§ 23. ТАВСИФИ УМУМИИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ

§ 23. ТАВСИФИ УМУМИИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ

Ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) гуруҳи махсуси ҳуқуқҳои инсон мебошанд. Онҳо бояд озодӣ ва мухторияти фардро, чун узви ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳимояи юридикии уро аз дахолати ғайриқонунии берунӣ таъмин намоянд. Асос ва таъиноти ҳуқуқҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) таъмини бартарияти майлҳои инфиродии дохилии рушди ҳар як шахсият, имконияти худмуайянкунӣ ва худтатбиқкунии инфиродии инсон аст. Зеро хусусиятҳои инфиродӣ хоси ҳар як шахсият мебошанд. Онҳо бо мақоми иҷтимоӣ, шароитҳои тарбия, муҳити зист, хусусиятҳои миллӣ, касбӣ ва ғайра муайян карда мешаванд.

Таснифоти ба Шумо маълуми ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба хотир оред. Кадом ҳуқуқу озодиҳо ба насли якум тааллуқ доранд? Кадом Ҳуқуқҳоро инфиродӣ, мутлақ ва негативӣ меноманд?

Категорияи ҳуқуқҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) ба ҳуқуқҳои «насли якум» мутааллиқ аст. Пайдоиши онҳоро одатан бо инқилобҳои буржуазии асрҳои ХVII-ХVIII ва санадҳои қонунгузории он солҳо алоқаманд медонанд. Аммо ин ҳуқуқҳо дар ҷои хушку холӣ ба вуҷуд наомадаанд. Онҳо таърихи барқароршавию рушди худро доранд, манбаъҳои он бо неш задани тухмиҳои назарияи табиӣ - ҳуқуқӣ, ки дар асоси он ғояҳои озодӣ ва баробарии умумии одамон меистанд, алоқаманд аст. Тасаввуроти дар ҷараёни ғояҳои табиӣ - Ҳуқуқӣ ташаккулёфта дар бораи ҳуқуқҳои фитрӣ ва дахлнопазири инсон дар асоси Билли байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон гузошта шуда буданд. Тавсифи хукуқҳо ва озодиҳои шахсии (шаҳрвандии) инсон пеш аз ҳама дар Эъломияи умумии Ҳуқуқи башар (соли 1948), Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (соли 1966) ва дигар хучҷатҳо, ки имрӯз ба сифати стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ мешаванд, дода шудаанд.

ҲУҚУҚҲО ва озодиҳои шахси (шаҳрвандӣ) маҷмӯи ҳуқуқҳо ва озодҳои табии ва ҷудонопазире мебошанд, ки ба инсон аз лаҳзаи таваллуд тааллуқ дошта, аз мансубияти ӯ ба шаҳрвандии давлати мушаххасе вобаста нестанд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои шахсии (шаҳрвандии) инсон озодии инфиродии уро, ки имконнопазирии дахолати ғайриқонунию зӯроваронаи давлатро ба тарафҳои шахсии ҳаёти инсон дар назар дорад, таҷассум мекунад. Онҳо ба инсон чунин неъмат-ҳоро кафолат медиҳанд: ҳаёт, саломатӣ, шараф, қадру қимат, озодии виҷдон, амнияти шахсӣ ва ғайра, ки барои ҳар як шахсият аҳамияти махсус ва арзиши ба-ланд доранд. Зеро бе ма-вҷудияти онҳо дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон маънии худро гум мекунанд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) бо мансубияти шаҳрвандии инсон алоқаманд нестанд ва аз он барнамеоянд, балки ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд тааллуқ доранд. Онҳо бар асоси истилоҳи «ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки дар он қисми зиёди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон амалӣ мегарданд, ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ номида мешаванд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ асоси мақоми ҳуқуқии инсонро ташкил медиҳанд. Бар фарқият аз дигар ҳуқуқҳои инсон онҳо моҳияти инфиродӣ, на коллективии амалишавӣ доранд. Ғайр аз ин махсусияти гуруҳи мазкури ҳуқуқ аз он иборат аст, ки онҳо аз ҷониби ҳар як инсон ба таври доимӣ, дар тамоми тӯли ҳаёт амалӣ мегарданд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои шахсии (шаҳрвандии) инсон негативӣ мебошанд. Давлат ҳуқуқ надорад, ки ба соҳаи ҳаёти шахсии фард дахолат кунад, вале дар айни замон ба зиммаи худ ӯҳдадорӣ намегирад, ки ҳимояи озодиҳои шахсиро аз дахолати ғайриқонунӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ашхоси мансабдор ва шаҳрвандон таъмин кунад. Онҳо як навъ имкониятҳои воқеиро мемонанд, ки давлат ба ҳар фард барои худтатбиқкунӣ, рушд ва қонеъсозии талаботи худ кафолат медиҳад.

Ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ, чун қоида, мутлақанд, яъне боздошт ва махдудсозии онҳо дар ягон ҳолат раво нест, масалан, ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ аз шиканҷа, озодӣ аз гуломӣ. Аммо махдудсозиҳои қонунӣ дар боздонггҳо, ҳабскуниҳо, дар маҳбас нигоҳ доштанҳо, қатъномаи ба ҷое нарафтан ва ғайра ифода мегарданд.

