1.ҲУҚУҚ БА ОЗОДИИ ҲАРАКАТ ВА ИНТИХОБИ ҶОИ ЗИСТ. Ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва интихоби ҷои зист яке аз ҳуқуқҳо ва озодиҳои муҳимтарини шахсии (шаҳрвандии) одам аст. Он як навъ имконияти бемонеа ҳаракат кардан, ҷои рафт ва зист интихоб кардани одам дар қисмати дилхоҳи давлат, ҳамчунин тарк кардани мамлакат ва бозгаштан ба он бо риояи як силсила талаботи қонун мебошад. Махсусияти ин озодӣ имкон доштани одам баҳри ихтиёрдорӣ дар макон, ҳамчунин ҳимоя кардан аз дахолати ғайриқонунӣ ба ҳаёти шахсӣ ва таарруз ба он аст.
Озодона ҳаракат кардан дар мамлакат ва ҷаҳон ҳам талабот ва ҳам зарурат аст. Зиёда аз он ин амал яке аз шартҳои инкишофи одам, ҷомеа ва давлат мебошад. Одамон аз замонҳои қадим сайру саёҳатҳо мекарданд ва сарҳадҳои байни давлатҳо ба онҳо барои ҳаракат кардан халал намерасонданд. Ба ҷуз хоҳиши саёҳат кардан одам бисер вақт бо амри зарурат: сафарҳои корӣ, хабаргирӣ ё аёдати наздикон, зиёрат, ҷамъоварии мавод барои китоб, корҳои тиҷорат ва ғайра ба роҳ мебарояд.
Чунончи, масалан, дар Хартияи бузурги озодиҳои соли 1215 омадааст, бе ҳеҷ хавфу хатар ба Англия дохил шудан, аз Англия берун рафтан, чи бо роҳи хушкӣ ва чи бо роҳи обй ба мамлакат омадану дар он гаштугузор кардан дошта бошанд.
Озодии ҳаракат ва интихоби ҷои зист ҳуқуқи табиӣ буда, ба ҳар одам аз лаҳзаи таваллуд мансуб аст ва ҳеҷ кас аз ин ҳуқуқ набояд маҳрум карда шавад. Аммо таърих бисёр мисолҳои вайрон карда шудани ин ҳуқуқро медонад. Чунончи, дар Юнони қадим чунин шакли ҷазодиҳӣ чун остракизм (аз юнонии ostrakon - сафолпора, хазаф) - ронда шудани одамони алоҳидаи «барои халқ хавфнок» (одатан ба мухдати даҳ сол) ҷой дошт.
Қарорро дар ин хусус Шӯрои халқӣ қабул карда, дар он ҳар як шаҳрванди ҳуқуқи овоздиҳӣ дошта дар сафолпора номи одами ба рондан маҳкумшударо менавишт. Ба ин тариқ, одам дигар имконияти дар ҳудуди Ватани худ буданро надошт.
Фикр кунед, аз фанни таърих боз кадом мисолҳои вайрон кардани ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва интихоби чои зист ба Шумо маълум аст?
Махсусияти ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва интихоби ҷои зист ин аст, ки вай ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои фардй, яъне Ҳуқуқҳо ва озодиҳое мансуб аст, ки ҳар одам дар алоҳидагӣ соҳиб асту аз онҳо истифода карда метавонад. Вале баъзан ин ҳуқуқ ба таври коллективй низ амалӣ мегардад. Масалан, дар ҳолатҳои ба ҷои дигари доимӣ кучидани аҳли оила ё худ ба мамлакати дигар рафтани гурӯҳи гурезаҳо.
Мафҳумҳои «ҷои ист» ва «ҷои зист» аз ҳамдигар тафовут доранд.
Ҷои зист хавлиҳо, хонаҳо манзилгоҳҳои зисти хидматӣ, хобгоҳҳо хонаҳои бачагон ва биноҳои дигарест, ки дар онҳо шаҳрванд ба, таври доимӣ ё вақти бештаре дар асосҳои пешбиникардаи қонун зиндагӣ мекунад.
