§ 58. Вайроншавии фаъолияти олии асаб ва пешгирии он

§ 58. Вайроншавии фаъолияти олии асаб ва пешгирии он

Гигиенаи системаи асаб. Фаъолияти олии асаб ба шароити муҳити дохилӣ ва берунии организм сахт алоқаманд аст. Хӯроки кам, истироҳати номунтазам, бемориҳои умумӣ ва беҳаракатӣ мумкин аст кори қишри мағзи cap ва фаъолияти олии асабро вайрон кунанд.

Кори бисёри фикрию пуртаъсир, ки боиси дар муддати кӯтоҳ аз худ кардани ахбори зиёд мегардад, ба фаъолияти асаби одам таъсири калон мерасонад. Бинобар ин омӯзгорон, физиологҳо, (рӯҳшиносон) ва духтурон ташкили хуби ҷараёни таълим ва кори эҷодиро мақсади худ мешуморанд.

Шароите, ки одам зиндагӣ ва кор мекунад, инчунин ба рафтор ва ҳолати ӯ таъсир мерасонад. Вазъияти носози оила, мактаб ва ҷои кор мумкин аст боиси иллати асаб гардад. Одам ё дағал, бадмуомила ё канораҷӯй, камгап ва азҳад зиёд зудранҷ мешавад.

Ҳамаи ин зиндагии одамро боз душвортар карда, вай ба қувваи худ бовар намекардагӣ мешавад. Хусусан бачагони системаи марказии асабашон ҳанӯз чандон инкишофнаёфта зудранҷ мебошанд. Аз ҳамин сабаб онҳо ба таваҷҷӯҳ ва некхоҳиҳои доимии калонсолон мӯҳтоҷанд.

Омилҳои номусоиди муҳит метавонад равандҳои фаъолияти олии асабро ҳам ба муддати кӯтоҳ ва ҳам дуру дароз хароб созад. Чунин вайроншавӣ на ҳама вақт бо зарарёбии ҳуҷайраҳои асаб вобаста аст. Аксаран ин натиҷаи кори аз ҳад зиёд шиддатноки онҳо мебошад. Дар айни ҳол ҷараёнҳои ангезиш ва боздорӣ дар қишри нимкураи калон вайрон шуда, боиси қатъшавии ҳосил гардидани рефлексҳои шартӣ, сустшавии хотирот ва бехобӣ мешавад. Вайроншавии фаъолияти олии асаб боиси тағйироти носолими фаъолияти узвҳои дарунӣ мегардад.

Агар сабабҳои ба вуҷудоварандаи онҳо бартараф карда шаванд, равандҳои вайроншуда барқарор мегарданд баъзан барои ин тағйир додани вазъият ва истироҳати хуб кифоя аст.

Таъсири машруботи спиртдор ба системам асаб ва кирдори одам. Машруботи спиртдор аз меъда ба хун баъди ду дақиқа дохил мешавад. Хун онро ба тамоми ҳуҷайраҳои организм паҳн мекунад. Пеш аз ҳама ҳуҷайраҳои нимкураҳои калони мағзи cap зарар мебинанд.

Фаъолияти рефлекси шартии одам бадтар шуда, ҳаракатҳои мураккаб суст ташаккул меёбанд ва дар системаи маркази асаб таносуби равандҳои ангезиш ва боздорӣ тағйир меёбанд. Аз таъсири машруботи спиртдор ҳаракати ихтиёрии одам халалдор шуда, вай худро идора карда наметавонад.

Ба ҳуҷайраҳо, қисмҳои пешонии қишри майна дохил шудани машруботи спиртдор эҳсосоти одамро «аз асорат» халос карда, шодмонии беасос, хандаҳои аблаҳона, ақидаҳои рӯякӣ зоҳир мегарданд. Баъди дар қишри нимкураи калони мағзи cap шиддат ёфтани ангезиш ҷараёнҳои боздорӣ якбора суст мешаванд. Қишри мағзи cap дигар кори қисми поёнии мағзро назорат намекунад. Одам худдорӣ карда наметавонад, бешарм мешавад, вай ҳамон чизро мегӯяд ва мекунад, ки дар ҳушёриаш намегуфт ва намекард. Ҳар як ҷуръаи навъи машруботи спиртдор гӯё дар алоқамандӣ ва бедахолат кардан ба фаъолияти қисмҳои поёни мағзи cap торафт бештар маркази олии асабро сует мекунад: тарзи ҳаракат, чунончи ҳаракати чашм, вайрон мешавад (ашё дутоӣ менамояд), одам калавида лаванд роҳ мегардад, забонаш мегирад.

