Давраҳои инкишофи баъдибатнӣ. Ташаккули
организми одам дар 22-25 - солагӣ ба итмом мерасад.
Инкишофи баъдибатнии кӯдак ба чунин
давраҳо чудо мешавад:
Давраи навзодӣ - чор ҳафтаи аввали баъди
таваллуд.
Давраи ширмакӣ - аз чорҳафтагӣ то яксолагӣ
Давраи боғчагӣ -аз 1 то 3-солагӣ
Давраи томактабӣ - аз З то 6 -солагӣ
Давраи мактабӣ - аз 6 то 17-18- солагӣ.
Дар ин давраҳо организми бачаҳо инкишоф
меёбад. Вазну ҳаҷми баданашон зиёд шуда, бофтаҳо, узвҳо ва системаи узвҳояшон
инкишоф меёбанд. Дар ин вақт вазифаи узвҳо ва системаи онҳо ташаккул меёбанд.
Хусусиятҳои инкишофи одам. Аз лаҳзаи таваллуд то айёми камолот
организм як хел инкишоф намеёбад: давраҳои сабзиш ва инкишофи босуръати он ба
давраҳои сабзиш ва инкишофи суст иваз мешавад.
Дар соли аввали зиндагӣ ва дар давраи
балогати ҷинсӣ организм бо суръат сабзида, инкишоф меёбад. Дар ҷараёни сабзиш
ва инкишофёбӣ таносуби ҷисми одам низ тағйир меёбад ва онро дар нисбати андозаи
сару бадан ба хубӣ дидан мумкин аст. Таносуби сару бадани кӯдакони навзод 1:4
ва аз они калонсолон 1:8 мебошад (расми 94).
Хусусиятҳои асосии одам (нисбат ба
ҳайвонот) тафаккур, нутқ ва серҳаракатии ӯ мебошад ва ин бо фаъолияти меҳнатии
вай алоқаи зич дорад. Барои инкишофи чунин хусусиятҳо давраи аз 2 то 14- солагӣ
хеле муҳим аст. Агар ин давра бо ягон сабаб беҳуда рафта бошад, пас кӯдак аз
ҷиҳати инкишофи рӯҳӣ ва ҷисмонӣ ҳатман ақиб мемонад.
Дар синни 18-солагӣ қисми зиёди фаъолияти
физиологии наврасон аз ҷиҳати нишондиҳандаҳои худ ба фаъолияти одами калонсол наздик
мешавад. Масалан, фаъолияти ферментҳои ҳозима зиёд шуда, механизмҳои дифоии
зидди сироят, аъзои ҳис ва системаи асаб такмил меёбанд.
Яке аз хосиятҳои сабзиш ва инкишофи
кӯдакони асри мо акселератсия (инкишофи босуръати организм) мебошад. Вай дар
инкишофи босуръати асаб ва ҷисми бачаҳо зоҳир мегардад. Ҳоло қади одамони
калонсол нисбат ба 100 сол пеш аз ин 10 см баландтар аст. Хӯроки хуби аҳолӣ,
машғулияти варзишӣ, витаминҳо, сунъӣ дароз кардани равшании рӯз, дараҷаи радиатсия,
мавҷудияти гази карбонат дар атмосфера ва ғайраҳо аз қабили сабабҳои инкишофи
босуръати организм мебошанд.
Синни мактабӣ. Ин давра синни аз 6-7 то 17-солагиро дар
бар мегирад. Ҳанӯз то ба мактаб дохил шудан зарур аст, ки реҷаи мӯътадили кӯдак
ҳосил гардад. Дохилшавӣ ба мактаб ҳаёти ӯро дигаргун месозад. Кӯдакон ҳангоми
таҳсил нутқи хатти ва даҳониро фаъолона ва тадриҷан ёд мегиранд. Онҳо асосҳои илмро
омӯхта, таҷрибаи андӯхтаи аҷдодонро аз худ мекунанд. Муносибат бо калонсолон ва
ҳамсолон онҳоро аз ҷиҳати иҷтимоӣ пухта месозад. Сол аз сол олами атроф бештар
дониста шуда, малакаҳои истифодаи он ҳосил мегардад. Ҳангоми омӯхтани хату савод,
меҳнат тарбияи ҷисмонӣ ҳаракати мактабиёни хурдсол тадриҷан ҳамоҳангу дақиқ
мешавад. Меҳнати коллективона ба меҳнати таълимӣ ва фоиданоки хонандагон кӯмак
мерасонад.
Мактабиёни хурдсол аллакай метавонанд
амалиёти асосии меҳнатро ба ҷо оранд. Вале коршоямии ҷисмонии онҳо ҳанӯз маҳдуд
аст. Мактабиёни хурдсол корҳои мураккаб ва дақиқро бо душворӣ ва суст иҷро
мекунанд. Фаъолияти амалии онҳо тахминан дар синни 18-солагӣ пурра ҳосил
мешавад.
Фаъолияти мушакҳо инкишофи умумӣ ва солими
кӯдакро муайян мекунад, зеро вай бо бисёр вазифаҳои организм, масалан ба
нафаскашӣ, гардиши хун ва ғайра алоқаманд аст.
Хусусияти физиологии системаи дилу рагҳои
наврас нисбат ба дил суст инкишоф ёфтани давраи рагҳо мебошад. Ин боиси носозии
гардиши хун мешавад, ки бо сарчархзанӣ, муваққатан баландшудани фишори хун,
вайроншавии кори дил зоҳир мегардад. Чунин дигаргунии фаъолияти дилу рагҳо
минбаъд хотима меёбад. Вале онҳоро маҳз дар реҷаи кор ва истироҳати давраи
наврасӣ ба ҳисоб гирифтан зарур аст. Варзиши системаи дилу рагҳо бояд зӯрталаб
набошад.
Синни наврасӣ - давраи балоғати ҷинсӣ
буда, дар айни ҳол фаъолияти ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ якбора тагйир меёбад.
Дар солҳои мактабӣ хусусан ақли одам босуръат инкишоф меёбад.
Реҷаю интизом иродаи касро мустаҳкам
намуда, боиси ҳосил кардани малакаҳои асосии фикрӣ ва фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ
мегардад. Кӯдак меҳнат кардан, ташкили кори худро дар мактабу оила ёд мегирад.
Кӯдак малакаҳои меҳнат кардан ва ташкили онро дар бозӣ ҳосил мекунад. Ғайр аз
ин вай корҳои падару модар ва дигар калонсолонро мушоҳида намуда, худ дар корҳои
ҷамъиятию меҳнатии барояш дастрас иштирок мекунад.
Саволҳо:
1. Шумо кадом давраҳои инкишофи баъди
батнии организми кӯдакро медонед?
2. Сабзиш ва инкишоф чист?
3. Сабзиш ва инкишофи организм чӣ тавр
мегузарад?
4. Акселератсия чист ва он чӣ сабабҳо
дорад?
Реклама