§ 21. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

§ 21. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1.МАФҲУМИ ШАҲРВАНДӢ ВА РАИЯТ. Мақоми ҳуқуқии шаҳрванд бо мафҳуми «шаҳрвандӣ» зич алоқаманд аст. Шаҳрвандӣ ҳолати табиии инсон буда, барои нишон додани робитаҳои ҳуқуқии одам бо давлати мушаххас истифода мешавад.

Шаҳрвандӣ алоқаи устувори сиёсӣ-ҳуқуқии одам ва давлат аст, ки дар маҷмӯи ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо - ва масъулияти байниҳамдигарии онҳо ифода мешавад.

Дар мамлакатҳои шакли идоракуниашон монархӣ одатан барои нишон додани шаҳрвандӣ истилоҳи «раият» истифода мешавад. Дар ҷаҳони имрӯза раиятӣ, масалан, аз рӯи қонунгузории Шветсия, Дания, Белгия ва мамлакатҳои дигар мавҷуд аст. Истилоҳи «раият» барои нишон додани мансубияти шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намешавад.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон категорияҳои гуногуни одамон - шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси табааи ягон давлатро надошта, яъне бетабаа сукунат доранд. Тибқи моддаи 6-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд». Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавҷудияти шиносномаи (паспорти) Тоҷикистон, то гирифтани шиноснома бо шаҳодатнома дар бораи таваллуд ё дигар ҳуҷҷати ба шаҳрвандии шахс ишораткунанда, ки қонунгузории миллӣ муаӣян менамояд, тасдиқ карда мешавад.

Мавҷудияти шаҳрвандӣ дар инсон барои соҳибияти пурраву комил ба ҳуқуқу озодиҳои дар Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ таҳкимёфта, ҳамчунин иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаи ӯ вогузошта замина ба ҳисоб меравад. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳо ва ӯҳдадориҳои ташкилдиҳандаи мақоми ҳуқуқии шаҳрванди давлати мо таҳким бахшида шудаанд. Ҳамаи одамони шаҳрванди Тоҷикистон маҳсубшаванда мақоми якхелаи ҳуқуқӣ дошта, ба андози баробар соҳиби ҳуқуқу озодиҳо мебошанд ва ӯҳдадориҳои баробар доранд.

Боби 2-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷкистон дар як вақт ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои чи ҳар одам ва чи танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон мансуббударо таҳким бахшидааст. Шаҳрванд аз ҳамаи ҳуқуқу озодиҳо бархурдор буда, дар назди ҷомеа ва давлат вазифаҳое дорад, ки ба ӯ ҳам чун шаҳрванд ва дар як вақт ҳам чун умуман, одам дода шудааст. Масалан, моддаи 27-и Конститутсия танҳо ба шаҳрвандони мамлакат ҳуқуқҳои иштирок кардан дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат бевосита ё тавассути намояндагон ва дастрасиро ба хизмати давлатӣ додааст. Мувофиқи моддаи 28-и Конститутсия ҳар шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба муттаҳид шуда, аз сафҳои онҳо барояд.

2.АСОСҲОИ СОҲИБИЯТ ВА ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ШАҲРВАНДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Асоси ҳуқуқии соҳибият ва қатъ гардидани шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 ноябри соли 1995 ва дигар санадҳои қонунгузорӣ мебошад.

Мувофиқи моддаи 15-и Конститутсия «шаҳрванди Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад». Яъне Конститутсия танҳо як ҳолати соҳибиятро ба шаҳрвандӣ таҳким бахшидааст. Дигар асосҳои соҳибият, ҳамчунин қатъ гардидани шаҳрвандӣ бо Қонуни конститутсионии зикршуда муайян карда мешаванд. Чунин асосҳо тибқи моддаҳои 15 ва 27-и Қонуни конститутсионии мазкур инҳо мебошанд:

№ Соҳнбият ба шаҳрвақдии ҶТ Катъ гардидани шаҳрвандии ҶТ

1. Аз рӯи таваллуд Дар натиҷаи баромадан аз шаҳрвандӣ

2. Бо тартиби аз қаӣд гузаштан Гум кардани шаҳрвандӣ

3. Бо тартиби қабул ба шаҳрвандӣ Дар натиҷаи бекор кардани қарор дар бораи қабули шаҳрвандӣ

