§ 61. Саломатии одам ва роҳҳои муҳофизати он

§ 61. Саломатии одам ва роҳҳои муҳофизати он

Реаксияи муҳофизатӣ - мутобиқшавии организм. Саломатӣ яке аз муҳимтарин сарватҳои зиндагӣ мебошад. Вазифаи ҳар як одам муҳофизат кардан, оқилона ва эҳтиёткорона истифода бурда тавонистани саломатӣ мебошад.

Аксар одамон барои организм чӣ фоиданок ва чӣ зарарнок буданашро намедонанд, чӣ тавр пешгирӣ кардани ин ё он бемориро сарфаҳм намераванд. Бисёриҳо ҳифзи саломатиашонро ба тибб ҳавола мекунанд. Вале агар худи одамон муҳофизат кардани саломатиашонро ёд нагиранд, илми тибб ба онҳо саломатӣ бахшида наметавонад.

Ухтомский Алексей Алексеевич

(1885-1942)

Физиологи советӣ, аз соли 1924 профессори АИ СССР -равандҳои ангезиш ва боздории мағзи cap ва ҳароммагз, асосҳои физиологии рафтори одамро тадқиқ кардааст. Лабораторияи физиологияи меҳнатро ташкил кардааст, ки дар он мондашавй ва ҳаракатҳои коргариро меомӯзанд. Ҳангоми муҳосираи Ленинград вафот кардааст.

Сирояти бактерияҳои бемориовар, хунукзанию гармозании организм, ғизои нодуруст ва камҳаракатӣ, истеъмоли машруботи спиртдор, тамокукашӣ, заҳролудшавӣ, шаклҳои гуногуни шуоъзанӣ, хусусан шуоъзании ултрабунафш ва рентгенӣ омилҳои носолимӣ шуда метавонанд. Миқдори зиёди ин шуоъҳо ҳуҷайраҳоро маҳв ё захмдор карда, аппарати ирсии онҳо -молекулаҳои КДН-ро хароб месозанд.

Ғайр аз он шуоъзанӣ мумкин аст ба пайдоиши шаклҳои нави махсус, аз ҷумла омосҳои гуногун мусоидат карда, ҷараёни мӯътадили ҳамлро вайрон кунад. Кори аз ҳад зиёди фикрӣ ва чисмонӣ, ғалоғулаи зиёд дар истеҳсолот ва рӯзгор, камхобӣ ва истироҳати начандон хурд боиси носолимии одам шуда метавонанд.

Саломатиро реаксияи муҳофизатӣ - мутобиқшавии организм нигоҳ дошта, муҳити дохилӣ ва созгории онро ба шароити зиндагӣ мунтазам мувофиқ мекунад. Реаксияи муҳофизати мутобиқшавӣ бо роҳи рефлексӣ ва ҳуморалӣ танзим карда мешавад. Дар ин реаксия фаъолияти олии асаб роли асосӣ мебозад.

Дард яке аз реаксияҳои муҳофизатии организм мебошад. Дард чун бонги хатар дар бораи носозии ягонҷои бадан хабар медиҳад. Дард посбони солимӣ, фарёди узви бемор оид ба ёрӣ мебошад. Ҳангоми бо таъсири осеб барангехта шудани ретсепторҳо дард пайдо мешавад, дар бофтаю узвҳо бисёртар моддаҳои фаъоли биологӣ чудо мешаванд, масалан, дар хун миқдори ҳормони адреналини ғадуди болои гурда зиёд мегардад. Ишораи дард одамро водор месозад, ки барои ҳифзи саломатиаш тадбирҳо андешад.

Баланд шудани ҳарорати бадан - вараҷа яке аз реаксияҳои муҳофизати - мутобиқшавии организм мебошад. Ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан баъзе микроорганизмҳо, хусусан вирусҳо, зудтар нобуд мешаванд. Ҳарорати баланд боиси пурзӯр шудани ҷараёнҳои мубодилаи моддаҳо гардида, кори фагоситии лейкотситҳоро метезонад ва дигар реаксияҳои муҳофизатии организмро ба кор медарорад. Дар вақти беморӣ духтурон бемориро аз рӯи хусусияти тағйирёбии ҳарорат муайян мекунанд. Бинобар ин то омадани духтур ҳарорати баданро бо роҳҳои гуногун паст кардан норавост. Вале дар вақти аз +50°С зиёд шудани ҳарорати бадан онро муҳофизатӣ шуморидан мумкин нест. Дар чунин ҳарорат хатари лахтшавии сафедаҳои организм, пеш аз ҳама, сафедаҳои системаи асаб, хун пеш меояд. Сафедаҳои лахтшуда вазифаи ҳаётии худро гум мекунанд.