Ҳангоми як маротиба, тасодуфан ё мунтазам истеъмол кардани машруботи спиртдор вайроншавии системаи кори асаб ва узвҳои дарунӣ мушоҳида карда мешавад.

Маълум аст, ки вайрон шудани кори системаи асаб бевосита ба ҷамъшавии машруботи спиртдор дар хуни одам вобаста аст. Вақте ки дар хун миқдори машруботи спиртдор ба 0,04-0,05% расид, қишри мағзи cap аз кор баромада, одам худашро идора карда наметавонад ва қобилияти оқилона мулоҳиза карданро гум мекунад.

Ҳангоми дар хун ҷамъ шудани 0,01% машруботи спиртдор қисми амиқтари мағзи cap, ки ҳаракатро назорат мекунад, осеб мебинад. Одам калавида роҳ мегардад, бесабаб хушҳол, хурсанд ва серташвиш мешавад. Вале машруботи спиртдор метавонад 15% одамонеро, ки онро истеъмол мекунанд, маъюс ва хоболуд кунад. Ба ҳадди дар хун зиёд шудани машруботи спиртдор, инчунин қобилияти сомеа ва босираи одам суст шуда, суръати реаксияи ҳаракаткунӣ заиф мегардад.

Дар хун ҷамъ шудани 0,2% машруботи спиртдор ба майна, ки рафтори пурэҳсоси одамро назорат мекунад, таъсир мерасонад. Дар ин ҳолат хислатҳои бади одам якбора бедор шуда, рафтори таҷовузкорона пайдо мешавад.

Ҳангоми дар хун пайдо шудани 0,3% машруботи спиртдор одам ҳушёр бошад ҳам, чизи дидаю шунидаашро намефаҳмад. Чунин ҳолатро карахтии майзадагӣ меноманд.

Дар хун мавҷуд будани 0,4% машруботи спиртдор одамро беҳуш мекунад. Одами маст мехобад, бетартиб нафас мегирад, беихтиёр пешоб мекунад. Чизеро ҳис намекунад.

Дар хун то 0,6-0,7% ҷамъ шудани машруботи спиртдор мумкин аст ҳалокатовар бошад.

Дар натиҷаи мунтазам истеъмолкардани машруботи спиртдор аксар бемории боздошт нашавандаи майпарастӣ - майзадагӣ авҷ мегирад.

Майзадагӣ одат набуда, балки беморӣ мебошад. Одамро шуур идора мекунад ва аз он халос шудан мумкин аст. Нисбати заҳролуд шудани организм майли майпарастиро бартараф кардан душвор аст. Қариб 10% истеъмолкунандагони машруботи спиртдор майзада мешаванд. Майзадагӣ бемориест, ки боиси тағйироти фикрӣ ва ҷисмонии организм мегардад.

Заҳролудшавӣ аз алкогол ба се марҳала ҷудо мешавад. Якум - марҳалаи ибтидоӣ ва сабук, ки аллакай бо асорати майпарастӣ, вайроншавии кори системаи марказии асаб ва узвҳои дарунӣ муайян карда мешавад. Вале дар ин марҳала дар организм ҳанӯз тағйироти ислоҳнопазир вуҷуд надорад.

Дар марҳалаи дуюм дар баробари дилбастагии зиёд ба машрубот хеле вайрон шудани кори узвҳои дурунӣ, парешонхотирӣ ва пастравии шахсияти одам мушоҳида карда мешавад. Дар оила ва кор ихтилофот ба вуҷуд меоянд.

Марҳалаи сеюм вазнин аст ва дар он муқовимати ҳуҷайраҳои асаби мағзи cap ба машруботи спиртдор суст шуда, ҳисси одатии майпарастӣ пурзӯр мегардад. Дар беморон бемориҳои рӯҳии майзадагӣ вусъат меёбанд, ки онҳо боиси иллатнокии дахлнопазири ҳуҷайраҳои системаи марказии асаб мегарданд.

