§26. ҲУҚУҚ БА ҲАЁТИ ХУСУСӢ

§26. ҲУҚУҚ БА ҲАЁТИ ХУСУСӢ

1.ТАВСИФИ УМУМИИ ҲУҚУҚ БА ҲАЁТИ ХУСУСӢ. Ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ яке аз ҳуқуқҳои шахсии (шаҳрвандии) инсон буда, ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд тааллуқ дорад, аз мансубияти шаҳрвандии шахс вобаста нест ва аз чунин тарафҳои зиндагии дохилӣ ва доираи муоширате, ки онҳо бошуурона махфӣ нигоҳ медоранд, иборат аст. Дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ маҳфуми умумӣ буда, дахлнопазирӣ ба тарафҳои гуногуни ҳаёти шахсӣ (хусусӣ), аз ҷумла асрори шахсиву оилавӣ, дахлнопазирии манзил, махфияти мукотибот, гуфтугӯҳои телефонй, мухобироти почтавӣ, телеграфӣ ва ғайраро дар назар дорад.

Ҳаёти хусуси соҳаи махсуси фаъолияти ҳаётии инсон аст, ки аз ҷониби худи инсон мувофиқи эътиқоди ботинии ӯ назорат карда шуда, мақсадаш!» қонеъ гардонидани талабҳои шахсии ӯ аст.

Ҳаёти хусусӣ соҳаи аз шахсият ҷудонопазирест, ки одам худ қоидаҳои худро муқаррар карда, қарорҳо қабул менамояд. Ҳама гуна дахолат ба хаёти шахсии инсон танҳо дар холатҳои истисноӣ дар асоси қонун ва қарори махсуси суд имконпазир аст.

Фикр кунед, оё ашхоси мазкур ба ҳаёти хусусӣ ҳақ доранд: кӯдак, маҳкумшуда, шаҳрванди ғайри қобили амал?

Ҳар як одам одатҳо, некбинию бадбиниҳо, тарафҳои сусти характер, сир, нақшаҳо, шуғлҳои дӯстдошта ва ғайра дорад, ки бо мафҳуми ҳаёти хусусӣ фаро гирифта мешаванд. Ҳаёти хусусиро ҳар кас дорад, вале оё ӯ мехоҳад, ки ин тарафи ҳаёташ ба ҳама маълум бошад?

Ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ ҳуқуқ аст, на вазифа. Ҳар як одам метавонад “фазои ҳаётӣ”-и худро ҳимоя намояд, вале ӯ инро барои ҳама ошкоро ба ҷо оварда метавонад, ахбороте, ки одам танҳо бо хоҳиши худ ба дигарон мегуяд, номи ахбороти конфиденсиалиро (аз лот. Confident - боварӣ) гирифтааст. Ахбороти махфӣ (конфиденсиалӣ) маънии ахбороти хусусиро дорад, ки шахс ба ягон одами дилхоҳаш бовар карда гуфтааст.

Маънии мафҳуми “ҳаёти хусусӣ” моҳияти таърихӣ дорад, ба ташаккули он расму оинҳо, дараҷаи фарҳанги ҷомеа, хусусиятҳои миллӣ ва анъанавии инкишофи давлат асари худро мегузоранд.

Ба андешаи Шумо, оё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати амалишавии ҳуқуқҳо ба ҳаёти хусусӣ ягон махсусиятҳо ҳастанд?

Зӯран зада даромадан ба манзил, дахолат кардан ба ҳаёти хусусӣ барои ҳеҷ кас мумкин нест, Давлати демократии ҳуқуқбунёд на танҳо ба ҳаёти хусусии шахс дахолат намекунад, балки вазифадор аст, ки онро аз тааррузи ғайриқонунӣ ҳимоя кунад. Масалан, дар бисёр мамлакатҳо сирри шахсӣ ва оилавӣ бо қонун ҳифз карда мешавад. Ҳуқуқ ба эҳтироми ҳаёти хусусӣ ҳуқуқи дахолат накардан ба ҳаёти шахсӣ, ҳуқуқи бо хоҳиши худ зиндагӣ кардан бе ошкорсозии тафсилоти ҳаёти шахсӣ аст.

Давлати тоталитарӣ баръакс, чун қоида, кӯшиш мекунад, ки соҳаи ҳаёти хусусиро то ҳадди охирин махдуд созад. Дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ як қисми соҳибихтиёрии хосаи инфиродӣ, гуфтан мумкин аст, мухторияти шахсият мебошад.