Ба ин тариқ, ҳуқуқ қу озодиҳои шахсӣ (шаҳвандӣ) чунин хусусиятҳо доранд: онҳо табиианд, ҷудонопазиранд, ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд тааллуқ доранд, аз шаҳрвандӣ вобаста нестанд, ҳуқуқҳои “насли якуманд”, инфиродӣ, негативӣ ва мутлақанд.

1.НИЗОМИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСИИ (ШАҲРВАНДИИ) ИНСОН. Ҳамаи ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) вобастаи ҳамдигар буда, низоми ягонаро мемонанд. Низоми ҳуқуқҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) дар моддаҳои 3-16 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, моддаҳои 6-17, 23, 26 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, дар ду Протоколи факултативӣ ба ин паймон ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ - Ҳуқуқӣ зикр гардидааст. Он ҳамчунин дар қонунгузории миллии бисёр мамлакатҳои ҷаҳон таҷассум ёфтааст.

Моддаҳои нишондодашудаи санадҳои байналмилалии мазкурро бодиққат омӯзед, дар онҳо кадом ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон таҳким ёфта ва кафолат дода шудаанд?

Ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дар низом тарзе ташкил карда шудаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо бевосита алоқаманданд ва яке аз дигаре бармеоянд (масалан, ҳуқуқи дахлнопазирии манзил давоми мантиқии Ҳуқуқи дахлнопазирии шахсият аст).

Бо шумули ҳуқуқу озодиҳои шахсии (шаҳрвандии) инсон дар санадҳои гуногуни байналмилалӣ-ҳуқуқӣ инҳо мансуб дониста шудаанд: ҳуқуқ ба ҳаёт ва тансиҳатӣ, ҳуқуқ ба қадру қимати шахсият, ба шараф ва номи нек; ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ; ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, манзил, сирри шахсӣ ва оилавӣ, махфияти мукотибот, гуфтугӯҳои телефонӣ, мухобироти почтавӣ, телеграфӣ ва ғайра; озодии ҳаракат ва интихоби ҷои зист, озодии виҷдон ва дин; интихоби озодонаи миллат ва Забони муошират ва ғайра.

Ҳуқуқҳои зикршуда дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро ёфтаанд ва онҳо дар бахшҳои минбаъдаи китоби дарсии мазкур омӯхта мешаванд.

Дар конститутсияҳои давлатҳои гуногун, чун қоида, ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) пеш аз ҳама таҳким меёбанд, вале ин аҳамияти ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро кам намегардонад. Ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ бо ҳамаи ҳуқуқҳо ва озодиҳои дигари инсон ва шаҳрванд зич алоқаманданд.

Фикр кунед ва аз ҳамбастагии ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) ва ҳамаи гурӯҳҳои дигари ҳуқуқу озодиҳо мисолҳо оред.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқ ва озодиҳои шахсии (шаҳрвандии) инсон, низоми ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ).

Саволҳо ва супоришҳо

1.Пораи зерро азмақолаи профессор Ф.М.Рудинский “Ҳуқуқҳои шаҳрвандии инсон" (Масъалаҳоиумуминазариявӣ, Ҳуқуқҳои инсон, М.2001) бодиққатхонед. «Бар фарқият аз дигар ҳуқуқҳо, ки шахсият ба сифати ходими сиёсӣ (ҳуқуқи сиёсӣ), меҳнаткаш ва соҳибмулк (ҳуқуқҳои иқтисодӣ), иштирокдори ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ) баромад мекунад, дар ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ манфиатҳои инсон чун индивид, яъне чун шахсияти соҳиби хусусиятҳои нотакрори инфиродӣ таҷассум меёбад. Ин ҳуқуқҳо шахсиятро инфиродӣ мегардонанд, ба зоҳирилавии беҳтарин манфиатҳои маънавӣ, майлу рагбатҳо, лаёқатмандиҳои шахсӣ мусоидат мекунанд. Онҳо имконияти интихоби бемамониати навъҳои гуногуни рафторро дар соҳаи озодиҳои инфиродӣ кафолат медиҳанд. Мундариҷаи онҳо бо он маълум мегардад, ки онҳо бояд чунин неъматҳои пурқимати ин озодиро, чун дахлнопазирии ҳаёт, шараф ва қадру қимати шахсӣ, амнияти шахсӣ, ҳаловатҳои ҳаёти хусусӣ ва оилавӣ таъмин кунанд Муаллиф таваҷҷуҳро ба кадом хусусиятҳои ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ ҷалб мекунад?

2.Ба андеилаи Шумо, ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсии (шаҳрвандии) инсон аз дигар гурУҳҳои ҳуқуқу озодиҳо бо чӣ фарқ мекунанд?

3.Ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсии (шаҳрвандии) инсон дар кадом ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ва миллӣ таҳким ёфтаанд? Ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ барои ҳар инсон чӣ аҳамият доранд?

Реклама