§24. ҲУҚУҚ БА ҲАЁТ

§24. ҲУҚУҚ БА ҲАЁТ

1.АСОСҲОИ ФАЛСАФӢ ВА МЕЪЁРӢ-ҲУҚУҚИИ ҲУҚУҚ БА ҲАЁТ. Андешаи он ки ҳаёти инсон арзиши аз ҳама воло дар рӯи Замин аст, чун худи таърихи инсоният хеле кӯҳна мебошад. Масъалаҳои ҳаёт ва мамот яке аз проблемаҳои донмиест, ки дарки он дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ гуногун буд. Ҳуқуқ ба ҳаёт чун яке аз ҳуқуқҳои муҳимтарину аввалиндараҷаи инсон имрӯз ҳам мавриди назари басо ҷиддии олимон, сиёсатмадорон, нависандагон, ходимони ҷамъиятию динӣ ва дигарон қарор дорад.

Шумо аз дарсҳои таърих медонед, ки дар ҷамъияти ибтидоӣ бисёр вақт халосӣ аз одамони касалманд, маъюбону шалҳо бо роҳи қатл кардани онҳо амалӣ мегардид. Ба ин муносибат расму оинҳои махсус ҷой доштанд. Аммо ин ҳама тавзеҳоти худро доштанд, зеро сохти ҷомеавӣ (общинагӣ) ба манфиатҳои қабилавӣ ва авлодӣ бартарии бештар медод ва табиист, ки одами бемор ё маъюбу шал дарди сари зиёдатӣ буду аз вай халос шудан лозим меомад. Чунин сарнавишт ҳатто насиби тифли бемор шуда метавонист. Ҳаёти инсон танҳо вақте арзиш дошт, ки ӯ ба ҷомеа нафъ меовард.

Бо парокандашавии сохти ҷамоаи ибтидоӣ, ҷудо гардидани ҷомеа ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ (камбағалон ва сарватмандон, озодон ва озоднабудагон) муносибат ҳам ба масъалаҳои ҳаёту мамот тағйир меёбад. Ақидае (қоидае, таълимоте) дар хусуси он маъмул мегардад, ки баъди марг ҳаёте бо номи “олами мурдагон” мавҷуд аст, масалан, шоҳигарии Аида дар фалсафаи Юнони қадим. Ба андешаи мутафаккирони атиқа, одамон дар дасти худоён чун зочаҳоянд ва аз хоҳишҳои онҳо чизе вобаста нест. Аммо бо вуҷуди ин ҳама манфиатҳои коллективии ҷомеа назар ба манфиатҳои шахсӣ бартарй доштанд.

Ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ қоидаҳои ахлоқӣ ва тасаввуроти то ин дам дар халқҳо ҷамъшударо доир ба арзишҳои умумиинсонӣ дар маҷмӯъ андӯхта, хулоса карданд ва яке аз аҳкоми асосии ҳар як дин “Накуш”, яъне “инсонро аз ҳаёт маҳрум накун” гардид. Маънии ин аҳком чи дар ислом, чи дар динҳои насронию буддизм, яҳудият ва чи дар динҳои дигар ҷои баҳс надорад. Ҳаёти инсон офаридаи волои Офаридгор аст ва танҳо оне, ки офаридааст, ҳуқуқи маҳрум кардани одам аз ҳаёт ва ба ӯ раҳму шафқат кардан дорад.

Аммо таърих бисёр мисолҳои риоя нашудани ин аҳкомро медонад, масалан, шумораи зиёди лашкаркашиҳои салибй, гулханҳои инкивизитсия, ҷиҳодҳои динӣ ва ҷангҳои истилогарона дар асрҳои миёна. Ва танҳо дар Замони нав бо ташаккули назарияи табиӣ-ҳуқуқии ҳуқуқҳои инсон муносибат ба ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, бе ҳеҷ гуна фарқияту маҳдудият, тадриҷан тағйир меёбад. Вале, масалан, дар Эъломияи фаронсавии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ин ҳуқуқ ба таври қонунгузорӣ таҳким наёфта буд.

