§43. ҲУҚУҚ БА ҲИФЗИ САЛОМАТӢ

§43. ҲУҚУҚ БА ҲИФЗИ САЛОМАТӢ

1.ҲУҚУҚ БА ҲИФЗИ САЛОМАТӢ: МАФҲУМ, АҲАМИЯТ. Саломатӣ ва қобилияти кории одамон арзишҳои муҳимтарини иҷтимоии давлат мебошанд. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 38) ҳуқуқи ҳар кас ба саломатӣ таҳким бахшида шудааст. Дар банди 1-и моддаи 170-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, саломатӣ ба номгуи арзишҳои шахсии ғайримоддӣ дохил карда шудааст. Қонунгузории амалкунанда мафҳуми мушаххаси саломатӣро кушода надодааст, бинобар ин дар адабиёти ҳуқуқшиносӣ дар бораи мафҳуми саломатӣ ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Дар Оинномаи Ташкилоти умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ ҳамчун «некӯаҳволии пурраи (комили) иҷтимоӣ, ҷисмонӣ ва руҳии одам» зикр гардидааст. Ду навъи саломатӣ - алоҳидаи шахсӣ (инфиродӣ) ва саломатӣи аҳолиро бояд фарқ кард. Саломатии инсонро танҳо дар муқоиса бо беморӣ эътироф кардан нашояд. Вай таркиб ё ҳамоҳангии сифатҳои биологй ва иҷтимоӣ аст. Беҳуда нест, ки ҳануз дар замонҳои қадим ба омилҳои муайянкунандаи саломатӣ шароитҳои хуби зиндагӣ, нақшаи гигиенӣ, ғизои пурмаҳсулро шомил медонистанд. Ҳанӯз Суқроти бузург гуфта буд, ки саломатӣи инсон аз фаъолият, одатҳо ва шароити зиндагии одам вобаста аст.

Нигаҳдории тандурустӣ институти комплексист. Ба он тайёр кардани кадрҳои тиббӣ, чорабиниҳои гуногуни иҷтимоӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, илмӣ, тиббӣ, санитарию эпидемиологӣ ва пешгирикунандае дохил мешаванд, ки давлат ба манфиати шаҳрвандони худ бояд ба амал барорад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатӣи аҳолӣ» (соли 1997) воситаҳои асосии таъминсозии саломатӣ инҳоянд: гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунандаи бемориҳо дар ҷои истиқомати аҳолӣ; мубориза бар зидди ин бемориҳо; таъмин кардани шароитҳои мусоиди зиндагӣ; расонидани хизматҳои тиббӣ ва санитарӣ; дастрасии баробарии халқ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва санитарй; масъулиятшиносии кормандони тиб барои сари вақт расонидани хизмати босифати тиббӣ; табобат ва барқарорсозии саломатӣи одамон.

Ба ин тариқ, ҳуқуқ ба саломатӣ яке аз ҳуқуқҳои муҳимтарини иҷтимоӣ

дар ҷаҳони имруза ба шумор меравад. Ба мундариҷаи ин ҳуқуқҳо омилҳои зерин дохил мешаванд: 1). Ҳуқуқ ба гирифтани ёрии касбии тиббӣ. Мутобиқи моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи саломатӣи аҳолӣ” шаҳрвандон ҳангоми гум кардани қобилияти корӣ ва ҳолатҳои дигар ба ёрии иҷтимоии тиббӣ (табобатӣ, ташхисӣ, пешгирикунанда ва ғайра) ҳақ доранд. Чунин ёрии пешгирикунанда бояд дар муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустӣ ройгон расонида шавад. Мувофиқи нишондоди ин қонун шаҳрвандон бо ёрии таъҷилии тиббӣ дар муассисаҳои наздиктарини тиббию пешгирикунанда, сарфи назар аз тобеияти ҳудудию идоравии онҳо, бояд таъмин карда шаванд. 2). Ҳуқуқ ба таъминоти саривақтй бо доруворӣ тавассути бастани қарордодҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ. 3) Ҳуқуқ ба протезикунонии (ориятии) пулакӣ дар асоси қарордод. 4). Ҳуқуқ ба табобати косметологӣ дар асоси қарордод. 5). Ҳуқуқ ба донорӣ ва трансплантатсия. 6). Ҳуқуқи иштирок дар озмоиши тиббӣ. Бояд дар назар дошт, ки мутобиқи моддаи 18-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ қарор додани инсон манъ аст. 7). Ҳуқуқи шаҳрванд ба беҳдошти экологӣ, санитарӣ-эпидемиологй ва радиатсионӣ. 8). Ҳуқуқи шаҳрванд ба дастрасӣ ба маълумот дар бораи саломатӣи худ ва омилҳои ба саломатӣи ӯ таъсиррасонанда. 9). Шаҳрвандон ба таллофй карда шудани зарари ба онҳо расонидашуда ҳангоми ташхис, озмоиш ё худтабобат ҳақ доранд. 10). Ҳуқуқи шаҳрванд ба муносибати инсондӯстонаи кормандони тиб, интихоби духтур ва муассисаи табобатию ташхискунанда, бо хоҳиши ӯ гузаронидани консилиум ва машваратҳо, ҳуқуқи даъват кардани адвокат барои ҳифзи ҳуқуқҳои вайроншуда.

