1.МАҚОМОТИ АСОСИИ СММ ОИД БА ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН. Бо проблемаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба андозаи муайян хамаи мақомот ва муассисаҳои СММ машғуланд. Ғайр аз ин СММ мақомоте дорад, ки вазифаи асосиашон ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодиҳои эътирофгардидаи байналмиллалии инсон мебошанд. Инҳо Комиссияи оид ба ҳуқуқҳои инсон, Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон, Идораи Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезаҳо, кумитаҳои гуногун ва ғайраанд.
Комиссияи оид ба хукуқҳои инсон. Комиссияи мазкур аз ҷониби Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ соли 1946 таъсис ёфтааст. Вазифаи асосии он тадқиқи ҳолати таъмин ва амалисозии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, тайёр кардани тавсияҳо ва лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои байалмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон мебошад. Мақомоти мазкур ҳамчунин супоришҳои махсуси Ассамблеяи Генералии СММ ва Шӯрои иқтисодию иҷтимоиро ба ҷо меорад. Дар шароити ҳозира Комиссияи оид ба Ҳуқуқҳои инсон яке аз мақомоти асосии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон гардидааст. Дар комиссия ба таври доимӣ масъалаҳои вобаста ба дағалона вайрон гардидани ҳуқуқҳои инсон муҳокима мешаванд. Комиссияи оид ба ҳуқуқҳои инсон дар ин ё он мамлакат вайрон гардидани ҳуқуқҳои инсонро муқаррар карда, метавонад тафтишоти махсус гузаронад ва оид ба бартарафсозии камбудиҳо тавсияҳо таҳия намояд.
Фаъолияти комиссия мунтазам такмил меёбад. Дар айни замон баробари истифодаи ҳисобогҳои (маърӯзаҳои) даврии давлатҳо дар бораи вазъияти риоя ва таъмини ҳуқуқҳои инсон дар қаламрави худ комиссия аз шабакаи паҳншудаи гурӯҳҳои корӣ ва маърӯзагарон, ки ваколат доранд, вазъият ва ҳолатҳои мушаххаси риояи ҳуқуқҳои инсонро дар мамлакати мушаххас тафтиш намоянд, истифода мекунад, шикоятҳои инфиродӣ ё шикоятҳои гурӯҳҳои одамон ва созмонҳои ғайриҳукуматиро баррасӣ менамояд. Дар оянда фаъолияти Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон метавонад боз ҳам такмил ёбад.
Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон. Ин вазифаро Ассамблеяи Генералии СММ соли 1994 таъсис додааст. Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқхои инсон шахси мансабдорест, ки аз ҷониби Муншии умумӣ таъин шуда, ӯро Ассамблеяи Генералӣ ба мухлати чор сол тасдиқ мекунад. Комисари Олӣ дар фаъолияти худ Оинномаи СММ, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳуқуқхои инсон ба роҳбарӣ мегирад. Вай аз ваколатҳое бархурдор аст, ки имконият медиҳанд ҳама гуна проблемаҳоро дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон баррасӣ намояд ва дар чорабиниҳои ба пешгирию бартарафсозии ҳодисаҳои вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон нигаронидашуда иштирок кунад.
Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон вазифадор аст:
1.Ба риоя ва амалисозии ҳифзи ҳамаи ҳуқуқҳои гражданӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ кӯмак кунад ва ин тадбирҳоро дастгирй намояд.
2.Супоришҳои мақомоти салоҳиятдори СММ-ро дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон иҷро намояд ва бо мақсади кӯмакрасонӣ ба дастгирии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон тавсияҳо пешниҳод кунад.
3.Дар риоя ва амалисозии ҳифзи ҳуқуқҳо ба рушд ва расонидани дастгирӣ дар ин масъала аз ҷониби мақомоти СММ кӯмак кунад.
4.Тавассути Маркази оид ба ҳуқуқҳои инсон ва дигар муассисаҳо дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон хидматгузориҳои машваратӣ, кӯмакҳои механикию молиявиро ба амал барорад.
5.Барномаҳои таълимию тарғиботии СММ-ро дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ҳамоҳанг созад ва ғайра.
Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ҳамасола дар бораи фаъолияти худ ба Комиссияи оид ба ҳуқуқҳои инсон ва тавассути Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба Ассамблеяи Генералӣ ҳисобот пешниҳод мекунад.
Суди байналмилалии ҷиноятӣ моҳи июли соли 1998 таъсис ёфтааст. Барои таъсиси суд инҳо асос шуданд: 1.Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиноят эътироф гардидани баъзе амалҳои зиддиҳуқуқӣ. 2.Бе ҷазо мондани бисёр ашхоси воломақоми давлатӣ, ки бар зидди сулҳ, ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон кирдорҳои зиддиқонунӣ кардаанд. З.Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк гардидани зарурати таъсиси Суди байналмилалии ҷиноятӣ, ки бояд ба ҷиноятҳои характери байналмилалидоштаи аз ҷониби ашхоси алоҳида содиршаванда, сарфи назар аз он ки вай фармонҳои дигар одамонро иҷро кардааст ё худ чунин фармонҳо додааст, таваҷҷуҳ кунад.
Мутобиқи Статут Суди байналмилалии ҷиноятӣ мақомоти судии доимоамалкунандаест, ки ваколатдор аст нисбати ашхоси ҷинояти ҷиддӣ содиркарда тибқи муқарароти қисми 2-и Статут амалиёти судӣ иҷро кунад. Суди байналмилалии ҷиноятӣ вазифаҳои худро дар қаламрави ҳар давлати иштирокдор амалӣ гардонда метавонад. Вай чунин навъҳои ҷиноятро баррасӣ менамояд: 1 .Қатли ом; 2.Ҷиноятҳои ҳарбӣ; З.Бар зидди инсоният; 4,Ҳуҷумҳо. Ҳамаи ин ҷиноятҳо ҷиддӣ буда, боиси изтиробу нигаронии тамоми инсонияти тараққипарвар мегарданд.
Суди байналмилалии ҷиноятӣ аз 18 судя иборат аст. Ба ҳайати он ашхоси дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ, ки одамони беғаразу мустақил мебошанд ва талаботи пешниҳодшавандаи давлатҳоро бобати пешбарӣ ба вазифаҳои баландмақоми судӣ қонеъ кунонида метавонанд. интихоб карда мешаванд. Барои ишғол кардани мансаби судя ҳар давлати иштирокдор як нафар номзад пешниҳод карда метавонад, ки бояд шаҳрванди ҳамон давлат бошад.
2.МАҚОМОТИ ҚАРОРДОДИИ СММ ОИД БА ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН. Баробари мақомоти асосии зикрғардида оид ба ҳуқуқҳои инсон мақомоти ба истилоҳ қарордодӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон мавҷуданд. Онҳо, чун қоида, мутобиқи созишномаҳои байни давлатҳо басташуда таъсис мегарданд. Ба чунин мақомот инҳо мансубанд: Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои инсон, Кумитаи зидди шиканҷа, Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, Кумитаи бартарафсозии табъизи нажодӣ, Кумитаи бартарафсозии табъиз нисбат ба занон ва ғайра. Мақомоти мазкур асосан вазифаҳои назоратиро ба риояи қарордодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ба амал мебароранд.
Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои инсон. Ин мақомоти СММ соли 1977 таъсис ёфта, ба амалишавии Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (1966) назорат мебарад. Кумита аз 18 нафар аъзо иборат аст, ки онҳоро давлатҳои аъзо аз ҷумлаи шаҳрвандони худ интихоб мекунанд.
Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои инсон ҳақ дорад гузоришҳо ва шикоятҳоро дар бораи вайрон гардидани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии инсон, ки аз давлатҳои аъзо мерасанд, баррасӣ намояд. Вай ҳамчунин ваколатдор аст маърӯзаҳоро оид ба тадбирҳои андешидашуда ва дастовардҳои амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар мамлакатҳои аъзо қабул кунад ва баррасӣ намояд. Кумита шикоятҳои хаттии ашхоси алоҳидаро низ, ки ҳуқуқҳояшон вайрон карда шудаанд, баррасӣ мекунад.
Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои кӯдак соли 1991 таъсис ёфта, мақомоти махсус оид ба назорат ба амалишавии нуктаҳои Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак аз 20 ноябри соли 1989 аст. Кӯмита аз 10 аъзо иборат аст, ки давлатҳои аъзо таъин кардаанд. Кумитаи оид ба ҳуқуқхои кудак ба иҷрои ӯҳдадориҳои давлатҳои аъзо дар соҳаи риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак назорат мебарад. Давлатҳои аъзо вазифадоранд, ки ба Кумита оид ба иҷрои Конвенсия ва пешрафтҳо дар соҳаи амалан тадбиқ гардидани ҳуқуқҳои кӯдак маърӯзаҳо пешниҳод намоянд.
Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои кӯдак бо мақомот ва муассисаҳои махсусгардонидашуда СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ҳамкорӣ мекунад, маърӯзаҳои пешниҳодкардаи давлатҳои аъзоро маълуми ҳамагон месозад, таҳқиқу тафтиши махсуси ҳолатҳои амалишавии ҳуқуқҳои кӯдакро мегузаронад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро имзо карда, ба имзорасии онро соли 1993 тасдиқ кардааст.
Кумитаи зидди шиканҷа дар асоси Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар навъҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну эътибор ва ҷазодиҳӣ (аз 10 декабри соли 1984) таъсис ёфтааст.
Кумита аз 10 мумайзи бо овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷумлаи ашхоси давлатҳои аъзо ба мӯҳлати 4 сол пешниҳодкарда иборат аст.
Кумита маърӯзаҳои давлатҳои иштирокдорро оид ба тадбирҳои андешидаашон бобати иҷрои ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон дар роҳи татбиқи Конвенсия баррасӣ мекунад. Агар Кумита дар бораи дар ҳудуди ягон давлати иштирокдор мунтазам истифода шудани шиканҷа маълумоти боэътимод гирад, ҳақ дорад, ки он ҷо, бо гирифтани ризоияти ҳамон давлат, таҳқиқу тафтишот гузаронад.
Мутобиқи моддаи 2-и Конвенсия ҳар як давлати иштирокдор барои пешгирии ҳодисаҳои шиканҷа дар қаламрави худ бояд чораҳои пурсамари қонунгузорӣ, маъмурй ва ғайра бинад. Ягон хел ҳолатҳои истисноӣ шиканҷаро ҳақ бароварда наметавонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкурро соли 1994 тасдиқ карда, он аз 10 феврали соли 1995 барои ҷумҳурй ҳукми амал пайдо кардааст.
Кумитаи бартарафсозии табъизи нажодӣ ба амалишавии Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи бартарафсозии ҳамаи шаклҳои табъизи нажодӣ аз 21 декабри соли 1965 назорат мебарад. Вай аз 18 мумайизи интихобкардаи давлатҳои иштирокдори Конвенсия ба мӯҳлати 4 сол иборат аст. Кумитаи мазкур вазифаҳои худро ба таври зайл амалӣ
месозад: Якум, маърӯзаҳои пешниҳодкардаи давлатҳои иштирокдорро дар бораи чораҳои дидаашон бо мақсади амалисозии муқаррароти Конвенсия ва дар бораи пешрафтҳо дар ин самт меомӯзад. Дуюм, вай ҳақ дорад барои баррасии шикоятҳои ашхоси алоҳида ва баҳри танзими баҳсҳои миёни давлатҳо дар раванди иҷрои уҳдадориҳо оид ба Конвенсия баамаломада гурӯҳҳои кории доимӣ ва комиссияҳои махсуси мусолиҳавӣ таъсис диҳад.
Мутобиқи Конвенсия давлатҳои иштирокдор вазифадоранд дар ҳар ду сол ба Кумита, ки бояд ҳамасола дар назди Ассамблеяи Генералй оид ба фаъолияти худ ҳисобот диҳад, маърӯзаҳо пешниҳод намоянд. Дар натиҷаи омӯзиши маърӯзаҳои давлатҳои иштирокдор вай метавонад оид ба проблемаҳои баррасишуда пешниҳодот манзур созад.
Кумитаи бартарафсозии табъиз нисбат ба занон соли 1982 дар асоси Конвенсия дар барои бартарафсозии ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон аз 18 декабри соли 1979 таъсис ёфтааст.