Ҷои зист меҳмонхонаҳо, санаторияҳо, хонаҳои истироҳат, базаҳои сайёҳи (туристӣ), беморхонаҳо, лагерҳои палатавӣ ва ғайра. ҳамчунин биноҳои зисте мебошанд, ки лар онҳо одам муваққатан зиндагӣ мекунад.
Дар ҳудуди муайян озодона ҳаракат кардани одам, аз рӯи салохдиди худ муайян кардани он ки вай дар куҷо бошаду зиндагӣ кунад, бо дигар ҳуқуқҳои одам зич вобаста буда, ба амалишавии онҳо таъсир мерасонад.
Масалан, бо ҳаракат ва интихоби ҷои зист ҳуқуқҳои шаҳрванд ба амалӣ сохтани фаъолияти соҳибкорӣ, ҳуқуқи интихоб кардани навъи фаъолият ва касбу кор, ҳуқуқ ба истироҳат, ҳуқуқ ба нигаҳдории тандурустӣ ва ёрии тиббӣ, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба муҳити мусоиди зист ва ғайра метавонанд алоқаманд бошанд.
Аз як шаҳр рафтани шаҳрваид ба шаҳри дигар, ки ба округи дигари интихоботӣ мутааллиқ аст, баъзан ба амалишавии ҳуқуқҳои сиёсии ӯ таъсир мерасонад, масалан, номзадҳое, ки вай ҳангоми интихобот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ҷонибдории онҳо ҳуқуқи овоз додан дорад, дигар мешаванд. Бисёр вақт ҳаракат ва ҷои исту зисти худро тағйир додани одам дар ҳолати экстремалӣ, масалан, дар шароити муқовиматҳои ҳарбӣ, фалокатҳои экологӣ ва техногенӣ як навъ воситаи асосии ҷон ба саломат бурдан, нигаҳдории тандурустӣ, эмин доштани амвол, халосӣ аз зӯроварӣ ва ғайра мегардад.
Фикр кунед ва доир ба ҳамбастагии ҳуқуқ ба озодона ҷойивазкуни ва интихоби ҷои зист бо дигар ҳуқуқу озодиҳои одам мисолҳо оред.
2.АСНОДИ БАЙНАЛМИЛАЛИ ВА ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ОЗОДОНА ҲАРАКАТ КАРДАН ВА ИНТИХОБИ ҶОИ ЗИСТ. Ҳуқуқ ба озодона ҳаракат кардан ва интихоби ҷои зист аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф шуда, дар ҳамаи ҳуҷҷатҳои асосии байналмилалӣ дар бараи ҳуқуқҳои инсон зикр шудааст.
Ҳар як инсон ҳақ дорад, ки дар ҳудуди ҳар як давлат озодона рафтуомад кунад ва ба худ маҳалли зист интихоб кунад.
Ҳар як инсон ҳақ дорад, ки ҳар кишвар, аз ҷумла кишварн худро тарк кунад ва ба кишвари худ бозгардад.
Моддаи 13-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар
Ғайр аз ин тибқи моддаи 14-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар «ҳар як инсон ҳақ дорад, ки аз таъқибот дар дигар кишварҳо паноҳ ҷӯяд ва аз ин паноҳгоҳ истифода намояд».
Дар моддаи 26-и Конвенсияи махсуси соли 1951 дар бораи мақоми гурезаҳо гуфта шудааст: «Ҳар як давлати қарордодкунанда ба гурезаҳои ба таври қонунӣ ба ҳудуди он меомада дар доираи ҳудуди вай бо шарти риояи ҳамаи қоидаҳои одатан дар чунин ҳолатҳо барои хориҷиён муайяншуда ҳуқуқи зист ва озодана рафтуомад кардан медиҳад».
Дар моддаи 12 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ озодона рафтуомад кардан зикр шудааст: “Ҳар касе, ки дар қаламрави ягон давлат ба таври қонунӣ қарор дорад, дар ҳудуди ин қаламрав ба рафтуомади озодона ва интихоби озодонаи махалли зист ҳақ дорад”.
