§30. ТАВСИФИ УМУМИИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ СИЁСӢ

§30. ТАВСИФИ УМУМИИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ СИЁСӢ

1.МАФҲУМ ВА АҲАМИЯТИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ СИЁСӢ. Ҳуқуқ ва озодиҳо аз ҷониби одамон дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҳаётии ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар соҳаи сиёсӣ, амалӣ гардонида мешаванд. Озодиҳои сиёсӣ дар низоми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд гурӯҳи алоҳидаро ташкил дода, ҳамчун махсусияти ҷудонопазири ҷомеаи мутамаддин баромад мекунанд.

Мавҷудияти давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бе ташаккули ақидаҳо ва арзишҳои сиёсӣ, бе иштироки бошууронаи шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ имконнопазир аст. Аз ин рӯ дар давлати демократӣ ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ аз ҷониби шуури умумии ҷамъиятӣ на ҳамчун зуҳуроти дуюмдараҷа, балки чун яке аз арзишҳои гуманистӣ қабул карда мешавад.

Ҳуқуқҳои сиёсӣ маҷмӯи ҳуқуқ ва озодиҳои ба шаҳрвандӣ давлат мутаалиқ буда, ба ӯ имконият медиҳад, ки дар ҳаёти ҷамъияти сиёсии мамлакат ва амалисозии ҳокимияти давлати иштироки озодонаю васеъ дошта бошад.

Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ шарти ҳатмии амалишавии ҳамаи дигар ҳуқуқ ва озодиҳо мебошанд, зеро онҳо асоси таркибии низоми демократиро ташкил дода, ҳамчун арзишҳое баромад мекунанд, ки давлат бо онҳо бояд худро маҳдуд созад ва ба онҳо майл кунад.

Ҳар як инсон маҷмӯи томи ҳуқуқ ва озодиҳои гуногунро амалӣ месозад, вале ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсиро асосан шаҳрвандони давлатҳои муайян доранд, яъне мавҷудияти онҳо аз мансубияти шаҳрвандӣ вобаста аст. Ба ин тариқ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд шаҳрванди мамлакати мо буд, то ки кас соҳиби ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ бошад.

Аммо истисноҳо низ ҳастанд, масалан, ҳуқуқи бо шикоят муроҷиат карданро ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ на танҳо шаҳрвандони мо, балки шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа низ доранд.

Амалисозии ҳуқуқҳо ва озодиҳои сиёсӣ бо сохти давлатию ҷамъиятӣ, моҳияти идоракунии давлат, режими сиёсӣ дар мамлакат алоқаманд аст. Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ чун ҳуқуқҳои шахсии (шаҳрвандии) ҳар кас мақоми ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро тавсиф мебахшанд.

Мақсади асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ баробари кафолати дигар ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ таъмин кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон низ мебошад.

Таснифоти ҳуқуқ, ва озодиҳои инсонро дар замони пайдоишашон ба хотир оред. Кадом ҳуқуқ ва озодиҳо ба “насли якум” мансубанд?

Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ ба “насли якум”-и ҳуқуқҳои инсон тааллуқ доранд, зеро онҳо арзишҳоеро таҳким мебахшанд, ки дар давраи ба амал омадани инқилобҳои буржуазии асри XVIII ташаккул ёфта, дар амалияи қонунгузории мамлакатҳои демократӣ мустаҳкам ҷой гирифтаанд. Дертар ҳуқуқҳои сиёсӣ дар стандартҳои муосири байналмилалии ҳуқуқҳои инсон инъикос гардидаанд. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар моддаҳои 19- 21 ва Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар моддаҳои 19-22 Ҳуқуқ ба озодии эътиқод ва баёни озодонаи онҳо, ҳуқуқи ҷамъомад ва ассосиатсияҳои осоишта, ҳуқуқи иштирок кардан дар идоракунии мамлакати худро эълом доштаанд.

Ба ин тариқ, ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳуқуқ дорад, дар чорабиниҳо ва ҷамъомадҳои сиёсӣ ширкат варзад, ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шомил шавад ва ғайра. Аммо вай ҳамчунин ҳақ дорад, ки ин ҳамаро рад кунад.

