§53. ТАВСИФИ КОРРУПСИЯ ҲАМЧУН ЗУҲУРОТ

§53. ТАВСИФИ КОРРУПСИЯ ҲАМЧУН ЗУҲУРОТ

1. МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ КОРРУПСИЯ. Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи муваффақона амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Вай рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, аз кӯдакон умедро ба оянда кашида мегирад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз некӯаҳволие, ки ба онҳо тибқи ҳуқуқҳояшон мансуб аст, маҳрум месозад.

Мафҳуми «коррупсия» (аз лот.corruptio - вайрон кардан, харида гирифтан) дар ибтидо амалҳои ашхосеро, ки ҳадафашон вайрон сохтан, халал расонидан ба рафти мӯътадили мурофиаи судӣ ё раванди идоракунӣ ба корҳои ҷомеа буд, ифода мекард. Минбаъд зери мафҳуми «коррупсия» харидани шахсони мансабдор, фурӯхташавандагии амалдорон, истифодаи имкониятҳои хидматӣ ба манфиатҳои шахсиро мефаҳмидагӣ шуданд.

Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар таърихи тамаддун якчанд ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Ба андешаи бисёр олимон, нишонаҳои аввалинро дар бораи коррупсияи амалдорон дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри XXIV то давраи мо), ҳамчунин дертар дар қонунҳои машҳури Хаммурапи дучор омадан мумкин аст, ки яке аз бандҳояш, масалан, чунин аст: «Агар одам амволи худо ё қасрро дуздида бошад, ин одам бояд кушта шавад; ҳамчунин оне, ки аз дасти вай чизи дуздиро гирифт, бояд кушта шавад» (ин ҷо сухан дар бораи тороҷи мансабй, истифодаи имкониятҳои хидматӣ ба манфиатҳои шахсӣ ва аз худ кардани амволи дар натиҷаи ҷинояти коррупсионӣ ба даст овардашуда меравад). Дар сарчашмаҳои Юнон ва Рими қадим низ коррупсия хотиррасон мешавад. Масалан, дар ёдгории ҳуқуқии Рим Таблисаи 1Х.З. Авл. Гелия, Шабҳои аттикй, XX, 17 омадааст: «Наход ту қарори судро дар хусуси додани ҳукми катл ба он судя ва миёнрав, ки барои баррасии парванда таъин шуда буданду оид ба ин кор ришваи пулӣ гирифтанашон фош шуд, бераҳмона шуморӣ?»

Динҳои ҷаҳонӣ низ коррупсияро маҳкум карда, аз ҷумла паёмбари ислом Муҳаммад (с) фармудаанд: “Ришвагиранда, ришвадиҳанда ва миёнарави байни ҳарду дар оташи дӯзаханд”. Дар чои дигар Паёмбари ислом ин ашхосро сазовори лаънати Худованд хондааст.

Дар асрҳои миёна мафҳуми «коррупсия» боз ҳам васеътар паҳн мешавад. Арбоби намоёни сиёсии он замон Никколо Макиавелли коррупсияро ба беморие шабоҳат додааст, ки дар ибтидо фаҳмиданаш душвору табобаташ осон ва дертар аллакай фаҳмиданаш осону табобаташ қариб имконнопазир аст.

Дар ҷаҳони имрӯза дар санадҳои миллӣ ва байналмилалии ҳуқуқӣ мафҳумҳои гуногуни коррупсия истифода мешаванд, ки нисбатан серистеъмолашон дар айни замон чунин таърифи пешниҳодкардаи Конгресси нӯҳуми СММ мебошад.

Коррупсия сӯиистифода аз хокимияти давлатӣ барои гирифтани фоида ба мақсадҳои шахсӣ аст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли соли 2005 чунин таърифи коррупсияро додааст:

Коррупсия - ин кирдори (ҳаракат ё бехаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлати ваколатдор ё ба онҳо баробаркардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои онро бо максади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои модди ва ғайримодди, бартарият ва имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбининашуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятхо бо мақсади моилкуни ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракати) ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ истифода мебаранд.

Моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»

Кирдорҳои коррупсионӣ (ҳаракат ё беҳаракатӣ) аз дигар кирдорҳо бо он фарқ мекунанд, ки: а) онҳо аз ҷониби амалдорони давлатӣ, ҳамчунин ашхоси вазифаҳои роҳбарии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои коллективиро базиммадошта содир мегарданд (рохбарони корхонаҳои инфиродӣ ва оилавӣ субъектҳои коррупсия маҳсуб намешаванд ва дар ин корхонаҳо маҳдудиятҳои хидмати якҷояи хешовандон пахн намешаванд); б) аз ҷониби ашхоси зикршуда барои расидан ба мақсад салоҳиятҳои хидматии онҳо ё имкониятҳои ба онҳо алоқаманд истифода мешаванд; в) мақсади ин амалҳо гирифтани фоидаи шахсӣ (барои худ ва нафари сеюм) мебошад.

