§61. ТАВСИФИ УМУМИИ НИЗОМИБАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

§61. ТАВСИФИ УМУМИИ НИЗОМИБАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

1.МЕХАНИЗМҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН: МАХСУСИЯТҲО ВА НАВЪҲО. Ҳуқуқҳои инсон ва қазияҳои ҳифзӣ он ҳанӯз дар замонҳои кадим таваҷҷӯҳи инсониятро ба худ ҷалб кардаанд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бо гузашти асрҳо тадриҷан барқарор гардида, дар санадҳои қонунгузории сатҳҳои гуногун таҳким ёфтаанд. Ҳуқуқҳои инсон, ҳамчунин ҳифзи онҳо чун проблемаҳои давлатҳои алоҳида пеш аз ҳама дар қонунгузориҳои онҳо таҳким ёфта ва ба ганзим дароварда шудаанд. Ҳалли мусбати проблемаи мазкур аз бисёр ҷиҳат бо вазифаҳои иқтисодию сиёсӣ ва мавқее. ки инсон дар низоми арзишҳо дар давлат ишғол менамуд, аз таваҷҷӯҳи давлат ба арзишҳои демократӣ. озодӣ ва риояи ҳуқуқҳои инсон чун симои асосии рушди дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият ва давлат баамалоянда вобаста буд.

Асри XX дар фаҳмишу ҳифзи ҳуқуқҳои инсон саҳми басо бузург гузошт. Пеш аз ҳама, ҳуқуқи инсон чун категорияи байналмилалӣ пазируфта шуд, номгӯи ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосӣ, ки бояд ҳар як одам соҳиб бошад, муайян гардид, ҳамчунин механизмҳои байналмилалии ҳифз ва назорати риояи ҳуқуқҳои инсон муқаррар гардиданд. Ба ин ҳама вайронкуниҳои оммавии ҳуқуқҳои инсон дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ваҳшонияти режимҳо, мавҷудияти низоми мустамликадорй, табъизи нажодӣ, геносид ва ғайра сабаб гаштанд.

Марҳилаи муҳим дар муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таъсиси Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) гардид, Оинномаи СММ аввалин муоҳидаи байналмилалие маҳсуб мешавад, ки ба инкишофи ҳамкории давлатҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон асос гузошт.

Самтҳои асосии фаъолияти СММ дар соҳаи ҳуқуқи инсон инҳоянд:

1.Таҳияи санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон. Ба сифати мисоли чунин санадҳо Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (аз 10 декабри соли 1948), Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (аз 16 декабри соли 1966), Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (аз 16 декабри соли 1966) ва ғайраро номбар кардан мумкин аст;

2.Назорати иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифтаи давлатҳо дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон. Инҳо ташкили мақомоти махсусе мебошанд, ки вазифаашон назорати доимӣ ба риояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон дар ҳудуди ҳамаи давлатҳо, бе ягон истисно, мебошад.

3.Доир кардани машваратҳо оид ба масъалаҳои марбут ба ҳуқуқҳои инсон.

СММ ҳамаи функсияҳои худро тавассути мақомоти асосию ёрирасони хеш, ки ба ин ё он андоза бо масъалаҳои ҳуқуқи инсон машғул мешаванд, амалӣ мегардонад. Масъулияти асосӣ барои иҷрои вазифаҳои марбут ба риояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ба зиммаи Ассамблеяи Генералӣ гузошта шудааст. Ваколати мақомоти мазкур дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон бо моддаи 13-и Оинномаи СММ муайян гардидааст. Дар он гуфта мешавад: “Ассамблеяи Генералӣ бо мақсади ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанғ, маориф, нигаҳдории тандурустӣ ва кӯмак баҳри амалисозии ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосӣ барои ҳама, сарфи назар аз нажод, ҷинс, забон ва дин, таҳқиқот гузаронида, тавсияҳо медиҳад».

Ассамблеяи Генералӣ омӯзиши ҳолат, эътирофу риояи ҳуқуқҳои инсонро тавассути Шӯрои иқтисодию иҷтимоӣ ва мақомоти ёрирасони он, муассисаҳои махсусгардонидашуда ва Муншии умумии СММ ташкил мекунад. Дар натиҷаи баррасихо тавсияҳои дахлдор қабул мегарданд. Онҳо ҳарчанд характери ҳатмӣ надошта бошанд ҳам, бар асоси он ки ба ҷонибдориашон ҳама ё аксари кулли давлатҳои аъзои СММ овоз додаанд, чун ӯҳдадориҳои умумӣ қариб аз ҷониби ҳама иҷро мешаванд.

