1.МАФҲУМ ВА АҲАМИЯТИ ҲУҚУҚИ ОЗОДИИ СУХАН, МАТБУОТ ВА ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ АХБОР. Байни ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон озодии сухан мавқеи махсусро ишғол карда, яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои конститутсионии инсон маҳсуб мешавад.
Озодии сухан аз назорати идеологии давлат озод будани ҳар кас, имконияти ошкоро (хаттӣ, шифоҳӣ, бо истифодаи воситаҳои ахбори омма) баён кардани фикри худро оид ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва фаъолияти давлат дар назар дорад.
Ҳар инсон дар ҷомеа оид ба ин ё он проблема фаҳмиши худро дорад, метавонад дар бораи моҳияти онҳо, ҷанбаҳои гуногун, роҳҳои ҳаллашон андешаҳои худро баён созад. Дар ҳар ҷомеа ҳамеша нуктаҳои назари мухолиф буда метавонанд. Плюрализми (бисёр будани) андешаҳо яке аз шартҳои рушду барқарории давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, зеро имконият медиҳад, ки муваффақиятҳо ва камбудиҳои равандҳои дар давлат ва ҷомеа баамалоянда нишон дода, таваҷҷӯҳ ба пешниҳодҳои мушаххаси шаҳрвандон оид ба тағйир додани вазъият, аз ҷумла бобати таъмин ва ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии одамон, равона карда шавад.
Озодии сухан якчанд унсурро дар бар мегирад, ки бо ҳам зич алоқаманд буда, дар ягонагии ногусастанӣ арзи вуҷуд мекунанд:
1) озодии ҳар одам барои ошкоро баён кардани фикр, ғояҳо ва андешаҳои худ ва тарғиби онҳо бо ҳамаи усулҳои қонунӣ;
2) озодии матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма аз сензура ва ҳуқуқи шаҳрвандон баҳри таъсис додан ва истифода кардани мақомоти иттилоотӣ;
3) озодии дастрасӣ ба манбаҳои иттилоот ё ҳуқуқи гирифтани иттилооте, ки манфиати ҷамъиятӣ дошта, ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дахл доранд.
Воситаҳои ахбори омма (ВАО) рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, бюллетенҳо ва дигар нашрияҳои даврии барои тарғиби ошкоро пешбинишуда, ҳамчунин намоишҳои телевизион ва барномаҳои радио, хроникаи кино, хабарҳои агентиҳои иттилоотӣ, сабтҳо ва барномахои аудио ва аудиовнзуалӣ мебошанд.
Озодии матбуот ва истифодаи воситаҳои ахбори омма дар ҳар давлати демократии замони ҳозира кафолат дода мешавад.
Васоити ахбори оммаи ба Шумо маълуми дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаро ба хотир оред ва номбар кунед.
Озодии сухан, матбуот ва Ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор на танҳо ба шаҳрвандони мамлакат, балки шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа низ тааллуқ доранд.
Озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор ба ҳуқуқҳои “насли якум” мансубанд. Стандартҳои ҳозираи байналмилалии ҳуқуқҳои инсон ин ҳуқуқро таҳким бахшидаанд. Чунончи, мутобиқи моддаи 19-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар “ҳар як инсон ба озодии ақида ва баёни озодонаи он ҳақ дорад, ин ҳуқуқ бемамониат нигоҳ доштани ақидаи худ, озодона, бо ҳар восита ва сарфи назар аз сарҳади давлатӣ ҷустуҷӯ, дастрасу интишор намудани маълумоту ғояҳоро дар бар мегирад”.
Моддаи 19-и Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ ба ҳамин ҳуқуқ бахшида шудааст: “1. Ҳар як инсон ҳақ дорад, ки ақидаҳои худро бемамониат пайравӣ намояд. 2. Ҳар як инсон ба изҳори озодонаи ақидаи худ ҳақ дорад; ин ҳақ озодии ҷустуҷу кардан, ба даст овардан ва паҳн намудани ҳама гуна маълумот ва ғояро, сарфи назар аз марзҳои давлатӣ, шифоҳй, хаттӣ, ё тавассути матбуот ё шаклҳои бадеии изҳор ё дигар усулҳо бо интихоби худ дар бар мегирад”.
Ба ин тариқ, озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор ҳуқуқи муҳимтарини сиёсӣ ба шумор меравад ва бе таъмини он сохти демократии давлат ғайри имкон аст.
2.КОНСТИТУТСИЯ ВА ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ОЗОДИИ СУХАН, МАТБУОТ ВА ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ АХБОР. Озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.
Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Моддаи 30-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин нишондоди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҷузъ ба ҷузъ дар қонунгузории ҷории ҷумҳурӣ, масалан, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”-и соли 1990 (бо тағйироти соли 2002), дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ” (соли 2003) ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба тартиб оварда шудаанд.,
Мутобиқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва диғар воситаҳои ахбори омма” матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озоданд. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳуқуқ дорад ақидаю афкори худро озодона баён кунад, онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма тарғиб намояд. Мувофиқи моддаи 27-и қонуни мазкур шаҳрвандон барои фавран гирифтани маълумоти боэътимод дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор тавассути воситаҳои ахбори омма ҳақ доранд. Ташкилотҳои давлатӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҳаракатҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки маълумоти барои воситаҳои ахбори омма заруриро пешниҳод кунанд.
Ҳуқуқи таъсиси воситаҳои ахбори оммаро ҳукуматҳои маҳаллӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, таш- килотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои оммавӣ, иттифокҳои эҷодй, иттиҳодияҳои коопе- ративӣ, динӣ ва дигар иттиҳодияҳои шаҳ- рвандон, ҳамчунин ашхоси алоҳидаи ба синни 18 расида доранд. Аммо инҳо му- ассисони ВАО шуда наметавонанд: шаҳ- рвандони ба синни 18 нарасида ё муво- фики тартиботи муқарраркардаи қонун ғайри қобили амал ё қисман ғайри қоби- ли амал эътирофшуда, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки фаъолията- шон бо қонун манъ шудааст; шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа.
Ҳамаи ВАО дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз қайд гузаронида шуда бошанд. Дар мамлакати мо фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ иҷозат дода мешавад.
Муқаррароти зерини дар моддаи 30-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин моддаи 2-и қонуни зикргардида таҳкимбахшидашуда муҳим аст: “Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои. танқид манъ аст”.
Сензура назорати ҳокимияти расми 6а мундариҷа, интишор ва паҳн кардани маводи чопӣ, мундариҷа ва иҷрои (намоиш додани) намоишҳои саҳнавӣ, барномахои радио-телевизион бо мақсадн роҳ надодан ё маҳдуд кардани паҳншавии ғояҳо ва маълумотҳоест, ки ғайрн қобили қабул ва зараровар зътироф мешаванд.
Дар даврони шӯравӣ муассисае бо номи “Идораи адабӣ” (Главлит) мавҷуд буд, ки маводи илмӣ, бадеӣ, мақолаҳо, барномаҳои радио ва телевизионро ҳамаҷониба аз назар мегузаронд. Ҳамаи ин мавод, агар дар онҳо ягон фикри мухолифи идеологияи расмии давлат бошанд, чоп ва пахш карда намешуданд. Яъне озодии афкор ва сухан маҳдуд буд.
Дар Тоҷикистони ҳозира сензура дар ҳамаи шаклҳо манъ аст, ки ин аз ҷониби давлат кафолат дода шудани озодии сухан ва озодии воситаҳои ахбори омма мебошад.
3.МАҲДУДИЯТИ ОЗОДИИ СУХАН, МАТБУОТ ВА ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ АХБОР. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикиетон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” баробари ба воситаҳои ахбори омма додани ҳуқуқи озодона амал кардан баъзе маҳдудиятҳои озодии сухан ва матбуотро низ таҳким бахшидааст.
Дар моддаи 6-и қонуни мазкур омадааст, ки нашр кардани маълумотҳое, ки сирри давлатӣ ё ягон сирри бо қонун ҳимояшаванда мебошанд, даъватҳои зӯроварона сарнагун сохтан ё дигар кардани сохти конститутсионӣ, пастзанандаи шаъну эътибори давлат ва Президент, тарғиби ҷанг, зӯроварӣ ва бераҳмӣ, терроризм дар ҳамаи шаклҳои зуҳуроти он, истисно ё бадбинии нажодӣ, миллӣ ва динӣ, порнография, даъватҳои содир кардани кирдорҳои чун ҷиноят ҷазододашаванда дар воситаҳои ахбори омма манъ аст.
Ҳамчунин истифодаи воситаҳои ахбори омма барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, таарруз ба шарафу эътибори онҳо манъ буда, бо қонун таъқиб карда мешавад. Ҳар як журналист вазифадор аст, ҳуқуқҳо, манфиатҳои ҳуқуқӣ, эътибори миллии шаҳрвандон, ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии ташкилотҳоро эҳтиром намояд.
Зарари маънавии ба шаҳрванд расонидашуда дар натиҷаи дар ВАО паҳн кардани маълумотҳои ноҳақи доғдоркунандаи шаъну эътибори шаҳрванд, ё зарари дигари ба ӯ расонидашуда бо қарори суд таллофӣ карда мешавад.