Кирдорҳо танҳо дар сурати мавҷудияти аломатҳои дар боло зикршуда коррупсия эътироф мегарданд. Масалан, нозири андоз дар рафти тафтиш пинҳон кардани андозро ошкор намуда, рищва мегираду аз ин вайронкорӣ чашм мепӯшад, муфаттиш аз одами айбдоршаванда пул мегираду ғайриқонунӣ парвандаи ӯро катъ месозад, роҳбари муассиса бо вуҷуди мавҷудияги дигар номзадҳои арзанда хеши худро ба кор қабул мекунад.

Кирдорҳое, ки дар онҳо ҳатто яке аз аломатҳои нишондодашуда нестанд, коррупсия маҳсуб намешаванд. Моҳияти коррупсияро дар муқоиса бо дигар зуҳуроти монанд ё умумӣ, ки ба онҳо аз ҷумла гирифтани пораро мансуб медонанд, беҳтар муайян кардан мумкин аст.

Пора - аз ҷониби шахси мансабдар шахсан ё ба воситаи миёнаравҳо гирифтани пора дар шакли пул, коғазҳои қиматнок, амвол ё фоидаи дорои характери амволӣ дошта барои иҷро кардан ё накардани амали муайяи ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ агар чунин ҳаракат (бехаракати) ба доираи ваколати хидматии шахси мансабдор дохил бошанд ё он вобаста ба кудрати мавқеи мансабиаш ба чунии харакат (бехаракатӣ) мусоидат кард метавонад, ҳамчунин барои пуштибонии умумӣ ё сахлангорӣ дар хидмат.

Қисми 1-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ин тариқ, коррупсия сӯиистифода аз салоҳиятҳои мансабӣ буда, хадаф аз он гирифтани фоидаи шахсӣ мебошад, порагирй бошад, танҳо як навъи шаклҳои гуногуни коррупсия аст. Мафҳуми «коррупсия» танҳо порагириро ифода намекунад, зеро сӯиистифода аз салоҳиягҳо метавонад усулҳои сершумори зоҳиршавӣ дошта бошад. Масалан, он дар истифодаи аз ҳад зиёди ҳокимият, истифода ё ғайриқонунӣ додани афзалият ҳангоми тақеимоти неъматҳои моддӣ, аз худ кардан ё тороҷ сохтани амволи боваркардашуда, сохтакории хидматӣ, ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардани монеаҳо ба шахсони воқеию юридикӣ бобати амалисозии ҳуқуқҳо ва манфиатҳои онҳо, ошнобозӣ, протексионизм, ҷӯрабозӣ, хешутаборчигӣ, дахолат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагӣ, махдудсозии рақобат ва ғайра зоҳир мегардад.

Фикр кунед, оё таносуби мафҳумҳои «коррупсия» ва «пораситони»-ро чун - таносуби мафҳумҳои «умумӣ» ва «хусусӣ» арзёбӣ кардан мумкин аст?

2.ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ, ТАШАККУЛИ ХУСУСИЯТҲОИ МИНТАҚАВӢ ВА ШАКЛҲОИ ҲОЗИРАИ КОРРУПСИЯ. Пайдоиши коррупсия ба даврони таназзули ҷамоаи ибтидоӣ ва ба миён омадани давлатҳои нахустин, яъне то замоне рафта мерасад, ки вазифаи идоракунӣ имконияти фоидабиниро ба вуҷуд оварда буд. Ин раванд дар ҳар сарзамин ба тарзи хос ҷараён ёфта, онро халқҳои гуногун ба ҳар тарз аз сар гузаронидаанд. Шаклҳои гуногуну аз ҳамдигар фарқкунандаи истеҳсолот дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон арзи вуҷуд карда ба типҳои таърихии давлат ва сохти иҷтимоии онҳо таъсир расонида, ба ташаккули моделҳои барои ҳар минтақаи ҷаҳон хоси коррупсия мусоидат намудаанд.

Коршиносон коррупсияро ҳамчун қазияи байналмиллалӣ арзёбӣ намуда, вобаста аз хусусиятҳои минтақавӣ моделҳои рушди коррупсияро ба навъҳои аврупоииғарбӣ, осиёй, африқоӣ ва америкоилотинӣ ҷудо намудаанд.