Бори аввал ҳуқуқ ба ҳаёт баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки ҳаёти 60 млн. одамро рабуд, вақте инсоният дарк кард, ки ҳаёт неъмати бебаҳост, ба таври юридикӣ эътироф гардид. Моддаи 3-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (соли 1948) ҳуқуқ ба ҳаётро таҳким бахшид: “Ҳар як инсон ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳақ дорад”. Моддаи 6-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ эълом дошт: “Ҳуқуқ ба ҳаёт ҳаққи ҷудонопазири ҳар як инсон мебошад. Ин ҳуқуқ тавассути қонун ҳифз карда мешавад. Ҳеҷ кас наметавонад худсарона аз ҳаёт маҳрум карда шавад”.

Ин гуфтаи шоири англис Ҷон Доннро бодиққат хонед: “Марги ҳар одам маро ниэ мекушад, зеро ман заррае аз инсоният ҳастам. Биноан ҳаргиз напурс, ки зангула барои кй зангмезанад: он барои ту зангмезанад”. Шумо нн гуфтаро чӣ тавр мефаҳмед?

Дар айни замон ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи аз ҷониби умум эътирофшуда ва меҳвари тамоми низоми ҳуқуқҳои шахсии (шаҳрвандии) инсон мебошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хулосаи зарурати эътирофи ҳуқуқ ба ҳаёт нисбат ба ҳамаи одамон, сарфи назар аз нажод, ҷинс. дин ва дигар аломатҳо расид ва давлатҳоро вазифадор намуд, ки дар қаламрави худ ин ҳуқуқро риоя кунанд ва қонунҳои миллие қабул намоянд, ки ин ҳуқуқро кафолат диҳанд.

Ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи бунёдист ва онро дар ҷанбаҳои гуногун бояд баррасӣ кард. Пеш аз ҳама, ин ҳуқуқи шахсият ба дахлнопазирии ҳаёт, ба озодӣ аз ҳар гуна дахолатҳои ғайриқонунӣ ба ҳаёти ӯ аз ҷониби давлат, намояндагони он, ё ашхоси ҷудогона, нораво будани худсарона, ғайриқонунӣ аз ҳаёт маҳрум кардани инсон мебошад. Аз ҷониби дигар, бисёр саволҳои дигари баҳсталаби вобаста ба амалисозӣ ва маҳдудгардонии ҳуқуқ ба ҳаёт, масалан, дар бораи оғози лаҳзаи ҳаёт, масъалаҳои исқоти ҳамл, эвтаназия, клонсозӣ ва ғайра пайдо мешаванд. Яке аз ҷанбаҳои ҳуқуқи мазкур ҳамчунин масъалаи ҳукми қатл мебошад.

Ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи табиӣ, ҷудонопазир, ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд мансуб, имконияти ҳимояи дахлнопазирии ҳаёт ва озодона соҳибихтиёрӣ кардан ба он аст, ки бо қонунгузориҳои миллӣ ва байналмилалӣ кафолат дода мешавад. Ҳуқуқ ба ҳаёт дар ҳамаи санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон ва конститутсияҳои миллии аксари мамлакатҳои ҷаҳон таҳким бахшида шудааст. Вай аз ҷумлаи ҳуқуқҳои инфиродии инсон аст ва унсури муҳимтаринаш ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти инсон мебошад. Ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи бевосита амалкунанда аст ва дар ҳеҷ маврид, аз ҷумла дар ҳолати вазъияти фавқулодда, вакте хатари таҳдид ба ҳаёти тамоми миллат мавҷуд аст, маҳдуд карда намешавад, ҳарчанд ҳуқуқ ба ҳаёт ва ҳуқуқи худсарона маҳрум накардан аз ҳаёт бисёр вақт вайрон карда мешавад.