4. Дар натиҷаи барқарорсозии шаҳрвандӣ Дар натиҷаи маҳрум шудан аз шаҳрвандӣ

5. Бо роҳи интихоби шаҳрвандӣ (оптатсия) Бо роҳи интихоби шаҳрвандӣ (оптатсия)

6. Аз рӯи асосҳои дигар Аз рӯи асосҳои дигар

Соҳибият ба шаҳрвандии Тоҷикистон аз рӯи таваллуд чунин маъно дорад, ки кӯдаки волидонаш шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз мавқеи буду боши онҳо, шаҳрвандии мамлакати моро соҳиб мешавад.

Дар сурати шаҳрвандони давлатҳои гуногун будани волидон кӯдак, агар дар каламрави Тоҷикистон таваллуд шавад, соҳиби шаҳрвандии давлати мо мешавад: агар вай берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ таваллуд шаваду вале яке аз волидон ба таври доимӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ дошта бошад ҳам, кӯдак шаҳрвандии Тоҷикистонро соҳиб мешавад. Кӯдаке, ки яке аз волидонаш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешаваду волиди дигар шахси бетабаа бошад, низ, сарфи назар аз ҷои таваллуд, шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Агар ҳар ду волид ашхоси бетабаа бошанду вале ба таври доимӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ кунанд, кӯдак шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Кӯдаконе, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ қарор доранду волидонашон маълум нестанд, низ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар сурати муқаррар кардани падархондии кӯдак, вақте падар шаҳрванди мамлакати мо эътироф шаваду модар шахси бетабаа бошад, кудаки ба синни 14-солагӣ нарасида, сарфи назар аз ҷои таваллуди ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешавад. Ғайр аз ин кӯдаке шаҳрванди Тоҷикистон эътироф мешавад, ки волидайни ӯ дар шаҳрвандии дигар давлатҳо қарор доранду аммо ин давлатҳо ба ӯ шаҳрвандии худро надодаанд.

Бо тартиби аз қаӣд гузаштан ашхосе соҳиби шаҳрвандӣ мешаванд, ки ҳамсар ё хешовандашон аз рӯи шаҷараи бевосита (бобояш, бибияш) шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Дар ин маврид ба ҳаққонияти аққи никоҳи байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахси хориҷӣ басташуда диққат додан лозим аст, зеро тартиби оддии соҳибият ба шаҳрвандӣ ба андозаи муайян метавонад барои бастани аҳди никоҳи бардурӯғ асос шавад. Чунин никоҳҳо барои гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон бояд асос нашаванд, вале агар барои додани шаҳрвандӣ ба чунин одам қарор қабул шуда бошад, он мувофиқи тартиботи муқарраркардаи қонун бояд дар тӯли панҷ сол бекор карда шавад.

Шаҳрвандии Тоҷикистон бо тартиби аз қайд гузаштан ҳамчунин ба ашхосе дода мешавад, ки дар лаҳзаи таваллуд ақаллан яке аз волидонашон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буду вале аз рӯи таваллуд шаҳрвандии дигар давлатро соҳиб шудаанд. Чунин ашхос шаҳрвандии Тоҷикистонро тӯли панҷ сол бо расидан ба синни ҳаждаҳсолагӣ соҳиб шуда метавонанд.