Ба модели аврупоииғарбии рушди коррупсия сатҳи пасти мавҷудияти коррупсия дар сохторҳои сиёсиву иҷтимой ва дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт дар шакли хизматрасониҳои пасипардагй зуҳур ёфтан хос буда, бо ҳамин сабаб онро коррупсияи иқтисодӣ низ меноманд. Хусусияти таърихии ташаккули модели аврупоиигарбии коррупсия дар он ифода меёбад, ки дар кишварқои Аврупо сохти авлодӣ маҳз дар натиҷаи ҳамчун дастгоҳи ҳокимияти табақаҳои соҳиби моликияти хусусӣ ташаккул ёфтани давлат аз байн рафт. Ин ҳокимият кӯшиш ба харҷ медод то, ки амнияти боэътимоди моликияти хусусии худро таъмин намояд. Дар баробари ташаккули сохти сармоядорӣ табақаи буржуазияи навтавлидёфта ба табакаи феодалон мукобил истода. ба давлати феодалӣ имконият намедод, ки ба мояи мавҷудияти худ- моликияти хусусӣ дастдарозӣ кунад. Буржуазия дар ниҳояти кор мутлакияти феодалиро барҳам зада, ҳукмронии моликияти сармоядориро таъмин намуд.

Ҳифзшавандагии моликияти хусусӣ ба таҳкими ботадриҷи озодиҳои шаҳрвандӣ, ки истиклолияти муайяни фард аз ҳокимияти сиёсӣ. дахлнопазирии шахсият, манъи дахолати давлат ба иқтисодиёт, озодона ихтиёрдорӣ намудан ба моликият ва ғайраро дар назар дорад, мусоидат намуд. Бо дар назардошти ин гуфтаҳо ба ин модели рушди коррупсия хусусияти аз ҷониби аҳли чомеа ҳамчун падидаи ғайримуқараррй арзёбӣ шудани коррупсия, оштинопазирии он нисбати ҳолатҳои суистеъмол шудани ҳокимият ва аз ин лиҳоз хеле пардапӯшона амалӣ шудани кирдорхои коррупсионӣ хос аст.

Ба модели осиёгии рушди коррупсия ҳузури коррупсия дар соҳахои гуногуни ҳаёт хос мебошад. Ин шакли коррупсияро бо сабаби ба муносибатҳои иҷтимоӣ печ дар печ будани муносибатҳои коррупсионӣ (хешутаборӣ, ҳамшаҳрчигӣ, ҳамкорӣ ва г.) ҳамчун коррупсияи иҷтимоӣ низ арзёбӣ мекунанд. Ин ҳолат ба хусусияти инкишофи таърихии кишварҳои минтақа асос ёфтааст. Дар кишварҳои Осиё бо сабаби аз ҷониби пешвоёни қавму кабилаҳо ғасб намудани на воситаҳои истехсолот, балки вазифаи идоракунии онҳо хоҷагиҳои ҷамоаи ибтидоӣ аз байн рафт. Асоси иктисодии ин ҷомеаро чунин падидае ба монанди «ҳокимият-моликият», ки имконияти ихтиёрдории моликияти дастаҷамъиро ба ҳокимияти сиёсӣ ё маъмурӣ вобаста мекард, ташкил медод. Дар ин сохтор сарварон амалан нақши синфи ҳукмрон (табакаи аъёну ашроф)-ро иҷро мекарданд. Онҳо кӯшиш ба харҷ медоданд, ки ба шахсони сохибмулк, ки дар ҷараёни рушди минбаъдаи муносибатхои молию пулӣ пайдо шуда буданд, то он дараҷае имконият надиҳанд, ки сарватманд шуда. қудрати даъвои ҳокимиятро кунанд. Маҳз бо ҳамин мақсад давлат ва амалдорони он фаъолияти мулкдоронро таҳти назорати қатъӣ гирифта, нақши онҳоро дар ҷомеа паст ва баъзан амволи аз ҳад зиёд сарватмандшудагонро мусодира мекарданд.