Мутобиқи Оинномаи СММ (моддаи 22) Ассамблеяи Генералӣ барои иҷрои вазифаҳои худ ба андозаи зарурат мақомоти гуногуни ёрирасон таъсис медиҳад.

Таҳти сарварии Ассамблеяи Генералӣ бо масъалаҳои ҳуқуқҳои инсон Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ машғул мешавад. Он соли 1946 Комиссияи оид ба ҳуқуқҳои инсонро ташкил дод, ки ба доираи вазифаҳояш аз ҷумла омӯзиши васеи вазъияти ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва тайёр кардани пешниҳодоту маърӯзаҳо дар ин хусус ба Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дохил мешавад.

Ассамблеяи Генералй дар иҷосияи 48-уми худ 20 декабри соли 1993 Резолютсияи № 48/141-ро дар бораи таъсис додани мансаби Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон қабул кард, ки вазифаи вай ҳамоҳангсозии тамоми фаъолияти СММ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, андешидани тадбирҳои дахлдори афзункунандаи самаранокй дар ин соҳа мебошад.

Бо қазияҳои ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҳамчунин дигар мақомоти СММ, аз ҷумла идораи Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезаҳо, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Барномаи СММ оид ба муҳити зист (ЮНЕП), ҳамчунин муассисаҳои махсусгардонидашудаи СММ- Ташкилоти байналхалқии меҳнат, ЮНЕСКО, Ташкилоти умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ ва ғайра машғуланд.

Механизмҳои минтакавии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон. Баробари механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон механизмҳои минтақавӣ низ амал мекунанд, ки САҲД, ИДМ ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) қаблан Машварат оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номида мешуд. Вай бар асоси Хуҷҷати хотимавии Хелсинки 1 августи соли 1975 ташкил ёфта, яке аз самтҳои фаъолияташ эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ мебошад. Дар ин ҳуҷҷат қайд шудааст, ки давлатҳои иштирокдор ҳуқуқҳо ва озодиҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраро дастгирӣ мекунанд, инкишоф медиҳанд ва дар ҳаёт пурсамар татбиқ менамоянд. Давлатҳои иштирокдор озодии шахсиятро бобати ибодат овардан ба дин ё эътиқод бо ҳидояти виҷдони худ эътироф ва эҳтиром мекунанд; ҳуқуқҳои ақаллиятҳо, баробарии онҳоро дар накди қонун эҳтиром мекунанд, ба онҳо имконият фароҳам меоваранд, ки аз ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ истифода кунанд ва ғайра. Ба сурати умум қисмати УП-и Ҳуҷҷати хотимавй пурра ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон бахшида шудааст.

Дар асоси қарори мулоқоти Будапешт аз 1 январи соли 1995 Машварат оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Авруло ба Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо табдил дода шуд ва мутобиқан ба ин салоҳияти мақомоти он васеъ гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи САҲА мебошад ва дар мамлакати мо намояндағии нозирони САҲА фаъолият мекунад.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. 8 декабри соли 1991 роҳбарони се давлат - Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус ва Украина Созишномаро дар бораи таъсис додани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба ҷои ИҶШС ба имзо расонданд. Баъдан роҳбарони 11 ҷумҳурии собиқ иттиҳод, аз ҷумла Тоҷикистон, 21 декабри соли 1991 Протоколро ба созишномаи зикргардида имзо карданд. 9 декабри соли 1993 ба ИДМ Ҷумҳурии Гурҷистон низ ҳамроҳ шуд. 22 январи соли 1993 Оинномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул карда шуд, ки ба принсипҳо ва меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи байналмилалӣ, муқаррароти Оинномаи СММ ва Ҳуҷҷати хотимавии САҲА асос мекунад.

Мутобиқи моддаи 2-и Оинномаи ИДМ яке аз ҳадафҳои асосии ИДМ «таъмини ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инсон мутобиқи принсипҳо ва меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуҷҷатҳои САХД», ҳамчунин кӯмак кардан ба шаҳрвандони ИДМ баҳри озодона ҳаракат ва муошират кардан мебошад.

Низоми мақомоти ИДМ аз ду навъ иборат аст: 1) Мақомоти оинномавӣ. 2) Мақомоти дигар.

Ба мақомоти оинномавӣ Шурои сарони давлатҳо, Шурои сарони ҳукуматҳо, Кумитаи ҳамоҳангсозию машваратӣ, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа, Шӯрои фармондеҳони қушунҳои сарҳадӣ, Суди иқтисодӣ, Комиссияи оид ба ҳуқуқҳои инсон дохил мешаванд.