Олимон, ҳуқуқшиносони имрӯза ду ҷиҳати хоси ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти хусусиро ҷудо мекунанд: ҳуқуқи инсон ба дурӣ, ё ҷудошавӣ ва ҳуқуқи инсон ба муошират. Ҳуқуқ ба дурӣ, ё ҷудошавиро онҳо тавассути мафҳуми “сир” баррасӣ мекунанд. Дар айни замон (алалхусус дар ғарб) мафҳуми “прайвеси” (аз англ. privacy - ҷудоӣ, сир, махфият) хеле маъмул гаштааст. Ба ибораи дигар, ҳуқуқ ба ҷудо будан маънии ҳуқуқи инсонро ба осудагузорй дорад. Равоншиносии имрӯза чунин меҳисобад, ки хоҳиши ҷудо, бо фикру андешаҳои худ танҳо ба танҳо будан хосияти табиии ҳар як шахсияти инкишофёфта мебошад, ки онро бояд эҳтиром кард. Ҳуқуқ ба дуриҷӯиро ҳамчун ҳуқуқи мухтор будани шахс аз ҷаҳони ӯро иҳотакарда тавсиф бахшидан мумкин аст.

Ҳуқуқи инсон ба муошират пеш аз ҳама маънии иштироки ӯ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳамкорӣ ва нигаҳдории муносибатҳо бо дигар одамон, алалхусус дар соҳаи эҳсосотӣ, барои рушд ва худтатбикуниро дорад. Дар ин маврид низ рафтори ӯ набояд ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти хусусии дигар одамонро халалдор гардонад.

Дар бисёр мамлакатҳо маҳдудиятҳои муайяни ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ бо қонунгузорӣ ба танзим дароварда шудаанд. Қонунбарор кӯшиш менамояд, ки байни амалисозии ҳуқуқи инсон ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ ва манфиатҳои давлат созишу мусолиҳа пайдо карда, ҳамчунин мақомоти давлатиро аа ошкорсозии сирри давлатию ҳарбӣ эмин дорад.

2.АСОСИ МЕЪЁРЙ-ҲУҚУҚИИ ҲУҚУҚ БА ҲАЁТИ ХУСУСӢ. Дар ибтидои асри XX дар аксари санадҳои байналмилалӣ ва конститутсионӣ таҳкимбахшии ҳуқуқҳо ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ ҷой надоштанд. Бартарият танҳо ба махфияти мукотибот ва мухобироти телеграфию телефонӣ дода шуда буд. Танҳо баъди анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳангоми ислоҳотбахшии низоми давлатии мамлакатҳои аврупоӣ дар конститутсияҳо ишораҳо оид ба ҳаёти хусусии инсон пайдо шуданд. Ҳуқуқи мазкур таҳкими меъёриро дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар пайдо кард.

Ба ҳаёти шахси ва оилавии ҳеҷ як фард дахолати худсарона намудан ва ба дахлнопазирии манзил, сирри мукотибот, шараф ва обрӯи ӯ худсарона суиқасд кардан мумкин нест. Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ки дар мавриди зунин мудохила ё суиқасд аз ҳимояи қонун истифода намояд.

Моддаи 12-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар

Хоҳиши ҳар инсон ва ҳар як оила бобати дар назари  дигар одамон ба таври мусбат вонамуд шудан ва пинҳон доштани маълумотҳо дар хусуси далелҳо ва ҳодисаҳое, ки метавонанд обрӯи ӯро (онҳоро) резонанд, комилан табиӣ аст. Вале аз ҷониби дигар, маҳз ҳамин далелҳо ҳамеша таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеаро ба худ ҷалб мекунанд.

Фикр кунед, оё байни озодии ахбори умум ва сирри шахсию оилавӣ ҳудуде вуҷуд дорад?

Чун қоида, қонунгузорӣ манъ будани ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифода кардани ахборотро дар бораи ҳаёти шахсии одам бе розигии ӯ кафолат медиҳад. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба ҳаёти хусусии одамро таҳким бахшидааст. Мувофиқи қисми 2-и моддаи 23-и Конститутсия “дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст”. Ғайр аз ин дар моддаи мазкур гуфта шудааст: “Маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст”.

