§ 32. Ҳазми хурок дар меъда

§ 32. Ҳазми хурок дар меъда

Шираи меъда. Хӯрок аз сурхрӯда ба меъда меравад. Ғунчоиши меъдаи одами калонсол тахминан 1,5 литр мебошад.

Ғадудҳои сершумори луобпардаи меъда барои ковокии он шира ҷудо мекунанд. Шираи меъдаи одам моеъи беранг буда, дар таркибаш ферментҳо ва каме кислотаи гидрогенхлорид дорад. Луоб деворҳои меъдаро аз осебҳои механикӣ муҳофизат мекунад. Кислотаи гидрогенхлорид бактерияҳоро маҳв карда, ферментҳоро фаъол мегардонад.

Як таҷрибаи осон имконият медиҳад, ки таъсири шираи меъда ба сафедаҳо санҷида шавад. Ба найчашиша каме шираи табии меъдаро рехта ба он каме сафедаи тухми нимҷӯшонида илова мекунанд. Баъд найчашишаро тахминан ним соат дар ҳарорати 38-39°С нигоҳ медоранд. Пораҳои сафеда тадридан об шуда тамоман ҳал мегардад. Ферментҳои шираи меъда, ки сафедаро таҷзия мекунанд, танҳо дар шароити ҳарорати бадан ва муҳити турш таъсир карда метавонанд.

Шираи меъда инчунин ферментҳое дорад, ки равған, масалан, равғани ширро таҷзия мекунад.

Танзими асабии шираҷудокунии меъда. Шираи меъда ҳам мисли оби даҳон ба таври рефлексӣ хориҷ мешавад. Дар натиҷаи бо хӯрок пайваст шудани ретсепторҳои ковокии даҳон ва меъда рефлекси ихроҷи шира ба вудуд меояд. Аз ин ретсепторҳои импулсҳо ба мағзи дарозрӯя мегузаранд. Онҳо аз он тавассути асаби гумроҳ ва ғудудҳои меъда равон шуда, боиси зиёд ҷудо шудани шираи меъда мегарданд. Шираи меъда на танҳо ҳангоми ба ковокии даҳон ва меъда дохил шудани хӯрок, балки дар вақти дидан ва бӯй кардани хӯрок ҳам дудо мешавад. Ин барон ҳазми хӯрок муҳим аст: хӯрок ба меъда ҳангоми дар он мавҷуд будани шира медарояд, ки он зуд ба таҷзияи моддаҳои ғизоӣ cap мекунад. И. П. Павлов шираи аз дидан ва бӯй кардани хӯрок ҷудошавандаро шираи ба ваҷдорӣ ва иштиҳо номидааст.

Гуногунии хӯрок ҳар хел газаку дорувории таъом, масалан, нуқл, салат, чизҳои намакин, ба хӯрок илова кардани каме қаламфур, мурч иштиҳоро меорад. Ба тартиб гузоштани зарфҳо, ороиши ҷозибанокии дастархон ҳанӯз пеш аз оғози хӯрокхӯрӣ низ иштиҳоро меорад. Ғавғо, сӯҳбати ғайр, хондани чизе ҳангоми хӯрок ҷараёни ҳазми хӯрокро бад мекунад ва иштиҳоро мебандад.

Агар ба меъда муддати дароз хӯрок наравад, мушакҳояш бо шиддат кашиш мехӯранд. Ин боиси ҳиссиёти ногувор шуда, одам гуруснагиро ҳис мекунад. Дар ин ҳолат аз меъда ба мағзи cap импулсҳои асаб меравад. Одам кӯшиш мекунад, ки ҳар чӣ зудтар ҳиссиёти гуруснагиашро барҳам диҳад.

Хӯрокхӯрии бонизом шарти муҳими ҳазми мӯътадил мебошад. Хабари сершавӣ, ки дар бораи аз хӯрок пур шудани меъда гувоҳӣ медиҳад, ба мағзи cap тахминан 20 дақиқа дертар мерасад. Бинобар ин одамоне, ки саросемавор хӯрок мехӯранд, ба пурхӯрӣ гирифтор мешаванд. Илова бар ни шираи ҳозима миқдори аз ҳад зиёди хӯрокро ҳазм карда наметавонад. Аз ин рӯ, рӯзе чанд маротиба оҳиста ва кам-кам хӯрок хӯрдан лозим аст. Рӯзе чор маротиба хӯрок хӯрдан беҳтар аст. Миқдори наҳорӣ бояд тахминан 25%, хӯроки нисфи рӯзӣ қариб 50%, хӯроки чоштгоҳ 15%, хӯроки шом 10% - тамоми меъёри хӯроки якрӯза бошад.

Танзими ҳуморалии ихроҷи шираи меъда. Дар меъда хӯрок 4-8 соат мемонад. Дар тамоми ин муддат ғадудҳои меъда шира ҷудо мекунанд. Тарашшӯҳи шираи меъда бо таъсири моддаҳои фаъоли биологӣ ки дар луобпардаи меъда ба вуҷуд меояд, давом мекунад. Ин моддаҳо ба хун ҷаббида шуда, ғадудҳои меъдаро фаъол мегардонад. Гӯшт, моҳӣ ва сабзавоти обпаз дорои моддаҳои тайёри фаъоли биологӣ буда, сабабгори ҳосил ва ҷудошавии шираи ғадудҳои меъда мебошанд.


Саволҳо:

1. Ба таркиби шираи меъда чӣ дохил мешавад ва он дap куҷо ҳосил мегардад?

2. Кадом моддаҳо дар меъда таҷзия мешаванд?

3. Дар кадом шароит ферментҳои шираи меъда, ки сафедаро таҷзия мекунанд, таъсир мерасонанд?

4. Ҷудошавии рефлектори шираи меъда чӣ тавр ба амал меояд?

5. Меъёри дурусти хӯрок, ороиши ҷозибаноки дастархон барои дар меъда ҳазм шудани хӯрок чӣ аҳамият дорад?

6. Танзими ҳуморалии дар меъда ҳазм шудани хӯрок чӣ хел ба амал меояд?


Кори амалӣ

Таъсири шираи меъда ба сафеда

Таҷҳизот барои амалиёт: шираи меъда, сафедаи тухми ҷӯшонида ё почаи кӯрбоққаи ҷӯшонида, оби гарм, пробиркаҳо, соат.

Рафти амалиёт:

а) Ба пробирка 2-3 қатра шираи тозаи меъда чаконед.

б) Ба шира як порча сафедаи тухм ё мушаки курбоққаро илова кунед.

в) Пробиркаро такрибан ним соат дар ҳарорати +38-40° С нигоҳ доред.

г) Ҳал шудани сафедаҳоро мушоҳида кунед.