Аз ҳуқуқ ба ҳаёт дигар ҳуқуқҳои инсон, чун ҳуқуқ ба муҳити мусоиди зист, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, Ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ ва ғайра бармеоянд, ки дар айни замон амалӣ гардонида мешаванд. Ҳуқуқи инсон ба ҳаёт бо зарурати ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ, масалан, бо проблемаҳои нигаҳдории тандурустӣ (пиршавии аҳолӣ, кам шудани таваллуд, гуруснагӣ, қашшоқӣ ва ғайра) зич алоқаманд аст. Вай ба доираи васеи фаъолияти ҳаётии ҷомеа ва давлат: ахлоқ, дин, сиёсат, ҳуқуқ, тиб ва ғайра дахл мекунад.

Ҳуқуқ ба ҳаёт ҳамчунин ба зиммаи ҳар давлат ӯҳдадориҳо мегузорад, масалан, даст кашидан аз ҷангҳо ва амалиётҳои ҷангӣ ҳамчун воситаи ҳалли низоъҳои байналхалқӣ ва ихтилофоти дохилӣ; гузаронидани муборизаи пурсамар бо ҷинояткорӣ ва терроризм; мубориза бо маъюбшавии истеҳсолӣ, таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, бехатарии технологӣ, бехатарӣ дар нақлиёт, дастрасии ёрии тиббӣ, ҳимояи ҳар инсон аз зӯроварии ғайриқонунӣ. Аз ҷумла ҷомеаи байналмилалӣ аз давлатҳо даъват ба амал меорад, ки аз ҳукми қатл ҳамчун усули ҷазодиҳӣ даст кашанд.

Қонунгузории ҳар як давлат, чун қоида, як қатор чорабиниҳои ҳимоякунандаи ҳаёти инсонро таҳким мебахшад, масалан, муқаррар кардани ҷазо барои куштор; таъмини кафолатҳои таъқиботи ҷиноятӣ барои ҷиноят бар зидди ҳаёт; ба иҷро расонидани амалҳои ҳимоя ва пешгирикунанда дар сурати мавҷудияти хатари бевосита барои ҳаёти инсон.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар моддаи 5 ҳаётро дахлнопазир эълом дошта (“ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд”), ҳуқуқи инсонро ба ҳаёт ҳимоя мекунад. Тибқи моддаи 1.8-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон “ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад”. Ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ бояд дар ҳимояи ҳаёти инсон аз сӯиқасд ба он аз ҷониби ҳар касе набошад, бошанд.

Ҳуқуқ ба ҳаёт на танҳо бо Конститутсия, балки бо қонунгузории ҷиноятӣ дар он моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷо сухан дар бораи ҷавобгарӣ барои як қатор ҷиноятҳо (куштор, расонидан то ба худкушӣ, дар ҳолати хатарнок гузоштан ва ғайра) меравад, кафолат дода мешавад.

Ҳеҷ як манфаити ҷамъиятӣ куштори одамеро, ки барои ҳаёти дигар одамон хатарнок несТ, қонунан ҳақ бароварда наметавонад. Куштори инсон бо истифодаи қувва танҳо дар се ҳолати истисноӣ қонунӣ аст: ҳимояи шаҳрвандон аз истифодаи ғайриқонунии зӯроварӣ; ҳангоми гузаронидани ҳабси муташаккилона ё рафъи фирори маҳбус; барои пахш кардани исён ва бетартибиҳои ғайриқонунӣ. Тавре маълум аст, барои инсон эҳсоси худнигоҳдорй хос аст. Одам аз ҳамла ё зуроварӣ худро муҳофизат карда истода, барои зуроварии ҷавобӣ ё ҳимояи зарурӣ ҳақ дорад. Ин боз яке аз мушкилоти марбут ба амалисозӣ ва ҳимояи ҳуқуқи ҳар инсон ба ҳаёт аст.