Дар ҷаҳони имрӯза бе истифодаи воситаҳои нави алоқа зиндагӣ кардан маънӣ надорад. Ва вазифаи асосии давлат фароҳам овардани шароитҳое мебошад, ки ахбороти бо шабакаҳои алоқа додашаванда аз ҷониби дигарон истифода бурда нашавад. Табиист, ки ҳуқуқи инсонро ба маҳрамияти шахсию оилавӣ, сирри муросилоту мухобирот комилан мутлақ шуморидан нашояд. Давлат далелҳои ҷинояткорона, фаъолияти зиддиҳуқуқии инсонро махфӣ нигоҳ дошта наметавонад. Баъзан бар асоси қарори мақомоти судӣ, вақте оид ба парвандаи ҷиноятӣ гирифтани далелҳои фошкунанда лозим меояд, маҳдудсозии ҳуқуқҳо ба маҳрамияти мукотибот, гуфтугӯҳои телефонӣ, мухобироти почтавию телеграфӣ ва ғайра мумкин аст.

Ҷадвали муайянкунандаи мафҳуми “ҳаёти хусусӣ”-ро бодиққат омӯзед. Шумо ба соҳаи ҳаёти хусусӣ боз чиро дохил карданиед? Оё ҳисобҳои бонкӣ, сирри духтурӣ, иттилоот аз адвокат ё нотариус ҳаёти хусусии инсон шуда метавонанд?

Дахлнопазирии манзили инсон аз ҷониби давлат ба ҳуқуқи махсуси ҳимоя молик аст.

Манзил бинои барои зиндагонии озодонаи инсон махсус пешбинишуда мебошад.

Касе ҳақ надорад, ки ба манзил бар хилофи иродати одамони дар он зиндагикунанда, ба ҷуз ҳолатҳои муқарраркардаи қонун ё дар асоси қарори суд, дарояд. Дар ҳамаи ҳолатҳои дигар худсарона зада даромадан ба манзил танҳо барои рафъ намудани хатари ҷиддӣ ё барало ба амнияти ҷамъиятӣ. инчунин ҳаёту саломатӣи одамон мумкин аст.

Манзили шахс дахлнопазир аст. Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.

Моддаа 22—и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқи инсонро ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ кафолат медиҳанд. Чунончи, Кодекси ҷиноятӣ барои дахолати ғайриқонунӣ ба ҳаёти хусусӣ ҷазо пешбинӣ менамояд. Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ дахлнопазирии манзил ва маҳрамияти мукотиботро кафолат медиҳад: “Кофтуков, кашида баровардан, азназаргузаронии ҷои истиқомати шаҳрвандон, ҳабс кардани мухобирог ва ёфга баровардани онҳо аз муассисаҳои почтавӣ-телеграфӣ танҳо дар асос ва мувофиқи тартиботи муқарраркардаи Кодекси мазкур мумкин аст” (моддаи 7). Дар Кодекси оилавӣ муносибатҳои дохили оила ва ҳуқуқ ба дахлнопазирии он муайян карда шудааст. Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ» (соли 1998) ҳамчунин муқаррар гардидааст, ки мақомоти чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯиро ба амалбароранда аз усулҳои гуногуни ҷамъоварии ахбор, ки ҳаёти хусусии шаҳрвандонро маҳдуд месозанд, метавонанд истифода кунанд. Инҳо назорати маводи бо почта фиристодашаванда, мухобироти телеграфӣ ва ғайра, шунидани гуфтугуҳои телефонӣ ва амсоли инҳо мебошанд. Вале асос барои махдудсозии махфияти алоқаи почтавӣ танҳо қарори суд аст.

Вайронкуниҳои асосии ҳуқуқҳои инсон ба ҳаёти хусусӣ инҳоянд: вайрон кардани ҷудонопазирии шахс ё дахолат ба корҳои шахсии ӯ (шунидан, ба даст овардани гуфтугӯҳои телефонй ё тафтиши (перлюстратсияи) мукотибот, ошкор сохтани маълумотҳои моҳияти шахсӣ дошта, ки аз назари шахс ба нуфузи ӯ дар ҷомеа таъсири номатлуб мерасонанд ё боиси диққатӣ ва ғаму андуҳи ӯ мешаванд; истифодаи ном ё тасвири шахс ба манфиати оне, ки аз вай истифода мебарад, дар навбати аввал бо мақсади гирифтани фоидаи тиҷоратӣ.

