§49. ВАЗИФАИ РИОЯИ ҚОНУНҲО ВА ЭҲТИРОМИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

§49. ВАЗИФАИ РИОЯИ ҚОНУНҲО ВА ЭҲТИРОМИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

1.ҚОНУНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА САНАДҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Санадҳои байналмилалии ҳуқуқиие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Дар низоми вазифаҳои ҳуқуқӣ вазифаҳои конститутсионӣ нақши муҳим мебозанд. Байни онҳо инҳо ҳастанд: ҳифзи Ватан; манъи вайрон кардани ҳуқуқҳо, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии дигар одамен; манъи фаъолиятҳои иқтисодӣ, ки ба монополизм ва рақобати ғайрипоквиҷдонона нигаронида шудаанд; ҳифзи муҳити зист; гирифтани таҳсилоти умумӣ; ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ.

Яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мебошад, ки аз ҷониби СММ 10 декабри соли 1948 қабул карда шудааст. Дар Эъломия қайд карда шудааст: «Ҳар як инсон дар назди ҷомеае, ки рушди озод ва камолоти шахсияти ӯ фақат дар он имконпазир аст, уҳдадор мебошад. Ҳар як инсон дар бобати татбиқи ҳуқуқу озодиҳои худ бояд танҳо ба дараҷае маҳдуд карда шавад, ки аз тарафи қонун фақат бо мақсади таъмини эътирофу эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва қонеъ гардонидани талаботи одилонаи ахлоқӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва осудаҳолии умумӣ дар шароити ҷомеаи демократӣ муқаррар карда шудааст». Чунин масъулият ба зиммаи шаҳрвандон дар шакли вазифа вогузошта шудааст.

Ҳамаи одамон дар назди қонун баробаранд ва бидуни хеҷ як тафовут ба химояи баробари ҳуқуқӣ ҳақ доранд. Ҳамаи одамон дар муқобили ҳар гуна табъиз ки хилофи хамин Эъломия мебошад аа тахдиди табъиз аз ҷонибе, ки набошад, ба ҳимояи баробар ҳақ доранд.

Моддаи 7-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар.

Дар Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак нисбати вазифаҳои волидон ва давлатҳоӣ иштирокдор қайд шудааст, ки волид (он) ё шахсони дигари кӯдакро тарбиякунанда дар доираи қобилият ва имкониятҳои молиявии худ барои таъмини шароитҳои зиндагии баҳри инкишофи кӯдак зарурӣ масъулияти асосӣ ба дӯш доранд.

Давлатҳои иштирокдор мувофиқи шароитҳои миллӣ ва дар доираи имкониятҳои худ оид ба расонидани ёрӣ ба волидон ва дигар шахсони кудаконро тарбиякунанда, амалисозии ин ҳуқуқ чораҳои зарурӣ андешида, дар сурати зарурат кӯмаки моддӣ мерасонанд ва барномаҳоро алалхусус бобати таъмин кардан бо ғизо, либос ва манзил дастгирӣ менамоянд.

Кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун мавҷуданд. Дар мавзӯи мазкур мо ду кодексро баррасӣ мекунем. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доравд озодона аҳци никоҳ бавдавд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ахди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқавд. Бисёрникоҳӣ манъ аст.

Дар ин бобат Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавчуд аст. Дар он аз ҷумла дар қисмати вазифаҳои фарзандон гуфта шудааст, ки фарзандони ба синни балогатрасидаи қобили меҳнат бояд волидони ғайриқобили меҳнат ва ба кӯмак ниёзманди худро парасторӣ кунанду дар ҳақки онҳо гамхорй намоянд.

Андозаи алименти (нафақаи) мувофиқи тартиботи судӣ аз ҳар кадоме аз фарзандон моҳе ситонидашаванда аз ҷониби суд бо маблағи қатъии пулӣ бар асоси вазъи моддӣ ва оилавии волидон ва фарзандон ва дигар ҷонибҳои манфиатдошта муайян карда мешавад.

Бо талаби даъвогар суд ҳангоми муайян кардани андозаи алиментҳо ҳамаи фарзандони ба балогатрасидаи қобили меҳнати волиди мазкурро, сарфи назар аз он ки талабот ба ҳамаи фарзандон пешниҳод шудааст, ё танҳо ба чавд нафаре аз онҳо, бояд ба назар гирад.

Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар вазифаҳо низ муаяйн карда шудаанд: ҳамсарон вазифадоранд, ки аз ҷиҳати модцӣ якдигарро дастгирӣ намоявд; бародарон ва хоҳарони ноболиғи ниёзманд дар сурати надидани кӯмаки моддӣ аз волидони худ мувофиқи тартиботи судӣ бояд аз бародарону хоҳарони ба балогатрасидаи қобили меҳнаташон, ки ба қадри кофӣ маблағ доравд, ин ёриро (алиментро) гиранд; вазифаҳои бобоҳо ва бибиҳо оид ба таъмин намудани наберагони худ; вазифаҳои наберагон бобати таъмин намудани бобоҳо ва бибиҳои худ.

Волидон барои тарбияи фарзандони худ масъуланд, фарзандони ба балоғатрасидаи қобили меҳнат вазифадоранд, ки ба волидони худ нигоҳубин кунанд.

Аз Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баробари дигар кодексҳои соҳавй Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти шаҳрвавдон нақши муҳим мебозад. Дар он ҳудудҳои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, ки барои шаҳрвандон ҳатмианд, муқаррар карда шудаанд:

1.Амалҳои шаҳрвандон ва шахсони юридикӣ, ки танҳо бо нияти зараррасонй ба шахси дигар иҷро карда мешаванд, ҳамчунин суиистифода аз ҳуқуқ дар шаклҳои дигар роҳ дода намешавад.

2.Истифодаи Ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ бо мақсадҳои махдудсозии рақобат, ҳамчунин сӯиистифода аз вазъи ҳукмфармоии худ дар бозор манъ аст.

3.Шахси аз ҳуқуқ сӯиистифодакарда вазифадор аст, ки вазъи шахси аз суиистифода ҷабрдидаро барқарор созад ва зарари ба ӯ расонидашударо таллофӣ намояд.

4.Дар ҳолатҳое, ки суд ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандиро вобаста аз поквичдонона ва оқилона амалӣ гардонида шудан ё нашудани ин ҳуқуқҳо вобаста медонад, поквичдонӣ ва оқилии иштирокдорони муносибатҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ талаб карда мешавад.

5.Амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ набояд ҳуқуқҳо ва манфиатҳои бо қонунгузорӣ ҳифзшавандаи дигар субъектҳои ҳуқуқро вайрон кунад ва набояд ба муҳити зист зарар расонад.

6.Шаҳрвандон ва ашхоси юридикӣ ҳангоми амалисозии ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта бояд поквиҷдонона, бо риояи талабҳои дар қонунгузорӣ зикршуда, принсипҳои ахлоқии ҷомеа амал намоянд, соҳибкорон бошанд, қоидаҳои одоби кориро риоя кунанд. Ин вазифаро аз қарордод набояд истисно кард ё маҳдуд сохт. Поквиҷдонӣ, оқилӣ ва боадолатии амалҳои иштирокдорони муносибатҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ талаб карда мешавад.

7.Ба амалҳои шаҳрвандон ва шахсони воқеӣ, ки ба расонидани зарар ба шахси дигар, ҳамчунин амалисозии ҳуқуқ бар хилофи таъиноти он нигаронида шудаанд, роҳ дода намешавад. Дар сурати риоя нашудани галабҳои пешбиникардаи қисмҳои 6-8-и моддаи мазкур суд метавонад ҳифзи ҳуқуқҳои ба шахс тааллукдоштаро рад кунад.

Ба ин тариқ, ҳар як инсон ва шаҳрванд вазифадор аст, талабҳои қонунҳо, созишномаҳо ва дигар санадҳои миллӣ ва байналмилалиро оид ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон, сарфи назар аз ҷинс, риоя намояд ва дар иҷрои онҳо масъулиятнок бошад.

Мафҳуми зеринро ба хотир гиред: вазифаи риояи қонунҳо ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон.

Савол ва супоришҳо:

1. Чаро ҳар як инсон ва шаҳрванд вазифадор аст, ки қонунҳоро риоя намояд? Риоя накардани қонунгузории мамлакат ба чӣ оварда расонида метавонад?

2.Эҳтироми ҳуқуқҳои дигар инсон ва шаҳрванд дар чӣ зуҳур меёбад?

3.Аз муносибатҳои беэҳтиромона ба ҳуқуқҳои одамон мисолҳо оред.