Аҳамият ва вазифаҳои хун. Хун ҳамчун моеъи дохилии организм дар
системаи махсуси худ ҳаракат карда, вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: нақлиётӣ,
нафаскашӣ, кимиёвӣ, ҳуморалӣ, ва ғайраҳо.
Лахташавии хун. Дар вақти осеб дидани рагҳо хун лахта
шуда, организмро аз хунравии зиёд эмин медорад. Хун оҳиста-оҳиста лахта шуда,
ҷои зарардидаи рагро мебандад ва бо ҳамин хунравиро боз медорад. Бо гузаштани
вақт девори раги хун сиҳат шуда, лахтаҳои хун нест мешаванд.
Сафедаи ҳалнашавандаи нахҳои фибрин асоси
лахташавии хунро ташкил медиҳад, ки вай аз сафедаи дар плазма ҳалшудаи фибриноген
таркиб ёфтааст. Барои ҳосилшавии нахҳои фибринӣ омилҳои узвӣ, сафедаҳо ва
моддаҳои ғайриузвӣ, хусусан ионҳои калий роли муайянро иҷро мекунанд. Мӯҳлати
лахташавии хун аз ҳарорати муҳит вобаста аст. Масалан, дар ҳарорати гармӣ хун
дар давоми 3-5 дақиқа лахта мешавад. Дар таркиби лимфа фибриноген низ ҳаст.
Баъзе одамон бемории модарзодӣ доранд, ки
хунашон умуман қобилияти лахташавӣ надорад, ки онро гемофилия меноманд. Чунин
одамон ҳангоми каме захмдор шудан аз сабаби хунравии зиёд ба ҳалокат гирифтор
мешаванд. Барои барқарор кардани ҳолати муқаррарӣ маҳлулҳои физиологӣ - NaСl, СаСl ва ғайра интиқол карда
мешаванд.
Саволҳо:
1. Хун кадом вазифаро иҷро мекунад?
2. Вазифаи нақлиётии хун дар чист?
3. Таркиби хун аз кадом қисмҳо иборат аст?
4. Дар таркиби плазмаи хун кадом моддаҳо
мавҷуданд?
5. Кадом ҳуцайраҳои хунро медонед?
6. Лахташавии хун чист ва кадом омилҳо
онро ба амал меоранд?
7. Оё лахташавии хунро пешгирӣ кардан мумкин аст?
Реклама