Дар қонунгузории мамлакати мо нуқтаи муҳим қабул ба шаҳрвандӣ (натурализатсия) мебошад. Дар ин маврид шарти қабул ба шаҳрвандӣ зиндагии доимӣ дар мамлакат аст. Барои шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа муҳлати 5-сол ё 3 соли истиқомати бетанаффус пеш аз муроҷиат баҳри соҳибият ба шаҳрвандии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Шаклҳои нисбатан оддӣ ва сабуки қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи асосҳои зерин пешбинӣ мешавад: 1) дар шаҳрвандии собиқ ИҶШС будан; 2) ба фарзандӣ қабул кардани кӯдаке, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст; 3) мавҷудияти комёбиҳои барҷаста дар соҳаҳои илм, техника ва фарҳанг, ё вақте шахс соҳиби касбест, ки барои мамлакат манфиатовар аст; 4) мавҷудияти хизматҳо дар назди халқ дар эҳёи Тоҷикистон, дар амалисозии арзишҳои умумиинсонӣ; қаблан дар шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон будан ё аз рӯи таваллуд дар шаҳрвандии Тоҷикистон будани ақаллан яке аз волидон аз руи шаҷара (падар, модар, бобо, бибӣ ва ғайра); 6) дар ахди никоҳ будан бо шаҳрванди Тоҷикистон; 7) ёфтани паноҳгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муроҷиат бобати гирифтани шаҳрвандӣ асоси бечунучарои додани шаҳрвандии Тоҷикистон шуда наметавонад. Бо қонун ҳолатҳое пешбинӣ шудаанд, ки муроҷиат бобати қабул ба шаҳрвандии Тоҷикистон рад карда мешавад: 1) агар одам ҷонибдори зӯран дигаргун кардани сохти конститутсионӣ дар мамлакат бошад; 2) агар дар сафи ҳизбҳо ё ташкилотҳое бошад, ки фаъолияти онҳо бо принсипҳои конститутсионии мамлакат мувофиқ нестанд; 3) агар шахс барои амалҳои аз ҷониби қонунҳои Тоҷикистон таъқибшаванда маҳкум шудаасту дар шакли аз озодӣ маҳрум ҷазо мебинад; 4) агар шахс шаҳрвандии дигар давлатро соҳиб асту байни ин давлат ва Тоҷикистон бобати душаҳрвандӣ созишнома нест.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳолатҳои дар боло зикршуда чи ҳангоми муайян кардани шартҳои додани шаҳрвандии Тоҷикистон ва чи барқарорсозии шаҳрвандии ашхосе, ки қаблан дар шаҳрвандии мамлакати мо буданд, ба эътибор гирифта мешаванд.

Ба шаҳрвандии Тоҷикистон дар ҳолатҳои барқарорсозӣ ба шаҳрвандӣ соҳиб шудан мумкин аст: 1) агар дар шахс шаҳрвандии Тоҷикистон ба сабаби фарзандхонӣ, муқаррар кардани васояту парасторӣ қатъ шуда бошад; 2) агар дар шахс шаҳрвандии Тоҷикистон ба сабаби тағйир ёфтани шаҳрвандии волидан қатъ шуда бошад. Дар ин маврид шахс ҳақ дорад, шаҳрвандии худро дар тӯли панҷ сол аз рӯзи ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидан барқарор намояд.

Проблемаи шаҳрвандӣ вақте низ пайдо мешавад, ки сарҳадҳои мамлакат тағйир ёбанд. Дар ин маврид ашхоси дар ҳудуди мансубияти давлатиаш тағйирёфта зиндагикунанда ҳуқуқи интихоби шаҳрвандии худро соҳиб аст. Аммо тартибу шартҳои интихоби шаҳрвандӣ бо қарордодҳои байнилмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Қаӣд кардан ҷоиз аст, ки асосҳои соҳибият ба шаҳрвандии мамлакати мо ҳамчунин дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 ноябри соли 1995 шуда метавонанд. Бо ҳамин тартиб бо қонунгузорӣ ҳолатҳои қатъшавии шаҳрвандии Тоҷикистон бо фарогирии маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ ва гум кардани шаҳрвандӣ муайян гардидаанд.

Қатъшавии шаҳрвандӣ аз ҷониби шахс гум кардани робитаи ҳуқуқӣ бо ҳамон давлат аст. Усули нисбатан паҳншудаи қатъшавии шаҳрвандӣ бо иродаи (хохиши) худи одам вобаста аст - ин баромадан аз шаҳрвандӣ мебошад. Агар дар ин хусус шаҳрванд мувофиқи тартиботи муқарраршуда дархост намояд, ин ҳолат ҷоӣ дорад. Тартиби оддии баромадан аз шаҳрвандии Тоҷикистон вақте истифода мешавад, ки агар ақаллан яке аз волидон ё ҳамсар, ё кӯдаки шахси бобати баромадан аз шаҳрвандӣ дархосткарда шаҳрвандии дигар давлатро дошта бошад, ё вай барои иқомати доимӣ ба дигар давлат рафта бошад, ба шарте, ки омилҳои монеъшавандаи қонеъсозии чунин дархост набошанд. Дархост дар бораи баромадан аз шаҳрвандӣ дар мавридҳои зерин рад карда мешавад; 1) агар шаҳрванд дар мамлакате, ки Тоҷикистон бо он ба ӯҳдадориҳои қарордодӣ дар бораи кӯмаки ҳуқуқи робита надорад, зиндагӣ кунад, ё нияти он ҷо кӯчида рафтан дошта бошад; 2) агар шахс бо ашхоси воқеӣ ва юридикии Тоҷикистон ӯҳдадориҳои амволӣ дошта бошад; 3) тибқи муқаррароти қонун дар назди мамлакат дигар вазифаҳои иҷронакарда дошта бошад.

Баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳое роҳ дода намешавад, ки: агар одами дархосткунанда бобати даъват ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ даъватнома дошта бошад ва ин амал то анҷоми муҳлати хизмат давом мекунад; агар шаҳрванд ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда бошад, ё нисбати у ҳукми қувваи қонунӣ пайдонокарда мавҷуд бошад, ки бояд иҷро шавад, ё баромадани шахс аз шаҳрвандӣ ба манфиатҳои амнияти давлат мухолиф бошад.

Яке аз асосҳои қатъшавии шаҳрвандии Тоҷикистон шаҳрвандиро гум кардани шахс маҳсуб мешавад. Қонун ду ҳолатро муқаррар кардааст, ки дар сурати мавҷудияти онҳо шахс шаҳрвандиро гум мекунад: 1) агар шахс ба хизматӣ ҳарбӣ дарояд, дар мақомоти амният, политсия, мақомоти адлия ё дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлати хориҷӣ хизмат кунад; 2) агар шахси ба таври доимӣ дар давлати хориҷӣ зиндагикунанда бе сабабҳои узрнок тӯли панҷ сол дар қаӣди консулӣ наистода бошад. Дар ҳар ду ҳолат ҳам шахсони зикршуда шаҳрвандиро ба таври механикӣ гум намекунанд. Гумшавии шаҳрвандӣ танҳо аз замони қайдшавии далелҳои мазкур аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ба амал омада, дар ин бобат баровардани ягон хел қарори махсус талаб карда намешавад.

Боз як асоси қатъшавии шаҳрвандӣ интихоб кардани шаҳрвандии дигар давлат (оптатсия) дар натиҷаи дигаргуншавии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рӯи дигар асосҳои пешбиникардаи қарордоди байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар натиҷаи бекор кардани қарор дар бораи қабул ба шаҳрвандӣ қатъ мегардад. Ба ин далели қаблан пешниҳод гардидани маълумотҳо ва ҳуҷҷатҳои бардуруге асос мешавад, ки бояд бо тартиботи судӣ тасдиқ карда шавад. Танҳо дар асоси қарори суд бекор кардани қарор дар бораи қабул ба шаҳрвандӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонда мешавад. Қисми 2-и моддаи 30-и Қонуни конститутсионии зикршуда нуқтаи басо

муҳим дорад, ки тибқи он қоидаи болоӣ ба ҳамсар ва кӯдакони шахси шаҳрвандии Тоҷикистонро соҳибшуда, агар огоҳии онҳо бобати бо роҳи ғаӣриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ исбот нашавад, паҳн намегардад.

Тағӣир ёфтани шаҳрвандии яке аз ҳамсарон шаҳрвандии кудакони аз ин никоҳ таваллудшуда, аз он ҷумла кӯдакони ба фарзандхонӣ қабулкардашударо тағӣир намедиҳад. Иқомати доимии шаҳрванд берун аз ҳудуди мамлакат, ба ҷуз ҳолатҳои муқарраркардаи қонун, боиси қатъшавии шаҳрвандии ӯ намегардад. Шаҳрванди дар хориҷа будаи Тоҷикистон аз ҳимоя ва парастории давлат бархурдор аст.

3.ДУШАҲРВАНДӢ ВА БИСЁРШАҲРВАНДӢ. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷуз ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ва қарордодҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансубияти шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳрвандии дигар давлат иҷозат намедиҳад. Дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 ноябри соли 1995 мумкин набудани душаҳрвандӣ аниқу дақиқ таъкид шудааст.