2.ҶАЗОИ ҚАТЛ ВА ҲУҚУҚ БА ҲАЁТ. Яке аз проблемаҳои аз ҳама шадиди ҷаҳони имр за бекор кардани ҳукми қатл аст. Ҳукми қатл дар санадҳои қонунгузории бисёр мамлакатҳо чун чораи истисноии ҷазодиҳӣ зикр гардидааст. Вале оё он омили нигаҳдорандаи ҷинояткорӣ аст? Оё он ҳуқуқҳои инсонро вайрон намекунад? Онро истифода кардан даркор аст ё бекор кардан? Агар ҷазои қатл нисбати одами бегуноҳ ба сабаби хатои судӣ ба ҷо оварда шуда бошад, оё ин хаторо ислоҳ кардан мумкин аст? Ба ин саволҳо ҷавобҳои якхела нестанд.

Ҷазои, қатл аз ҳаёт маҳрум кардани аз ҷониби давлат мутобиқи қонун баъди ҳукми қатл баровардани суди босалоҳият аст.

Дар мамлакатҳое, ки ҷазои қатл бекор карда нашудааст, он барои ҷиноятҳои нисбатан вазнин тибқи қонуни вақти содир шудани ҷиноят амалкунанда ва ба нуктаҳои Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ихтилофнадошта ба амал бароварда мешавад.

Дар қисми 2-и моддаи 6-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ омадааст: “Дар кишварҳое, ки ҳукми қатлро бекор накардаанд, ҳукми қатл метавонад танҳо барои ҷиноятҳои вазнинтарин мутобиқи қонуне, ки ҳангоми содир наму- дани ҷиноят амал мекард ва бо муқаррароти ҳамин Паймон ва Конвенсия дар бораи пешгирии ҷинояти қатли ом ва ҷазо барои он мухолиф набошад, бароварда шавад. Ин ҷазо метавонад танҳо ҷиҳати иҷрои ҳукмномаи қатъие, ки аз тарафи суди босалоҳият бароварда шудааст, анҷом дода шавад”.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дар назардошти мувофиқи мақсад будани бекор кардани чунин ҷазо дар ҳамаи мамлакатҳо дар оянда ба давлатҳо пешниҳод менамояд, ки теъдоди одамони нисбаташон ҷазои қатл иҷрошавандаро ҳар чи камтар кунанд. Чунончи, ҷазои қатл нисбати ашхоси аз 18-сола ҷавон ва занҳои ҳомила ба амал бароварда намешавад. Аз ҳаёт маҳрум кардани аъзои гурухи муайян дар миқёси васеъ баробари геносид аст, ки мансуб ба ҷиноят бар зидци инсоният мебошад.

Геносид (аз юнони genos - авлод, қабила ва лот. caedo  мекушам) - қатли оми гурӯҳҳои алоҳидаи одамон аз рӯи аломатҳои нажодӣ, миллӣ ва ё динӣ яке аз ҷиноятҳои вазнинтарин бар зидди инсоният мебошад.

Кӯшиши бекор кардани ҷазои қатл соли 1989 ба пайдоиши Протоколи дуюми факултативй ба Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки ҷазои қатлро бекор мекунад, оварда расонд. Аммо протоколи мазкур аз ҷониби на ҳамаи давлатҳои ҷаҳон тасдиқ карда шудааст.

Оё Шумо пешравиро ба сӯи бекор кардани ҷазои қатл дуруст мешуморед?

Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои қатл чун навъи истисноии ҷазо барои содир кардани чунин ҷиноятҳо пешбинӣ мегардад: куштор, таҷовуз. терроризм, қатли ом. биосид.

Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд ҷинояти махсусан вазнин.

Қисми 2-и моддаи 18-и Конститутсияи ( Сарқонуни ) Ҷумуҳурии Тоҷикистон

Аммо аз 15 июли соли 2004 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун дар бораи боздошти истифодаи ҷазои қатл истифода мешавад, яъне чун дар бисёр давлатҳои дигари ҷаҳон ба ҷазои қатл боздошт (моратори) ҷорӣ карда шудааст.