2.РАСОНИДАНИ ЁРИИ ТИББӢ БА АҲОЛӢ. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатӣи аҳолӣ» (моддаи 22) ва «Дар бораи фаъолияти тиббии хусусӣ” (моддаҳои 11-13 ва 15 -16) ду навъи ёрии тиббӣ - ёрии тиббии ройгон ва ёрии пулакии муассисаҳои хусусии тиббиро (дар сурати мавҷудияти дипломи духтур ва рухсатнома барои чунин фаъолият) ҷудо мекунанд. Расонидани ёрии пулакӣ мувофиқи қарордоде сурат мегирад, ки дар адабиёти ҳуқуқшиносии Россия ва хориҷа номҳои гуногун доранд: қарордод дар бораи расонидани хизмати тиббӣ, қарордоди расонидани хизмати тиббӣ, қарордоди байни духтур ва бемор ва ғайра. Шакли қарордодии расонидани хизмати тиббӣ ба муносибатҳои байни муассисаҳои тиббӣ ва шаҳрвандон монандӣ дорад, зеро он бо дар назардошти манфиатҳои ҳар ду ҷониб амалӣ мегардад. Қарордоди расонидани хизмати тиббӣ, чун қоида, ба таври шифоҳӣ баста мешавад, вале шакли хаттии қарордод низ имконпазир аст.

Ҳангоми расонидани хадамоти тиббӣ ба имкониятҳои моддии шаҳрванд умед бастан лозим нест, зеро бо дар назардошти воқеияти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ чунин самт метавонад ба оқибатҳои ғайричашмдошт оварда расонад. Сифати ёрии тиббӣ аз сифати таҷҳизоти тиббӣ ҳангоми амалиёти чарроҳӣ, воситаҳои доруворӣ ва лаёкатмандии

духтур сахт вобаста аст. Қонун ҳуқуқи беморро барои интихоби духтур муқаррар кардааст. Ҳамчунин дар қонунгузории тиббӣ гурӯҳҳо ва категорияҳои муайяни бемороне муқаррар карда шудаанд, ки ба онҳо бо дастурхати (ретсепти) духтур доруворӣ ройгон ё қисман ройгон дода мешавад. Бояд гуфт, ки таъминот бо доруворӣ яке аз проблемаҳои ҷиддии соҳаи тиб мебошад. Хеле гарон будани нархи дорувориҳои аз хориҷа овардашаванда боиси он гардидааст, ки бисёр духтурон тарзи расонидани хизмати тиббиро на аз рӯи салохдиди тиббӣ, балки бо ризоияти бемор ва ба назар гирифтани вазъи молиявии ӯ ва роҳҳои дигар муайян мекунанд.

Ба ин тариқ, ба ҳифзи саломатӣ дар асоси тадриҷан инки- шоф додан ва баланд бардоштани сифат ва дараҷаи хизматрасо- нии тиббӣ ба аҳолӣ бояд кафолат дода шавад. Дар ин қисмат пешгирии беморӣ, сари вақт муайян кар- дан ва ҷустуҷӯи роҳ- ҳои табобати он, бар- қарорсозии қобилия- ти кории бемор аҳамияти махсус до- рад. Ба ташкилу гуза- ронидани тадбирҳои аз бемориҳо пешгирикунандаи кӯдакон, занони ҳоми- ладор ва наврасон бояд диққати махсус дод.

Дар мустаҳкамшавии саломатӣи шахсият рушди оммавии тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти калон дорад. Тарбияи ҷисмонӣ, машқҳо ва туризм дар мамлакати мо марҳила бар марҳила ба усули доимии ҳаёти муқаррарии одамон табдил меёбанд.

Ҷамъиятҳои варзишӣ барои кӯдакону наврасон аҳамияти ҷиддӣ касб мекунанд. Дар мамлакати мо оид ба таҳким бахшидани заминаи моддӣ- техникӣ, рушди клубҳои машқкунию тарбияи ҷисмонӣ ва таъмин кардани онҳо бо кадрҳои баландихтисос тадбирҳо андешида мешаванд.

Амалисозии ҳуқуқ ба саломатӣ бо таъмини шароитҳои мусоиди зиндагӣ зич алоқаманд аст. Бинобар ин як қатор чорабиниҳои хусусияти умумидошта бояд бо манъи ифлоссозии муҳити зист, партофтани партовҳои истеҳсолӣ ба об таҳким бахшида шаванд. Ғайр аз ин, сарфи назар аз шакли моликият корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор вазифадоранд, ки мутобиқи техникаи бехатарӣ ва гигиенй бояд шароитҳои мусоиди меҳнатро таъмин кунанд.

Мафҳуми зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ

Савол ва супоришҳо:

1.Зери мафҳуми ҳуқуқ ба саломатӣ чиро мефаҳманд? Кадом ҳуқуқу озодиҳо ин мафҳумро фаро мегиранд?

2.Зарурати ҳуқуқ ба ҳифзи саломатиро асоснок кунед.

3.Оё худи шаҳрванд дар ҳаққи саломатии худ гамхорӣ карда метавонад?

4.Санадҳои меъёрии байналмилалӣ ва миллии кафолатдиҳандаи ҳуқуқ ба саломатӣро номбар кунед.

5.Мисолҳои ба Шумо маълуми вайрон кардани ҳуқуқ ба саломатиро оред.