Ба андешаи Шумо, ҳуқуқ ва озодиҳои сиёси инфиродианд ё дастаҷамъи?

Ҳуқуқҳои сиёсӣ ҳам инфиродӣ ва ҳам дастаҷамъӣ мешаванд. Бисёр ҳуқуқҳои сиёсӣ аз ҷониби шаҳрванд ба таври инфиродӣ амалӣ мегарданд, шахсан ба ӯ имконият фароҳам меоранд, ки дар сиёсат фаъолона иштирок кунад, масалан, ҳуқуқи интихоб кардан, додани овози худ дар интихобот ё раъйпурсӣ, ба хизмати давлатӣ дохил шудан ва ғайра. Ҳуқуқҳои сиёсии дастаҷамъӣ, чун қоида, ақидаҳои сиёсии гурӯҳи одамонро таҷассум карда, тавассути амалҳои дастаҷамъӣ татбиқ мегарданд, масалан, таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ, ташкили намоиши осоишта ва иштирок дар онҳо ва ғайра.

Гурӯҳи махсуси ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ ҳуқуқи халқҳо (миллатҳо), ақаллиятҳои миллӣ мебошанд. Масалан, байни ҳуқуқҳои муҳимтарини сиёсӣ ҳуқуқи халқҳоро ба худмуайянкунӣ ҷудо мекунанд. Тибқи моддаи 1-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ “Ҳамаи халқҳо ба таъйини сарнавишти худ ҳақ доранд. Дар асоси ҳамин ҳақ онҳо мақоми сиёсии худро озодона муқаррар мекунанд ва рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро озодона таъмин менамоянд”. Онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ метавонанд озодона боигариҳо ва захираҳои табиии худро бе зараре барои ягон ӯҳдадориҳо, ки аз ҳамкории байналмилалии иқтисодии ба принсипи манфиати байниҳамдигарӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ асосёфта бармеоянд, соҳибихтиёрӣ кунанд. Ягон халқ дар ягон ҳолат аз воситаҳои мавҷудияти ба вай тааллукдошта маҳрум карда намешавад.

Аз ҳуқуқи худмуайянкунӣ истифода карда, бисёр халқҳои ҳудуди сукунаташон дар ҳайати давлатҳо, масалан, дар Британияи Кабир (Уэлс, Шотландия, Ирландияи шимолӣ), Федератсияи Россия (вилояти мухтори Яҳудистон, окруғи мухтори Чукотка, округи мухтори Эвенкия ва ғайра) баъзе мухториятҳо доранд. Дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шудааст.

Ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ дар Эъломияи СММ дар бораи додани мустақилият ба мамлакатҳо ва. халқҳои мустамлика (соли 1960) таҳким бахшида шудааст. Тибқи моддаи 2-и ҳуҷҷати мазкур “ҳамаи халқҳо ҳаққи худмуайянкунй доранд; дар асоси ин ҳуқуқ онҳо озодона мақоми сиёсии худро муқаррар карда, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро ба амал мебароранд”.

Зиддиятҳои байни ҳуқуқҳои инфиродии инсон ва ҳуқуқҳои халқ, миллат, ақаллиятҳои миллӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳони имрӯза яке аз сабабҳои ихтилофоти байни давлатҳо, халқҳо, одамон мегарданд. Ҳуқуқҳои инфиродӣ ва дастаҷамъӣ байни худ набояд рақобат кунанд, балки онҳо, ҳарчанд аз рӯи табиати худ аз ҳамдигар фарқ доранд, якдигарро бояд пурра созанд. Қазияи афзалиятмандии ҳуқуқҳои инфиродӣ нисбат ба ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ масъалаи басо муҳим ва баҳснок ба шумор меравад. Фаҳмиши моҳияти худмуайнякунӣ аз принсипи дахлнопазирии ҳуқуқҳои инсон ҷудонопазир аст. Бинобар ин рушди ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ ҳуқуқҳои инфиродии инсонро набояд вайрон кунанд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии шаҳрванд мутлақ нестанд ва дар асоси қонун метавонанд махдуд карда шаванд. Масалан, ҳуқуқи озодона баён кардани фикри худ бо мақсади эҳтироми ҳуқуқҳо ва нуфузи дигар одамон, ҳамчунин ҳимояи амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ва маънавияти аҳолӣ метавонад то андозае маҳдуд карда шавад. Аз ҷумла ҳама гуна тарғиби ҷанг ё баромад кардан бо мақсади бадбинии миллӣ, нажодӣ ё динӣ, шурангезӣ барои табъиз, душманӣ ё зӯроварй манъ аст. Ҳуқуқ ба ҷамъомадҳои осоишта дар шароити вазъияти фавқулодда бо мақсади амнияти давлатӣ ё ҷамъиятӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон метавонад махдуд карда шавад.

