§ 1. Ҳуҷайра, сохт, вазифа ва таркиби он

§ 1. Ҳуҷайра, сохт, вазифа ва таркиби он

Сохти хуҷайра. Ба монанди дигар мавдудоти зинда бадани одам низ аз хуҷайрахо иборат аст. Ҳуҷайраҳо дар байни моддаҳои байнихуҷайравӣ ҷой гирифтаанд. Ин моддаҳо ҳамчун манбаи ғизо устувории ҳуҷайраҳоро таъмин мекунанд. Ҳуҷайраҳо шаклу андозаю амалиёти гуногун доранд, вале аз ҷиҳати сохт ба ҳамдигар монанданд. Ҳар як хуҷайра аз ҷилд, ситоплазма ва ядро (хаста) иборат аст (расми 1).

Расми 1. Ҳуҷайра.
Расми 2. Таркиби химиявии ҳуҷайраи одам

Ҷилди ҳуҷайра бо парда пӯшида шуда, аз якчанд қабат молекулаҳо иборат аст ва табиати липидӣ (чарбӣ) дорад. Ҷилди нимгузаронандаи ҳуҷайра моддаҳоро ба таври интихобӣ мегузаронад.

Ситоплазма муҳити ниммоеъи дохили ҳуҷайра мебошад. Дар он органоидҳои ҳуҷайра аз қабили ядро, ядроча, рибосомаҳо, лизосомаҳо, митохондрияҳо, комплекси Голҷи, тӯри эндоплазматикӣ, маркази ҳуҷайра ва парда ҷойгиранд (расми 1).

Ҳар як органоид вазифаи муайянро ба ҷо меорад. Масалан, митохондрия манбаи нерӯи ҳуҷайра аст, рибосома барои ҳосилкунии сафеда хизмат мерасонад. Ядро манбаи асосии тақсимшавии ҳуҷайра аст. Дар дохили ядро нахҳои риштамонанд - хромосомаҳо мавҷуданд. Миқдори хромосомаҳои одам дар ядрои ҳуҷайра 23 ҷуфтанд. Онҳо манбаи асосии маводи ирсӣ мебошанд.

Таркиби химиявии ҳуҷайра. Ҳуҷайра аз пайвастагиҳои гуногуни химиявӣ иборат аст, ки онҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:

1) пайвастагиҳои органикӣ; 2) пайвастагиҳои гайриорганикӣ.

Пайвастагиҳои органикии ҳуҷайра. Пеш аз ҳама ба ин гурӯҳ сафедаҳо, чарбҳо, карбогидратҳо ва кислотаҳои нуклеинӣ дохил мешаванд. Ин пайвастагиҳо барои иҷроиши ин ё он вазифа нақши калон мебозанд (расми 2).

Сафедаҳо - моддаи асосӣ ва хеле мураккаби ҳар як ҳуҷайраанд. Дар молекулаашон пайвастагиҳои гайриорганикӣ садҳо ва ҳазорҳо маротиба калон мебошад. Сафедаҳо сарчашмаи ҳаётанд. Баъзе сафедаҳое ҳастанд, ки реаксияҳои кимиёвиро тезонида, вазифаи катализаторро иҷро мекунанд, онҳоро фермент меноманд.

Чарбҳо ва карбогидратҳо «масолеҳи бинокорӣ»-и ҳуҷайра буда, барои фаъолияти ҳаётии организм ҳамчун манбаи нерӯ хизмат мекунад.

Кислотаҳои нуклеинӣ дар ядрои ҳуҷайра ҳосил мешавад. Номи кислотаҳо аз калимаи лотинӣ (нуклеус - ядро) гирифта шудааст.

Пайвастагиҳои ғайриорганикии ҳуҷайра. Ба ин пайвастагиҳо об ва намакҳои минералӣ дохил мешаванд. Миқдори об дар ҳуҷайра аз ҳама зиёдтар буда, қариб 80%-ро ташкил ва дар ҳама равандҳои ҳаёт иштирок мекунад. Моддаҳои ғизоии маҳлул аз моддаи байниҳуҷайравӣ иборат буда, ба воситаи парда ба ҳуҷайра дохил мешаванд. Об инчунин барои аз ҳуҷайра хориҷ шудани моддаҳое, ки дар натиҷаи реаксияҳои химиявӣ ба вуҷуд меоянд, мусоидат мекунад. Намакҳои минералӣ дар ситоплазма на он қадар зиёд буда, дар ҳаёти ҳуҷайра нақши калон мебозанд. Ба ин намакҳо калий (К+), калсий (Са+), натрий (Na+), магний (Mg+) ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Саволҳо:

1. Кадом органоидҳои ҳуҷайраро медонед?

2. Дар ҳуҷайраҳои одам чандто хромосома мавҷуд аст?

3. Дар ҳуҷайра кадом моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ мавҷуданд?