Аз робитаи байниҳамдигарии ҳуқуқ ва озодиҳои фарҳангӣ бо дигар ҳуқуқҳои инсон мисолҳо оред.

4.Ҳуҷҷатҳои байналмилалии кафолатдиҳандаи ҳуқуқҳои фарҳангии инсонро номбар кунед.

5.Шумо кадом ҳуқуқу озодиҳои фарҳангии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро медонед? Аз ҳуқуқҳои инфиродӣ ва дастаҷамъии фарҳангӣ мисолҳо оред.

6.Кадом ҳунарпешаҳои халқӣ ва шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро медонед?