Реаксияи илтиҳоб хусусияти муҳофизатӣ дорад. Манбаи илтиҳоб микробҳоро нигоҳ дошта, ба тамоми организм паҳн шудани онҳоро пешгирӣ мекунад.

Пӯст ва подтанҳои луобӣ монеаи роҳи микробҳо ба организм мебошанд. Бактерияҳои бемориовар аз пӯсту пардаҳои луобии тозаю бенуқс гузашта наметавонанд. Дар пӯсти тоза миқдори бактерияҳои бемориовар баъди 10 дақиқа якбора кам шуда, баъди 20 дақиқа ҳамаи онҳо нобуд мешаванд. Дар пӯсти ифлос миқдори онҳо дар 10 дақиқа тамоман тағйир намеёбад, баъди 20 дақиқа танҳо 15% кам мешавад. Вазифаи муҳофизатии пӯсти тоза ба ихроҷи ғадудҳои он вобаста аст. Чунончӣ, арақ ва тарашшӯҳи ғадудҳои равган ба афзоиши бактерияҳо монеъ мешаванд. Ғайр аз он бисёр микробҳо дар раванди пӯстпартоӣ организмро тарк мекунанд. Фаъолияти худтозашавии пӯсти ифлос якбора паст мешавад.

Пардаҳои луобии роҳҳои нафаскашии боло организмро аз микробҳо муҳофизат мекунанд.

Пардаҳои луоби роҳи меъдаю рӯда ба организм дохил шудани микробу заҳрро боз медоранд. Оби даҳон муқобили бактерияҳо амал мекунад, дар меъда кислотаи гидроген хлорид омили муҳити муҳофизат мебошад. Ҳар як одам дар як шабонарӯз бо наҷосат 10г микроб хориҷ мекунад, ки аксари онҳо метавонистанд боиси беморӣ шаванд. Вале онҳо аз пардаи луобии рӯдаи солим гузашта наметавонанд.

Ғайр аз пӯст ва пардаҳои луобӣ, ки ковокиҳои дохилиро мепӯшонанд, қариб ҳамаи узвҳо воситаи муҳофизат дошта, саломатии одамро нигоҳ медоранд. Баъзеашон нақши ниҳоят бузург мебозанд. Чунин узвҳоро дифои организм меноманд. Ғадуди душоха (тимус), лимфа, испурч, дигар ва дигар узвҳо аз ҷумлаи чунин аъзоянд. Ғадуди душоха реаксияи организмро танзим карда, онҳоро пурзӯр ё суст мекунад. Лимфа ғадудҳои испурч, ҷигар фагоситҳо доранд ва дар роҳи паҳншавии сироят чун полоиш хизмат мекунанд. Дар ҷигар бисёр моддаҳои барои организм заҳрнок мавҷуд буда, ба моддаҳои нисбатан безарар табдил меёбанд ва баъд аз организм тавассути узвҳои ихроҷ берун мешаванд.

Муҳити моеъи дохилии организм (моддаҳои байни ҳуҷайраҳо, плазмаи хун, лимфа) моддаи махсуси фаъоли физиологӣ дорад, ки онҳо микробҳоро нобуд ва заҳри онҳоро бетаъсир мегардонанд. Азбаски онҳо дар аксар моеъҳои организм пайдо карда шудаанд, «омилҳои ҳилтии муҳофизат» ном гирифтаанд. Яке аз чунин моддаҳо лизотсим буда, дар таркиби луоби даҳон хеле зиёд аст. Лизотсим инчунин дар таркиби сабзавот, меваҷот ва ҳатто гул мавҷуд аст.

Ба омилҳои муҳофизати организм подтанҳо, моддаҳои фаъоли биологӣ ва ҳормонҳо тааллуқ доранд. Маълум аст, ки ҳангоми норасоии кори ғадудҳои сипаршакл ё ғадудҳои болои гурда муқобилияти организм ба бемориҳои сирояткунанда хеле суст мешавад.

