Ёрии аввалин дар вақти ёзидани пойҳо ва баромадани буғумҳо.
Дар натиҷаи ҳаракатҳои ноҷо ё зарбхӯрӣ мумкин аст пайҳои пайвасткунандаи
устухонҳои бутум зарар бинанд. Дар натиҷа атрофи бутум варам карда дардманд мешавад.
Чунин ҷойи зарарёфтаи баданро ёзиш меноманд.
Ҳангоми расонидани ёрии аввалин ба ҷойи
зарбхӯрда халтачаи ях ё латтаи ба оби хунук тар кардаро гузоштан лозим аст. Хунуккунии
ҷойи зарардида дардро сабук карда, варамкуниро нигоҳ медорад ва хунравии
дохилиро кам мекунад. Ҳангоми ёзиши пойҳо ҷойи латхӯрдаро сахт докапеч кардан
лозим аст (расми 29).
Дасту пойи зарардидаро ёзондан, кашидан ё
гарм кардан мумкин нест. Баъди ёрии аввалин ба духтур муроҷиат кардан лозим
аст. Ҳаракатҳои ноҷо боиси беҷошавии устухонҳо ва баромадани онҳо мегарданд.
Дар ин ҳолат сараки устухон аз холигии дигар баромада, боиси ёзидан ва баъзан
канда шудани бандакҳо мегардад, дар натиҷа дарди сахт пайдо мешавад. Ёрии аввалин
ҳангоми баромадани устухонҳо аз он иборат аст, ки бугуми зарардидаро дар ҳолати
оромии том нигоҳ доштан лозим аст. Дасти баромадаро бо рӯймолча ё дока ба
гардан кашол кардан даркор аст (расми 29).
Пойро бошад, аз воситаҳои мавҷуда
(тахтача, картони сахт) истифода бурда, тахтабандӣ кардан зарур аст. Барои
сабук кардани дард ба бугуми зарардида халтачаи ях ё оби хунук монда, баъд
осебдидаро ба духтур бурдан лозим аст.
Ерии аввалин ҳангоми шикастани устухонҳо. Устухонҳо сарфи назар аз боқувватиашон
баъзан ҳангоми захмдоршавӣ, сахт лат хӯрдан, афтидан мешикананд. Бисёртар
устухонҳои дасту пойҳо мешикананд. Агар ба шикастани устухон гумон пайдо шавад,
танҳо пурра беҳаракат бастани ҷойи зарардида дардро сабук мекунад ва беҷошавии
устухонпардаҳои шикастаро пешгирӣ менамояд, зеро онҳо метавонанд бо канорҳои
тезашон атрофро захмин созанд.
Даст ё пойи шикастаро бо тахтабанди
беҳаракат нигоҳ доштан мумкин аст. Тахтаҳои махсуси шикастабандӣ дар табобатхонаҳо
мавҷуданд. Дар ҷойи воқеа онҳоро метавонанд аз тахтача, навдаи дарахтон ва картон
тайёр кунанд. Тахтачаро натанҳо дар ҷойи шикастагӣ, балки дар қисми сиҳати пой ҳам
ҷойгир мекунанд.
Чӣ тавре ки дар расм нишон дода шудааст, ҳангоми шикастани банди даст
тахтача бояд ҳам қисми бозу ва ҳам панҷаро дар бар гирад. Дар ин ҳолат
устухонпораҳои шикаста беҷо намешаванд. Тахтачаро ба дасту пой бо докаи сербар,
сачоқ ва гайра маҳкам мебанданд. Агар тахтача набошад, дасти шикастаро ба тан ва
пойи шикастаро бо пойи сиҳат докапеч кардан мумкин аст (расми 30).
Таҷрибаҳо нишон дод, ки на ҳар устухони
шикастаро тахтабанд кардан мумкин аст. Ба ин пеш аз ҳама устухони қафаси сина, қабургаҳо,
сутунмӯҳра, косахонаи сар ва гайра дохил мешаванд. Масалан, ҳангоми шикастани
қабурга одам бояд бисёртар чуқур нафас бароварда, рӯякӣ нафас гирад. Дар вақти
шикастани сутунмӯҳра зарардидаро ҳатман ба ҷои ҳамвору сахт ба шикам хобонида,
ёрии таъҷилиро хабар додан даркор аст (расми 30).
Дар сурати захмдоршавии косахонаи сар
беморро ба пушт хобонда, сарашро бояд оҳиста боло бардошт, то ки хунравии дохили
косахонаи сар пешгирӣ карда шавад.
Саволҳо:
1. Дар вақти латхӯрӣ ва ёзидани пайҳо чӣ
хел ёрии аввалин расонидан лозим аст?
2. Дар вақти баромадани устухонҳо чӣ хел
ёрӣ расонидан мумкин аст?
3. Ҳангоми шикастани дасту пойҳо чӣ
тадбирҳо бояд андешид?
4. Дар вакти шикастани щбурғаҳо,
сутунмӯҳра ва косахонаи сар чӣ хел ёрии аввашн расонидан мумкин аст?
Реклама