Перлюстратсия (аз лот. Рerlustro -ташреҳ медиҳам) аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ашхоси аз почта мавод фиристонанда ба таври махфӣ кушодан ва аз назар гузаронидани мукотибот бо мақсади сензура ё назорат аст.

Ҷадвалро бодиққат омӯзед. Кадом ашхоси мансабдор ва кормандони муассисаҳои давлатӣ ҳақ доранд, ки ба манзил дароянд?

3. ҲАЁТИ ШАХСИИ КӮДАК. Таъмини ҳуқуқҳои кӯдак яке аз проблемаҳои муҳимтарини инсоният аст. Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак (соли 1989) ҳуҷчати махсусест, ки пурра ба ҳуқуқҳои кудак бахшида шудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯдаконро соҳиби ҳамаи ҳуқуқҳое эътироф кардааст, ки ба калонсолон дода шудааст, аз чумла соҳиби ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ.

Дар моддаи 3-и Конвенсия омадааст, ки ҳамаи амалиёт нисбат ба кӯдак бояд тамоми манфиатҳои уро ба эътибор гирад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон никоҳ ва оила, модарӣ ва кӯдакӣ зери ҳимояи давлаганд. Қонунгузории мамлакат, ҳамаи мақомоти давлатӣ вазифадор шудаанд, ки дар навбати аввал ба таъмини ҳуқуқҳои кудак ба зиндагӣ кардан ва тарбия гирифтан дар оила, ҳуқуқи муошират бо ҳар ду волид, бобоҳо, бибиҳо, бародарон, хоҳарон ва дигар хешовандон, ҳамчунин ҳуқуқ ба дахлнопазирй ба ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ мусоидат кунанд.

Ягон кӯдак дар амалисозии ҳуқуқи ӯ ба ҳаёти шахсӣ, ҳаёти оилавӣ, дахлнопазирии манзил ё маҳрамияти мукотибот ё тааррузи ғайриқонунӣ ба шарафу обруи вай объектҳои дахолати худсарона ё ғайриқонунӣ шуда наметавонад.

Моддаи 16-и Конвенсия дар бораи ҳуқуҳҳои кӯдак

Кӯдак ба мукотибот ва навиштори озод, махфияти рӯзнома, интиқолоти почтавӣ, гуфтугӯҳои телефонӣ, мухобироти телеграфӣ, махфияти падархондӣ ҳақ дорад.

Одамони соҳиби баъзе касбу ихтисосҳо, ки ба онҳо вобаста ба фаъолияти касбиашон чунин маълумотҳо бовар карда мешаванд (духтурон, адвокатҳо, рӯҳониён, нотариусҳо) барои маълуму ошкор сохтани ин маълумотҳо ба чавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳамчунин касе наметавонад дахлнопазирии манзили кӯдакро вайрон кунад, ғайриқонунӣ ба манзил даромадан ҷиноят аст.

Тавре дар боло гуфта шуд, кӯдак ба ҳимояи қонун аз чунин мудохилот ва таарруз ҳақ дорад, масалан, қонунгузории ҷиноятӣ сирри падархонд доштани кӯдакро аз дигар шаҳрвандон ҳимоя мекунад.

 

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳаёти хусусӣ, манзил, перлюстратсия

 

Саволҳо ва супоришҳо:

1.Зери мафҳуми ҳуқуқи инсон ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ чиро мефаҳмед?

2.Ҳаёти хусусӣ чист?

3.Ба андешаи Шумо, оё танқид кардани камбудиҳои дигарон дахолат ба ҳаёти шахсӣ аст?

4.Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии таҳкимбахишндаи ҳуқуқи инсонро ба ҳаёти хусусӣ номбар кунед.

5.Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқро ба ҳаёти хусусӣ ҳимоя карда, ҳифзи судии онро кафолатмедиҳад. Вале оёмо чунин шуморида метавонем, ки ҳимояи ҳуқуқ ба ҳаёти хусусӣ вазифаи танҳо давлат аст?

6.Перлютратсия чӣ маънӣ дорад?

7.Агар дар синф ба амал омадани дуздӣ маълум шавад, оё муаллим ҳақ дорад, ки кофтукови хонандагонро гузаронад?

8.Ҷаҳони шахсии худро, ки ба касе дастрас набошад, нависед.