Мораторий (аз лот.  moratorins- сусткунанда, бозмонондан ба баъд бозмонондани иҷрои ӯҳдадарии муқарраркардаи давлат ба мӯҳлати муайян ва ё то ба охир расидани ягон воқеаҳои фавқулодда мебошад.

3.ҲУҚУҚ БА ҲАЁТ ВА ҶАНГ. Низоъҳои мусаллаҳона воқеияти бераҳмонаи асри XXI аст. Ба назар чунин мерасад, ки ҳанӯз асри XX бояд сиёсатмадоронро ба хулосэи зер меовард: бо роҳи зуроварӣ ҳал кардани ягон мушкилот мумкин нест! Ҷанг танҳо проблемаҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғайра ба бор меоварад. Ва агар пешгирӣ кардани низоъҳои мусаллаҳона муяссар нагардад, ақаллан барои ҳимояи одамон аз воқеияти ҷанг ва кам кардани оқибатҳои харобиовари вн тадбирҳо андешидан лозим аст.

Дар ҷаҳони имруза масъалаи ҳуқуқи ҳар як инсон ба ҳаёт дар давраи ҷанг ва низоъҳои мусаллаҳона басо муҳим аст.

Оё Шумо бо чунин ақида розӣ хастед, ки баҳри ҳуқуқ ба ҳаёт ҳатто дар давраи ҷанг ё низоъҳои мусаллаҳона мубориза бурдан лозим аст ва ин бефоида нест? Дар ин хусус далелҳо оред.

Дар айни замон механизмҳое мавҷуданд, ки имконият медиҳанд, оқибатҳои низоъҳои мусаллаҳона сабуктар гардонда шаванд; аввалан, қарордодҳои байналмилалие ҳастанд, ки истифодаи навъҳои алоҳидаи силоҳҳоро маҳдуд месозанд; дуюм, фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Хдлоли Аҳмар, ки ба зарардидагони ҷанг кӯмакҳо мерасонанд.

Ҳамаи қарордодҳо, эъломия ва конвенсияҳои мансуб ба ҳимояи зарардидагони ҷанг бо як ном - ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона муттаҳид мешаванд, ки асоси онро конвенсияҳои женевагӣ ташкил медиҳанд. Аввалин чунин конвенсия соли 1864 қабул шуда, ба вазъи беморон ва захмиёни артишҳои амалкунанда дахл дошт. Тадриҷан доираи амалиёти он васеъ гашта, аз соли 1868 инҷониб амали Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба. беморон, захмиён ва хизматчиёни киштиҳои дар баҳрҳо дучори гарқшавӣ гардидаи қувваҳои мусаллаҳ (конвенсияи дуюм) паҳн мешавад. Риояи конвенсияи зикршудаи женевагӣ барои наҷот додани ҳаёти ҳарбиёни зиёде дар давраи ҷанги якуми ҷаҳонӣ ёрӣ расонд. Аммо талафоти зиёди одамӣ дар ин ҷанг аҳли ҷаҳонро мӯътақид сохт, ки конвенсияҳои женевагиро таҳким бахшидан лозим аст.

Баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар соли 1949 конвенсияҳои нави женевагӣ дар бораи ҳимояи зарардидагони ҷанг таҳия гардиданд. Онҳо мутаносибан ҳимояи беморон ва захмиёнро дар хушкӣ (конвенсияи якум), дар баҳр (конвенсияи дуюм) таъмин карда, инчунин ба ҳимояи асирони ҳарбӣ (конвенсияи сеюм) ва аҳолии осоишта (конвенсияи чорум) бахшида шуданд. Ин чор конвенсия имрӯз низ амал мекунанд. Дуруст аст, ки онҳоро як қатор протоколҳои марбут ба ҳимояи зарардидагони низоъҳои байналмилалӣ, ҳамчунин онҳое, ки аз низоъҳои мусаллаҳонаи дохилӣ зарар мебинанд, пурра гардондаанд.