Конвенсияи соли 1998 дар ИДМ қабулшуда дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон мундариҷаи ин моддаро пурра такрор мекунад (моддаи 22).
Ин нуктаҳо амалан дар конститутсияҳои ҳамаи давлатҳои демократӣ ифода ёфтаанд. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ озодона ҳаракат кардан ва интихоб намудани ҷои зист зикр шудааст:
Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озодӣ маҳалли зист, тарқи ҷумҳурӣ бозгашт ба он ҳак дорад.
Моддаи 24-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба ифодаи дигар, ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки озодона ҳаракат кунад, ҷои бозистодан ва зист интихоб намояд. Ҳар кас метавонад озодона аз ҳудуди мамлакат берун равад ва ба он баргардад.
Ҳуқуқи ҳаракати озодонаро ҳар як одами ба таври қонунӣ дар ҳудуди давлатии ҳар як мамлакат қарордошта соҳиб аст. Инҳо пеш аз ҳама шаҳрвандони ҳамон мамлакат, ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаае мебошанд, ки ба ин мамлакат омадаанд ва рухсати амалкунандаи ин ҷо зистан доранд. Озодона ҳаракат кардан маънии имконият доштан барои ҳар ҷо будан, рафтан ва ба сифати ҷои зист интихоб кардани онро дорад.
Аммо дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун ҳуқуқи озодона ҳаракат кардан ва интихоб намудани ҷои зист метавонад маҳдуд карда шавад.
3.АСОСҲОИ МАҲДУДКУНӢ ВА КАФОЛАТҲОИ ОЗОДИИ ИВАЗКУНИИ ҶОИ ЗИСТ. Ҳуқуқи озодона ҳаракат кардан ва интихоб намудани ҷои зист мутлақ набуда, ба зумраи ҳуқуқу озодиҳое мансуб аст, ки ба манфиати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ашхоси дигар, ҳифзи амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣю осоиштагии аҳолӣ аз ҷониби давлат онро метавон маҳдуд кард.
Ҳуқуқи мазкурро дар ҳудудхои режими муайяндошта махдуд кардан мумкин аст: дар минтақаи сарҳад, дар шаҳрҳои мамнӯи ҳарбӣ; дар мингақаҳои маъмурию ҳудудии мамнӯъ; дар минтақаҳои фалокатҳои экологӣ; дар ҳудудҳо ва мавзеъҳои аҳолинишини ҷудогонае, ки он ҷо ба сабаби мавҷудияти хавфи паҳншавии бемориҳои сирояткунанда ва заҳролудшавии одамон шартҳо ва реҷаҳои махсуси зиндагию фаъолият ҷорӣ карда шудаанд; дар ҳудудҳое, ки вазъиятҳои фавқулодда ва ё ҷангӣ ҷорӣ гардидаанд.
Ҳуқуқи шаҳрвандонро баҳри берун рафтан аз ҳудуди мамлакати худ низ ба андешаи таъмини амнияти давлатӣ ва нигаҳдории сирри давлатӣ маҳдуд кардан мумкин аст. Масалан, агар вобаста ба фаъолияти хидматӣ одам аз сирри давлатӣ бохабар бошад, барои ӯ тартиботи махсуси гирифтани рухсатнома баҳри берун рафтан аз ҳудуди мамлакати худ мавҷуд аст. Ҷои зисти низомиён ҳангоми иҷрои хидмати низомӣ аниқ муайян карда мешавад.
