§ 48. Сохти узви босира

§ 48. Сохти узви босира

Аҳамияти босира. Дар байни ангезандаҳои муҳити атроф барои одам ба ҳаяҷоноии босира аҳамияти калон дорад: қариб 90% хабарҳои қабулшуда ба ин анализатор хосанд. Қисми зиёди дониши мо дар бораи олами беруна аз узви босира вобаста аст. Ба туфайли узви босира мо ашёи атроф, ҳаракати ҷисмҳои зинда ва ғайризинда, аломатҳои графикӣ ва ранг (ҳарфҳо, рақамҳо, рангҳо ва ғайра)-ро фарқ мекунем. Вай дар тамоми намудҳои фаъолияти меҳнатӣ зарур аст. Охир ба ҳар кас маълум аст, ки барои одами нобиноро ба меҳнати ҷисмонӣ ҳамроҳ кардан чӣ гуна заҳмати дурударози пурмашаққат сарф мешавад.

Дар зарфи ҳазорсолаҳо инсоният таҷриба ҳосил мекунад, илму санъат инкишоф меёбад. Тамоми ин таҷрибаҳо ба воситаи китоб ва нутқи хаттӣ, ки бо қувваи босираамон дарк мекунем, аз насл ба насл мегузарад.

Сохти чашм. Чашм дар косахонаи устухони сар ҷой гирифтааст. Аз девораҳои косахонаи чашм ба сатҳи берунии ғӯзаи чашм мушакҳое меоянд, ки онро ҳаракат медиҳанд.

Абрӯ чашмро ҳимоя карда, арақи аз пешона мешоридаро ба канор мебарад. Пилки чашмон ва мижгонҳо гарду чангро ба чашм даромадан намемонанд (расми 97).

Ғадуди ашк, ки дар гӯшаи берунии чашм ҷойгир аст, моеъ ҷудо мекунад, ки он сатҳи ғӯзаи чашмро тар менамояд, онро нарм медорад, зарраҳои бегонаи ба чашм афтодаро мешӯяд ва баъд аз гӯшаи даруни чашм ба канали ашк ба ковокии бинӣ меравад.

Сафедпардаи ғафс, ки ғӯзаи чашмро пӯшондааст, онро аз таъсирҳои механикию кимиёвӣ дохил шудани зарраҳои бегона ва микроорганизмҳо муҳофизат мекунад (расми 98).

Расми 97. Чашм

Расми 98. Сохти чашм

Расми 99. Шабакия.

Ин парда дар қисми пеши чашм ҷойгир аст ва қарния ном дорад. Қарния рӯшноиро озо дона мегузаронад.

Рагпардаи миёна аз шабакаи зичи рагҳои бо хун таъминкунандаи ғӯзаи чашм иборат аст. Дар сатҳи дарунии ин парда қабати тунуки моддаи рангин - пигменти сиёҳ вуҷуд дошта, нурҳои равшаниро фурӯ мебарад. Қисми пеши рагпардаи чашм инабия ном дорад. Ранги он (аз ҷигарии паст то ҷигарии баланд) бо миқдор ва тақсимоти пигмент муайян карда мешавад.

Гавҳарак сӯрохии мобайни пардаи инабия мебошад. Гавҳарак нури равшании ба даруни чашм дохилшавандаро танзим мекунад. Ҳангоми равшании баланд гавҳарак ба таври рефлектори хурд мешавад. Дар вақти кам будани равшанӣ гавҳарак васеъ мегардад. Дар паси гавҳарак булӯраки дутарафа барҷастаи шаффоф ҷойгир аст, ки бо мушаки мижгон иҳота шудааст. Тамоми қисми дарунии гӯзаи чашмро зуҷоҷия - моддаи шаффоф пур кардааст. Чашм равшаниро тавре мегузаронад, ки акси ашё дар пардаи дарунии гӯзаи чашм - шабакия ҷамъ мешавад (расми 99).

Дар тӯрпарда ретсепторҳои чашм - чӯбчаю колбачаҳо ҷойгиранд. Чӯбчаҳо - ретсепторҳои равшании суст ва колбачаҳо танҳо аз равшании баланд мутаассир шуда, дарки рангҳо ба онҳо вобаста аст.

Дар тӯрпарда равшанӣ ба импулси асаб табдил ёфта, ба воситаи асаби босира ба қисми биноии қишри нимкураи калони мағзи сар мегузарад. Дар ин ҷо ангезиш пурра дарк мешавад - мо шакл, ранг, равшанӣ, мавқеъ ва ҳаракати ашёро фарқ мекунем (расми 100).

Расми 100. Анализатори босира

Саволҳо:

1. Босира барои одам чӣ аҳамият дорад?

2. Таркиби чашм чӣ хел сохта шудааст?

3. Вобаста ба равшанӣ гавҳарак чӣ хел тағйир меёбад?

4. Ретсепторҳои босира дар куҷо ҷойгиранд ва чӣ ном доранд?

5. Ангезиш ва ретсепторҳои босира ба куҷо мераванд?

6. Анализатори босира аз кадом ҳисмҳо иборат аст?

7. Шабакия кадом вазифаро иҷро мекунад?

Реклама