Аз ҷумла конвенсияҳои ҳозираи женевагӣ: 1) истифодаи чунин усулҳо ва воситаҳои бурдани ҷангро, ки ба муҳити зист зарари васеъмиқёсу ҷиддӣ мерасонанд, манъ мекунанд; 2) даъват ба амал меоранд, ки бо асирони ҳарбӣ ва аҳолии осоишта муносибати инсондӯстона карда шавад; 3) чораҳои махсуси ҳифзи занону кӯдакон, ҳамчунин журналистони дар сафарҳои хидматии пурхатарбударо пешбинӣ менамоянд; 4) ба кормандони соҳаи тиб имконияти бемамониат расонидани ёрии тиббӣ ба зарардидагон, ҳамчунин кашондани доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиро кафолат медиҳанд.

Дар айни замон беш аз 160 давлати дунё иштирокдори конвенсияҳои женевагӣ буда, вазифадоранд, ки онҳоро иҷро кунанд.

Боз як имконияти ҳифзи ҳаёти инсон дар вақти ҷанг ё низоъҳои мусаллаҳона мавҷуд аст - ин манъи истифодаи навъҳои алоҳидаи силоҳ мебошад. Давлатҳо борҳо кӯшишҳои махдудсозии истифодаи силоҳҳоеро кардаанд, ки ба иштирокдорони амалиётҳои ҳарбӣ ё аҳолии осоишта ҷафоҳои зиёд мерасонанд (тирҳои тарканда, минаҳои зидди кӯшуни пиёдагард ва ғайра). Дарҳол баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ силоҳи атомӣ дар маркази диқкати ҷомеаи ҷаҳонӣ карор гирифт ва сабаби ин воқеаҳои 6 августи соли 1945 рӯйдода буданд. Дар ин рӯз ҳарбиёни амрикоӣ ба сари аҳолии шаҳрҳои Хиросима ва Нагасакии Япония бомбаҳои атомӣ партофтанд.

Дар солҳои 60-70-уми асри XX қарордодҳои муҳими байналхалқии марбут ба истифодаи яроқи ядроӣ (ҳастаӣ) ҳукми амал пайдо карданд. Онҳо санҷиши яроқи ҳастаӣ дар атмосфера, фазои кайҳонӣ ва зери об, паҳн кардани яроқи ҳастай, ҷойгузин сохтани яроқи ҳастаӣ ва дигар навъҳои силоҳи қатли омро дар қаъри баҳрҳо ва уқёнусҳо манъ мекунанд. Истифодаи силоҳи ҳастаиро ҷомеаи байналмилалӣ ҷинояти вазнинтарин бар зидди инсоният донистааст.

Дар давраи ҷанг ва низоъҳои мусаллаҳона ҳамчунин истифодаи силоҳҳои химиявӣ, бактериологӣ ва биологӣ ба ҳаёти.инсон хатари ҷиддй меоранд. Дар айни замон давлатҳои иштирокдори СММ усулҳои самарабахши назорати тадқиқотҳои илмиро дар ин соҳа меҷӯянд.

Вале ҳар қадар қарордодҳои хуб мавҷуд бошанд ҳам, иродаи давлатҳо ва ҳамаи иштирокдорони низоъҳо бобати истифодаи ин қарордодҳо ва эътирофу эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ба ҳаёт аз ҳама муҳимтар аст.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқ ба ҳаёт, ҷазои қатл, геносид, мораторий.

 

Савол ва супоришҳо

1.                Зери мафҳуми ҳуқуқи инсон ба ҳаёт чӣ фаҳмида мешавад? Ба андешаи Шумо, чаро ҳуқуқро ба ҳаёт ба ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) мансуб медонанд?

2.                Рӯйхити санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллиро, ки дар онҳо сухан дар бораи ҳуқуқ ба ҳаёт меравад, бо иқтибосҳои мушаххас тартиб дода, онҳоро тавзеҳ бахшед.

3.                Файласуфи англис Ҷон Локк тасдиқ мекард, ки ҳуқуқ ба ҳаёт, амвол ва озодӣ қонуни табиист. Ба андешаи Шумо, чаро ин тавр аст?