Махдудсозии озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор дар ҳолатҳое,ки агар маълумот ва иттилоот сирри давлатиро ташкил диҳанд ва агар дар мамлакат вазъияти фавқулодда эълон шуда бошад, раво аст.
Мувофиқи моддаи 30-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи маълумотҳое, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, бо қонун муайян карда мешавад.
Сирри давлати маълумотҳои ҳифзкунандаи давлат дар соҳаи мудофиа, иқтисодиёт, муносабатҳои беруна, амнияти давлатӣ ва ҳимояи тартиботи ҳуқуқи мебошанд, ки паҳн кардани онҳо ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонида метавонанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ” (соли 2003) номгӯи маълумотҳоеро, ки ба сирри давлатӣ мансубият доранд, таҳким бахшидааст. Масалан, дар соҳаи мудофиа - дар бораи силоҳҳо ва таъминоти моддӣ-техникии Қуввахои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра; дар соҳаи иқтисодиёт - дар бораи истифодаи нақлиёт, алоқа, дигар соҳаҳо ва объектҳои инфраструктураи мамлакат ба манфиати таъмини амнияти он, дар бораи захираҳои металлҳо, сангҳои қиматбаҳо, асъор ва дигар арзщнҳо, амниятҳои марбут ба тайёр кардани нишонҳои пулӣ ва қогазҳои қиматнок ва ғайра; дар соҳаи муносибатҳои беруна - дар бораи содирот ва воридоти силоҳҳо, техникаи ҳарбӣ, навъҳои алоҳидаи стратегии ашёи хом ва маҳсулот ва ғайра; дар соҳаи амнияти давлатӣ ва ҳимояи тартиботи ҳуқуқӣ - дар бораи ташкил ва тартиби амалисозӣ ва хифзи мақомоти олии ҳокимияти қонунбарор ва ҳокимияти иҷроия, муассисаҳои давлатии бонкӣ ва ашхоси дорои мансаби олии давлатӣ, дар бораи низоми алоқаи ҳукуматӣ ва махсус ва ғайра.
Маълумотҳои зерин ба сирри давлатӣ тааллуқ надоранд: 1) дар бораи офатҳои табиӣ, фалокатҳо ва дигар воқеаҳои фавқулодда, ки ба амал омадаанд ё ба амал меоянду ба амнияти шаҳрвандон тахдид мекунанд; 2) дар бораи ҳолати муҳити зист ва саломатӣи аҳолӣ, дараҷаи зиндагии он бо фарогирии ғизо, либос, манзил, хизматрасонии тиббӣ ва таъминоти иҷтимоӣ, ҳамчунин дар бораи нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-демографӣ, вазъияти тартиботи ҳуқуқӣ, маърифат ва фарҳанги аҳолӣ; 3) дар бораи амалҳои ғайриҳуқуқии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор.
Дастрасй ба сирри давлатӣ ба шаҳрвандони қобили амали ба синни 18 расидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ба онҳо ба сабаби фаъолияти хидматӣ ё илмӣ- таҳқиқотиашон зарур аст ва барои ин тибқи муқаррароти пешбининамудаи қонуни мазкур рухсатномаи мувофиқ ба расмият дароварда шудааст, мумкин аст.
Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа дастрасӣ ба сирри давлатӣ дар ҳолатҳои истисноӣ дар асоси созишномаҳои байналмилалӣ ё рухсати хаттии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин мебошад.
Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ВА О, сензура, сирри давлатӣ.
Савол ва супоришҳо:
1.Озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор чист? Амалисозии ҳуқуқи мазкур барои инсон ва шаҳрванд чӣ аҳамият дорад?
2.Файласуф ва маорифпарвари франсавӣ Волтер навищтааст: "Бе озодии баёни фикри худ одамон ҳеҷ гуна озодие надоранд Ба андешаи Шумо, файласуф чиро дар назар дорад?
3.Тасаввур кунед, ки дар ҷомеа озодии сухан амалӣ мешавад, аммо кафолатҳои озодии матбуот нест. Оё дар ин ҳолат озодии сухан ба таври воқеӣ амалӣ шуда метавонад? Нуқтаи назари худро далелнок созед.
4.Санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллии таҳкимбахшандаи озодии сухан ва матбуотро номбар кунед.
5.Оё кӯдак метавонад муассиси воситаҳои ахбори оммаи кӯдакона боилад?
6.Сензура чист? Оёон дар Тоҷикистони имрӯза амалӣ мешавад?
7.Дар кадом ҳолатҳо маҳдудияти озодии сухан ва матбуот раво аст?
8.Сирри давлатӣ чист? Кадом маълумотҳо сирри давлатианд?
Реклама