§37. ҲУҚУҚ БА МОЛИКИЯТ

§37. ҲУҚУҚ БА МОЛИКИЯТ

1.ҲУҚУҚ БА МОЛИКИЯТ ВА МЕРОС: МАФҲУМ, АҲАМИЯТ. Нахустасоси ҳамагуна ҷомеа ва давлати демократӣ ҳуқуқи моликияти хусусӣ аст, бинобар ин инкишофи худи институти моликияти хусусӣ ва таҳкимбахшии кафолатҳои ҳуқуқи мазкур аз ҷониби давлат шарти зарурии амалишавии ислоҳотхои ҳозираи иқтисодӣ мебошад.

Ҳуқуқи моликияти хусусиро дар адабиёт ҳамзамон ҳам чун ҳуқуқи иқтисодӣ, ҳам чун ҳуқуқи шахсӣ (шаҳрвандӣ) ва ҳам чун ҳуқуқҳои табиию фитрии инсон баррасӣ мекунанд. Вай ба ҳар инсон, сарфи назар аз шаҳрвандӣ, мутааллиқ буда, яке аз сангҳои маҳаки озодии шахсият мебошад, кӯшиши соҳибият ба моликият ва доштани ҳуқуқи ҳимояшаванда ба он кушиши аксарияти одамон аст.

Моликият амвол ё воситаҳои молиявие мебошанд, ки ба ашхоси алоҳида, давлат ва ташкилотҳо тааллуқ доранд.

Моликият асоси мустақилияти ҳақиқии инсон ва боварии ӯ ба фардост. Файласуфони бузурги гузашта Гегел, Кант ва бисёр дигарон саҳми ҳалкунандаи моликияти хусусиро дар ташаккули ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ асоснок гардондаанд.

Ҳуқуқи моликиятро ҳанӯз Инқилоби бузурги Фаронса чун «муқалдас ва дахлнопазир» эълом доштааст, бинобар ин бисёр муаллифон онро ба ҳуқуқҳои «насли якум» мансуб медонистанд, вале акнун дар бораи характери муқаддасии он чизе намегӯянд, ҳарчанд ҷудонопазирӣ ва дахлнопазирии онро рад ҳам намекунанд.

Тадриҷан ҷомеаи ҷаҳонӣ зарурати ҷорисозии маҳдудиятҳои муайяни ҳуқуқи мазкурро дарк кард. Онҳо бар талаботи батанзимдарории давлатии иқтисодиёт, инкишофи қонунгузории меҳнатӣ ва иҷтимоӣ асос ёфта буданд. Ба ҷомеа аён гашт, ки ҳуқуқи бемаҳдудияти моликияти хусусӣ ба худсариҳои хоҷагидорӣ дар корхонахо, норозигии иҷтимоӣ ва низоъҳо, тақсимоти ноадолатонаи неъматҳои моддӣ оварда мерасонад, бинобар ин вай ба муқаррар ғардидани маҳдудиятҳои боздорандаи худсариҳо мусоидат карда, давлатро ба андешидани чораҳое, ки битавонанд на доираи танги одамон, балки аксариятро соҳибмоликият гардонанд, водор сохтанд.

Дар санадҳои ҳозираи меъёрии байналмилалӣ ва миллӣ ҳуқуқ ба моликият одатан чун яке аз ҳуқуқҳои асосии иқтисодии инсон ва баробар бо ҳуқуқҳои иҷтимоию фарҳангӣ ба ҳуқуқҳои «насли дуюм» мансуб дониста мешавад.

Мутобиқи моддаи 17-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар «Ҳар як инсон ҳақ дорад амволро чи шахсан ва чи якҷоя бо дигарон ихтиёрдорӣ намояд. Ҳеҷ кас набояд аз амволи худ худсарона маҳрум карда шавад».

АМВОЛ маҷмӯи ашё ва арзишҳои моддиест, ки дар моликияти ягон шахс, ташкилот, давлат, муассиса меистад.

Амволи дар моликият бударо ба манқул ва ғайриманқул ҷудо мекунанд. Ба амволи манқул маблағҳои пулӣ, саҳмҳо, вомбаргҳо ва дигар когазҳои қиматнокро мансуб медонанд, ба амволи ғайриманқул бошад, қитъаҳои замин, биноҳои истикоматй, хонаҳо, бӯстонсароҳо, гаражҳо, ашёи рӯзгор ва истеъмоли шахсӣ, корхонаҳо, ки барои амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешаванд, ҳамчунин биноҳо, иншоот, таҷҳизот, ашё ва ғайра дохил мешаванд.