Ба гурӯҳи дуюм мақомоте дохил мешаванд, ки дар асоси созишномаҳо ё мутобиқи қарори Шурои сарони давлатҳо « Шӯрои сарони ҳукуматҳо таъсис ёфтаанд. Инҳо Котиботи иҷроия, Шурои сарони идораҳои берунии иқтисодӣ, Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддимонополӣ, Шӯрои байнидавлатӣ оид ба вазъиятҳои характери табиӣ ва технологӣ дошта ва ғайра мебошанд.

Ҳар як давлати иштирокдор, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди мақомоти оинномавӣ ва мақомоти дигари ИДМ намояндаи доимии мухтори худро доранд, ки робитаҳои байниҳамдигарӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлати худро ба амал мебароранд.

Мақоми олии ИДМ Шӯрои сарони давлатҳо мебошад. Он масъалаҳои махсусан муҳими фаъолияти давлатҳои аъзоро дар соҳаи манфиатҳои умумии онҳо муҳокима мекунад. Шӯрои сарони давлатҳо соле ду маротиба ҷамъомад мегузаронад. Бо пешниҳоди яке аз давлатҳои аъзо гузаронидани ҷамъомади ғайринавбатии Шӯрои сарони давлатҳо мумкин аст (моддаи 21-и Оиннома).

Шӯрои сарони ҳукуматҳо ҳамкории мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатҳои аъзоро ҳамоҳанг месозад ва соле чор маротиба ҷамъомад мегузаронад. Ҷамъомади ғайринавбатиро бошад, бо ташаббуси ҳукумати яке аз давлатҳои аъзо даъват кардан мумкин аст.

Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ҳамоҳангии фаъолияти давлатҳои аъзоро ба амал бароварда, дар мутобиқсозии онҳо бо фаъолияти

ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкили машваратҳо оид ба масъалаҳои сиёсии ба манфиатҳои ҳамагон мувофиқ саҳм мегирад.

Кумитаи ҳамоҳангсозӣ-машваратӣ мақомоти доимоамалкунандаи иҷроия ва хамоҳангсози ИДМ мебошад. Вай дар роҳи иҷрои қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шурои сарони ҳукуматҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ пешниҳодҳо омода карда, барои тайёр кардани лоиҳаи ҳуҷҷатҳо машваратҳои намояндагон ва мумайизонро (экспертҳоро) ташкил мекунад, ташкилу гузаронидани ҷамъомадҳоро таъмин менамояд, ҳамчунин ба кори дигар мақомоти ИДМ ёрмандӣ мекунад.

Шӯрои вазирони мудофиа мақомоти оид ба сиёсати ҳарбӣ буда, фаъолияти идораҳои мудофиавии ИДМ-ро ҳамоҳанг месозад.

Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ бо масъалаҳои ҳифзи сарҳадҳои берунии давлатҳои аъзо ва таъмини мӯътадилии онҳо машғул мешавад.

Суди иқтисодӣ мақомоти ҳалкунандаи баҳсҳои дар раванди иҷрои ӯҳдадориҳои иқтисодӣ ба амал меомада буда, тафсири нуқтаҳои созишномаҳо ва санадҳои дигарро оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ба амал мебарорад.

Комиссияи оид ба ҳуқуқҳои инсон мақомоти машваратӣ ва назораткунандаи ИДМ ба рафти иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифтаи давлатҳои аъзо дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон мебошад.

2. НАҚШИ ТАШКИЛОТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН. Дар шароити хозира нақши ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон беш аз пеш меафзояд. Аввалан, бо ташаббуси ташкилотҳои байналмилалӣ конференсияҳо, семинарҳо, машваратҳои дараҷаҳои гуногун даъват мешаванд, ки ба шарҳу эзоҳ ва тавзеҳи маънӣ ва аҳамиятнокии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо мусоидат мекунанд. Дуюм, онҳо ба муқаррар гардидану сурат гирифтани ҳамкориҳои байни давлатҳо дар масъалаи риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон кӯмак мерасонанд. Сеюм, ташкилотҳои байналмилалӣ таҷрибаи пешқадаму мусбати давлатҳоро бобати таъмини ҳифзи дилхоҳи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва ғайра дар тамоми ҷаҳон паҳн месозанд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: САҲА, ИттиҳодиДавлатҳои Мустақил.

Саволҳо ва супоришҳо:

1.Кадом механизмҳои минтақавии ҳифзи ҳуқуқи инсонро медонед?

2.Нақши Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА)-ро дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон шарҳ диҳед.

3.Ба фаъолияти ИДМ ҳамчун созмони минтақавӣ тафсир бахшед.

Реклама