§ 47. Аъзои ҳис ва аҳамияти онҳо

§ 47. Аъзои ҳис ва аҳамияти онҳо

Дарки муҳити атроф. Ба одам ҷараёни доимии ангезандаҳо ва ахбори равандҳои дохилӣ ва берунии организм таъсир мекунанд. Ба одам дар қабул кардани ин ахбор ва дуруст ҳис кардани миқдори зиёди ҳодисаҳои атроф аъзои ҳис, чашм чун узви босира, гӯш чун узви сомеа, лаззат чун узви зоиқа, бӯй чун узви шомма ва ғайраҳо имконият медиҳанд. Ҳар кадоми ин узв тавре ташкил ёфтааст, ки танҳо ҳодисаи муайяни муҳити атрофро ҳис мекунад. Масалан, босира рӯшноӣ, сомеа садоро ва ғайра. Аъзои ҳис олами беруни (равшанӣ, бӯй, садо, таъсири механикӣ) - ро ба ахбори системаи асаб, яъне импулси асаб табдил медиҳанд (расми 96).

Мағзи сар аз аъзои ҳис ахборот гирифта, онҳоро аз худ мекунад ва ба узви иҷроия «фармон» медиҳад. Одам ранги сурхи чароғакро дида, дар ҷояш меистад, бӯйи сӯхтаи хӯрокро ҳис карда ба ошпазхона мешитобад, занги телефонро шунида, гӯшаки онро мебардорад. Аъзои ҳис мунтазам кор карда, ҳаракатро танзим ва назорат менамоянд.

Дар аъзои ҳис ретсептор хабари олами берунаро ба импулси асаб табдил медиҳад. Ҳар як намуди ретсептор танҳо як намуди ангезишро дигаргун месозад. Масалан, ретсепторҳои чашм ангезаи рӯшноӣ, ретсепторҳои гӯш ангезаи садоро баланд мекунанд.

Расми 96. Таҳаввули ангезиши беруни дар импулси асаб

Ретсептор ба ангезандаҳои «худ» хеле ҳассос аст. Барои ба вуҷуд омадани ҳисси биноӣ ҳамагӣ якчанд квант равшанӣ кифоя аст. Вақте андозаи пардаи гӯш аз атоми ҳидроген даҳ маротиба хурдтар тағйир меёбад, ретсепторҳои сомеа ба мағзи cap хабардиҳиро cap мекунанд. барои ҳис кардани бӯй ду-се молекулаи моддаи бӯйдор басандаанд.

Анализаторҳо. Аз ретсепторҳо тавассути нейронҳои ҳискунанда ба минтақаи муайяни қишри нимкураҳои калон импулсҳо равон карда мешаванд. Табиати физиологии ҳиссиёт ва фарқкунии дақиқи ангезиш бо ҳаяҷони нейронҳои қабати қишрӣ вобаста аст.

Анализаторҳо манбаи асосии дохилшавии хабарҳо ба қабати қишрии нимкураҳои калони мағзи cap мебошанд. Мувофиқи нишондоди асосгузори фанни физиология И.М.Сеченов бе дохилшавии хабарҳо ягон рефлекси шартӣ ва ғайришартӣ ба амал намеояд.

Ретсепторҳо роҳҳоеанд, ки ангезиш аз онҳо мегузарад ва қисми муайяни қишри нимкураҳои калони мағзи cap системаи бутунро ба вуҷуд меоранд ва дар онҳо ҳиссиёт ба вуҷуд омада, ангезиш фарқ карда мешаванд. Чунин системаро И.П.Павлов анализатор номидааст. Анализаторҳо аз се қисм: канорӣ, гузаронандагӣ ва марказӣ иборат мебошанд.

Осеб дидани ягон ҷузъи ҳар се қисми анализатор боиси гум шудани қобилияти фарқ кардани ангезандаҳои муайян мегардад. Масалан, одам мумкин аст аз вайрон шудани кори ретсепторҳои чашм ихтилоли асаби босира ё ҳангоми зарар дидани қисми биноии қишри нимкураҳои калон нобино шавад. Тамоми гуногунии оламро дарк кардани одамон ба фаъолияти анализаторҳо: босира, сомеа, шомма, зоиқа ва пӯсту мушак вобаста мебошад.


Саволҳо:

1. Бо ёрии кадом узвҳо алоқаи байни системаи асаб ва муҳити беруна муайян карда мешавад?

2. Ретсепторҳо чӣ хел хусусиятҳои асосӣ доранд?

3. Анализатор чист?

4. Аъзои ҳис чӣ аҳамият дорад?

5. Кадом анализаторҳоро медонед?

Реклама