Ихтиёрдории озодонаи моликият ва ҳимояи онро қонун кафолат ме- диҳад, ҳеҷ касро аз моликият маҳрум кардан мумкин нест. Маҳрум кар- дан аз он танҳо му- вофиқи тартиботи муқарраркардаи қонун дар ҳолатҳои зарурати ҷамъиятӣ ва бо таллофӣ наму- дани зарари бароба- рарзиш, ки ҳаҷмаш- ро суд муқаррар кардааст, мумкин аст. Баробари ин истифодаи моликият йабояд ҳуқуқҳо ва озодиҳои дигар шаҳрвандонро вайрон созад.

Ҳуқуқи моликият ҳокимияти истисноӣ ва мустақилро ба ашёи дар асоси қонунӣ гирифтаю таҳкимбахшидашуда мемонад. Бар асоси ин ҳокимият шахс ҳуқуқ дорад дар ҳудудҳои муайянкардаи қонун аз ашё истифода кунад ва ба он ихтиёрдорӣ намояд.

Соҳибият амалан доштани ашё аст. Он қисми асосии ҳуқуқи моликиятро ташкил медиҳад, вале метавонад аз охирӣ ҷудо карда, ба шахси дигар тибки қарордод ё ягон санади дигар дода шавад, масалан, киро додан, қарз додан, вогузории ашё барои соҳибияти ҷорй ва якумрй. Ҳуқуқи соҳибиятро ба моликият, масалан, бо бастани қарордод (хариду фуруш, ҳадякунй, ивазнамоӣ ва ғайра), мустақилона ба вуҷуд овардани чизи нав (сохтмони хонаи истиқоматӣ, фурӯхтани либос ва ғайра), меросгирӣ гирифтан мумкин аст.

Мерос амволест, ки бо тартиби меросгузорӣ аз одами фавтида (меросгузор) ба меросгирон мегузарад.

Хукуқи мерос низ ба ҳар кас кафолат дода мешавад, мерос метавонад ҳуқуқи моликият ба амвол, ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва ғайраро фаро гирад. Амволи баъди фавти соҳибмулк ба мерос гузошташуда тибқи қонун ё васиятномаи мувофиқи қоидаҳои пешбиникардаи қонунгузории гражданӣ тартибдодашуда ба меросгирони он мегузарад.

Истифода кардан ҳуқуқи истеъмоли чиз барои қонеъсозии талаботу манфиатҳои худ вобаста аз таъиноти он буда, вай аз истеъмоли моликиятдорон чи аз худи чиз ва чи аз самараю фоидаҳои меовардаи он иборат аст. Аз амвол бар зарари манфиатҳои дигарон истифода кардан манъ аст. Истифодаро соҳибмулк метавонад ҳамчунин ба шахси сеюм вогузорад.

Ихтиёрдорӣ маънои доштани ҳуқуқи нобуд кардани чиз, тағйир додани таркиби он, бо ҳамаи усулҳои пешбиникардаи қонун даст кашидан аз он, ба шахси дигар вогузор намудани ягон ҳуқуқи дигаре ба чиз, соҳибӣ ва истифода кардани онро дорад.

Ҳуқуқи моликиятдориро танҳо дар асоси қонун махдуд кардан мумкин аст.

2.ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚ БА МОЛИКИЯТ ВА МЕРОС. Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба моликият ва меросро кафолат медиҳанд.

Ҳуқуқи моликиятдорй, чуноне дар моддаи 12-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, яке аз асосҳои конститутсионӣ мебошад.

Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.

Моддаи 12-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликияти ба андозаи баробар аз ҷониби давлат ҳифзшавандаро таҳким мебахшад. Мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон моликият дар мамлакати мо дар ду шакл - ошкоро (давлатӣ) ва хусусӣ зуҳур мекунад. Ба моликияти хусусӣ моликияти шаҳрвандон, ашхоси юридикии ғайриҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои онҳо тааллуқ доранд. Моликияти давлатӣ бо моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналй муаррифӣ шудааст.

Давлат худро вазифадор донистааст, ки моликияти хусусиро ҳифз карда, дахлнопазирии онро таъмин намояд. Мутобиқи моддаи 32-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ҳақ дорад, дар моликият амвол дошта бошад, онро чи танҳо ва чи якҷоя ба одамони дигар соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намояд.

Ҳар кас хақ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад. Хеҷ кас ҳак надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад. 

Моддаи 32-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрванд ҳақ дорад дар моликияти худ ҳама гуна амволи истеҳсолӣ, фарҳангӣ ва таъиноти дигар доштаро, ба истиснои он чизҳое, ки мувофиқи қонун ба сабаби амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба ӯ мансуб буда наметавонанд, дошта бошад. Чунончи, масалан, дар асоси моддаи 13-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд...».

