§ 23. Кори дил

§ 23. Кори дил

Хосияти автоматикии дил. Дил дар ҳолати нисбатан ором дар як шабонарӯз тахминан 100000 маротиба кашиш мехӯрад. Дар айни ҳол вай қариб 10 тонна хунро чун насос ба ҳаракат медарорад. Кашишхӯрии дилро мушакҳои дил ба ҷо меоранд. Он ба мушаки кӯндаланграхи скелетӣ монанд аст.

Мушакҳои дил аз нахҳои махсус иборат буда, дар онҳо ангезиш ба амал меояд ва ин ангезиш аз даҳлези роста дил cap шуда, баъд ба даҳлези чап ва меъдачаҳои росту чап паҳн мешавад ва бо навбат (ритмикӣ) кашишхӯрии даҳлезҳо ва меъдачаҳоро таъмин менамояд. Дар дил системаҳои махсус мавҷудаст, ки импулсҳоро аз як қисми дил ба дигараш паҳн намуда, барои берун аз организм кашишхӯрии дил имконият фароҳам меоварад. Ин тавр худ аз худ кашишхӯрии дилро автоматияи дил меноманд.

Фаъолияти дил. Дил кашиш хӯрда, ҳаракати хунро дар рагҳо таъмин менамояд. Дар ҳолати оромӣ дил дар як дақиқа 70-75 маротиба кашиш мехӯрад. Се даври кори дилро фарқ кардан мумкин аст, ки 0,8 сонияро дар бар мегирад. Кашишхӯрии даҳлезҳо 0,1 сония, меъдачаҳо 0,3 сония, давраи оромии умумӣ 0,4 сония аст (расми 48).

Расми 48. Давраи кашишхурии дил

Танзими кори дил. Суръати кашишхӯрии дил аз муҳити беруна, дохилӣ, системаи марказии асаб, системаи вегетативии асаб ва системаи ҳуморалӣ вобаста аст. Вақте ки суръат ва қувваи кашишхӯрии дил зиёд мешавад, вай ба системаи рагҳо дар воҳиди вақт бештар хун медиҳад. Баръакс, суст ва заиф шудани фаъолияти дил, боиси кам омадани миқдори хун ба рагҳои хунгарди организм мегардад.

Ба кори дил асабҳои вегетативӣ таъсири гуногун мерасонанд. Масалан, асабҳои симпатикӣ кори дилро метезонад, рагҳои хунро хурд ва фишорро баланд мекунанд. Асаби гумроҳ кори дилро суст, рагҳои хунро васеъ ва фишорро паст мекунад. Ҳормонҳои адреналин, ки дар қабати мағзи ғадудҳои болои гурда ҳосил мешаванд, кори дилро фаъол мегардонад. Намаки калсий ҳам кори дилро метезонад, моддаи атсетилхолин ва намаки калий, баръакс, кори дилро суст мекунад.

Танзими асабию ҳуморалӣ кори дилро ба шароити муҳит мутобиқ менамояд.


Саволҳо:

1. Автоматизми дил чист?

2. Фаъолияти дил аз кадом давраҳо иборат аст?

3. Системаи асаб ва системаи ҳуморалӣ ба кори дил чӣ тавр таъсир мерасонанд?

Реклама