Ба ин тариқ, ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ аҳамияти махсус доранд, зеро онҳо ба мустаҳкам кардани алоқаи шаҳрванд бо ҷомеа ва давлат нигаронида шуда, мақсадашон роҳ надодан ба бетафовутии шаҳрвандон ба такдир ва фаъолияти мамлакати худ мебошад.

2.НИЗОМИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ СИЁСӢ. Ҳамаи ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ байни ҳамдигар алоқаманд буда, низоми ягонаро ташкил медиҳанд. Онҳо бо Конститутсия ва қонунгузорӣ кафолат дода мешаванд.

Низоми ҳуқуқҳои сиёсӣ дар моддаҳои 27-31-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд.

Моддаҳои зикршудаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро бодиққат омӯзед. Дар онҳо мушаххасан кадом ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таҳким бахшида ва кафолат дода шудаанд?

Дар асоси мундариҷаи фаъолияти шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа дар ин гуруҳи ҳуқуқҳо навъҳои зеринро ҷудо кардан мумкин аст:

1) ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштирок дар идоракунии корҳои давлатӣ;

2) ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан;

3) ҳуқуқ ба озодии маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта;

4) ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

5) ҳуқуқи муроҷиат кардан бо арзу шикоят (петитсия) ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ.

Ҳуқуқҳои сиёсӣ бо дигар гурӯҳҳои ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон зич алоқаманданд, вале аз онҳо пеш аз ҳама бо он фарқ мекунанд, ки ба иштироки шаҳрвандон маҳз дар ҳаёти сиёсии давлат ва ҷомеа нигаронида шудаанд. Аммо ҳар як инсон ва шаҳрванд на танҳо бо сиёсат машғул аст, ӯ худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ татбиқ мекунад.

Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ бар фарқият аз ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) на барои таъмини озодиҳои инфиродию мухторияти шахсият, балки барои зоҳиршавии ӯ ба сифати иштирокдори фаъоли раванди сиёсӣ равона гардидаанд.

Амалисозии ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ ва фаъолияти пурзӯри онҳо дар идораи корҳои давлатӣ яке аз нишондиҳандаҳои ташаккули давлати демократӣ ва барқарории ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Мафҳумхои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ, ҳуқуқ ба худмуайянкунии халқҳо, низоми ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ.

Савол ва супоришҳо

1.Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ чиро ифода мекунанд? Кадом хусусиятҳои ҳуқуқҳои сиёсиро номбар карда метавонед?

2.Ба ақидаи Шумо, ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии инсон аз дигар гурӯҳҳои ҳуқуқ ва озодиҳо бо чӣ фарқ мекунанд?

3.Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ дар кадом ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ва миллӣ таҳким бахшида шудаанд? Онҳо барои шаҳрванд чӣ аҳамият доранд?

4.Ҳуқуқҳои сиёсӣ инфиродианд ё дастаҷамъӣ? Ба андешаи Шумо, оё ҳуқуқ ва манфиатҳои дастаҷамъии ягон ташкилот ё иттифоқ, ки инсони мушаххас узви он аст, барои маҳдудсозии ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ асос шуда метавонанд?

5.Ҳуқуқи халқ ба худмуайянкунӣ чист?

6.Ба фикри Шумо, оё рушди давлати демократӣ ва амалишавии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд бо ҳамдигар алоқаманданд?

7.Ҳуқуқ ва озодиҳои ба низоми ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрванд шомилбударо номбар кунед.

8.Иштироки шаҳрванд дар идоракунии корҳои давлатӣ чӣ гуна зоҳир мешавад?

Реклама