Дар муҳофизати организм системаи марказӣ ва фаъолияти олии асаб роли ниҳоят бузург мебозанд. Садама, заҳрҳо, маводи нашъа ва дигар омилҳо кори системаи марказии асабро заиф ва реаксияи муҳофизатии организмро суст мекунанд.

Омилҳои ҳифзи саломатӣ. Хӯроки хушсифат яке аз шартҳои асосии нигоҳ доштани саломатӣ мебошад. Камхӯрӣ ё пурхӯрӣ боиси вайроншавии мубодилаи моддаҳо ва пайдо шудани бисёр бемориҳо мегардад. Хӯроки нодуруст фосилаи сиҳатшавиро бозмедорад.

Ҳанӯз дар замонҳои қадим хӯроки мӯътадил яке аз шартҳои зарурии нигоҳ доштани саломатӣ ба шумор мерафт. Дар урфият мегӯянд: хӯрдан барои зиндагӣ, на зиндагӣ барои хӯрдан. Ба ин муносибат И.П Павлов навиштааст, ки иштиёқмандии беҳад ба хӯрок ҳайвонтабиатӣ буда, бепарвоӣ ба хӯрок беандешагист.

Фаъолияти ҷисмонӣ ва обутоб додани организм саломатиро ҳифз ва мустаҳкам мекунанд. Онҳо коршоямиро зиёд карда, боиси реаксияи муҳофизатӣ - мутобиқшавии организм мегарданд. Машғулияти ҷисмонӣ на танҳо барои пешгирӣ, балки барои бомуваффақият муолиҷа кардани бемориҳои гуногун аҳамияти калон дорад.

Аз замонҳои қадим дору воситаи беҳтарини барқарор намудани саломатӣ ба шумор мерафт. Ҳоло тиб дорои миқдори зиёди доруҳои зидди бемориҳои гуногун, аз он ҷумла бемориҳои даргузашта муолиҷанашаванда мебошанд. Доруҳо дар дасти одами боақл инсонро аз азоб халос карда дар дасти беҳунарон боиси бадбахтӣ шуда метавонанд. Бинобар ин, доруро танҳо бо нишондоди духтур истифода кардан мумкин аст.

Солимии ҷисмонӣ аз бисёр ҷиҳат ба вазъияти рӯҳии одам, ботамкинии ҳиссиёт, ҳалли бамавқеи ихтилофот, бартараф кардани низоъҳои тезу тунд, дар коллектив байни одамони майлу рағбат ва ахлоқашон гуногун ҳосил кардани муносибатҳои хуб вобаста аст.

Вазифаи одами бофарҳанг аз он иборат аст, ки бо истифода кардани тамоми имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла эҳсосот ва тафаккури худ ба кори организм худаш таъсир расониданро аз худ кунад.

Инсоният мувофиқи панди қадимаи «дар тани солим - рӯҳи солим» дер боз зиндагӣ мекунад. Вале ҳикмати дигар низ ҳаст:

«Тани солим - маҳсули ақли солим».


Саволҳо:

1. Омилҳои ба саломатӣ зарарасон кадомҳоянд?

2. Реаксияи муҳофизатӣ - мутобиқшавии организм чист?

3. Чаро дард ва баландшавии ҳарорати бадан реаксияи муҳофизатии организм аст?

4. Чаро аз +40°С баланд шудани ҳарорати бадан барои ҳаёт хатарнок аст?

5. Хусусиятҳои муҳофизатии илтиҳоб аз чӣ иборат аст?

6. Пӯст ва пардаҳои луобӣ дар ҳифзи организм чӣ хел иштирок мекунанд?

7. Ба омилҳои ҳуморалии ҳифзи организм чиҳо тааллук, доранд?

8. Дар реаксияҳои муҳофизатӣ - мутобиқшавии организм фаъолияти олии асаб чӣ нақшро мебозад?

9. Дору чӣ фоида ва чӣ зарар дорад?

10. Малакаи бо одамон муносибат карда тавонистан ба ҳифзи солимӣ чӣ хел ёрӣ мерасонанд?