Бо сабаби набудани кафолатҳои ҳифзи молу мулк, оҷизӣ дар назди ҳокимияти муқтадиру худкомаи амалдорони давлатӣ, бозаргонону мулкдорони сарватманд наҷоти худро дар ҳимояи гурӯҳӣ дида, миқдори зиёди хешовандон, ҳамшахриён ва хидматгоронро дар атрофи худ ҷамъ намуда, дар ин замина корпоратсияҳои оилавию маҳаллӣ бунёд мекарданд. Чун натиҷаи мавҷуд набудани механизмҳои ҷилавгирӣ аз худкомагиҳои ҳокимон дар заминаҳои манфиатҷӯии иҷтимоӣ (оилавӣ ва қавмӣ) муттаҳид шудани ҳам элитаи сиёсӣ ва ҳам элитаи иқтисодӣ, инчунин муайян набудани доираи ваколат ва беназоратии мансабдорони давлатӣ коррупсияро дар кишварҳои Осиёи Марказии тоинқилобй ба як падидаи роиҷу маъмул табдил дод. Дар кишварҳои ин минтақа дар шароити имруза низ чунин заминаҳои коррупсия аз қабили ҳузури зиёдатии давлат дар иқтисодиёт, дақиқ тафриқа нашудани ҳокимияти давлатӣ, ваколатҳои васеи амрдиҳию назоратии шахсони мансабдор, имконияти аз ҷониби онҳо гирифтани фоидаи шахсӣ аз ваколатҳои хизматӣ, таъсири анъанаву робитаҳои анъанавии пешин (ҳамшаҳрчигӣ, хешутаборчигй, ҷӯрабозӣ, тағобозӣ ва ғайра) аз байн нарафтаанд.

Моделҳои дигари рушди коррупсия низ хамин гуна хусусиятхои худро доранд. Ба ақидаи коршиносон дар модели африқоӣ ҳокимият пурра ба кланҳои асосии иқтисодӣ, ки байни ҳам мувофиқа кардаанд, фурухта ё ба онҳо омехта шуда, мавҷудияти боэътимоди онҳоро тавассути фишангҳои сиёсӣ таъмин менамояд.

Фикр кунед, ки боз кадом омилҳои таърихӣ ба ташаккули хусусиятҳои минтақавии коррупсия дар кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ мусоидат намудаанд?

Модели америкоилотинии рушди коррупсия бо он фарқ мекунад, ки ба коррупсия муросокорию саҳлангорӣ намудани ҳукумат боиси аз ҷониби сохторҳои пасипардагӣ ва ҷиноятпешаи иқтисодиёт ба даст овардани қудрати ба давлат ҳамто мегардад. Ҳокимият ба муқовимати бевоситаю шадид бо мафия, ки аллакай ба «давлат дар дохили давлат» табдил ёфтааст, кашида мешавад.

Коррупсияи муосир шаклҳо ва хусусиятҳои гуногуни зоҳиршавӣ дошта, аз ин лиҳоз онро ғайр аз хусусиятҳои минтақавӣ метавон аз рӯи дигар меъёрҳо низ тасниф (гурӯҳбандӣ) намуд. Меъёрҳои нисбатан маъмули таснифи коррупсия ҷудокунӣ аз рӯи дараҷаи афзоиш, бахшҳои паҳншавӣ ва соҳаҳои фаъолият мебошанд. Чунончи, коррупсия аз рӯи дараҷаи афзоиш ба се навъ ҷудо мешавад:

1. маҳдуд (ин коррупсия асосан дар сатҳи боло махдуд шуда, бахшҳои васеи ҳаёти иҷтимоии ҷомеаро фаро намегирад);

2. паҳншуда (ин коррупсия хеле паҳн шуда, ҳама бахшҳои ҳаёти ҷомеаро фаро мегирад, қариб ҳама кор ба воситаи ришва ҳал мешавад);

3. харобкунанда (ин коррупсия ба чунон сатҳе мерасад, ки сохти ҷамъиятиро хароб мекунад).

Коррупсия аз рӯи бахшҳои паҳншавӣ ба коррупсияҳо дар бахши давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷудо мешавад.

Коррупсия дар бахши давлатӣ - кирдорҳои корррупсионии шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, ҳифзи ҳуқуқ, хизматчӣёни ҳарбӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, муассисаҳо, ташкилот ва корхонаҳои давлатиро дар бар мегирад.

Коррупсия дар бахши хусусӣ аз он лиҳоз ҷой дошта метавонад, ки хизматчиёни ташкилоту муассисахои тиҷоратӣ ва ҷамъиятӣ низ захираҳои ба онҳо тааллуқнадоштаро ихтиёрдорӣ намуда, имконият доранд, ки ин ваколатҳоро бар зарари ташкилоту муассисаҳо лекин ба манфиати шахсии худ истифода баранд.