4.                Проблемаҳои аз назари Шумо бевосита бо амалишавӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон ба ҳаёт алоқамандро номбар кунед. Давлат бо мақсади таъмини ҳуқуқи ҳар одам ба ҳаёт чӣ ӯҳдадориҳое ба зимма дорад?

5.                Шоир В.А.Жуковский навшитааст: «Ҷазои қатл ба ҷуз намояндаи ҳақиқати қотеъона, ки зиштиро таъқиб намуда, аз он тартиботи ҷамъиятии худи Худованд муқарраркардаро раҳоӣ мебахшад, чизи дигаре нест. Ҷазои қатл чун Немезидаи аз дурӣ бо шамшери худ таҳдидунанда, чун ҳароси ҳалокати имконпазир, чун шабаҳи таъқибунандаи ҷинояткор бо ҳастии ноаёни худ даҳшатангез аст ва фикри мавҷудияти он бисёр одамонро аз бадкориҳо бозмедорад". Оё Шумо бо ин андешаҳо розй ҳастед? Чаро? Далелҳои асосии ҷонибдорон ва онҳоеро, ки зидди ҷазои қатл ҳастанд, номбар кунед.

6.                Ин пораро аз номаи инсоне, ки дар ибтидои асри XX ба ҷазои қатл маҳкум шудааст, бодиққат хонед: “Зиндагиро бо дақиқаҳо шумурдан лозим меояд, он кутоҳ аст. Феълан номаро навишта истода, метарсам, ки ҳамин ҳоло дар кушода мешаваду ман онро ба охир расонда наметавонам. Ман дар ин оромии ноҳинҷор чӣ қадар худро бад ҳис мекунам! Андак хиширросе дили маро ба таппиш меорад.. Дар ғичиррос мезанад... Вале ин дар поён аст. Ва ман боз менависам. А з роҳрав қадамзаниҳо ба гӯш мерасанд ва ман сӯи дар медавам. Не, ин ҳаросам

беҳуда, вай садои қадамзании нозир аст. Оромии пурҳарос маро гулугир мекунад. Ҳаво намерасад. Ба сари ман гӯё сурб рехтаанд, он вазнин асту рӯи болишт меафтад. Номаро ба ҳар ҳол то ба охир навиштан даркор. Ман дар чӣ хусус навиштанӣ будам ? Ҳа, дар бораи ҳаёт, зиндагӣ! Вақте дар паҳлуи ту марг меистад, оё дар ин хусус ҳарф задан хандаовар нест? Бале, марг дар паҳлӯи ман истодааст. Ман нафаси хунуки онро ба худ эҳсос мекунам, шабаҳи даҳшатангези он аз пеши чашмонам дур намешавад... Пагоҳӣ бармехезию чун кӯдак шодӣ мекунй, ки ҳанӯз зиндаӣ, боз як рузи дигар аз ҳаёт ҳаловат мебарӣ. Вале ишбона! Оҳ, вай чӣ қадар машаққатҳое меорад, ки гуфтанашон осон нест... Хуб, бас аст акнун: соат наздики дуи шаб. Хобидану ором будан мумкин: имрӯз барои бурдани ман намеоянд "... Ин пораро тавзеҳ бахшед.

7.                Дар бораи ҷанг се нуқтаи назар ҳаст: а) Дар ҷанг ҳеҷ гуна ҳуқуқ ба ҳаёт буда наметавонад. Ҷанг ноадолатӣ аст, ғаму андуҳ аст; б) Ҷангҳо боадолатона ва беадолатона мешаванд, иштирок дар ҷанги боадолатона ҷиноят нест; в) Агар роҳи халосӣ аз ҷанг набошад, баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ кардану дар хусуси камтар сохтани бераҳмиҳои ҷанг созиш намудан мумкин ва зарур аст. Кадом нуқтаи назар ба Шумо наздиктар аст?