Соҳибмулк хақ дорад нисбати амволи худ ҳар амалеро, бо фарогирии таъсиси корхонаҳо ва хоҷагиҳои хусусӣ ва фаъолиятҳои дигари иқтисодӣ, ба ҷо орад. Кодекси ҷиноятӣ, масалан, барои чунин ҷиноятҳо бар зидди моликият, чун дуздй, қаллобӣ, азхудкунӣ, горатгарй, ҷабру ситам, тамаъҷӯӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунад. Кодекси гражданӣ асосҳои соҳибият ва қатъи ҳуқуқи моликиятро таҳким мебахшад, муқаррар менамояд, ки ба моликияти шаҳрвандон ва шахсони юридикӣ ҳама гуна амвол, ба истиснои навъҳои алоҳида, ки тибқи қонун ба онҳо мансуб буда наметавонанд, дохил мешаванд.

Қонунгузории ба масъалаҳои моликияти хусусӣ бахшидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатҳои ҳуқуқ ба моликиятеро, ки аз таҳкими имкониятҳои васеи соҳибият ба ҳуқуқи моликият, методҳо ва усулҳои ҳифзи он ва таъминот аз ҷониби мақомоти судӣ иборат аст, дар назар дорад.

Кафолати ҳуқуқи моликияти хусусӣ ҳамчунин ҳуқуқи мерос мебошад. Кодекси гражданӣ ҳамаи нозукиҳои гузариши амволи соҳибмулкро баъди фавти ӯ ба меросгирон мувофиқи қонун ё васиятнома ба танзим медарорад.

Ҳуқуқи мерос бояд иҷрои иродаи соҳибмулкро нисбати амволи ӯ кафолат диҳад ва дар айни замон адолатро, алалхусус вақте сухан дар бораи ҳимояи манфиатҳои хешовандони ғайри қобили меҳнат ва хурдсол меравад, таъмин намояд.

3.МАҲДУДИЯТҲОИ ҲУҚУҚ БА МОЛИКИЯТ. Ҳеҷ кас ҳақ надорад ғайриқонунӣ шаҳрвандро аз моликият маҳрум созад ё ҳуқуқи ӯро ба моликият маҳдуд кунад, аммо ҳуқуқи моликиятро дар баъзе ҳолатҳо дар асоси қонун махдуд кардан мумкин аст.

Қарори суд ва ҳукме, ки мусодиракунии амволро пешбинӣ мекунад, барои маҷбуран қатъсозии Ҳуқуқи моликияти хусусӣ асос шуда метавонад. Ҳангоми шароитҳои фавқулодда (офатҳои табиӣ, эпидемияҳо) бо қарори мақомоти давлатӣ кашида гирифтани моликият ба амал бароварда, бо тартиботи маъмурӣ мусодира кардани моликият имконпазир аст, вале дар ҳама ҳолат муроҷиати шаҳрванд ба суд барои барқарорсозии ҳуқуқи худ ба моликият пешбинӣ мешавад. Ғайр аз ин, аз болои ҳамаи ин гуна амалҳо ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Маҷбурӣ маҳрум кардан аз амвол барои эҳтиёҷоти давлатӣ танҳо ба таври пешакӣ ва ба андозаи баробарарзиш таллофӣ кардан мумкин аст. Ба ин маънӣ, милликунонии маҷбурӣ бе ҷуброн, ки дар давлатҳои тоталитарӣ қабул шуда буд, манъ аст.

Мисолҳои таърихии ба Шумо маълуми зуран милликунонии амволро ба хотир оред.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқ ба моликият, моликият, амвол, соҳибият, истифода, ихтиёрдорӣ, мерос.

Савол ва супоришҳо:

1) Зери мафҳуми ҳуқуқ ба моликият чиро мефаҳманд? Маънии мафҳумҳои «соҳибият»,«истифода», «ихтиёрдорӣ»-и моликиятро фаҳмонед.

2) Ба андешаи Шумо, чаро баъзе муаллифон ҳуқуқи моликиятро чун ҳуқуқҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) ва ҳуқуқҳои «насли якум» баррасӣ мекунанд? Фаҳмонед, ки чаро онро ба ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодӣ мансуб донистан мумкин аст?

3) Амвол чист? Кадом амволро ба манқул ва ғайриманқул мансуб медонанд?

4) Шумо кадом шаклҳои моликиятро медонед?

5) Ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ дар кадом санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшида шудаанд?

6) Нақши давлатро дар таъмини кафолатҳои ҳуқуқ ба моликият муайян намоед.

7) Оё ҳуқуқи моликиятро маҳдуд кардан мумкин аст?

8) Мерос чист? Моҳияти ҳуқуқ ба мерос аз чӣ иборат аст?