Маҳдудияти нисбатан ҷиддӣ манъи умумӣ баҳри рафтан ба ҷои муайян ва ҳатто муваққатан он ҷо будан ва ҳатто аз он берун рафтан аст. Чунончи, тибқи моддаи 4-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи режими ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» (соли 1995) дар ҳолати эълон гардидани вазъияти фавқулодда мақомоти ҳокимияти давлатӣ метавонанд чунин чораҳо андешанд: ба таври муваққатӣ аҳолиро аз ҷойҳои барои зист хатарнок бо хатман ҷудо кардани ҷойҳои статсионарӣ ва дигар ҷойҳои зист берун кунанд; дар он ҷо режими махсуси рафтану омадани шаҳрвандонро ҷорй намоянд; ба шаҳрвандони алоҳида ба муҳлати муқарраргардида тарк кардани ҷои муайян, хонаи (ҳавлии) худро манъ кунанд; карантин, соати комендантӣ ва ғайра ҷорӣ намоянд. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи мавзеъҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо зиндагӣ кардани одамони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо манъ аст» аз 26 июли соли 2006 ба чунин мавзеъҳо аз ҷумла Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мансуб аст.
Кафили асосии амалисозии ҳуқуқ ба озодона ҳаракат кардан ва интихоб намудани ҷои зист давлат аст. Вай вазифадор аст, барои амалишавии ин ҳуқуқ шароитҳои зарурӣ фароҳам оварад ва дар ҳолатҳои вайрон карда шудани ин ҳуқуқ онро ҳимоя ва барқарор кунад. Бинобар ин ҳар як давлат, масалан, ҳимояи судии ҳаракат ва интихоби ҷои зистро пешбинӣ мекунад ва кафолат медиҳад.
Бисёр мамлакатҳо бо мақсади муайян намудани ҷои зисти аҳолӣ кушиш мекунанд, ки ҷойивазкунии аҳолиро дар ҳудуди худ ба танзим дароранд. Ин барои пешниҳоди хадамоти иҷтимоӣ, банақшагирии буҷети маҳаллӣ, мураттаб сохтани рӯйхати интихобкунандагон ва ғайра зарур аст. Чунин қоидаҳо одатан ҳуқуқҳои одамонро барои интихоби ҷои зист халалдор намекунанд. Фақат одамон вазифадоранд, ки ба мақомоти дахлдори давлатӣ ҷои зисти худро муайян кунанд.
Аммо баъзан муҳоҷирати аҳолӣ дар дохили давлат бо роҳи маҳдуд кардан ба танзим дароварда мешавад. Ин кор баҳри истифодаи маҳдудсозиҳои муайяни юридикии маъмурии озодона ҷойивазкунӣ ва интихоби ҷои зист сурат мегирад. Чунин навъи махдудсозиҳо, масалан, дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба сифати системаи бақайдгирӣ амалӣ мегардиданд. Дар баъзе мамлакатҳо системаи бақайдгирӣ боқӣ мондааст, ё онро ба таври дигар системаи аз қайд гузаштан номидаанд.
Ба ин тариқ, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат кардан ва интихоби ҷои зист яке аз ҳуқуқу озодиҳои асосии шахсӣ ва табиии инсон аст, ки дар санадҳои байналмилалӣ зикр гардида, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.
Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҷои ист, ҷои зист.
Савол ва супоришҳо:
1.Ҳуқуҳ ба озодии ҳаракат кардан ва интихоб намудани ҷои зист чӣ маънӣ дорад? Шумо кадом махсусиятҳои ин ҳуқуқҳоро номбар карда метавонед?
2.Ин гуфтаи А.Д. Сахаровро бодиққат хонед: «Ҳуқуқирафтанро бояд ҳама, аз ҷумла онҳое, ки аксарияти мутлақро ташкил медиҳанду рафтанӣ нестанд, дошта бошанд. Одам танҳо бо доштани ҳамаи ҳуқуқҳо озод аст. Ту дар хонаи дарҳояш қулф зиста, ҳарчанд зарурати ба кӯча баромадан надорӣ, худро зиндонӣ эҳсос мекунӣ». Шумо ин гуфтаро чӣ тавр мефаҳмед?
3.Кадом ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Шумо маълуманд, ҳуқуқи озодона ҳаракат кардан ва интихоби ҷои зистро таҳким мебахшанд?
4.Дар кадом ҳолатҳо ҳуқуқи озодона ҳаракат кардан ва интихоби ҷои зистро маҳдуд намудан мумкин аст?
Реклама