Ҳадафи асосии Кумита назорати амалишавии мукаррароти Конвенсия буда, он аз 23 аъзо, ки ба муҳлати 4 сол аз ҷумлаи ашхоси дорои сифатҳои баланди ахлоқӣ - мутахассисони варзидаи дар соҳаи ҳуқуқҳои занон пешниҳодкардаи давлатҳои иштирокдори Конвенсия интихоб карда мешавад.
Кумита маърӯзаҳо ва дигар иттилооти пешниҳодкардаи давлатҳои иштирокдорро омӯхта, аз рӯи натиҷаҳои онҳо пешниҳодот ва тавсияҳо тайёр мекунад. Кумита бо дигар мақомоти карордодии СММ ва Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон ҳамкориҳои зич дорад.
Кумита ҳамасола дар бораи фаъолияти худ тавассути Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба Ассамблеяи Генералии СММ маърӯза пешниҳод мекунад. Дар он вай дар асоси омӯзиши маърӯзаҳо ва иттилооти пешниҳодкардаи давлатҳои иштирокдори Конвенсия метавонад пешниҳодот ва тавсияҳо манзур созад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдори Конвенсия дар бораи бартарафсозии ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон мебошад. Вай ин Конвенсияро 26 июни соли 1993 тасдиқ карда, он барои ҷумҳурй аз 25 ноябри соли 1993 ҳукми амал пайдо кардааст.
Давлатҳои иштирокдор оид ба вазъи амалишавии конвенсияҳои дар боло зикршуда давра ба давра маърӯзаҳо пешниҳод менамоянд. Баробари ин агар давлати иштирокдоре чунин шуморад, ки давлати дигаре муқаррароти Конвенсияро иҷро намекунад, вай бояд инро ба кумитаи дахлдор маълум созад. Он гоҳ кумита ин маълумотро ба давлати зикршуда маълум менамояд. Давлати мазкур вазифадор аст, ки дар бораи чораҳои андешидааш дар бадали се моҳ ба таври хаттӣ кумитаро хабардор созад. Дар сурати имконнопазирии танзимшавӣ ин масъала бо роҳи гуфтушунид дар зарфи шаш моҳ ҳал карда мешавад. Ва агар дар ин муддат ҳам масъала ҳал нашавад, давлати манфиатдор масъалаи мазкурро ба баррасии кумита пешниҳод менамояд. Дар сурати зарурат кумита комиссияи мусолиҳавие таъсис медиҳад, ки он баҳси мазкурро омӯхта, ба кумита якҷоя бо тавсияҳо ва хулосаҳо оид ба масъалаи мавриди баҳс маърӯза пешниҳод мекунад. Раиси кумита маърӯзаи комиссияро ба ҳар кадоме аз давлатҳои баҳскунанда мефиристад. Ва ин давлатҳо дар тӯли се моҳ бояд ба кумита ҷавоб гардонда, маълум созанд, ки оё онҳо бо тавсияҳои комиссия розӣ ҳастанд, ё не. Дар ҳолати акс маърӯзаи комиссия ва изҳороти давлатҳои манфиатдор ба дигар давлатҳои иштирокдори Конвенсия фиристода мешавад.
Оид ба бисёр конвенсияҳо имконпазирии пешниҳод кардани шикоятҳои инфиродӣ ё дастаҷамъона бобати ҷой доштани ҳодисаҳои вайрон кардани ҳуқуқҳо, ки дар натиҷаи онҳо давлати мушаххаси иштирокдори Конвенсия метавонад зарар бинад, пешбинӣ шудааст. Агар ҳамаи дигар тадбирҳои ба эътидол оварандаи вазъият натиҷе набахшанд, одамон ва давлатҳои алоҳида метавонанд аз ин имконият истифода кунанд.
Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: табъиз, геносид, шиканҷа, конвенсия, мақомоти конвенсионӣ.
Саволҳо ва супоришҳо
1.Мақомоти асосии СММ-ро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон номбар кунед?
2.Кадом мақомоти қарордодии СММ-ро оид ба ҳуқуқҳои инсон медонед?
3.Ба мақомоти байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кадом ҳолатҳо шикоят кардан мумкин аст?
4.Салоҳияти кумитаҳои СММ-ро муайян намуда, барои исбот мисолҳо биёред.
Реклама