§ 39. Системаи ихроҷи пешоб

§ 39. Системаи ихроҷи пешоб

Аҳамияти ихроҷи маҳсулоти мубодилаи моддаҳо. Шуш, гурда, пӯст ва рӯда узвҳое мебошанд, ки ба воситаи онҳо маҳсули охирини мубодилаи моддаҳо, намаку оби зиёдатӣ, моддаҳои барои организм нодаркору зарарнок хориҷ мешаванд. Ин маҳсулот асосан аз хун ба воситаи узвҳои системаи пешоббарор - гурда, роҳи пешобгузар, масона ва нойи пешоббарор ҷудо мешаванд (расми 79).

Гурда узви начандон калони ҷуфт буда, ба лӯбиё шабоҳат дорад. Гурда дар ду тарафи сутунмӯҳра, дар ковокии шикам баробари камар ҷой гирифта аст. Вазни гурдаи одам 150 гр мебошад.

Гурда вазифаи мураккаби полоиши биологиро иҷро мекунад. Сатҳи полоишкунандаи ҳарду гӯрда тахминан ба 5-6 м2 баробар аст. Ба воситаи гурда ҳар дақиқа зиёда аз панҷяки тамоми хуни организм ҷорӣ мешавад (расми 80). Вай хунро аз шоҳраг мегирад. Аз хуни ба гурда ҷоришаванда об, намакҳои минералӣ ва маҳсули боқимондаи мубодилаи моддаҳо чудо мешаванд. Ба воситаи гурда ҳар хел моддаҳои зиёдатӣ берун мебароянд. Хуни тозашуда ба раги вариди холии поён бармегардад.

Расми 79. Узвҳои пешоббарор

Моддаи полудашуда ва дар об ҳал гардида пешобро ташкил медиҳад. Дар организми одами калонсол дар як шабонарӯз 1,5-2 литр пешоб ҳосил мешавад. Пешоб дар лаъличаҳои гурда ҷамъ шуда, ба узви халтамонанди деворғафси сермушак - пешобдон (масона) равон мегардад. Дар пешобдон 200-300 мг пешоб ҷамъ шуда, ҳангоми кашишхӯрии мушакҳояш тавассути роҳи махсус пешоб берун мебарояд. Баровардани пешоб ба таври рефлексӣ танзим мегардад. Камонаки ин рефлексҳо аз қисми чорбанди ҳароммағз мегузарад, вале пешоббарории одамон ихтиёрӣ буда, ба таъсири нейронҳои қабати қишри нимкураҳои калон вобаста аст. Онҳо маркази ҳаромагзро, ки ихроҷи пешобро танзим мекунанд, боз медоранд ё баръакс, фаъол мегардонанд. Пешобхориҷкунии ихтиёрии кӯдакон дар синни 2-3 - солагиашон пайдо мешавад.

Гурда танҳо узви ихроҷкунии моддаҳои ба организм зарарноку зиёдатӣ набуда, он инчунин имкон медиҳад, ки доимияти нисбии таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои моеъҳосилкунии дохилии организм (хун, лимфаҳо, моеъи байниҳуҷайраҳо) нигоҳ дошта шаванд. Миқдор ва таркиби пешоб бо миқдори обу хӯроки истеъмолшуда ва суръати ҷараёни мубодилаҳо муайян карда мешавад. Баъди истеъмоли хӯроки серқанд ё баъд аз кори вазнини ҷисмонӣ ҳатто пайдо шудани миқдори ками глюкоза дар пешоб муқарарист.

Дар гурда бисёр моддаҳои фаъоли биологӣ таҷзия мешаванд. масалан, дар онҳо баъзе ферментҳои баландкунандаи фишори хун, ҳормонҳо, моддаҳои кимиёвие, ки муқобилияти организмро ба сироят зиёд мекунанд ва раванди хунофариро фаъол мегардонанд, ба вуҷуд меоянд.

Кори гурда чун ҳамаи дигар узвҳо бо роҳи асаби ҳуморалӣ танзим карда мешавад. Яке аз чунин усулҳои танзимшавӣ зиёд ё кам шудани миқдори хун аст, ки ба воситаи гурда ҷорӣ мешаванд. Ин дар натиҷаи тағйирёбии ҳаҷми рагҳои хунгард, ки ба гурда хун меоранд, ба амал меоянд.

Расми 80. Ҷойгиршавӣ ва бо хун таъминшавии узвҳои пешоббарор

Пешгирӣ намудани бемориҳои системаи пешоббарор.

Микроорганизмҳо метавонанд ҷузъҳои гуногуни системаи пешоббарор - гурда, роҳи пешобгузар, пешобдон ва канали пешобро иллатнок созанд. Микроорганизмҳо ба онҳо тавассути хун дохил мешаванд. Ин ба мавҷуд будани манбаъҳои сироят дар ҷойҳои гуногуни организм мусоидат мекунад: масалан, дарди гулӯ, дарди дандон ва бемориҳои ковоки даҳон.

Дар сурати риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ микробҳои бемориовар тавассути нойи пешоббарор ба пешобдон дохил шуда, ба дигар минтақаҳои системаҳои пешоббарор паҳн мешаванд ва боиси газакгирии он мегарданд. Ба тамоми организм таъсир кардани сармо ва шамолхӯрӣ ҷараёни газакгирӣ ва паҳншавии микробҳоро ба миён меорад.

Гурда, хусусан гурдаи кӯдакон, ба моддаҳои гуногуни заҳрнок ҳасос мебошанд: инҳо ё моддаҳои дар хуни организм синтезшавандаанд, ё аз муҳити беруна дохил мегарданд. Чунин моддаҳо ба монанди шароб, сурб, симоб, кислотаи борат, нафталин, бензол, заҳри ҳашарот ва ғайра ба хун дохил шуда, тавассути гурда мегузаранд ва кори гурдаро номуътадил мекунанд.

Баъзе воситаҳои давоӣ (сулфиниламидҳо, антибиотикҳо), ки ба миқдори зиёд истеъмол мешаванд, дар гурда ҷамъ омада, мумкин аст бемории гурдаро ба вуҷуд оранд. Истеъмоли шароб зарарнок буда, гурдаро иллатнок месозад. Интиқоли мунтазами мубодилаи моддаҳо мумкин аст боиси бемории гурда, аз он ҷумла сабабгори замшавии намакҳо, пайдо шудани «санг» дар гурда ва роҳҳои пешоббарор гардад (расми 81).

Сангҳо баромадани пешобро душвор сохта, бо қирраҳои тезашон пардаи луобии рагҳои пешоббарорро озурда ва боиси дарди сахт мешаванд.

Расми 81. Сангҳои гурда

Пешгирии бемориҳои гурда риояи муайяни қоидаҳои гигиенӣ: хӯроки дуруст, сари вақт муолиҷа кардани дандонҳою дарди гулӯ, обутоб додани организм, ба доруҳо, заҳрҳо эҳтиёткорона муносибат кардан ва риояи гигиенаи шахсиро тақозо мекунад.


Саволҳо:

1. Ба восатаи кадом узвҳо аз организм маҳсули охирини мубодилаи моддаҳо хориҷ мешаванд?

2. Кадом моддаҳо бо пешоб хориҷ мешаванд?

3. Системаи пешоббарор аз кадом узвҳо иборат аст?

4. Гурда чӣ аҳамият дорад?

5. Ихроҷи пешоб чӣ тавр танзим карда мешавад?

6. Тадбирҳои пешгирӣ кардани бемориҳои гурда кадомҳоянд?

7. Машруботи спиртдор ба гурда чӣ хел таъсир мерасонад?

Реклама