Аз рӯи самтҳои фаъолияти худ коррупсия ба шаклҳои зерин ҷудо мешавад:

1.дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ;

2.дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

3.дар соҳаи андоз ва гумрук;

4.дар сохторҳои низоми;

5.дар соҳаи тандурустӣ;

6.дар соҳаи маориф;

7.дар соҳаи хоҷигии манзилию-коммуналй;

8.дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра.

3.САБАБҲОИ КОРРУПСИЯ. Коррупсия ҳамчун падидаи таърихӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ ҳамин гуна сабабҳои зиёду гуногунҷабҳа дорад. Яке аз сабабҳои асосии коррупсия омезиши давлат бо иқтисодиёт мебошад, ки он аз таърихи қадими кишвар сарчашмаи гирифта, дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ боз ҳам бештар доман паҳн кард. Бояд гуфт, ки имконияти дахолати давлат ба равандҳои иқтисодӣ ҳама вақт барои фоидабинии шахсӣ аз ваколагҳои мансабӣ (маъмурӣ) шароит фароҳам меоварад. Аз ин рӯ, яке аз мақсадҳои асосии ислоҳоти соҳаи идоракунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисор кардани миқдори вазоратҳо, муттаҳиду аз нав баррасӣ намудани ваколатҳои онхо ва ғайраҳо, ба ин васила махдуд намудани ҳузур ва дахолати зиёдатии давлат ба иқтисодиёт мебошад.

Сабаби дигари коррупсия, ки хоси давраи гузариш мебошад, арзи вуҷуд кардани тавлиди шаклҳои муосири танзими давлатии иқтисодиёт (литсензиякунонӣ, бақайдгирии давлатӣ, сертификатсиякунонӣ, қарздиҳй, имтиёзот, озмунҳои хусусигардонӣ, хариди давлатӣ, ҷойгиркунонии фармоишҳои давлатӣ, ихтиёрдории захираҳои табиӣ ва энергетикй, фаъолияти муассисй ва ғайра) мебошад. Ин фишангҳо дар сурати танзими қонунии ҳамачониба ва саривақтии худро наёфтан, барои коррупсия шароити боз ҳам мусоидтарро ба миён оварда метавонанд.

Номукаммалии қонунгузорӣ, аз қабили дар баъзе қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ мавҷуд будани «дариҷаҳо» ва меъёрҳои барои коррупсия имкониятҳои иловагӣ фароҳамоваранда, инчунин сатҳи нокифояи таъминоти моддии хизматчиёни давлатӣ, суст будани назорати давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз болои фаъолияти онҳо, хеле васеъ будани доираи салоҳдиди хизматчиёни давлатӣ дар мавриди қабули қарорҳо низ ба паҳншавии коррупсия мусоидат карда метавонанд.

Фикр кунед, ба андешаи Шумо боз кадом сабабҳо ба паҳншавии коррупсия мусоидат мекунанд? Барои барҳам додани сабабҳои коррупсия чӣ бояд кард?

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: коррупсия, пораситонӣ

Савол ва супоришҳо:

1. Коррупсия чист? Кирдорҳои коррупсионӣ дар чӣ ифода мегарданд?

2.Ба андешаи Шумо, оё дар ин ҳолатҳо коррупсия ҷой дорад: а) фурӯшандаи кӯчагӣ бо роҳи фиреб пу.пи харидорро аз худ мекунад; б) ходими масъули давлатӣ ҳангоми пайдо шудани ҷанҷол дар рӯи ҳавлии хонааш ҳамсояашро :шту куб мекунад; в) соҳиби корхонаи хусусӣ ба вазифаи роҳбарии ишркат хеши худашро таъин мекунад. Назари худро бо далелҳо исбот кунед.

3.Ин гуфтаи Томас Гоббсро бодиққат хонед: «Одамони аз боигарии худ ифтихордошта ба умеди он ки аз ҷазогирй бо роҳи харида гирифтани адлияи давлатӣ ё бар ивази пулу дигар инъомҳо дастгирӣ меёбанд. ҷасуронаю бебокона даст ба ҷиноит мезананд. Коррупсия решаест, ки аз он дар ҳамаи замонҳо ва дар ҳамаи майлу гуноҳҳо як навъ тамасхуре ба ҳамаи қонунҳо бармеояд». Шумо ин фикри файласуфро чӣ навъ арзёбӣ мекунед?

4.Шаклҳои гуногуни коррупсияро номбар кунед.

5.Махсусиятҳои таишккули амсилаҳои коррупсия дар мамлакатҳои шарқӣ (Осиёӣ) аз чӣ иборатанд?

6.Ба андешаи Шумо, сабабҳои коррупсия чигунаанд?