Машруботи спиртдор ба организм дохил шуда, ҳамоно аз бадан хориҷ нашуда, балки дар муддати 1 - 2 шабонарӯз зараррасонии худро давом медиҳад. Бинобар ин одаме, ки ҳар рӯз нимлитрӣ майи ангур ё пиво менӯшад, қариб аз ҳолати заҳролудшавии май халосӣ надорад. Пиво дар таркиби худ ғайр аз май боз бисёр карбогидрат дорад ва дар организм зуд ба чарб табдил меёбад. Аз ин рӯ фарбеҳии одамоне, ки бисёр пиво истеъмол мекунанд, аломати солимӣ набуда, балки нишонаи вайроншавии мубодилаи моддаҳост.

Ҳамин тавр, мафҳуми безарарии машруботи спиртдор вуҷуд надорад ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад! Ҳар як машруботи спиртдор заҳр аст.

Майпарастӣ ва ҷамъият. Машруботи спиртдор на танҳо майпарастро, балки атрофиёнро ҳам «нобуд» месозад. Аксар мардон ё занҳои майпараст барои қонеъ гардонидани талаботи худ вазифа, ё дӯстон, оила, фарзандонашро сарфи назар мекунанд. Ҳирси майпарастӣ боиси содиршавии ҷиноятҳои гуногун мегардад. Маълум аст, ки 50 фоизи ҷиноятҳо ба майнӯшӣ вобастаанд.

Барои майпарастии падару модар аксар фарзандон ҷазо мебинанд. Тадқиқоти бемориҳои асаби бачаҳо нишон дод, ки аксар сабаби бемориҳои онҳо майпарастии падару модар будааст.

Муборизаи зидди майпарастӣ масъалаи ҷиддии иҷтимоӣ ва тиббии ҳар як давлат аст. Зарари май исбот шудааст. Ҳатто меъёри камтарини он ҳам боиси ногуворӣ ва бадбахтиҳои зиёд: ҷароҳат, ҳалокат, садамаи нақлиёт, корношоямӣ, хонавайронӣ, маҳрумият аз талаботи маънавӣ ва сифатҳои иродавии инсон шуда метавонад.

Нашъамандӣ ва оқибатҳои он. Нашъамандӣ гуфта ҷараёнеро меноманд, ки гурӯҳи махсуси моддаҳои кимиёвӣ имконияти заҳролуд кардани организми одамро дорад.

Хатарнокии ин моддаҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо мубодилаи моддаҳоро вайрон намуда барои организм чизи заруртарин мешаванд. Ҳангоми мадҳушшавӣ нашъамандӣ таъсири моддаи мухаддир паст гашта ҳолати боздорӣ (нофаъолӣ) ба ҳолати ба ҳаяҷоноияш баланд мубаддал гашта, нашъаманд ба ҳолати ногувор афтида ҳамаи баданаш ба ларза меояд, дарди хело беқарори гардан, шикам, буғумҳо пайдо мешаванд, ки ин ҳолатро «ломка» меноманд. барои бартараф кардани он ҳатман ба организм моддаи мухаддир равон кардан зарур аст. Ҳамин тавр организм «ғуломи» моддаҳои мухаддир гашта аз он халоси ёфтан хеле мушкил аст ва роҳи ягонаи аз ин одати бад раҳо ёфтан ин табобати мутахассис духтури-нарколог мебошад. Мувофиқи нишондоди маркази иттилооти зидди маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тодикистон шумораи нашъамандон зиёда аз 4 ҳазорро ташкил мекунад, ки синну соли миёнаи онҳо 16-21 соларо дар бар мегирад.


Саволҳо:

1. Сабаби вайроншавии системаи асаби одам чист?

2. Май боиси чӣ хел вайрониҳои рафтори одам мегардад?

3. Ҳирси майпарастӣ чӣ хавф дорад?

4. Чаро майпарастӣ одат нею беморист? Онро чӣ хел пешгирӣ кардан мумкин аст?

5. Аломатҳои бемории майпарастӣ ва тадбирҳои пешгирии онҳо?

6. Зуд-зуд истеъмол кардани меъёри ками машруботи спиртдор чӣ хавф дорад?

7. Истеъмоли машруботи спиртдор ба насл чӣ таъсир дорад?

8. Зарари иҷтимоии машруботи спиртдор дар чӣ зоҳир мегарадад?

9. Нашъамандӣ чист?

10. Моддаҳои мухаддир ба организми одам чӣ хел таъсир мерасонад?

11. Ломка чист?

12. Чӣ хел аз нашъамандӣ раҳо ёфтан мумкин аст?

Реклама