Муайян кардани мақоми ҳуқуқии шахси душаҳрвандӣ дошта бо он зич алоқаманд аст, ки ӯ дар кадоме аз давлатҳо зиндагӣ мекунад. Чунончи, агар одами дар шаҳрвандии як мамлакат қарордошта барои истиқомати доимӣ ба қаламрави дигар мамлакат равад, вай аз лаҳзаи пайдо кардани мақоми дар қаламрави он доимозиндагикунанда ҳуқуқу вазифаҳоеро амалӣ месозад, ки аз шаҳрвандии дигар мамлакат бармеоянд. Дар ҳаҷми пурра истифода кардани он ҳуқуқу озодиҳо, ҳамчунин ба зимма доштани вазифаҳои шаҳрванди мамлакате, ки вай дар қаламрави он ба таври доимӣ зиндагӣ мекунад, бо проблемаи истиқоматӣ доимӣ алоқаманд аст. Ба ибораи дигар, шахс ҳуқуқ надорад, ки дар як вақт ҳуқуқу озодиҳои аз шаҳрвандии ҳар ду мамлакат бармеомадаро амалӣ гардонад.

Чун қоида, бо истиқомати доимӣ ҳамчунин проблемаҳои таъминоти иҷтимоӣ, тақсимот, хизматрасонии тиббӣ, иҷрои ӯхдадориҳои ҳарбӣ (дар қайди ҳарбӣ будан, хизмати ҳарбиро иҷро кардан, эҳтиётӣ будан ва ғайра) алоқаманданд.

Шаҳрвандии волидайн шаҳрвандии кӯдаконро муайян мекунад. Волидайн барои кудак то расидани ӯ ба синни 18-солагӣ аз тариқи якҷоя ариза додан шаҳрвандии як мамлакатро ба роҳи рад кардани шаҳрвандии дигар мамлакат интихоб карда метавонанд. Дар мавриди набудани яке аз волидон чунин ҳуқуқро волиди дигар соҳиб аст. Тағйирёбии шаҳрвандии волидон ба тағйир ёфтани шаҳрвандии кӯдакони то 18-сола оварда мерасонад. Аммо дар сурати гум кардани шаҳрвандии давлат ва нигаҳдории шаҳрвандии давлати дигар мутаносибан шаҳрвандии кудакони то 18-сола тағйир меёбад. Шаҳрванди ба синни ҳаждаҳсолагӣ расида ва душаҳрвандӣ дошта метавонад ҳар ду шаҳрвандиро ҳам нигоҳ дорад, ё яке аз онҳоро интихоб намояд. Он чи ки дар боло зикр шуд, ба кӯдакони ба фарзандхонӣ қабулшуда ва онҳое, ки яке аз волидонашон душаҳрвандӣ дораду дигаре бетабаа ё номаълум аст, низ мутааллиқ аст.

Шахсони душаҳрвандӣ дошта аз ҳимояву парастории ҳар кадоме аз давлатҳо бархурдоранд. Дар сурати қарор доштани онҳо дар хориҷа ҳимоя ва парасторӣ аз ҷониби давлате пешниҳод мегардад, ки онҳо дар қаламрави вай ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: шаҳрвандӣ, раият, душаҳрвандӣ, натурализатсия, оптатсия.

Савол ва супоришҳо

1.Шаҳрвандӣ чист? Оё ҳар одами хоста шаҳрвандии дигар давлатро соҳиб шуда метавонад?

2.Шумо кадом санадҳои қонунгузории Тоҷикистонро, ки ба масъалаҳои шаҳрвандӣ бахшида шудаанд, медонед?

3.Асосҳои соҳибият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед. Соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ аз рӯи таваллуд чӣ маънӣ дорад?

4.Дар кадом ҳолатҳо дархостро дар бораи қабул ба шаҳрвандӣ рад кардан мумкин аст?

5.Асосҳои қатъшавии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед.

6.Оё дар Тоҷикистон ба душаҳрвандӣ роҳ дода мешавад?

7.Ин вазъиятро бодиққат хонед ва баррасӣ кунед: «Кӯдак дар Ҷумҳурии Қиргизистон таваллуд шуд. Волидони кӯдак шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Кӯдак соҳиби шаҳрвандии кадом давлат мешавад?»

Реклама